Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хоксорона зиндагӣ кардан хурсандӣ меорад

Хоксорона зиндагӣ кардан хурсандӣ меорад

ДАНИЭЛ ВА МИРИАМ сентябри соли 2000-ум оиладор шуданд ва дар Барселона (Испаниё) зиндагии бароҳат доштанд. Даниэл мегӯяд: «Корамон ба мо имконият медод, ки дар тарабхонаҳои нағз хӯрок хӯрем, ба хориҷа сафар кунем ва либосҳои босифат пӯшем. Инчунин мо метавонистем доимо дар хизмат иштирок кунем». Аммо баъдтар ҳаёти онҳо дигаргун шуд.

Дар анҷумани соли 2006 Даниэл нутқеро гӯш кард, ки дар он саволи зерин дода шуд: «Оё шумо ба “маҳкумони қатл” ёрдам мекунед, то онҳо соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гарданд?» (Мас. 24:11). Дар нутқ гуфта шуда буд, ки мо бояд ба одамон мавъиза кунем, чунки аз ин ҳаёти онҳо вобаста аст (Аъм. 20:26, 27). Даниэл ба ёд меорад: «Ин суханон ба дилам чунон таъсир карданд, ки гӯё Яҳува ба ман инро гуфта истода буд». Инчунин дар нутқ қайд шуд, ки ба Яҳува бисёртар хизмат кардан хурсандии бештар меорад. Даниэл ҳақ будани ин суханонро нағз медонист, зеро завҷааш Мириам аллакай пешрав буд ва аз хизматаш хурсандии бисёр мегирифт.

Пас аз он нутқ Даниэл қарор кард, ки ҳаёташро тағйир диҳад. Ӯ вақти кориашро кам карда пешрав шуд ва фикр мекард, ки агар бо Мириам ба ягон ҷое, ки воизон намерасанд, кӯчанд, хушбахттар мегарданд.

ПАС АЗ НОУМЕДӢ — ШОДМОНӢ

Моҳи майи соли 2007 Даниэл ва Мириам корашонро партофта, ба мамлакати Панама, ки пештар ба он ҷо рафта буданд, кӯчиданд. Акнун онҳо дар якчанд ҷазираҳои Бокас-дел-Торо, ки дар баҳри Кариб ҷойгир аст, хизмат мекарданд. Аксари сокинони он ҷойҳо гуаймиҳоянд. Даниэл ва Мириам фикр мекарданд, ки бо пули захира кардаашон қариб ҳашт моҳ дар Панама зиндагӣ карда метавонанд.

Даниэл ва Мириам дар ҷазираҳо бо қаиқ ва велосипед сафар мекарданд. Онҳо то ҳол дар ёд доранд, ки чӣ тавр бори аввал ба теппаҳои баланд бо велосипед, дар офтоби сӯзон тақрибан 32 километрро тай карда буданд. Он вақт Даниэл чунон беҳолу бемадор шуд, ки қариб аз ҳуш мерафт. Аммо кӯшишҳои онҳо беҳуда набуданд. Дар вақти сафарашон оилаҳои гуаймиҳо, хусусан баъди шунидани якчанд калима ба забони модариашон, онҳоро нағз қабул мекарданд. Дере нагузашта, ин ҳамсарон аллакай 23 омӯзиш мегузаронданд.

Вақте ки пули онҳо тамом шуд, хурсандиашон ба ғам табдил ёфт. Даниэл мегӯяд: «Вақте мо дар бораи ба Испаниё баргаштан фикр мекардем, дар чашмонамон об чарх мезад. Мо омӯзандаҳои худро партофта рафтан намехостем». Аммо баъд аз як моҳ онҳо хабари ҳаяҷоноваре шуниданд. Мириам мегӯяд: «Ману Даниэлро пешрави махсус таъйин карданд. Мо хеле хурсанд шудем, ки дар Панама мемонем».

ШОДИИ БЕМИСЛУ МОНАНД

Аз сабаби тағйироте, ки дар ташкилотамон шуданд, соли 2015 Даниэл ва Мириам дигар чун пешрави махсус хизмат намекунанд. Онҳо чӣ кор карданд? Даниэл ва Мириам ба суханоне, ки дар Забур 36:5 навишта шудаанд, пурра бовар карданд: «Роҳи худро ба Худованд бисупор, ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард». Ин ҳамсарон барои таъмин кардани худ кор ёфтанд ва имрӯз пешрави доимӣ шуда дар ҷамъомади Верагуас (Панама) хизмат мекунанд.

Даниэл мегӯяд: «Пеш, вақте дар Испаниё будем, мо бовар надоштем, ки хоксорона зиндагӣ карда метавонем. Имрӯз бошад, мо ҳамин хел зиндагӣ карда истодаем ва бо чизҳои зарурӣ таъминем». Онҳо хеле хурсанданд ва сабаби инро фаҳмонида мегӯянд: «Мо ба одамони фурӯтан дар бораи Яҳува таълим дода хурсандӣ мегирем. Ин хурсандии моро ба ҳеҷ чиз баробар карда намешавад!»