Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мувофиқи Каломи Худо нағз ташкил ёфтаем

Мувофиқи Каломи Худо нағз ташкил ёфтаем

«Худованд заминро бо ҳикмат бунёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд» (МАС. 3:19).

СУРУДҲО: 6, 24

1, 2. а) Баъзеҳо дар бораи ташкилот доштани Худо чӣ мегӯянд? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

ОЁ ХУДО ташкилот дорад? Баъзеҳо мегӯянд, ки «барои одамизодро роҳнамоӣ кардан ташкилот даркор нест. Ба шахс фақат муносибати наздик бо Худо лозим асту халос». Оё чунин фикр кардан дуруст аст? Дар ин бора далелҳо чӣ мегӯянд?

2 Дар ин мақола мо далелҳоеро дида мебароем, ки беҳамто ва бо тартибу низом будани Яҳуваро исбот мекунанд. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки ба дастуроти Яҳува, ки ба воситаи ташкилоташ медиҳад чӣ тавр бояд муносибат кунем (1 Қӯр. 14:33, 40). Дар асри як халқи Яҳува мувофиқи дастуроти Навиштаҳо амал карда хушхабарро дар бисёр ҷойҳо паҳн кард. Имрӯз мо низ чунин карда метавонем. Агар мо мувофиқи Китоби Муқаддас амал намуда дастуроти ташкилотро иҷро намоем, ин ба покӣ ва сулҳу ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад.

ЯҲУВА ХУДОИ ТАРТИБУ НИЗОМ АСТ

3. Чӣ шуморо боварӣ мебахшад, ки Яҳува ҳама чизро бо тартибу низом офаридааст?

3 Офариниш исбот мекунад, ки Яҳува Худои тартибу низом аст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд заминро бо ҳикмат бунёд кард, осмонро бо хирад барқарор намуд» (Мас. 3:19). Мо танҳо қисми «роҳҳои Ӯ [Худо]-ро» медонем ва «андаке  дар ҳаққи Ӯ шунидаем!» (Айюб 26:14). Он донише ки мо дар бораи сайёраҳо, ситораҳо ва галактикаҳо дорем, моро бармеангезад, ки бо тартибу низом офарида шудани онҳоро эътироф кунем (Заб. 8:4, 5). Галактикаҳо аз миллионҳо ситорагон иборат буда аз рӯи тартиби муайян ҳаракат мекунанд. Сайёраҳои Системаи офтобӣ дар гирди худ ва офтоб давр зада ба қонуни ҳаракат итоат менамоянд. Бешубҳа бо чунин тартиб офарида шудани коинот ба мо кӯмак мерасонад, то бубинем, ки то чӣ андоза Яҳува, ки замину «осмонро хирадмандона офаридааст» сазовори ҳамду сано, вафодорӣ ва ибодати мост (Заб. 135:1, 5–9).

4. Чаро илм ба бисёр саволҳо ҷавоб дода натавонист?

4 Илм дар бораи коинот ва Замин бисёр чизҳоро исбот кард ва ба ҳаётамон фоида овард. Лекин ба бисёр саволҳо ҷавоб дода натавонист. Масалан, ситорашиносон наметавонанд ба мо аниқ гӯянд, ки чӣ тавр коинот пайдо шуд ва чаро мо айнан дар сайёраи Замин зиндагӣ мекунем. Ҳамчунин одамон фаҳмонда наметавонанд, ки чаро одамизод мурдан намехоҳад (Воиз 3:11). Чаро ин қадар саволҳои муҳим беҷавобанд? Зеро олимон ва дигарон ба таълимоти эволютсия бовар карда, одамонро бармеангезанд, ки ба ҳастии Худо бовар накунанд. Лекин Яҳува дар Каломаш ба саволҳое, ки одамизодро ба ташвиш меоранд, ҷавоб медиҳад.

5. Чаро мо аз қонуни табиат вобастаем?

