Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз атоҳои Яҳува ба пуррагӣ истифода баред

Аз атоҳои Яҳува ба пуррагӣ истифода баред

«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ» (ИШ. 48:17).

СУРУДҲО: 20, 37

1, 2. а) Шоҳидони Яҳува ба Китоби Муқаддас чӣ гуна назар доранд? б) Шумо кадом қисми Китоби Муқаддасро бештар дӯст медоред?

ШОҲИДОНИ ЯҲУВА Китоби Муқаддасро дӯст медоранд. Мо аз он барои зиндагии худ маслиҳатҳои бебаҳо меёбем ва умеду тасаллӣ пайдо мекунем (Рум. 15:4). Мо Китоби Муқаддасро на китоби панду ҳикмати инсонӣ, балки «каломи Худо» мешуморем, ки «он дар ҳақиқат чунин аст» (1 Тас. 2:13).

2 Ҳар яки мо ин ё он қисми Китоби Муқаддасро дӯст медорем. Ба баъзеҳо хондани Инҷилҳо маъқул аст, ки дар онҳо шахсияти зебои Яҳуваро дар рафтору гуфтори Писараш дидан мумкин аст (Юҳ. 14:9). Баъзеи дигар бошанд, ба хондани пешгӯиҳои Китоби Муқаддас шавқ доранд. Яке аз чунин китобҳо китоби Ваҳй мебошад, ки дар он дар бораи он нақл карда мешавад, ки «ба қарибӣ чиҳо бояд ба вуқӯъ ояд» (Ваҳй 1:1). Бешубҳа, ҳар яки мо аз хондани китоби Забур борҳои зиёд тасаллӣ ёфтаем ва аз пандҳои бебаҳои китоби Масалҳо дарсҳои бисёре гирифтаем. Дар ҳақиқат, Китоби Муқаддас китоб барои ҳама одамон аст.

3, 4. а) Мо ба адабиёти худ чӣ гуна муносибат мекунем? б) Ба ғайр аз адабиёте ки ба ҳама Шоҳидон равона шудааст, боз чӣ гуна адабиёт ба мо дастрас аст?

3 Ба ғайр аз Китоби Муқаддас, мо ҳамчунин адабиётеро ки  бар он асос ёфтааст, дӯст медорем. Мо аз Яҳува миннатдорем, ки Ӯ ба воситаи китоб, брошура, маҷаллаҳо ва дигар адабиёт хӯроки рӯҳонӣ медиҳад. Ба туфайли ин атоҳо мо метавонем аз ҷиҳати рӯҳонӣ бедор, сер ва «дар имон... солим» монем (Тит. 2:2).

4 Ба ғайр аз адабиёте ки ба ҳама Шоҳидони Яҳува равона шудааст, адабиёти дигар ҳам ҳаст. Масалан, баъзе мақолаву китобҳо махсусан барои ҷавонон навишта шудаанд. Маводи дигар бошад, барои падару модарон. Бисёри адабиёти мо, ки дар сайтамон ва дар шакли чопӣ мебарояд, барои касоне тайёр карда мешавад, ки Шоҳиди Яҳува нестанд. Яҳува ваъда дода буд, ки «барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин... хоҳад орост». Фаровонии хӯроки рӯҳониро дида мо дарк мекунем, ки Худои мо ба ваъдааш вафо кардааст (Иш. 25:6).

5. Мо аз чӣ дилпурем?

5 Бешубҳа, аксари мо мехоҳем, ки барои хониши Китоби Муқаддас ва адабиётамон вақти бештар ҷудо кунем. Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува кӯшишҳои моро қадр мекунад, чунки мо «фурсатро ғанимат» дониста барои хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддас мунтазам вақт ҷудо мекунем (Эфс. 5:15, 16). Шояд мо баъзе адабиётро бодиққат меомӯзему дигарашро не. Аммо мо бояд аз як хатар, ки ба чашм он қадар аён нест эҳтиёт бошем. Кадом хатар?

