Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шумо чӣ тавр қарорҳои шахсӣ мебароред?

Шумо чӣ тавр қарорҳои шахсӣ мебароред?

«Дарк кунед, ки иродаи [хости] Худо чист» (ЭФС. 5:17).

СУРУДҲО: 11, 22

1. Баъзе амру қонунҳои Китоби Муқаддас кадоманд ва чӣ тавр итоат ба онҳо ба мо фоида меоранд?

ДАР КАЛОМИ худ Яҳува ба мо қонунҳои аниқе додааст. Масалан, Ӯ ба мо мегӯяд, ки дуздӣ, бутпарастӣ, зино ва бадмастӣ накунем (1 Қӯр. 6:9, 10). Ҳамчунин Писари Худо, Исои Масеҳ, ба пайравонаш чунин амр дод: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед, ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:19, 20). Амру қонунҳое ки Худо ба мо додааст, моро ҳимоя мекунанд. Ба онҳо итоат карда эҳтироми мо нисбати худамон зиёд мегардад, саломатии мо беҳтар ва оилаамон хушбахт мешавад. Аз ҳама муҳимаш он ки ба амрҳои Худо, аз ҷумла ба амри шогирдсозӣ гӯш дода, мо розигӣ ва баракати Ӯро ба даст меорем.

2, 3. а) Барои чӣ дар Китоби Муқаддас барои ҳар як вазъият қонуни муайяне навишта нашудааст? б) Дар ин мақола кадом саволҳо муҳокима мешаванд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

2 Дар баъзе мавридҳо бошад, Китоби Муқаддас қонуни муайяне надорад. Масалан, дар Навиштаҳо батафсил фаҳмонда намешавад, ки масеҳиён бояд чӣ гуна либосро пӯшанд. Чаро  дар ин хиради Яҳува дида мешавад? Маданият ва тарзи либоспӯшии ин ё он мамлакату маҳал аз дигараш фарқ мекунад. Ҳамчунин бо гузашти вақт тарзи либоспӯшии одамон тағйир меёбад. Барои ҳамин агар дар Китоби Муқаддас ба пуррагӣ фаҳмонда мешуд, ки либоси масеҳӣ бояд чӣ гуна бошад, он зуд кӯҳна мешуд. Аз ин рӯ дар Каломи Худо рӯйхати қоидаҳо оиди интихоби ҷойи кор, тарзи табобат ва вақтхушӣ оварда нашудааст. Дар чунин мавридҳо ҳар шахс ва сардори оила худаш бояд қарор барорад.

Вақте мо қарори муҳиме қабул мекунем, ки ба ҳаёти мо таъсир мерасонад, вале Навиштаҳо дар ин бора чизе намегӯянд, шояд аз худ бипурсем: «Оё ба Яҳува фарқе дорад, ки ман чӣ гуна қарор қабул мекунам? Агар қарори ман ягон қонуни Китоби Муқаддасро вайрон накунад, пас чӣ қароре қабул накунам, ба Яҳува писанд аст? Агар барои вазъияти мо ягон қонуни аниқи Китоби Муқаддас набошад, чӣ тавр фаҳмем, ки Яҳува чӣ мехоҳад?»

ҚАРОРҲОИ МО БА ХУДАМОН ВА ДИГАРОН ТАЪСИР МЕРАСОНАНД

4, 5. Чӣ тавр қарорҳои мо ба худамон ва дигарон таъсир расонда метавонанд?

4 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки қарори онҳо ба дигарон таъсир намекунад. Агар мо аз рӯи қонуну принсипҳое, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, амал намоем ва қарорҳои хирадмандона қабул кунем, бо ин дили Яҳуваро шод мегардонем. Масалан, мо метавонем ба қонуни Худо оиди хун итоат кунем ва розигии Ӯро ба даст орем (Ҳас. 9:4; Аъм. 15:28, 29). Мо ба Яҳува дуо гуфта метавонем, то ба мо кӯмак кунад, ки мувофиқи принсипу қонунҳои Китоби Муқаддас амал намоем.

5 Ҳар як қарору интихоби мо ба дӯстиамон бо Яҳува таъсир мерасонад. Қарори дуруст моро ба Ӯ наздиктар мекунад, қарори бад бошад, дур месозад. Ҳамчунин қарорҳои мо ба дигарон ҳам таъсир мекунанд. Қарори нодурусти мо метавонад касеро зиқ кунад, барои имони касе монеа шавад ва ё ягонагии ҷамъомадро зери хатар гузорад. Барои ҳамин мо бояд ба қарорҳои шахсӣ ҷиддӣ муносибат кунем. (Румиён 14:19 ва Ғалотиён 6:7-ро хонед.)

6. Ҳангоми қабул кардани қарорҳо мо чиро бояд ба назар гирем?

