Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунед!

Ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунед!

«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ» (ВАҲЙ 4:11).

СУРУДҲО: 2, 49

1, 2. Ҳар яки мо бояд ба чӣ боварӣ ҳосил кунем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ЧИ ТАВРЕ ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, Шайтон ҳуқуқи ҳукмронии Яҳуваро зери шубҳа гузошт. Ӯ даъво кард, ки одамон бе Худо ҳам зиндагӣ карда метавонанд. Оё Шайтон ҳақ буд? Тасаввур кунед, ки агар одамон бар худ ҳукмронӣ карда абадӣ зиндагӣ мекарданд, оё бе роҳбарии Худо хушбахт буда метавонистанд? Оё шумо мустақилона ва абадӣ зиндагӣ карда хушбахт мешудед?

2 Ба ин саволҳо ҳеҷ кас ба ҷойи шумо ҷавоб дода наметавонад. Худи шумо бояд дар ин бора андеша ронед. Он гоҳ боварӣ ҳосил мекунед, ки ҳокимияти Яҳува ҳақ аст. Ӯ бо тарзи беҳтарин ҳукмронӣ мекунад ва сазовори дастгирии мост. Чаро гуфтан мумкин аст, ки дар тамоми даҳр танҳо Яҳува Ҳокими беҳтарин ва ягона аст? Биёед дида бароем, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.

ЯҲУВА ҲУҚУҚИ ҲУКМРОНӢ ДОРАД

3. Чаро танҳо Яҳува ҳақ дорад, ки Ҳокими даҳр бошад?

3 Яҳува ба ҳукмронӣ кардан ҳақ дорад, чунки танҳо Ӯ Худои Қодир ва Офаридгори тамоми олам аст (1 Вақ. 29:11;  Аъм. 4:24). Дар Ваҳй 4:11 суханони 144 000 нафароне, ки бо Масеҳ ҳукмронӣ мекунанд, оварда шудааст: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». Бале, ҳама чизро Яҳува офаридааст ва Ӯ ҳақ дорад, ки ҳам бар осмон ва ҳам бар замин ҳукм ронад.

4. Чаро озодии интихоб ба мо ҳуқуқи бар зидди Яҳува баромаданро намедиҳад?

4 Баръакси Яҳува Шайтон ягон чизро наофаридааст. Барои ҳамин вай ҳуқуқи ҳукмронӣ кардан надорад. Шайтон ва Одаму Ҳавво бар зидди Худо баромада худбоварона амал карданд (Ирм. 10:23). Албатта, онҳо озод буданд ва интихоб дар дасташон буд. Лекин оё ин ба онҳо ҳақ медод, ки муқобили Офаридгор бароянд? Не. Озодӣ ба одамон имконият медиҳад, ки чизеро интихоб кунанд ва қарорҳои шахсӣ бароранд. Аммо ин ба онҳо ҳаққу ҳуқуқ намедиҳад, ки бар зидди Офаридгорашон бароянд. Равшан аст, ки агар шахс муқобили Худо барояд, аз озодиаш сӯиистифода мекунад. Чунин шахс албатта пешпо мехӯрад, чунки мо, одамон, бояд зери роҳбарии Худо зиндагӣ кунем.

5. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки қарорҳои Яҳува одилонаанд?

5 Боз як сабаби дигаре, ки ба Яҳува ҳуқуқи роҳбарӣ карданро медиҳад, ин аз рӯйи адолат ҳукмронӣ карданаш аст. Ӯ мегӯяд: «Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст» (Ирм. 9:24). Яҳува барои муқаррар кардани чӣ дуруст асту чӣ нодуруст, ба қонунҳои одамӣ мӯҳтоҷ нест. Ӯ Худаш меъёрҳои одилонаро муқаррар мекунад ва дар асоси он ба одамон қонунҳо медиҳад. «Адолат ва инсоф асоси тахти... [Ӯст]», барои ҳамин мо метавонем дилпур бошем, ки ҳама қонунҳо, принсипҳо ва қарорҳояш одилонаанд (Заб. 88:15; 118:128). Шайтон Яҳуваро тӯҳмат карда гуфт, ки Ӯ Ҳокими беадолат аст. Лекин худаш ҷаҳонро пур аз беадолатӣ кард.

6. Боз чӣ ба Яҳува ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро медиҳад?