6. Чӣ ба мо халал расонда метавонад, ки аз баъзе атоҳои Яҳува фоида гирем?

6 Агар мо фикр кунем, ки ин оё он маводи рӯҳонӣ ба мо дахл надорад, худро зери хатари рӯҳонӣ мегузорем. Масалан, оё боре ба назаратон чунин тофтааст, ки ягон порчаи Китоби Муқаддас ба вазъияти шумо дуруст намеояд. Ё фикр кардаед, ки ягон адабиёт ба шумо он қадар мувофиқ нест? Оё шумо чунин маълумотро рӯ-рӯякӣ мехонед ва ё ба он умуман диққат намекунед? Агар ин хел кунем, мо худро аз фоидае ки он маълумот ба мо оварда метавонад, маҳрум карда метавонем. Чӣ кор кунем, ки ба ин дом наафтем? Биёед ҳамеша дар хотир дорем, ки Сарчашмаи ҳама атоҳои рӯҳонӣ Яҳува мебошад. Ба воситаи Ишаъё Ӯ чунин гуфтааст: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ» (Иш. 48:17). Дар ин мақола се маслиҳат дода мешавад, ки ба мо кӯмак мерасонад, ки аз ҳама намуд хӯроки рӯҳонӣ ва ҳама порчаҳои Китоби Муқаддас фоидаи бештар гирем.

МАСЛИҲАТҲО БАРОИ ХОНИШИ КИТОБИ МУҚАДДАС

7. Чаро мо бояд Китоби Муқаддасро бо зеҳни кушод хонем?

7 Бо зеҳни кушод хонед. Ҳарчанд баъзе қисмҳои Китоби Муқаддас ба одамони алоҳида ва баъзе гурӯҳи одамон равона шуда буд, лекин ҳамаи мо метавонем аз он фоида гирем. Чаро? Чунки «тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва... фоиданок аст» (2 Тим. 3:16). Барои ҳамин вақти хониши Навиштаҳо ақлу зеҳни мо бояд кушода бошад. Як бародар чунин мегӯяд: «Вақте ман Китоби Муқаддас мехонам ҳамеша дар хотир дорам, ки танҳо аз як нақл якчанд дарс гирифтан мумкин аст. Ин ба ман кӯмак мерасонад, ки рӯ-рӯякӣ нахонам, балки ҳама паҳлӯҳои матнро ба назар гирам». Пеш аз хониши Китоби Муқаддас хуб мебуд, ки ба Яҳува дуо гуфта, аз Ӯ хоҳиш кунем, ки ақлу зеҳни моро кушояд. Ин тавр карда мо дарсҳоеро ки Ӯ ба мо таълим додан мехоҳад, аз худ мекунем. (Эзро 7:10; Яъқуб 1:5-ро хонед.)

Оё шумо аз хониши Китоби Муқаддас ба пуррагӣ фоида мегиред? (Ба сархати 7 нигаред.)

8, 9. а) Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо бояд ба худ кадом саволҳоро диҳем? б) Мо аз талаботҳое ки барои пирони ҷамъомад муайян шудаанд, дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

8 Аз саволҳо истифода баред. Ҳангоми хониши ин ё он порчаи Китоби Муқаддас истода ба худ саволҳои ба ин монандро диҳед:  «Ман аз ин порча дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмам? Чӣ тавр чизи фаҳмидаамро дар ҳаёт истифода барам? Чӣ тавр онро истифода бурда ба дигарон кӯмак кунам?» Вақте дар бораи ин саволҳо фикр мекунем, хониши Китоби Муқаддас бароямон боз ҳам фоидабахш мегардад. Барои мисол дар бораи талабот барои пирони ҷамъомад фикр кунед. (1 Тимотиюс 3:2–7-ро хонед.) Бисёре аз мо пири ҷамъомад нестем, барои ҳамин шояд фикр кунем, ки ин порча ба ҳаёти мо дахл надорад. Лекин биёед се саволи болоро истифода бурда фаҳмем, ки чӣ тавр ҳар яки мо аз ин номгӯи талаботҳо фоида гирифта метавонем.