6 Агар дар вазъияти мо Китоби Муқаддас ягон дастуроти аниқ надиҳад, мо бояд чӣ тавр рафтор кунем? Ба ҷойи кардани он чизе ки диламон мехоҳад, мо бояд дар бораи вазъиятамон хуб фикр кунем ва қароре қабул намоем, ки дили Яҳуваро шод гардонад. Он гоҳ мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ моро дастгирӣ мекунад. (Забур 36:5-ро хонед.)

ХОСТИ ЯҲУВАРО ФАҲМЕД

7. Вақте Китоби Муқаддас дар бораи вазъияти мо чизе намегӯяд, аз куҷо фаҳмем, ки хости Яҳува чист?

7 Шояд шумо бипурсед: «Агар Китоби Муқаддас дар бораи вазъияти ман чизе нагӯяд, аз куҷо фаҳмам, ки Яҳува чӣ мехоҳад?» Дар Эфсӯсиён 5:17 чунин гуфта мешавад: «Дарк кунед, ки иродаи Худо чист». Агар Китоби Муқаддас дар бораи ягон чиз дастуроти аниқу рӯирост надиҳад, чӣ тавр мо фаҳмем, ки хости Худо чист? Бо он ки ба Ӯ дуо гӯем ва мувофиқи роҳнамоии рӯҳи муқаддас амал кунем.

8. Чӣ тавр Исо фаҳмид, ки Яҳува аз ӯ чиро интизор аст? Мисол оред.

8 Исо доимо дарк мекард, ки Яҳува аз ӯ чӣ мехоҳад. Масалан, пеш аз он ки бо мӯъҷиза як гурӯҳ одамонро сер кунад,  ӯ ду маротиба дуо гуфт (Мат. 14:17–20; 15:34–37). Аммо вақте ӯ дар биёбон сахт гурусна монда буд, васвасаи сангро ба нон мубаддал кардани Шайтонро рад кард. (Матто 4: 2–4-ро хонед.) Барои чӣ? Чунки ӯ тарзи фикрронии Падарашро медонист. Ӯ дарк кард, ки агар қуввати худододашро барои фоидаи худаш истифода барад, ин ба Худо маъқул намешавад. Бо он ки Исо сангро нон нагардонд, нишон дод, ки пурра ба роҳбарии Яҳува такя мекунад ва боварӣ дорад, ки Худо ғами ӯро мехӯрад.

9, 10. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки қарорҳои бохирадона қабул кунем? Мисол оред.

9 Агар мо хоҳем, ки мисли Исо қарорҳои бохирадона қабул кунем, бояд роҳбарии Яҳуваро ҷӯем. Мо бояд ба маслиҳати зерини Навиштаҳо гӯш диҳем: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун. Дар ҳамаи тариқҳои худ Ӯро дарк намо, ва Ӯ роҳҳои туро ҳамвор хоҳад кард. Дар назари худат хирадманд набош, аз Худованд битарс, ва аз бадӣ дур шав» (Мас. 3:5–7). Агар мо ба воситаи омӯзиши Китоби Муқаддас бо фикрронии Яҳува беҳтар шинос шавем, он гоҳ дарк карда метавонем, ки дар ин ё он маврид хости Ӯ чист. Чи қадаре ки бо фикрронии Худо бештар шинос мешавем, ҳамон қадар бештар дили худро ба дастуроти Ӯ моил мегардонем (Заб. 118:11, 12).

10 Тасаввур кунед, ки зани оиладоре ба мағоза меравад. Дар он ҷо ӯ пойафзолеро мебинад, ки ба ӯ сахт маъқул мешавад. Лекин пойафзол хеле қимат аст. Ӯ аз худ мепурсад: «Агар ман ин пойафзоли қиматро харам, шавҳарам чӣ мегуфта бошад?» Он зан аллакай ҷавоби ин саволро медонад, чунки бо фикрронии шавҳараш шинос аст. Ӯ медонад, ки шавҳараш пули оиларо чӣ хел истифода мебарад. Ҳамин тавр мо ҳам оҳиста-оҳиста бо фикрронии Яҳува шинос шуда, беҳтар мефаҳмем, ки Ӯ дар ин ё он маврид аз мо чиро талаб дорад.

ЧӢ ТАВР ФИКРИ ЯҲУВАРО ФАҲМЕМ?

11. Ҳангоми хониши Китоби Муқаддас ва омӯзиши шахсӣ мо бояд аз худ чӣ пурсем? (Нигаред ба чорчӯбаи « Ҳангоми омӯзиши Каломи Худо аз худ бипурсед».)