6 Боз як чизи дигар ба Яҳува ҳуқуқи роҳбарӣ карданро медиҳад. Ӯ соҳиби дониш ва хирадест, ки барои нағз идора кардани тамоми олам лозим аст. Масалан, Ӯ ба Писараш қобилияти шифо бахшиданро дод. Исо бемориҳоеро, ки духтурон шифо дода наметавонистанд, сиҳат мекард (Мат. 4:23, 24; Марқ. 5:25–29). Ин чиз барои мо мӯъҷиза аст, аммо барои Яҳува не. Ӯ сохти бадани одамро нағз медонад, барои ҳамин ҳар гуна дардро шифо бахшида метавонад. Ӯ ҳатто метавонад мурдагонро зинда кунад. Азбаски Худо тамоми оламро офаридааст, Ӯ медонад, ки чӣ тавр ба офатҳои табиӣ хотима бахшад.

7. Чаро Яҳува аз дигарон дида хирадмандтар аст?

7 Ҷаҳоне, ки зери ҳукмронии Шайтон мебошад, пур аз кашмакашу низоъҳои давлатӣ ва байналмилалӣ аст. Роҳбарони он наметавонанд чунин масъалаҳоро ҳал карда, сулҳу оромӣ оранд. Танҳо Яҳува медонад, ки чӣ тавр дар ҷаҳон сулҳро пойдор кунад (Иш. 2:3, 4; 54:13). Павлуси ҳавворӣ гуфта буд: «Зиҳӣ умқи сарват ва ҳикмат ва маърифати Худо! Чӣ қадар ақлнорас аст доварии Ӯ ва таҳқиқнопазир аст роҳҳои Ӯ!» Мо низ бо суханони ӯ розием (Рум. 11:33).

ЯҲУВА РОҲБАРИ БЕҲТАРИН АСТ

8. Дар тарзи ҳукмронии Яҳува ба шумо бештар чӣ маъқул аст?

8 Чи тавре ки аз Китоби Муқаддас дидем,  Яҳува ҳуқуқи роҳбарӣ карданро дорад. Инчунин дар он гуфта шудааст, ки чаро Ӯ Ҳокими беҳтарин аст. Як сабабаш аз рӯйи муҳаббат ҳукм рондани Ӯ мебошад. Вақте дар бораи «раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» будани Яҳува андеша менамоем, худро ба Ӯ наздиктар ҳис мекунем (Хур. 34:6). Яҳува моро хеле қадр мекунад. Ӯ ба мо аз худамон дида беҳтар ғамхорӣ мекунад. Шайтон гуфт, ки Яҳува аз офаридаҳояш чизи нағзро пинҳон мекунад. Лекин ин дурӯғ аст, чунки Ӯ ҳатто Писари азизашро барои мо қурбон кард, то ки мо ҷовидона зиндагӣ кунем. (Забур 83:12 ва Румиён 8:32-ро хонед.)

9. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба ҳар як шахс ғамхорӣ мекунад?

9 Яҳува Ҳокими меҳрубон аст ва халқашро дӯст медорад. Ӯ ҳамчунин дар бораи ҳар як шахс ғамхорӣ мекунад. Масалан, дар замонҳои қадим тақрибан дар давоми се аср Яҳува барои роҳнамоӣ кардан ва аз душман ҳимоя намудани халқаш доваронро истифода мебурд. Ҳатто дар он замонҳои нотинҷ Ӯ ба ҳар як шахс аҳамият медод. Масалан, Ӯ ба Рут ном зане диққат дод. Рут исроилӣ набуд, лекин барои ибодати Яҳува аз баҳри бисёр чиз гузашт. Яҳува барои ин кораш Рутро баракат дода ба ӯ шавҳар ва писар дод. Рут соҳиби баракатҳои дигар низ гашт. Аз насли писари ӯ Масеҳ пайдо шуд. Ғайр аз ин, ҳаёташ дар яке аз китобҳои Навиштаҳои Муқаддас, ки имрӯз бо номи худи ӯ, Рут, машҳур аст, навишта шудааст. Танҳо тасаввур кунед, ки вақте Рут зинда шуда дар ин бора мефаҳмад, чӣ ҳис мекунад! (Рут 4:13; Мат. 1:5, 16).

10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Яҳува Ҳокими бераҳм нест?

10 Яҳува Ҳокими бераҳм нест. Ӯ ба шахсони итоаткор озодӣ ва хурсандӣ мебахшад (2 Қӯр. 3:17). Довуд дар бораи Яҳува гуфт: «Шукӯҳ ва шавкат ба ҳузури Ӯст, қувват ва шодмонӣ дар макони Ӯст» (1 Вақ. 16:7, 27). Эйтони забурнавис низ чунин гуфта буд: «Хушо қавме ки бонги шодиро медонанд! Худовандо, онҳо дар нури рӯи Ту қадамгузор мешаванд. Ба исми Ту тамоми рӯз шодӣ мекунанд, ва ба адолати Ту сарафроз мегарданд» (Заб. 88:16, 17).

