Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Осо, Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳу

Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!

Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!

«Эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам» (4 ПОДШ. 20:4).

СУРУДҲО: 52, 54

1–3. Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кардан чӣ маъно дорад? Фаҳмонед.

МО, КИ нокомил ҳастем, доимо хато мекунем. Хушбахтона, Яҳува ба мо «мувофиқи хатоҳоямон» муносибат намекунад. Ӯ ба мо фидияро фароҳам овардааст ва моро бо омодагӣ мебахшад. Барои ин мо бояд фурӯтан бошему тавба кунем (Заб. 102:10). Ғайр аз ин чи хеле ки Довуд ба Сулаймон гуфта буд, барои ба Яҳува писанд омадан мо бояд ба Ӯ аз самими қалб хизмат кунем (1 Вақ. 28:9). Чӣ тавр мо одамони нокомил инро карда метавонем?

2 Биёед ҳаёти шоҳ Осо ва Амасёро бо ҳам муқоиса кунем. Ҳардуи онҳо подшоҳони Яҳудо буданд ва дар назари Яҳува корҳои дуруст мекарданд. Лекин Осо назар ба Амасё ин корро аз таҳти дил мекард (2 Вақ. 15:16, 17; 25:1, 2; Мас. 17:3). Ҳардуи онҳо нокомил буданд ва ба хатогӣ роҳ медоданд. Вале Осо пурра ба Худо вафодор буд, чунки «бо дили комил», яъне аз таҳти дил Ӯро ибодат мекард (1 Вақ. 28:9). Шоҳ Амасё бошад, ба Яҳува пурра вафодор набуд. Чунки баъди бар душман ғалаба кардан вай худоёни онҳоро оварда парастиш кард (2 Вақ. 25:11–16).

 3 Ба Яҳува аз самими қалб хизмат кардан маънои то ба охир ба Ӯ вафодор монданро дорад. Калимаи «қалб» дар Китоби Муқаддас одатан ба ботини одам ишора мекунад. Яъне он хоҳиш, фикр, майл, рӯҳия, қобилият, ният ва мақсадро дар бар мегирад. Шахсе ки Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медорад, ба Ӯ рӯякӣ хизмат намекунад. Ин гуна шахс барои худнамоишдиҳӣ хизмат намекунад ё ба он чун ба як чизи муқаррарӣ наменигарад. Агар мо нигоҳ накарда ба нокомилиамон пурра ба Худо вафодор бошем, он гоҳ Ӯро аз самими қалб ибодат мекунем (2 Вақ. 19:9).

4. Мо ҳоло чиро дида мебароем?

4 Барои бештар фаҳмидани он ки ба Яҳува аз самими қалб хизмат кардан чӣ маъно дорад, биёед ҳаёти Осо ва ҳамчунин дигар подшоҳони Яҳудо — Еҳӯшофот, Ҳизқиё ва Йӯшиёҳуро, ки ба Яҳува содиқона хизмат мекарданд, дида бароем. Онҳо ба хатогӣ роҳ медоданд, лекин ба ҳар ҳол писанди Яҳува буданд. Чаро Худо гуфт, ки онҳо ба Ӯ аз таҳти дил хизмат мекарданд ва чӣ тавр мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем?

ДИЛИ ОСО «БА ХУДОВАНД АМИН БУД»

5. Осо баъд аз подшоҳ шуданаш чӣ кор кард?

5 Вақте салтанати даҳсибтаи шимолии Исроил аз Яҳудо ҷудо шуд, Осо подшоҳи сеюми Яҳудо гашт. Ӯ салтанаташро аз бутпарастӣ ва бадахлоқӣ тоза кард. Вай ҳатто бибиаш Маакоро барои бутпарастиаш аз унвони малика маҳрум сохт (3 Подш. 15:11–13). Ғайр аз ин Осо халқашро барангехт, ки Яҳуваро «ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд». Бале, ӯ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то ки ҳама Яҳуваро ибодат кунанд (2 Вақ. 14:4).

6. Вақте ки ҳабашиён ба Яҳудо ҳамла намуданд, Осо чӣ кор кард?

