Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо аз дини дурӯғ озод шуданд

Онҳо аз дини дурӯғ озод шуданд

«Аз вай берун оед, эй қавми Ман» (ВАҲЙ 18:4).

СУРУДҲО: 3, 21

1. Мо аз куҷо медонем, ки халқи Худо бояд аз Бобили бузург озод мешуд ва кадом саволҳоро дида мебароем?

АЗ МАҚОЛАИ гузашта мо фаҳмидем, ки чӣ хел масеҳиёни содиқ асири Бобили бузург шуданд. Лекин хушбахтона ин асириашон дер давом накард. Мо инро аз Китоби Муқаддас медонем, чунки Худо ба халқаш амр дод: «Аз вай берун оед, эй қавми Ман». (Ваҳй 18:4-ро хонед.) Ин исбот мекунад, ки масеҳиён аз асирии Бобили бузург озод хоҳанд шуд. Мо, албатта, фаҳмидан мехоҳем, ки халқи Худо кай пурра аз Бобили бузург озод шуд! Лекин дар аввал бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: «Пеш аз солҳои 1914 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас муқобили чӣ истодагарӣ карданд? То чӣ андоза бародарону хоҳарон дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар кори мавъиза боғайрат буданд? Азбаски масеҳиён ба ислоҳшавӣ ниёз доштанд, оё гуфтан мумкин аст, ки дар он вақтҳо асири Бобил буданд?»

«ФУРӮ ҒАЛТИДАНИ БОБИЛ»

2. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба чӣ азми қавӣ доштанд?

2 Даҳсолаҳо пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон Чарлз Тейз Рассел  ва рафиқонаш фаҳмиданд, ки ҷаҳони масеҳият таълимоти ҳақиқии Китоби Муқаддасро таълим намедиҳад. Аз ин рӯ онҳо нахостанд, ки бо дини дурӯғ сарукор кунанд. Ноябри с. 1879 дар «Бурҷи дидбонии Сион» гуфта шуда буд, ки ҳар калисое, ки худро арӯси вафодори Масеҳ меномад, лекин ҳокимиятдоронро дастгирӣ мекунад, дар асл қисми Бобили бузург аст, ки Китоби Муқаддас онро фоҳиша меномад. (Ваҳй 17:1, 2-ро хонед.)

3. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои нишон додани он ки дигар аъзои дини дурӯғ нестанд, чӣ кор карданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Мардону занони худотарс медонистанд, ки агар онҳо дини дурӯғро дастгирӣ кунанд, Худо онҳоро баракат намедиҳад. Барои ҳамин бисёр Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба калисоҳои худ нома навиштанд. Дар номаашон онҳо ошкоро гуфтанд, ки калисоро тарк мекунанд. Баъзан онҳо ин номаашонро дар пеши ҳама ҳозирони калисо мехонданд. Ва агар ба ин иҷозат намедоданд, онҳо номаашонро ба ҳар як аъзои калисо мефиристоданд. Онҳо ба ҳама аниқу равшан гуфтанӣ буданд, ки дигар бо дини дурӯғ сарукор намекунанд! Пештар барои ин корашон онҳоро кушта метавонистанд. Лекин дар охири солҳои 1800-ум дар бисёр давлатҳо ҳокимиятдорон калисоро дастгирӣ намекарданд. Акнун дар ин давлатҳо шаҳрвандон дар бораи эътиқодашон озодона гап зада метавонистанд ва норозигиашонро нисбати калисо бемалол баён мекарданд.

4. Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон халқи Худо ба дини дурӯғ чӣ гуна муносибат дошт?

4 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фаҳмиданд, ки танҳо ба хешон, дӯстон ва аъзоёни калисо гуфтани он ки дигар бо дини дурӯғ сарукор кардан намехоҳанд, кифоя нест. Тамоми ҷаҳон бояд донад, ки Бобили бузург фоҳишаи динҳост. Аз ин рӯ аз декабри с. 1917 то аввали с. 1918 якчанд ҳазор Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас 10 миллион нусхаи рисолаеро паҳн карданд, ки дар он мавзӯи «Фурӯ ғалтидани Бобил» муҳокима мешуд. Албатта, роҳбарони дин аз ин ба ғазаб омаданд. Лекин Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз раҳашон нагаштанд. Онҳо бо азми қавӣ аз рӯи гуфтаҳои зерин амал мекарданд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъм. 5:29). Мо аз ин чӣ мефаҳмем? Ин нишон медиҳад, ки дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон мардону занони худотарс дар асирии Бобили бузург набуданд ва ба дигарон кӯмак мекарданд, ки аз он халос шаванд.