11. Чӣ тавр мо бовариамонро ба Ҳокими беҳтарин будани Яҳува зиёд гардонда метавонем?

11 Доимо дар бораи некиҳои Яҳува мулоҳиза рондан бовариамонро ба Ҳокими беҳтарин будани Ӯ зиёд мегардонад. Он гоҳ мо низ мисли забурнавис як рӯз дар саҳнҳои Худо буданро аз ҳазор рӯзи дар ҷойҳои дигар будан беҳтар медонем (Заб. 83:11). Моро Яҳува офаридааст, барои ҳамин Ӯ нағз медонад, ки чӣ моро хушбахт мекунад. Яҳува саховатмандона ниёзҳои моро қонеъ мегардонад. Чизе ки Ӯ аз мо талаб накунад, ҳамааш ба фоидаи худи мост. Ҳатто агар барои ба Ӯ итоат кардан аз баҳри чизе бароем ҳам, хурсандиамонро гум намекунем. (Ишаъё 48:17-ро хонед.)

12. Чаро мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунем?

12 Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки баъди ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ баъзеҳо боз бар зидди ҳокимияти Яҳува мебароянд (Ваҳй 20:7, 8). Чаро? Чунки он вақт Шайтон озод мешавад ва кӯшиш мекунад, ки боз хоҳишҳои худхоҳонаро дар дили одамон бедор созад. Ӯ одамонро боварӣ мебахшад, ки онҳо ба Худо итоат накунанд ҳам, абадӣ зиндагӣ карда метавонанд. Албатта, ин суханон дурӯғанд. Аммо мо бояд аз худ пурсем: «Оё ман ба ин гуна дурӯғ бовар хоҳам кард?» Агар мо Яҳуваро дӯст дорем ва ба некиҳои Ӯ ва ҳуқуқи роҳбарии Ӯ шубҳа накунем, ба доми ин гуна фиребу найранг намеафтем. Чунин айбдоркуниҳои Шайтон  бароямон нафратовар хоҳад буд, зеро мо мехоҳем танҳо зери роҳбарии Худои меҳрубонамон зиндагӣ кунем.

СОДИҚОНА РОҲБАРИИ ЯҲУВАРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

13. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки тарафдори ҳукмронии Яҳува мебошем?

13 Чи тавре ки аллакай дидем, Яҳува ҳуқуқи роҳбарӣ карданро дорад ва Ӯ Ҳокими беҳтарин аст. Барои ҳамин ҳокимияти Яҳува сазовори дастгирии мост. Вақте мо содиқона ба Ӯ пайравӣ карда бо хости Ӯ рафтор мекунем, нишон медиҳем, ки Яҳуваро дӯст медорем ва ҳокимияташро дастгирӣ мекунем. (Эфсӯсиён 5:1, 2-ро хонед.)

14. Чӣ тавр сардорони оила ва пирони ҷамъомад ба Яҳува пайравӣ карда метавонанд?

14 Мо аз Китоби Муқаддас фаҳмидем, ки Яҳува аз рӯйи муҳаббат ҳукм меронад. Сардорони оила ва пирони ҷамъомаде, ки Яҳуваро дӯст медоранд, ба Ӯ пайравӣ карда аз ҳокимияташон сӯиистифода намекунанд. Павлуси ҳавворӣ кӯшиш мекард, ки ба Яҳува ва Писараш пайравӣ кунад (1 Қӯр. 11:1). Ӯ ба дигарон фишор намеовард, баръакс онҳоро бармеангехт, ки дуруст рафтор кунанд (Рум. 12:1; Эфс. 4:1; Филем. 8–10). Вақте мо ҳам ба дигарон меҳрубонона муносибат мекунем, нишон медиҳем, ки роҳбарии Яҳуваро дастгирӣ менамоем.

15. Мо боз чӣ тавр ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем?

15 Ҳамчунин агар мо шахсонеро, ки Яҳува роҳбариро ба ӯҳдаашон гузоштааст, эҳтиром кунем ва бо онҳо ҳамкорӣ намоем, нишон медиҳем, ки ҳокимияти Ӯро дастгирӣ мекунем. Ҳатто вақте мо барои чӣ ин ё он қарор қабул кардани онҳоро пурра намефаҳмем ё бо он розӣ намешавем, дастгирӣ кардани роҳбарии Яҳуваро давом медиҳем. Албатта, ин рафтори мо аз рафтори одамони ҷаҳон сахт фарқ мекунад, лекин бо ин роҳ мо тарафдори ҳокимияти Яҳува буданамонро  нишон медиҳем (Эфс. 5:22, 23; 6:1–3; Ибр. 13:17). Агар мо аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува амал кунем, пушаймон намешавем, чунки Яҳува ба мо некиро хоҳон аст.