6 Даҳ соли аввали ҳукмронии Осоро Яҳува баракат дод ва дар мамлакат тинҷию амонӣ буд. Баъдтар Зораҳи ҳабашӣ бар зидди Яҳудо бо 1 000 000 сарбоз ва 300 ароба ба ҷанг баромад (2 Вақ. 14:1, 6, 9, 10). Дар ин маврид Осо чӣ кор кард? Ӯ пурра ба Яҳува такя намуда дуо гуфт. (2 Вақоеънома 14:11-ро хонед.) Дар ҷавоб ба дуои самимии Осо халқи Яҳува бар тамоми лашкари ҳабашӣ ғолиб омаданд (2 Вақ. 14:12, 13). Дар гузашта баъзан ҳамин хел мешуд, ки Яҳува нигоҳ накарда ба бевафоии подшоҳони Исроил ба онҳо ёрдам мекард, то ки душманро мағлуб кунанд. Яҳува ин корро барои шӯҳрат додани номаш мекард (3 Подш. 20:13, 26–30). Лекин ин дафъа Яҳува ба халқаш барои он ёрдам кард, ки Осо ба Ӯ такя намуд ва дуо гуфт. Вале баъдтар Осо бехирадона амал намуда, на аз Яҳува, балки аз шоҳи Арам мадад пурсид (3 Подш. 15:16–22). Ба ҳар ҳол Яҳува ба Осо муносибати нағз дошт, чунки дили Осо «тамоми айёми ӯ ба Худованд амин буд». Чӣ тавр мо ба намунаи Осо пайравӣ карда метавонем? (3 Подш. 15:14).

7, 8. Чӣ тавр шумо ба Осо пайравӣ карда метавонед?

7 Ҳар яки мо дили худро тафтиш карда метавонем, то бубинем, ки оё диламон пурра ба Яҳува содиқ аст ё не. Барои ин аз худ пурсед: «Оё ман сахт мехоҳам, ки дили Яҳуваро хурсанд кунам, ибодати ҳақиқиро дастгирӣ намоям ва халқашро аз таъсири бад ҳимоя кунам?» Тасаввур кунед, ки барои ба муқобили бибиаш, маликаи Маако, баромадан ба Осо чӣ қадар далерӣ лозим буд! Шояд шумо касеро намедонед, ки мисли ин малика рафтор карда бошад, лекин ҳолатҳое шуданаш мумкин аст, ки дар он шумо метавонед ба ғайрати Осо пайравӣ кунед. Масалан, агар ягон аъзои оила ё дӯсти наздикатон гуноҳ карда тавба накунад ва аз ҷамъомад  хориҷ шавад, шумо чӣ кор мекардед? Оё зудтар чораҳои лозима андешида бо ӯ муоширатро бас мекардед? Дар ин вазъият дилатон шуморо ба чӣ водор мекард?

8 Баъзан дар мо мисли Осо чунин ҳиссиёте пайдо шуда метавонад, ки гӯё ҳама муқобили моянд. Шояд ҳамсинфон ё муаллимон шуморо аз сабаби Шоҳиди Яҳува буданатон масхара кунанд. Ё ҳамкоронатон фикр мекунанд, ки барои анҷуман шуда ҷавоб гирифтан ва ё аз вақти муқарраршуда зиёдтар кор накардан беақлона аст. Дар ин ҳолатҳо мисли Осо ба Яҳува такя карда ба Ӯ дуо гӯед. Далеру нотарс бошед ва кардани кори дурустро давом диҳед. Дар хотир доред, ки Яҳува чи хеле ки Осоро қавӣ гардонд, шуморо низ қавӣ гардонда метавонад.

9. Чӣ тавр мо дар мавъиза дили Яҳуваро хурсанд карда метавонем?

9 Осо танҳо дар бораи худаш фикр намекард, вай дигаронро низ бармеангехт, ки Яҳуваро ҷӯё бошанд. Мо ҳам ба одамон кӯмак карда метавонем, ки Яҳуваро ибодат кунанд. Вақте Яҳува мебинад, ки мо дар бораи Ӯ бо одамон гап мезанем, дилаш хурсанд мешавад. Зеро дар ин кор муҳаббати мо нисбати одамон ва хоҳишамон оиди абадӣ зиндагӣ кардани онҳо зоҳир мегардад.