5 Қонунҳои табиатро Яҳува муқаррар намудааст ва он ҳеҷ гоҳ иваз намешавад. Электрику сантехникҳо, муҳандисон, лётчикон ва ҷарроҳон ҳамаашон барои иҷрои корашон ба ин қонунҳо такя мекунанд. Масалан, ҷарроҳон бо он розӣ мешаванд, ки анатомияи одам дар асл як хел мебошад. Аз ин рӯ онҳо кофта намешинанд, ки дили ҳар як бемор дар куҷост. Ва ҳамаи мо медонем, ки агар одам аз баландӣ ба поён худро партояд, ё маиб мешавад ё мемурад. Барои ҳамин мо ба қонунҳои табиат, ба мисли қонуни ҷозиба итоат мекунем, чунки зинда мондан мехоҳем.

АЗ ТАРАФИ ХУДО ТАШКИЛ ЁФТАНД

6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ходимони Яҳува бо тартибу низоманд?

6 Азбаски коинот хеле аҷоиб ва бо тартибу низом офарида шудааст, пас Яҳува мехоҳад, ки ходимонаш муташаккил, яъне бо тартибу низом бошанд. Барои ҳамин Худо ба воситаи Каломаш моро роҳнамоӣ мекунад. Бе ташкилоти Худо ва меъёрҳои Ӯ зиндагӣ кардан дар натиҷа бадбахтӣ ва ранҷу азоб меорад.

7. Чӣ исбот мекунад, ки Китоби Муқаддас нағз тартиб дода шудааст?

7 Баъзе олимон мегӯянд, ки Китоби Муқаддас ин танҳо китобҳои яҳудӣ ва масеҳиест, ки одамон онро якҷоя карданд. Лекин он шоҳасарест, ки нағз тартиб дода шуда, ба воситаи рӯҳи Худо илҳом бахшида шудааст. Ҳар як китоби Каломи Худо бо ҳам алоқаманд аст. Аз Ҳастӣ то Ваҳй Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки бояд насле биёяд, то нияти Худоро нисбати замин иҷро кунад. Ва мо фаҳмидем, ки ин насл Исои Масеҳ мебошад ва ӯ ба воситаи Салтанат исбот хоҳад кард, ки танҳо Яҳува Ҳаққи Таолост. (Ҳастӣ 3:15; Матто 6:10 ва Ваҳй 11:15-ро хонед.)

8. Чаро гуфтан мумкин аст, ки исроилиён бо тартибу низом буданд?

8 Исроили қадим дар тартибу низом намуна буд. Масалан, аз рӯи қонуни Мусо занонро барои хизмат дар назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ таъин менамуданд (Хур. 38:8). Аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчидани хаймаҳои исроилиён ва хаймаи  ҷомеъ бо тартибу низом мегузашт. Баъдтар шоҳ Довуд левизодагон ва коҳинонро ҷамъ оварда ба ҳамаашон вазифаю ӯҳдадорӣ дод (1 Вақ. 23:1–6; 24:1–3). Вақте ки исроилиён ба гапи Яҳува гӯш медоданд, онҳо баракат ёфта дар сулҳу ягонагӣ зиндагӣ мекарданд (Такр. Ш. 11:26, 27; 28:1–14).

9. Чӣ нишон медиҳад, ки ҷамъомади масеҳиёни асри як нағз ташкилёфта буд?

9 Ҷамъомади масеҳиёни асри як хеле нағз ташкилёфта буд ва аз рӯи дастуроти ҳайати роҳбарикунанда, ки аввал аз ҳаввориён иборат буд, амал карда манфиат мегирифт (Аъм. 6:1–6). Баъдтар боз дигар бародарон аъзои ҳайати роҳбарикунанда шуданд (Аъм. 15:6). Маслиҳат ва дастурот ҳамчунин ба воситаи номаҳои илҳомбахшидашудаи аъзои ҳайати роҳбарикунанда ё аз тарафи касоне ки бо онҳо муоширати наздик доштанд, дода мешуд (1 Тим. 3:1–13; Тит. 1:5–9). Чӣ хел ҷамъомад аз рӯи дастуроти ҳайати роҳбарикунанда амал карда манфиат гирифт?