9 Ман аз ин порча дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмам? Ин рӯйхати хислатҳоро дода Яҳува нишон дод, ки аз касоне ки ҷамъомадро роҳбарӣ мекунанд, интизор аст, ки ба талаботҳои муайян ҷавобгӯ бошанд. Ӯ мехоҳад, ки бародарони масъул рафтори намунавӣ дошта бошанд ва аз онҳо барои ҷамъомад, ки онро «бо хуни Писари худ харидааст», ҳисобот талаб мекунад (Аъм. 20:28, ТҶФ). Яҳува мехоҳад, ки мо дасти ғамхори пирони ҷамъомадро ҳис кунем (Иш. 32:1, 2). Агар ба ин порчаи Китоби Муқаддас ин хел назар кунем, мефаҳмем, ки Яҳува дар ҳақиқат ба мо ғамхорӣ мекунад.

10, 11. а) Вақте мо дар бораи талабот барои пирон мехонем, чӣ кор кунем, ки аз он фоида гирем? б) Чӣ тавр мо ин маълумотро истифода бурда ба дигарон кӯмак карда метавонем?

10 Чӣ тавр чизи фаҳмидаамро дар ҳаёт истифода барам? Бародари масъул вақт аз вақт бояд ин рӯйхатро дида барояд, то фаҳмад, ки аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонад. Бародаре ки мехоҳад пири ҷамъомад шавад, бояд ин талаботҳоро бодиққат омӯзад ва бо тамоми қувваташ кӯшиш кунад, то ба онҳо мувофиқат намояд (1 Тим. 3:1). Аз ин рӯйхати хислатҳо ҳама масеҳиён барои худ дарс гирифта метавонанд, чунки аксари онҳо ба ҳамаи мо дахл доранд. Масалан, ҳар як масеҳӣ бояд нисбат ба пул назари дуруст дошта бошад ва меҳмоннавозӣ кунад (Рум. 12:13; 1 Тим. 6:9, 10). Вақте пирон «ба рама намунаи ибрат нишон» медиҳанд, мо аз онҳо таълим мегирем ва «ба имонашон тақлид» мекунем (1 Пет. 5:3; Ибр. 13:7).

11 «Чӣ тавр онро истифода бурда ба дигарон кӯмак кунам?» Мо метавонем талаботҳоеро ки барои пирони ҷамъомад муайян шудаанд, истифода барем, то омӯзандагони  Китоби Муқаддас ва шавқмандон бифаҳманд, ки то чӣ андоза пирони ҷамъомад аз рӯҳониёни калисоҳо фарқ мекунанд. Ҳамчунин дида баромадани ин хислатҳо ба мо хотиррасон мекунад, ки пирони фидокор дар ҷамъомадҳои мо бо арақи ҷабин меҳнат мекунанд. Дар ин бора фикр карда эҳтирому қадрдонии мо нисбати онҳо бештар мешавад (1 Тас. 5:12). Вақте мо онҳоро аз таҳти дил ҳурмату эҳтиром мекунем, хурсандии онҳо дучанд мешавад (Ибр. 13:17).

12, 13. а) Аз чизҳои дастрас истифода бурда мо чӣ тавр маълумот ҷамъ карда метавонем? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр ҳангоми хониш маълумоти иловагӣ кӯмак мерасонад?

12 Маълумот ҷамъ кунед. Аз маводи дастрас истифода бурда мо маълумоти зеринро фаҳмида метавонем:

  • Ин порчаи Навиштаҳоро кӣ навишт?

  • Он кай ва дар куҷо навишта шуд?

  • Ҳангоми навишта шудани ин китоб кадом воқеаҳои муҳим рӯй дода буданд?

Чунин маълумотро ба даст оварда мо ҳангоми хондани ягон порча чизеро пай бурда метавонем, ки ба назари аввал дидан мумкин нест.