ЕҲӮШОФОТ ЯҲУВАРО МЕҶУСТ

10, 11. Чӣ тавр мо ба Еҳӯшофот пайравӣ карда метавонем?

10 Еҳӯшофот «бо роҳи падари худ Осо рафтор намуд» (2 Вақ. 20:31, 32). Чӣ хел? Ӯ мисли падараш одамонро бармеангехт, ки Яҳуваро ибодат кунанд. Вай мардонро ба Яҳудо фиристод, то ки онҳо одамонро аз «китоби Тавроти Худованд» таълим диҳанд (2 Вақ. 17:7–10). Еҳӯшофот ҳатто ба минтақаи шимолии салтанати Исроил, ба назди одамоне ки дар кӯҳҳои Эфроим зиндагӣ мекарданд, рафта «онҳоро сӯи Худованд... баргардонид» (2 Вақ. 19:4). Еҳӯшофот подшоҳе буд, ки «бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуд» (2 Вақ. 22:9).

11 Имрӯз низ Яҳува мехоҳад, ки ҳама одамон дар борааш таълим гиранд. Ҳамаи мо дар ин кори таълимдиҳӣ саҳми худро гузошта метавонем. Оё шумо мақсад доред, ки ҳар моҳ дар ин кор иштирок кунед? Оё шумо мехоҳед, ки ба дигарон Каломи Худоро таълим диҳед, то онҳо низ Яҳуваро ибодат кунанд? Оё шумо дар ин бора дуо мегӯед? Агар ҳаракат кунед Яҳува ба шумо кӯмак мекунад, ки бо ягон кас омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунед. Оё шумо тайёред, ки барои бо касе омӯзиш гузарондан вақтатонро сарф кунед? Чи хеле ки Еҳӯшофот ба минтақаи Эфроим рафта ба одамон кӯмак расонд, ки ба назди Яҳува баргарданд, мо низ ба онҳое ки ғайрифаъоланд кӯмак расонда метавонем. Илова бар ин пирони ҷамъомад кӯшиш мекунанд, то касонеро ки аз ҷамъомад хориҷ шуда буданду аз роҳашон гаштанд, хабар гирифта ба онҳо кӯмак расонанд.

12, 13. а) Дар вазъияти душвор Еҳӯшофот чӣ кор кард? б) Чӣ тавр мо дар ин маврид ба Еҳӯшофот пайравӣ карда метавонем?

12 Еҳӯшофот мисли падараш Осо ҳатто ҳангоми ҳамлаи душман вафодориашро ба Худо нишон дод. (2 Вақоеънома 20:2–4-ро хонед.) Дар ин вазъият, албатта, ӯ тарсид, лекин «ба мадади Худованд рӯй овард». Вай дар пеши ҳама дуо гуфта, хоксорона иқрор шуд, ки ӯ ва халқ барои истодагарӣ қувват надоранд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Еҳӯшофот пурра ба Яҳува такя карда гуфт: «Чашмони мо ба сӯи Туст» (2 Вақ. 20:12).

13 Баъзан мо мисли Еҳӯшофот чӣ кор карданамонро намедонем ва метарсем  (2 Қӯр. 4:8, 9). Лекин рафтори Еҳӯшофотро фаромӯш накунед. Ӯ дар пеши ҳама дуо гуфта иқрор шуд, ки то чӣ андоза ӯ ва халқаш беқувватанд (2 Вақ. 20:5). Сардорони оила, шумо ба намунаи Еҳӯшофот пайравӣ карда метавонед. Агар шумо ҳангоми душворӣ чӣ кор карданатонро надонед, аз Яҳува барои худ ва оилаатон қувват ва роҳнамоӣ пурсед. Шарм накунед, бигзор оилаатон дуоятонро шунавад. Зеро онҳо мефаҳманд, ки то чӣ андоза шумо ба Яҳува боварӣ доред. Чи хеле ки Яҳува ба Еҳӯшофот ёрдам кард, ба шумо низ ёрдам мекунад.

ҲИЗҚИЁ ҲАМЕША КОРИ ДУРУСТ МЕКАРД

14, 15. Чӣ тавр Ҳизқиё пурра ба Яҳува такя кард?