10. Вақте ҷамъомадҳо аз рӯи дастурот амал мекарданд, ин чӣ натиҷа меовард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

10 Аъмол 16:4, 5-ро хонед. Бародароне ки аз номи ҳайати роҳбарикунанда ба ҳама ҷо сафар мекарданд «дастурҳоеро, ки ҳаввориён ва пирон дар Ерусалим қарор дода буданд, ба онҳо [ҷамъомадҳо] месупурданд». Вақте ҷамъомадҳо аз рӯи ин дастурот амал мекарданд «дар имон мустаҳкам мешуданд, ва шумораашон рӯз ба рӯз меафзуд». Мо аз ин чӣ дарс мегирем?

ОЁ ШУМО АЗ РӮИ ДАСТУРОТ АМАЛ МЕКУНЕД?

11. Бародарони масъул бояд ба дастуроти ташкилоти Худо чӣ хел муносибат кунанд?

11 Вақте ки аъзоёни Кумитаи филиал ё мамлакат, нозирони ноҳиявӣ ва пирони ҷамъомад аз ташкилоти Худо дастурот мегиранд, бояд чӣ хел муносибат кунанд? Каломи Худо ҳамаи моро бармеангезад, ки итоаткору мутеъ бошем (Такр. Ш. 30:16; Ибр. 13:7, 17). Дар ташкилоти Яҳува барои одамоне ки ба танқидкунӣ ва беитоатӣ моиланд, ҷой нест, чунки ин сулҳу осоиштагӣ ва ягонагии ҷамъомадро вайрон мекунад. Албатта, ягон ходими содиқи Худо намехоҳад, ки мисли Диютрифас беҳурматӣ ва бевафоӣ кунад. (3 Юҳанно 9, 10-ро хонед.) Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман ба пешравии рӯҳонии дигарон мусоидат менамоям? Оё дастуроти бародарони масъулро даррав қабул мекунам?»

12. Дар тарзи таъин шудани пирон ва ходимони ёвар чӣ гуна навоварӣ шуд?

12 Биёед қарореро, ки Ҳайати роҳбарикунанда ба наздикӣ бароварда буд, дида бароем. Дар «Бурҷӣ дидбонӣ» аз 15 ноябри с. 2014 дар «Саволҳои хонандагон» навоварӣ дар бораи тарзи таъин гаштани пирон ва ходимони ёвар чоп шуд. Дар мақола гуфта шуда буд, ки ҳайати роҳбарикунандаи асри як нозирони сайёрро вазифадор мекард, ки пирон ва ходимони ёварро таъин кунанд. Аз ин рӯ аз 1 сентябри с. 2014 сар карда нозирони ноҳиявӣ ходимони ёвар ва пирони ҷамъомадро таъин менамоянд. Нозири ноҳиявӣ кӯшиш мекунад, ки бародарони тавсияшударо нағзтар шиносад ва аз рӯи имкон ҳамроҳашон хизмат кунад. Ӯ ҳамчунин ба оилаи онҳо аҳамият медиҳад (1 Тим. 3:4, 5). Ҳайати пирон бо нозири ноҳиявӣ аз рӯи Навиштаҳо ба талабот мувофиқат кардан ё накардани бародареро, ки ходими ёвар ё пири ҷамъомад таъин карданианд, бодиққат дида мебароянд (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; 1 Пет. 5:1–3).

13. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки дастуроти пиронро дастгирӣ мекунем?