13 Масалан, дар Ҳизқиёл 14:13, 14 гуфта мешавад: «Агар замине пеши ман гуноҳ карда, ба дараҷаи хиёнат бирасад ва Ман дасти Худро бар он дароз карда, муттакои нони онро бишканам ва қаҳтӣ бар он фиристода, инсон ва ҳайвонро аз он маҳв намоям, ва агар ин се мард: Нӯҳ, Дониёл ва Айюб андаруни он бошанд,— онҳо бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард, мегӯяд Худованд Худо». Агар мо каме таҳқиқ кунем, мефаҳмем, ки ин порчаи китоби Ҳизқиёл соли 612-и то эраи мо навишта шуда буд. Дар он замон Нӯҳ ва Айюб чандин аср пеш мурда буданд. Лекин Дониёл зинда буд. Он вақт ӯ, аз афташ, тахминан 20-сола буд. Яҳува Дониёли ҷавонро дар баробари Нӯҳу Айюб гузошта ӯро одил меномад. Аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? Аз ин ҷо фаҳмидан мумкин аст, ки вақте ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки беайбиро нигоҳ доранд, ин аз чашми Ӯ пӯшида намемонад. Яҳува кӯшиши ходимони ҷавонашро қадр мекунад (Заб. 148:12–14).

АЗ ХӮРОКИ ГУНОГУНИ РӮҲОНӢ БАҲРА БАРЕД

14. Мавод барои ҷавонон бо кадом мақсад навишта шудааст ва чӣ тавр дигарон низ аз хондани он фоида гирифта метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

14 Мо ҳамчунин метавонем аз омӯхтани ҳама хӯроки рӯҳоние ки ба мо дастрас аст, фоида гирем. Биёед якчанд мисолро дида бароем. Маводе ки барои ҷавонон тайёр шудааст. Солҳои охир ташкилоти мо адабиёти зиёдеро барои ҷавонон чоп мекунад. [1] Баъзеи мақолаҳо барои он тайёр шудаанд, ки ҷавонон ба таъсиру муқобилияти ҳамсолон дода нашаванд ва ба душвориҳои бо ин синну сол алоқаманд тоб оранд. Чӣ тавр ҳамаи мо аз чунин мавод фоида гирифта метавонем? Вақте чунин адабиётро мехонем, мо бо душвориҳое ки ҷавонон доранд, шинос мешавем ва метавонем онҳоро дастгирӣ кунем.

15. Чаро масеҳиёни калонсол бояд адабиёт барои ҷавононро бодиққат хонанд?

15 Чуноне ки гуфтем, дар адабиёт барои ҷавонон душвориҳое муҳокима мешаванд, ки ҷавонон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин бояд қайд кард, ки бо чунин душвориҳо ҳамаи мо дучор мешавем. Ҳар яки мо бояд имони худро ҳимоя кунем, худдорӣ намоем, ба таъсири ҳамсолон дода нашавем ва аз ёрони баду вақтхушиҳои зарарнок дурӣ ҷӯем. Дар адабиёт барои ҷавонон ва наврасон ҳамаи ин мавзӯъҳо дида баромада мешаванд. Оё хондани адабиёт барои ҷавонон қадру қимати масеҳиёни калонсолро паст мекунад? Албатта, не. Гарчанд адабиёт барои ҷавонон навишта шудааст, маслиҳатҳое ки дар он дода мешаванд, дар  асоси Китоби Муқаддас аст, ки барои ҳамаи одамон фоиданок аст.

16. Боз чӣ тавр адабиёти мо ба ҷавонон кӯмак мерасонад?