14 Ҳизқиё яке аз подшоҳоне буд, ки Яҳуваро дӯст медошт. Назар ба Еҳӯшофот ӯ бояд бо таъсири бади падари бутпарасташ мубориза мебурд. «Ӯ баландиҳоро барҳам дод, ва сутунҳоро шикаст, ва Ашераро маҳв намуд, ва мори мисинро, ки Мусо сохта буд, пора-пора кард, зеро ки то он айём банӣ-Исроил барояш бухур месӯзониданд». Ҳизқиё пурра ба Яҳува вафодор буд, чунки риояи «аҳкомеро, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд» давом медод (4 Подш. 18:1–6).

15 Вақте ки давлати абарқудрати ҷаҳони онвақта, Ашшур, Яҳудоро забт намуда ба Ерусалим таҳдид кард, Ҳизқиё бо тамоми дил ба Яҳува такя намуд. Подшоҳи Ашшур, Санҳериб, Яҳуваро масхара карда Ҳизқиёро тарсонд, то ки таслим шавад. Ба ин нигоҳ накарда Ҳизқиё дар дуо ба қудрати бузурги Яҳува пурра боварӣ доштанашро нишон дод. (Ишаъё 37:15–20-ро хонед.) Худо ба дуои ӯ ҷавоб дода фариштаашро фиристод. Ва он фаришта дар як шаб 185 000 ашшуриёнро нобуд кард (Иш. 37:36, 37).

16, 17. Чӣ тавр мо ба Ҳизқиё пайравӣ карда метавонем?

16 Баъдтар Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг қарор дошт. Ӯ аз Яҳува илтимос мекард, ки корҳои хуби ӯро ба ёд оварда ёрӣ расонад. (4 Подшоҳон 20:1–3-ро хонед.) Яҳува ба дуои ӯ ҷавоб дода ӯро сиҳат кард. Мо аз Навиштаҳо медонем, ки дар замонҳои мо Худо ба таври мӯъҷиза моро шифо намедиҳад ё умрамонро дароз намекунад. Лекин ба мисли Ҳизқиё ҳар яки мо аз Яҳува ёрӣ пурсида дар дуо чунин гуфта метавонем: «Лутфан, эй Худованд, ба ёд овар, ки чӣ гуна ман ба ҳузури Ту бо ростӣ ва аз самими қалб рафтор намудаам». Оё шумо боварӣ доред, ки Яҳува хоҳиш ва қувват дорад, ки шуморо ҳатто дар бистари беморӣ дастгирӣ кунад? (Заб. 40:4).

17 Боз чӣ тавр мо ба Ҳизқиё пайравӣ карда метавонем? Шояд чизе ба мо халал мерасонад, ки ба Яҳува наздиктар шавем ё вақти моро аз хизмат ба Ӯ медуздад. Имрӯз бисёриҳо ба одамон мисли бут муносибат мекунанд. Масалан, онҳо одамони машҳур ва ҳатто онҳоеро, ки дар умрашон боре надидаанд, болобардор мекунанд. Аксарияти дигар вақти бисёрашонро барои гирифтани маълумот дар бораи одамони машҳур ё тамошои суратҳои онҳо сарф мекунанд. Одатан онҳо барои муошират аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар маводҳои интернетӣ истифода мебаранд. Албатта, муошират бо оила ё дӯстони наздик ба воситаи ин маводҳо ягон бадие надорад. Лекин чунин шуданаш мумкин аст, ки Интернет вақти бисёрамонро медуздад. Ҳамчунин агар бисёр одамон сурати дар Интернет мондаи моро маъқул кунанд ё ягон шарҳи хуб нависанд, ин моро мағрур карда метавонад. Ё агар суратҳои моро ҳеҷ кас тамошо накунад, мо ҳатто хафа шуда метавонем. Ба  ҷои ин биёед беҳтараш ба намунаи Павлуси ҳавворӣ ва Акилову Прискила пайравӣ намоем. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки чӣ хел Павлус ё Акилову Прискила худашонро ҳар рӯз сурат гирифта онро дар Интернет мемонданд ё ин ки онҳо ба касе ки Шоҳиди Яҳува нест, тақлид мекарданд? Мо дар Китоби Муқаддас мехонем, ки Павлус вақти бисёрашро ба мавъиза сарф мекард. Ва Акилову Прискила бошанд, барои ба дигарон фаҳмондани Тавроти Худо вақт ҷудо менамуданд (Аъм. 18:4, 5, 26). Мо аз худ пурсида метавонем: «Оё ман аз парастиши одамон ё аз кардани корҳое, ки на он қадар муҳиманд, даргурезам?» (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.)