11 Чӣ тавр мо бо тарзи фикрронии Яҳува хуб шинос шуда метавонем? Бо мунтазам хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас аст. Ҳангоми хониш ва омӯзиши Каломи Худо мо метавонем аз худ бипурсем: «Ман аз ин маълумот дар бораи Яҳува, роҳҳои одилонаи Ӯ ва тарзи фикррониаш чӣ фаҳмидам?» Мисли Довуд мо метавонем аз Яҳува кӯмак пурсем, то Ӯро хубтар шиносем. Довуд навишта буд: «Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ. Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ, зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ; ҳар рӯз ба Ту умедворам» (Заб. 24:4, 5). Вақте ки шумо дар бораи ягон порчаи Китоби Муқаддас мулоҳиза меронед, дар бораи саволҳои зерин фикр кунед: «Оё ман ин маълумотро дар ҳаёт ба кор бурда метавонам? Чӣ тавр ман онро дар хона, ҷойи кор, мактаб ё хизмат истифода барам?» Вақте ки мо дар бораи ин ё он мавриди муайян фикр мекунем, бароямон фаҳмидани тарзи фикрронии Яҳува осонтар мегардад.

12. Чӣ тавр адабиёт ва вохӯриҳоямон ба мо кӯмак мерасонанд, ки фикри Яҳуваро дар бораи мавзӯъҳои гуногун фаҳмем?

12 Боз бо кадом роҳ мо бо тарзи фикрронии Яҳува хуб шинос шуда метавонем? Агар нисбати дастуроту роҳнамоии  ташкилот, ки дар асоси Китоби Муқаддас медиҳад, бодиққат бошем. Масалан, «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува дар гузаронидани тадқиқот» ва дигар маводҳое ки барои таҳқиқ пешбинӣ шудаанд, ба мо кӯмак мекунанд, ки бо тарзи фикрронии Яҳува беҳтар шинос шавем. Ҳамчунин иштирок дар вохӯриҳои ҷамъомад ва бодиққат гӯш кардани барнома бароямон фоиданок аст. Агар мо дар бораи он чизе ки мешунавем, мулоҳиза ронем, мо бо фикрронии Яҳува беҳтар шинос мешавем ва онро аз худ мекунем. Барои беҳтар сарфаҳм рафтан ба роҳҳои Яҳува мо бояд он хӯроки рӯҳоние ки Ӯ ба мо медиҳад, истеъмол кунем. Дар натиҷа Яҳува қарорҳои моро баракат хоҳад дод.

АВВАЛ ФИКРИ ЯҲУВАРО ФАҲМЕД

13. Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр вақте мо фикрронии Яҳуваро мефаҳмем, қарори дуруст қабул карда метавонем.

13 Биёед бо як мисоле дида бароем, ки чӣ тавр фаҳмидани фикрронии Яҳува ба мо кӯмак расонда метавонад, ки қарорҳои бохирадона қабул кунем. Шояд баъзе аз мо мехоҳем, ки пешрав шавем. Барои ба ин мақсад расидан, мо ҳаёти худро одӣ мегардонем. Ҳамзамон мо шояд хавотир шавем, ки агар ҳаёти худро одӣ гардонем, оё дар ҳақиқат хушбахт буда метавонем. Албатта, дар ҳеҷ ҷойи Китоби Муқаддас гуфта намешавад, ки мо бояд чун пешрав хизмат кунем. Агар мо пешрав нашавем ҳам, метавонем чун воиз ба Худо содиқона хизмат карданро давом диҳем. Лекин Исо гуфта буд, ки касе аз барои Салтанат қурбониҳо меорад, соҳиби баракатҳои зиёд мешавад. (Луқо 18:29, 30-ро хонед.) Яҳува шахсони фидокореро, ки бо тамоми қувваташон барои пешравии ибодати ҳақиқӣ меҳнат мекунанд, дӯст медорад (Заб. 118:108; 2 Қӯр. 9:7). Вақте дар бораи ин чизҳо фикр мекунему дуо мегӯем, он гоҳ қароре қабул мекунем, ки ба мо фоида меорад ва Падари осмониамон онро баракат медиҳад.

14. Чӣ тавр фикри Яҳуваро дар бораи тарзи либоспӯшӣ фаҳмида метавонем?