 13 Ба мо лозим аст, ки мувофиқи дастуроти Китоби Муқаддас, ки аз пирон мегирем, амал намоем. Ба ин пирони содиқ аз Каломи Худо ба воситаи «суханони солим» дастурот дода мешавад (1 Тим. 6:3). Биёед маслиҳати Павлусро нисбати касоне ки дар ҷамъомад беитоатӣ мекарданд, ба хотир орем. Баъзеҳо «ҳеҷ коре накарда, давуғеҷи барзиёд» мекарданд. Пирон онҳоро барои ин корашон насиҳат карданд, вале онҳо ислоҳ нашуданд. Аҳли ҷамъомад ба ин кори онҳо чӣ хел муносибат кард? Павлус чунин дастур дод: «Ӯро дар хотири худ гирифта монед ва бо ӯ муошират накунед, то ки хиҷил шавад». Онҳо бояд бо чунин шахсон муошират карданро бас мекарданд вале набояд онҳоро душмани худ меҳисобиданд (2 Тас. 3:11–15). Имрӯзҳо низ пирони ҷамъомад кӯшиш мекунанд, то ба шахсе ки меъёрҳои Худоро рад мекунад, махсусан ба онҳое бо касони ҳамимоннабуда мулоқот мекунанд, ёрдам кунанд (1 Қӯр. 7:39). Агар ин шахс аз раҳаш гаштан нахоҳад пирон шояд бо нутқ баромад мекунанд, то ки таъсири бади ин одатро фаҳмонанд. Шумо чӣ хел муносибат мекардед, агар пирон бо чунин нутқ баромад кунанд? Агар шумо ин гуна шахсонро донед, оё аз муоширати наздик бо онҳо даст мекашед? Чунин карда шумо ба онҳо ёрдам мекунед, ки хатогиашонро фаҳмида аз роҳи бадашон гарданд. [1]

ПОКӢ, СУЛҲ ВА ЯГОНАГИРО НИГОҲ ДОРЕД

14. Чӣ тавр мо дар ҷамъомад покиро нигоҳ дошта метавонем?

14 Агар мо мувофиқи дастуроти Каломи Худо амал кунем, покиро дар ҷамъомад нигоҳ медорем. Биёед вазъиятеро, ки дар Қӯринти қадим шуда буд, муҳокима кунем. Павлус тамоми қувваташро барои дар он шаҳр мавъиза кардан сарф кард ва ҳамимонони он ҷоро дӯст медошт (1 Қӯр. 1:1, 2). Павлусро ҳал кардани душворӣ бо бадахлоқии ҷинсӣ алоқамандбуда, ки айни ҳол ҷамъомад ба он чашм мепӯшид, ба ташвиш меовард. Ӯ ба пирони ҷамъомад гуфт, ки чунин мардони бадахлоқро ба Шайтон супоред, яъне онҳоро аз ҷамъомад хориҷ кунед. Барои нигоҳ доштани покӣ дар ҷамъомад пирон бояд аз «хамиртуруш» халос мешуданд (1 Қӯр. 5:1, 5–7, 12). Вақте мо қарори пиронро оиди хориҷ намудани гунаҳкори тавбанакарда дастгирӣ мекунем, бо ин мо покиро дар ҷамъомад нигоҳ дошта, шояд шахсро бармеангезем, ки тавба карда аз Яҳува бахшиш пурсад.

15. Чӣ хел мо сулҳро дар ҷамъомад нигоҳ дошта метавонем?

15 Дар Қӯринт боз дигар мушкилиро ҳал кардан лозим буд. Баъзе бародарон ҳамимононашонро ба суд медоданд. Павлус барои андеша кардан ба онҳо чунин савол дод: «Чаро ба маҳрумият тоб оварданро афзал намедонед?» (1 Қӯр. 6:1–8). Имрӯз низ чунин вазъиятҳо рӯй медиҳанд. Баъзан сулҳ байни бародарон аз сабаби барор нагирифтани созишномаҳои корӣ ва ё шояд ба фиребгарӣ айбдор кардан вайрон мегардад. Ҳолатҳое буданд, ки баъзеҳо бародаронро ба суд доданд, лекин Каломи Худо ба мо кӯмак мерасонад, то фаҳмем, ки аз даст додани пул беҳтар аст, назар ба доғдор кардани номи Худо ё вайрон намудани ягонагӣ дар ҷамъомад. [2] Барои ҳал кардани чунин вазъиятҳо мо бояд аз рӯи маслиҳати Исо амал намоем. (Матто 5:23, 24; 18:15–17-ро хонед.) Агар мо ин тавр кунем, ягонагиро дар байни ходимони Яҳува нигоҳ медорем.