ЙӮШИЁҲУ БА ЯҲУВА ИТОАТ МЕКАРД

18, 19. Чӣ тавр мо ба Йӯшиёҳу пайравӣ карда метавонем?

18 Абераи Ҳизқиё, шоҳ Йӯшиёҳу, низ ба дастуроти Яҳува «бо тамоми дилу ҷон» итоат мекард (2 Вақ. 34:31). Вай дар наврасӣ «ҷустани Худои падараш Довуд»-ро сар кард ва дар синни 20-солагиаш Яҳудоро аз бутҳо тоза намуд. (2 Вақоеънома 34:1–3-ро хонед.) Йӯшиёҳу назар ба дигар подшоҳони Яҳудо, бо ҷидду ҷаҳд ҳар кореро, ки писанди Худо буд, мекард. Боре дар маъбад саркоҳин китоби Тавроти Худоро ёфт. Ин ҳамон китобе буд, ки Мусо бо дасти худ навиштааст! Вақте ки ин китобро ба Йӯшиёҳу хонданд, шоҳ фаҳмид, ки ӯ бояд боз ҳам бисёртар иродаи Яҳуваро иҷро кунад. Ӯ ҳамчунин дигаронро барангехт, ки ба Яҳува хизмат кунанд. Дар натиҷа одамон дар тамоми айёми Йӯшиёҳу «аз пайравии Худованд Худои падаронашон дур нашудаанд» (2 Вақ. 34:27, 33).

19 Агар шумо ҷавон бошед, метавонед ба Йӯшиёҳу пайравӣ намуда Яҳуваро беҳтар шиносед. Йӯшиёҳу шояд аз бобояш Менашше фаҳмид, ки Яҳува бахшанда аст. Шумо низ аз калонсолон, ки аъзои оилаатон ё аъзои ҷамъомаданд, бисёр чизро фаҳмида метавонед. Онҳо ба шумо дар бораи бисёр корҳои хубе ки Яҳува барояшон кардааст, нақл карда метавонанд. Каломи Худо ба Йӯшиёҳу таъсир карда ӯро ба амал барангехт. Хониши Китоби Муқаддас шуморо низ ба амал барангехта, хурсандиатонро зиёд карда метавонад. Он ҳамчунин дӯстиатонро бо Яҳува мустаҳкамтар месозад ва дар дилатон хоҳиши бештар мавъиза карданро инкишоф медиҳад. (2 Вақоеънома 34:18, 19-ро хонед.) Китоби Муқаддасро хонда шумо пай бурда метавонед, ки аз кадом ҷиҳат дар хизмат бояд беҳтар шавед. Агар ин гуфтаҳоро ба кор баред, шумо мисли Йӯшиёҳу рафтор мекунед.

АЗ САМИМИ ҚАЛБ БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КУНЕД!

20, 21. а) Аз кадом ҷиҳат ин чор подшоҳ ба ҳам монанд буданд? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

20 Мо аз ин чор подшоҳи Яҳудо чӣ дарс мегирем? Онҳо аз самими қалб ба Яҳува хизмат мекарданд. Ин подшоҳон сахт мехостанд, ки писанди Яҳува бошанд ва то охири умрашон Ӯро ибодат мекарданд. Нигоҳ накарда ба таъқиботи душманони пурзӯр, ин подшоҳон ба Яҳува такя менамуданд. Аз ҳама муҳимаш онҳо ба Яҳува бо нияти соф хизмат мекарданд.

21 Нигоҳ накарда ба нокомилӣ ва хатогиҳояшон ин подшоҳон писанди Яҳува буданд. Зеро Яҳува медонист, ки то чӣ андоза онҳо аз таҳти дил Ӯро дӯст медоранд. Мо низ нокомилем. Лекин агар Яҳува дили моро санҷад, оё мебинад, ки мо аз самими қалб ба Ӯ хизмат мекунем? Биёед дар ин бора дар мақолаи навбатӣ гап занем.