16. Чӣ тавр мо бо қарорҳои худ нишон медиҳем, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунем?

16 Мо бо қарорҳои худ низ ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем. Яҳува барои ҳар як чиз қонуну қоидаи муайян надодааст. Ба ҷойи ин Ӯ ба мо ёрдам мекунад, ки тарзи фикррониашро фаҳмем. Масалан, Яҳува барои мо рӯйхат накардааст, ки чиро пӯшему чиро не. Лекин Ӯ мефаҳмонад, ки либоси мо бояд хоксорона ва шоиста бошад (1 Тим. 2:9, 10). Инчунин Яҳува мехоҳад, ки мо фикр кунем, ки тарзи либоспӯшиамон ба дигарон чӣ тавр таъсир мекунад (1 Қӯр. 10:31–33). Вақте мо на фақат хоҳишҳои худамон, балки фикрҳои Яҳуваро ба назар гирифта қарор қабул мекунем, нишон медиҳем, ки роҳбарии Ӯро дастгирӣ менамоем.

Дар ҳар коре ки мекунед, ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ намоед (Ба сархатҳои 16–18 нигаред.)

17, 18. Чӣ тавр ҳамсарон нишон дода метавонанд, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунанд?

17 Ҳамсарон низ нишон дода метавонанд, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунанд. Масалан, пас аз оиладоршавӣ онҳо шояд бо душвориҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки интизор набуданд. Ҳатто баъзан ин гуна душвориҳо метавонанд издивоҷашонро зери хатар гузоранд. Дар ин вазъият хуб мебуд, ки ҳамсарон дар бораи муносибати Яҳува бо халқи Исроил мулоҳиза ронанд. Яҳува чун шавҳари меҳрубон ба халқаш ғамхорӣ мекард (Иш. 54:5; 62:4). Халқи Исроил бошад, доимо дили Яҳуваро меранҷонд. Муносибати онҳо ба оилае монанд буд, ки ҳама вақт ҷангу ҷидол мекунад. Аммо Яҳува саросемавор аз халқаш рӯ нагардонд. Ӯ такрору ба такрор халқашро мебахшид ва аз қавлаш намегашт. (Забур 105:43–45-ро хонед.)

18 Ҳамсароне, ки Яҳуваро дӯст медоранд, кӯшиш мекунанд, ки ба Ӯ пайравӣ намоянд. Ҳатто вақте бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, онҳо даррав ҷудо шуданро фикр намекунанд. Ҳамсарон медонанд, ки Яҳува ба ваъдае, ки онҳо ба якдигар доданд, ҷиддӣ нигоҳ мекунад ва мехоҳад, ки зану шавҳар як тан бошанд. Аз рӯйи Китоби Муқаддас онҳо танҳо бо сабаби хиёнат ҷудо шуда аз нав оиладор шуда метавонанд (Мат. 19:5, 6, 9). Вақте ҳамсарон барои нигоҳ доштани оилаашон ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ менамоянд.

19. Вақте ба хатогӣ роҳ медиҳем, чӣ кор бояд кунем?

19 Мо одамони нокомилем, барои ҳамин баъзан дили Яҳуваро меранҷонем. Ӯ инро медонад ва аз ин сабаб Писарашро барои мо қурбон кард. Аз ин рӯ мо имконият пайдо кардем, ки дар дуо аз Яҳува барои хатогиямон бахшиш пурсем (1 Юҳ. 2:1, 2). Ба ҷойи худро хӯрда гаштан мо бояд кӯшиш кунем, ки аз хатогиҳоямон дарс гирем. Агар мо ба Яҳува наздик шуданро давом диҳем, Ӯ моро мебахшад ва ба мо кӯмак мекунад, ки ин гуна вазъиятҳоро паси сар карда хизматамонро давом диҳем (Заб. 102:3).

20. Чаро мо бояд аз ҳозир ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ намоем?

20 Дар дунёи нав ҳама дар зери роҳбарии Яҳува зиндагӣ мекунанд ва роҳҳои одилонаи Ӯро таълим мегиранд (Иш. 11:9). Вале мо аллакай ҳозир чунин таълимро гирифта истодаем. Ба наздикӣ дигар касе ҳуқуқи роҳбарии Яҳуваро зери шубҳа намегузорад. Аз ин рӯ ҳоло вақти он аст, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ карда, ба Ӯ итоат намоем, содиқона хизматашро ба ҷо орем ва ҳар чӣ беҳтар ба Ӯ пайравӣ намоем.