АМАЛҲОИ БОҒАЙРАТОНА ДАР ДАВОМИ ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАҲОН

5. Чаро гуфтан мумкин аст, ки бародарон дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар кори мавъиза боғайрат буданд?

5 Пештар мо мегуфтем, ки Яҳува аз халқаш норозӣ шуд, барои он ки онҳо дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар кори мавъиза боғайратона иштирок накарданд. Аз ҳамин сабаб хулоса кардем, ки Яҳува ба Бобили бузург иҷозат дод, то онҳоро дар муддати кӯтоҳ ба асирӣ барад. Лекин бародарону хоҳарони содиқе ки дар давоми солҳои 1914 то 1918 ба Худо хизмат намуданд, фаҳмонданд, ки чун гурӯҳ онҳо дар мавъиза ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд. Ин фикри онҳоро далелҳои зиёд тасдиқ мекунанд. Барои беҳтар фаҳмидани воқеаҳои муайяни Китоби Муқаддас дида баромадани таърихи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад.

6, 7. а) Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас кадом душвориҳоро дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон бояд паси сар мекарданд? б) Дар бораи ғайрати Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас нақл кунед.

 6 Дар асл дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар кори мавъиза хеле банд буданд. Ин кор барояшон бо баъзе сабабҳо осон набуд. Мо ҳоло дутояшро дида мебароем. Якум, дар он вақтҳо Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас танҳо адабиёт тақсим мекарданд ва вақте ки китоби «Сирри баохиррасида»-ро соли 1918 манъ карданд барои бисёриҳо мавъиза кардан душвор шуд. Зеро то ин дам онҳо танҳо бо Китоби Муқаддас мавъиза карданро ёд нагирифта буданд ва китоби «Сирри баохиррасида» ба ҷои онҳо «гап мезад». Дуюм душворӣ ин паҳншавии зукоми испанка буд. Аз сабаби ин вабои даҳшатнок онҳо наметавонистанд, ки озодона ба дигар ҷойҳо рафта мавъиза кунанд. Лекин ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои давом додани кори мавъиза сахт ҳаракат мекарданд.

Ин Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас хеле боғайрат буданд! (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.)

7 Соли 1914 гурӯҳи хурди Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба зиёда аз 9 000 000 нафар «Фотодрамаи офариниш»-ро нишон доданд. Фотодрама аз расму тасвирҳои ба ҳаракат даровардашуда ва слайдҳои ранга иборат буд, ки онро овози сабтшуда ҳамроҳӣ мекард ва дар он таърихи одамизод аз офариниш то Ҳукмронии ҳазорсола тасвир шуда буд. Ин дар он вақт дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт. Лаҳзае истода дар ин бора фикр кунед. Шумораи касоне ки ин драмаро с. 1914 тамошо карданд аз шумораи Шоҳидони имрӯза зиёд буданд! Ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки с. 1916 дар ИМА дар вохӯриҳо 809 393 кас иштирок кард ва с. 1918 ин шумора ба 949 444 расид. Бале, ин Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас хеле боғайрат буданд!

8. Чӣ тавр бародарон якдигарро дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон рӯҳбаланд карданд?

8 Дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон бародарон сахт кӯшиш мекарданд, ки ҳамимонони худро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин намуда рӯҳбаланд кунанд. Бо дастгирии бародарон онҳо кори мавъизаро  давом дода тавонистанд. Ричард Барбер воизи боғайрати он замон чунин гуфт: «Мо тавонистем, ки нозирони сайёрро барои дастгирии ҷамъомад ба ҳар ҷо роҳӣ кунем ва доимо “Бурҷи дидбонӣ”-ро дар ҷамъомадҳо муҳокима мекардем ва онро ҳатто ба Канада, ки дар он ҷо ин адабиётамон манъ шуда буд, фиристодем. Бароям шарафи бузург буд, ки бо почта нусхаҳои китоби “Сирри баохиррасида”-ро бо ҳаҷми кисагӣ ба дӯстоне ки нусхаи худро дар натиҷаи мусодира (конфискатсия) аз даст доданд, фиристам. Бародар Рутерфорд хоҳиш кард, ки дар якчанд шаҳрҳои қисми ғарбии ИМА анҷуман гузаронем ва нотиқонро барои рӯҳбаланд кардани дӯстон фиристем».

