Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бозёфти ном дар кӯзаи қадима

Бозёфти ном дар кӯзаи қадима

Соли 2012 бостоншиносон пораи кӯзаеро ёфтанд, ки таърихи 3000-сола дошт. Олимон аз ин бозёфт хурсанд шуданд, на барои ёфтани пораи ин кӯза, балки барои навиштаҷоти он.

Вақте бостоншиносон ҳама пораҳои кӯзаро якҷоя карданд, навиштаҷотеро, ки ба забони канъонӣ буд, хонда тавонистанд. Дар он ҷо «Эшбоал Бен Беда» навишта шуда буд, ки маънояш «Эшбоал писари Беда» мебошад. Ин аввалин маротибае буд, ки бостоншиносон ин номро дар чизи қадима ёфтанд.

Дар Китоби Муқаддас дар бораи нафари дигаре бо номи Эшбоал навишта шудааст, ки ӯ яке аз писарони Шоул буд (1 Вақ. 8:33; 9:39). Олим Йосеф Гарфинкел, ки дар қатори он бостоншиносон буд, чунин гуфт: «Аҷоиб, ки номи Эшбоал дар Китоби Муқаддас дар давраҳои ҳукмронии шоҳ Довуд вомехӯрад ва акнун онро дар қайди бостоншиносон низ ёфтан мумкин аст». Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин ном хоси он давру замон буд. Илми бостоншиносӣ бори дигар тасдиқ кард, ки гуфтаҳои Китоби Муқаддас ҳақанд.

Дар Китоби Муқаддас писари подшоҳ Шоул, Эшбоал ҳамчунин Ишбӯшет номида шудааст (2 Подш. 2:10). Чаро дар ин ном «боал» бо «бӯшет» иваз шуд? Олимон мегӯянд, ки нависандаи 2 Подшоҳон аз истифода бурдани Эшбоал даст кашид. Зеро он шояд ба исроилиён дар бораи худои канъониён, Баал, ки худои борону тӯфон буд, ёдрас менамуд. Лекин ба ҳар ҳол дар китоби Вақоеънома мо номи Эшбоалро ёфта метавонем.