16 Дар адабиёте ки барои ҷавонон навишта шудааст, на танҳо дар бораи душвориҳо, балки дар бораи он гуфта мешавад, ки чӣ тавр шахс ба Яҳува наздик шавад. (Воиз 12:1, 13-ро хонед.) Аз ин маслиҳатҳо масеҳиёни калонсол низ фоида гирифта метавонанд. Масалан, дар маҷаллаи «Бедор шавед!» аз моҳи апрели 2009 мақолае бо номи «Саволҳои хонандагон... Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддасро шавқовар гардонам?» чоп шуда буд. Дар он мақола якчанд маслиҳат ва чорчӯбае оварда шуда буд. Он чорчӯбаро бурида, дар даруни Китоби Муқаддас гузоштан мумкин буд, то вақти лозима ба он муроҷиат карда шавад. Оё калонсолон низ аз он фоида гирифтанд? Зане ки оиладор асту соҳиби фарзанд мебошад, чунин мегӯяд: «Ман доимо барои Китоби Муқаддасро хондан худро маҷбур мекардам. Маслиҳатҳои он мақола ва чорчӯба ба ман сахт кӯмак расонданд. Акнун ман ҳар рӯз вақти хониши Китоби Муқаддасро интизор мешавам. Ман акнун ҳамоҳангии китобҳои Китоби Муқаддасро аён мебинам. Чи тавре ки аз риштаҳои рангорангу гуногун қолини зебое бофта мешавад, ҳамин тавр китобҳои гуногун дар якҷоягӣ як асари зебо — Китоби Муқаддасро ташкил медиҳанд. Ман то ҳол Китоби Муқаддасро бо чунин шавқу завқ нахонда будам».

17, 18. Чӣ тавр мо аз адабиёте ки барои омма навишта шудааст, фоида гирифта метавонем? Мисол оред.

17 Адабиёт барои омма. Аз соли 2008 инҷониб нашри омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» мебарояд, ки асосан барои Шоҳидони Яҳува мебошад. Як нашри дигари ин маҷалла барои омма мебошад. Оё онро низ бояд хонем? Биёед як мисолро дида бароем. Тасаввур кунед, ки шумо шавқмандеро ба нутқи оммавӣ даъват мекунед. Пеш аз сар шудани вохӯрӣ шумо дар Толори Салтанат нишаста, мебинед, ки ӯ ба Толор медарояд. Шумо хеле хурсанд мешавед. Вақти гуфтани нутқ шумо, бешубҳа, дар бораи шавқмандатон фикр мекунед. Шумо гӯё ки бо гӯшҳои ӯ нутқро мешунавед. Вақте шумо ба хона бармегардед, дилатон аз хурсандӣ лабрез аст ва шумо мавзӯи шунидаатонро боз ҳам бештар қадр мекунед.

18 Хондани адабиёте ки барои омма чоп карда шудааст, ба ин монанд аст. Масалан, нашри оммавии «Бурҷи дидбонӣ» тавре навишта шудааст, то касоне ки Шоҳиди Яҳува нестанд, ба осонӣ онро фаҳмида тавонанд. Дар бораи мақолаҳои гуногуни сайтамон низ чунин гуфтан мумкин аст. Масалан, вақте мо аз бахши «Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд» ягон маълумотро мехонем, чизҳоеро ки аллакай медонем, бештар қадр мекунем. Ғайр аз ин мо тарзи нави фаҳмондани ҳақиқатро ба одамон ёд мегирем. Маҷаллаи «Бедор шавед!» бошад, бештар дар бораи исботи вуҷуд доштани Худо гап мезанад ва ба мо кӯмак мерасонад, ки имонамонро ҳимоя кунем. (1 Петрус 3:15-ро хонед.)

19. Чӣ тавр мо ба Яҳува миннатдориамонро барои хӯроки рӯҳонӣ нишон дода метавонем?

19 Яҳува ба мо ба таври фаровон дастуроту роҳнамоӣ медиҳад, ки ҳамаашон бар фоидаи моянд (Мат. 5:3). Биёед кӯшиш кунем, ки ҳама маводеро ки ба мо дастрас аст, хонему омӯзем. Ҳамин тавр мо миннатдориамонро ба Яҳува нишон медиҳем, чунки Ӯ моро таълим медиҳад, то ба худамон фоида бирасонем (Иш 48:17).

^ [1] Сархати 14. Ба чунин мавод китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1 ва 2 ва ҳамчунин бахши «Саволҳои ҷавонон» (рус.), ки танҳо дар сайтамон мебарояд, дохил мешавад.