БАЪЗЕ ИСЛОҲОТҲО ЛОЗИМ БУД

9. а) Чаро халқи Худо дар солҳои 1914 ва 1919 ба ислоҳшавӣ ниёз дошт? б) Ҳарчанд ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас ба ислоҳшавӣ ниёз доштанд, лекин ба чӣ хулоса омадан нодуруст мебуд?

9 Дар солҳои 1914 ва 1919 Тадқиқотчиён пурра мувофиқи принсипи Китоби Муқаддас амал намекарданд. Онҳо Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медоштанд, лекин пурра сарфаҳм намерафтанд, ки суханони Яҳува оиди итоат кардан ба ҳокимиятдорон чӣ маъно дорад (Рум. 13:1). Аз ин рӯ онҳо чун гурӯҳ на ҳамеша дар давоми ҷанг пурра мавқеи бетарафиашонро нигоҳ медоштанд. Масалан, вақте президенти ИМА 30-юми майи с. 1918-ро чун рӯзи дуогӯӣ барои сулҳ эълон кард, дар «Бурҷи дидбонӣ» Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барангехта шуданд, ки дар ин бора низ дуо гӯянд. Баъзе бародарон барои дастгирӣ кардани ҷанг маблағ ҷудо мекарданд ва баъзеи дигарашон бошанд, ҳатто ба даст яроқу аслиҳа гирифта ба ҷанг мерафтанд. Лекин хулоса кардан нодуруст мебуд, ки аз сабаби ба ислоҳшавӣ ниёз доштанашон Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар асирии Бобили бузург буданд. Вале мо аниқ медонем, ки онҳо худро дар давоми Ҷанги Якуми Ҷаҳон қариб ки пурра аз империяи ҷаҳонии дини дурӯғ дур кашида буданд. (Луқо 12:47, 48-ро хонед.)

10. Чӣ тавр Тадқиқотчиён ба ҳаёт эҳтиром нишон доданд?

10 Ҳарчанд Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас мавқеи бетарафиро пурра намефаҳмиданд онҳо як чизро аниқ медонистанд: Китоби Муқаддас мегӯяд, ки одам накуш. Аз ин рӯ бародароне ки ба ҷанг мерафтанд, одам намекуштанд. Касонеро ки одам куштан намехостанд, ба ҷои шадиди ҷанг равона мекарданд, то ки муранд.

11. Ҳокимиятдорон нисбати мавқеи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ хел муносибат карданд?

11 Аз он ки бародарон ба Худо содиқ буданд, Шайтон дар ғазаб буд. Дар натиҷа ӯ «аз номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд» овард (Заб. 93:20). Генерал-майори ИМА Ҷеймс Франклин Белл дар сӯҳбат бо бародарон Ҷ. Ф. Рутерфорд ва У. Е. Ван-Амбург гуфт, ки Вазорати адлияи ИМА лоиҳаи қонунро ба Конгресс пешниҳод кард, ки мувофиқи он шахсоне ки дар вақти ҷанг яроқро ба даст намегиранд, бояд ба марг маҳкум карда шаванд. Ӯ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддасро дар назар дошт. Вале ҳамзамон генерал Белл ба қаҳр омада ба бародар Рутерфорд гуфт, ки ин қонун аз тарафи президенти ИМА Вилсон рад карда шуд. Ва баъд илова кард: «Лекин мо медонем, ки чӣ хел шуморо ба даст ғалтонем ва ин корро мекунем!»

12, 13. а) Чаро ҳашт бародарро ҳабс карданд? б) Оё баъд аз ҳабс шудан онҳо ба Яҳува содиқ монданд? Фаҳмонед.