14 Мисоли дигареро дида мебароем. Фарз кардем, ки ба шумо тарзи либоспӯшие маъқул аст, ки ба баъзе аъзоёни ҷамъомад маъқул нест. Лекин дар ҳеҷ ҷойи Китоби Муқаддас чунин тарзи либоспӯшӣ манъ карда нашудааст. Чӣ тавр фикри Яҳуваро дар ин маврид фаҳмидан мумкин аст? Ӯ ба мо ба воситаи Павлуси ҳавворӣ чунин маслиҳат додааст: «Занон... дар сару либоси шоиста маҳҷубона ва боисмат бошанд ва худро на бо мӯйбофӣ, на бо тилло, на бо марворид ва на бо либосҳои гаронбаҳо  оро диҳанд, балки бо аъмоли нек, чунон ки ба занони парҳезгор муносиб аст» (1 Тим. 2:9, 10). Албатта, ин маслиҳат ба мардон низ дахл дорад. Мо, ки хизматгорони Яҳува мебошем, мехоҳем, ки на танҳо хоҳишҳои худро ба назар гирем. Мо ҳамчунин фикр мекунем, ки либоспӯшии мо ба дигарон чӣ тавр таъсир мерасонад. Хоксорӣ ва муҳаббат ёрӣ медиҳад, ки дар ин масъала фикру ҳиссиёти ҳамимонони худро ба назар гирем (1 Қӯр. 10:23, 24; Флп. 3:17). Навиштаҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки фикри Яҳуваро оиди либоспӯшӣ фаҳмем. Ин бошад, ба мо кӯмак мерасонад, ки қарорҳои дуруст қабул кунем ва дили Ӯро шод гардонем.

15, 16. а) Вақте мо дар бораи чизҳои шаҳватангез фикр мекунем, Яҳува чӣ ҳис мекунад? б) Чӣ тавр фаҳмем, ки Яҳува оиди интихоби вақтхушиамон чӣ фикр дорад? в) Чӣ тавр мо бояд қарорҳои муҳимро қабул кунем?

15 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вақте Яҳува мебинад, ки ҳушу ёди одамон доимо ба чизҳои бад равона шудааст, Ӯ андӯҳгин мешавад. (Ҳастӣ 6:5, 6-ро хонед.) Пас, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки фикрҳои бадахлоқона нодурустанд ва бар фикрронии Яҳува муқобиланд, чунки чунин фикрҳо ба гуноҳи ҷиддӣ оварда мерасонанд. Яъқуби ҳавворӣ навишта буд: «Ҳикмате ки аз болост, аввалан, пок аст, сонӣ осоишта, боилтифот, фармонбардор, пур аз марҳамат ва самараи нек, беғараз ва бериё мебошад» (Яъқ. 3:17). Аз ин рӯ мо бояд ҳар гуна вақтхушиҳоеро ки фикру андешаҳои моро нопок карда метавонанд, рад кунем. Агар мо дарк кунем, ки чӣ ба Худо маъқул асту чӣ не, мо ба осонӣ фаҳмида метавонем, ки кадом китоб, филм ва ё бозӣ ба Яҳува писанд аст. Дар чунин маврид ба мо лозим намешавад, ки аз дигарон чӣ кор карданамонро пурсем.

16 Масъалаҳои бисёрро ба таври гуногун ҳал кардан мумкин аст ва новобаста аз тарзи ҳалли он, Яҳува аз мо розӣ мешавад. Лекин агар масъалаи ҷиддӣ бошад, беҳтараш аз пирони ҷамъомад ва дигар ходимони пуртаҷрибаи Худо маслиҳат пурсем (Яъқ. 5:13–15; Тит. 2:3–5). Албатта, нодуруст аст, агар мо аз дигарон хоҳиш кунем, ки ба ҷойи мо қарор қабул кунанд. Масеҳиён бояд қобилияти фарқ кардани неку бадро дар худ таълиму инкишоф диҳанд (Ибр. 5:14). Ҳамаи мо бояд суханони Павлусро дар ёд дорем: «Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» (Ғал. 6:5).

17. Вақте мо фикрронии Яҳуваро ба назар гирифта қарор қабул мекунем, ин чӣ фоида меорад?

17 Вақте мо фикрронии Яҳуваро ба назар гирифта қарор қабул мекунем, мо ба Ӯ наздиктар мешавем (Яъқ. 4:8). Мо розигӣ ва баракати Ӯро соҳиб мешавем. Дар натиҷа имони мо ба Падари осмониамон мустаҳкам мегардад. Барои ҳамин биёед ба принсипу қонунҳои Китоби Муқаддас бодиққат назар кунем, чунки аз онҳо назари Яҳуваро оиди ин ё он мавзӯъ фаҳмидан мумкин аст. Дониш дар бораи Яҳува охир надорад (Айюб 26:14). Аммо агар мо аз таҳти дил кӯшиш кунем, метавонем дониш, хирад ва фаҳмиши лозимаро ба даст орем, то қарорҳои дуруст қабул карда тавонем (Мас. 2:1–5). Фикру андеша ва нақшаҳои одами нокомил зуд-зуд дигар мешаванд, аммо дар бораи Яҳува ин хел гуфтан мумкин нест. Забурнавис гуфта буд: «Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр» (Заб 32:11). Мо танҳо он вақт қарорҳои беҳтарин қабул карда метавонем, агар ҳам рафтор ва ҳам тарзи фикррониамон ба Худои пурхирад — Яҳува монанд бошад.