16. Чаро халқи Яҳува бояд дар ягонагӣ бошад?

 16 Каломи Яҳува нишон медиҳад, ки чаро халқи Ӯ бояд дар ягонагӣ бошад. Забурнавис сароид: «Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд» (Заб. 132:1). Вақте исроилиён ба Яҳува итоат мекарданд, онҳо нағз ташаккилёфта дар ягонагӣ буданд. Ояндаи халқашро пешгӯӣ карда Яҳува гуфт: «Онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт» (Мико 2:12). Ғайр аз ин Яҳува ба воситаи пайғамбар Сафанё пешгӯӣ кард: «Ба қавмон забони поке [ҳақиқати Навиштаҳо] хоҳам бахшид, то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд, ва Ӯро якдилона ибодат намоянд» (Саф. 3:9). То чӣ андоза мо барои имтиёзи дар ягонагӣ ибодат кардани Яҳува миннатдорем!

Пирон ба онҳое ки рафтори нодуруст мекунанд, кӯмаки рӯҳонӣ мерасонанд (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Барои нигоҳ доштани ягонагӣ ва покӣ дар ҷамъомад пирон бояд ба гуноҳкор чӣ хел муносибат кунанд?

17 Барои дар ҷамъомад нигоҳ доштани ягонагӣ ва покӣ, пирон бояд масъалаҳои судиро меҳрубонона ва дарҳол ҳал намоянд. Павлус медонист, ки муҳаббати Худо танҳо ба ҳиссиёт асос намеёбад ва Ӯ ба бадкорӣ чашм намепӯшад (Мас. 15:3). Аз ин рӯ Павлус аз навиштани номаи якум ба Қӯринт, ки номаи таъсирбахшу меҳрубонона буд, даст накашид. Номаи дуюм ба Қӯринт, ки чанд моҳ пас аз якум нома навишта шуд, нишон медиҳад, ки дар ин ҷамъомад беҳбудӣ шуд, зеро пирон аз рӯи дастуроти ҳаввориён амал намуданд. Агар масеҳӣ надониста ягон кори нодуруст кунад, бародарони масъул бояд кӯшиш кунанд, ки ӯро фурӯтанона ислоҳ намоянд (Ғал. 6:1).

18. а) Дар кадом мавридҳо маслиҳати Каломи Худо ба ҷамъомадҳои масеҳиёни асри як кӯмак кард? б) Мо дар мақолаи оянда чиро дида мебароем?

18 Равшан аст, ки маслиҳат аз Каломи Худо ба масеҳиёни Қӯринт ва дигар ҷойҳо барои нигоҳ доштани покӣ ва сулҳу ягонагӣ дар ҷамъомадҳо ёрдам кард (1 Қӯр. 1:10; Эфс. 4:11–13; 1 Пет. 3:8). Дар натиҷа бародарону хоҳарони асри як бисёр корҳоро дар хизмат ба анҷом расониданд. Дар ҳақиқат Павлус гуфта метавонист, ки хушхабар «ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст» (Қӯл. 1:23). Имрӯз дониш дар бораи нияти олиҷаноби Худо дар тамоми замин ба воситаи кӯшишҳои онҳое ки қисми ташкилоти муттаҳиди Яҳува мебошанд, паҳн шуда истодааст. Дар мақолаи оянда мо дида мебароем, ки халқи Худо то чӣ андоза Каломи Ӯро қадр мекунад ва Яҳуваро чун ҳокими Даҳр бо азми қавӣ ҷалол додан мехоҳад (Заб. 70:15, 16).

^ [1] Сархати 13. Ба китоби «Созмоншудагон» (рус.), саҳ. 134–136 нигаред.

^ [2] Сархати 15. Барои гирифтани маълумоти бештар оиди он ки дар кадом мавридҳо як масеҳӣ дигар масеҳиро ба суд дода метавонад ба китоби «Муҳаббати Худо», саҳ. 223 нигаред.