 12 Охиру оқибат ҳокимиятдорон роҳи ҷазо додани ходимони Худоро ёфтанд. Бародар Рутерфорд, Ван-Амбург ва шаш бародареро, ки Ҷамъияти Бурҷи Дидбониро намояндагӣ мекарданд, ҳабс намуданд. Судя чунин ҳукм баровард: «Тарғиботи диние, ки ин мардон мебаранд аз лашкарони олмонӣ дида, хатарноктар аст. Ӯ гуфт, ки онҳо муқобили ҳокимият, артиш ва ҳамаи калисоҳо баромаданд ва барои ин бояд ҷазои сахт гиранд» («Мубориза барои имон» (англ.), А. Ҳ. Макмиллан, саҳ. 69). Онҳоро дар ҳақиқат сахт ҷазо доданд. Ин ҳашт бародарро дар Атланта (иёлоти Ҷорҷия) ба муддати дуру дароз ҳабс карданд. Лекин вақте ҷанг ба охир расид, онҳоро озод карда айбдоркуниашонро бекор намуданд.

13 Ҳатто дар маҳбас ин ҳашт бародар аз рӯи Навиштаҳо амал мекарданд. Мо инро аз куҷо медонем? Онҳо ба президенти Иёлоти Муттаҳида нома навишта хоҳиш карданд, ки онҳоро аз маҳбас озод кунад. Дар нома онҳо гуфтанд, ки дар Китоби Муқаддас «қатл накун» гуфта шудааст. Аз ин рӯ шахсе ки ба Худо ҳаёташро бахшидаасту дидаву дониста ба гапи Ӯ гӯш намедиҳад, илтифоти Худоро гум карда нобуд мешавад. Бародарон гуфтанд, ки аз ҳамин сабаб онҳо наметавонанд ва намехоҳанд, ки одам кушанд. Ин амали онҳо далерона буд! Бешубҳа, бародарон то охир ба Яҳува содиқ монданӣ буданд!

ОЗОДӢ!

14. Аз Навиштаҳо фаҳмонед, ки аз с. 1914 то 1919 чӣ рӯй дод.

14 Пешгӯии Малокӣ 3:1–3 аз соли 1914 то аввали соли 1919 иҷро шуданд. Дар он вақт тадҳиншудагони «банӣ-Левӣ» тоза шуданд ва Яҳува «Худованд» бо «қосиди аҳд» — Исои Масеҳ барои тафтиш кардани маъбади рӯҳонӣ омад. (Оятҳоро хонед.) Баъд аз он ки Яҳува онҳоро ислоҳ ва тоза кард, онҳо барои гирифтани таъиноти нав тайёр шуданд. Соли 1919 ғуломи мӯътамад ва доно барои бо ғизои рӯҳонӣ таъмин кардани аҳли хонавода таъин шуд (Мат. 24:45). Акнун халқи Худо аз таъсири Бобили бузург озод шуд. Аз он вақт сар карда онҳо дар бораи иродаи Худо бештар фаҳмиданд ва муҳаббаташон нисбати Ӯ зиёдтар гашт. Онҳо барои баракатҳои Худо хеле миннатдоранд! [1]

15. Озодшавӣ аз Бобили бузург моро бояд ба чӣ барангезад?

15 Мо барои озодшавӣ аз Бобили бузург як ҷаҳон миннатдорем! Шайтон ибодати ҳақиқиро нест карда натавонист. Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки чаро Яҳува моро озод кард (2 Қӯр. 6:1). Ҳоло бисёр одамони самимӣ дар асирии дини дурӯғ ҳастанд. Ба онҳо кӯмак лозим аст. Мо метавонем ба онҳо роҳ нишон диҳем. Биёед ба ин бародарони содиқ пайравӣ намуда ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ки одамон аз асирӣ озод шаванд.

^ [1] Сархати 14. Байни асирии яҳудиён дар Бобил ва он чизе ки бо масеҳиён баъд аз сар шудани осият рӯй дод, бисёр монандиҳое вуҷуд дорад. Лекин мо гуфта наметавонем, ки асирии яҳудиён ин рамзи он аст, ки бо масеҳиёни тадҳиншуда чӣ рӯй дод. Аз ин рӯ мо набояд дар ҳар як ҷузъиёти он пешгӯйӣ кобем. Дар ин воқеаҳо баъзе фарқиятҳо низ ҳастанд. Масалан, яҳудиён дар асирӣ 70 сол буданд, лекин масеҳиёни тадҳиншуда бошанд, дар асирии дини дурӯғ бисёртар.