Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува «ба шумо ғамхорӣ мекунад»

Яҳува «ба шумо ғамхорӣ мекунад»

ЧАРО бовар кардан мумкин аст, ки Яҳува дар ҳақиқат ғамхори мост? Яке аз сабабҳо дар он аст, ки Китоби Муқаддас инро тасдиқ мекунад. Дар 1 Петрус 5:7 гуфта шудааст: «Ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор намоед, зеро ки Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад». Чӣ исбот мекунад, ки Яҳува нисбати шумо ғамхор аст?

ХУДО ОДАМОНРО АЗ ҶИҲАТИ МОДДӢ ТАЪМИН МЕНАМОЯД

Яҳува нек ва саховатманд аст

Яҳува хислатҳое дорад, ки шумо шояд дар дӯстонатон чунин хислатҳоро дидан мехостед. Одатан вақте ду шахс ба якдигар некиву саховатмандӣ зоҳир мекунанд, дӯстони наздик мегарданд. Чи хеле ки мебинед, Яҳува ҳар рӯз ба одамон некӣ ва саховатмандӣ зоҳир мекунад. Як мисолро дида мебароем: «Ӯ офтоби Худро бар бадону некон тулӯъ мекунонад ва борон бар одилону золимон меборонад» (Мат. 5:45). Дар қатори дигар чизҳо Яҳува ба воситаи офтоб ва борон ба одамон ғизо медиҳад ва дилҳои онҳоро аз шодмонӣ пур мекунад (Аъм. 14:17). Бале, Яҳува ғамхорӣ кард, то замин ҳосили хуб диҳад ва каманд чизҳое, ки мисли хӯроки бомазза моро бештар хурсанд созанд.

Пас чаро бисёриҳо имрӯз аз гуруснагӣ азоб мекашанд? Барои он ки ҳукуматдорон одатан диққаташонро на ба беҳтар кардани шароити зиндагии одамон, балки ба пурзӯр кардани қувваи сиёсӣ ва фоидаи моддӣ равона месозанд. Яҳува ба қарибӣ ин душвориҳоро бартараф карда ҳокимиятҳои имрӯзаро бо Салтанати осмонии худ иваз мекунад. Дар он вақт ҳеҷ кас аз гуруснагӣ азоб намекашад. Ҳоло бошад,  Худо ходимони содиқи худро дастгирӣ карда истодааст (Заб 36:25). Магар ин ғамхории Ӯ нест?

ЯҲУВА ВАҚТАШРО БАРОЯМОН ДАРЕҒ НАМЕДОРАД

Яҳува вақташро дареғ намедорад

Дӯсти хуб вақташро бо шумо мегузаронад. Вай метавонад соатҳои дароз бо шумо бошаду дар бораи он чизҳое, ки барои ҳар дуи шумо шавқовар аст, гап занад. Ҳамчунин вақте шумо дилатонро ба ӯ холӣ мекунед, дӯсти хуб ба гапатон бодиққат гӯш медиҳад. Оё Яҳува низ ҳамин хел бодиққат аст? Албатта. Ӯ дуоҳои моро гӯш карда ба он ҷавоб медиҳад. Барои ҳамин Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки «ҳамеша дуо» гӯем (Рум. 12:12; 1 Тас. 5:17).

Яҳува барои гӯш кардани дуоҳои мо чӣ қадар вақт ҷудо мекунад? Мисоле аз Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад. Пеш аз он ки Исо 12 ҳаввориёнашро интихоб кунад, вай «тамоми шаб ба Худо дуо гуфт» (Луқ. 6:12). Дар ин дуо Исо аз афташ бисёр шогирдонашро бо номашон гирифта хислату камбудиҳои онҳоро ба Яҳува мегуфт ва аз Ӯ кӯмак мепурсид, ки дар интихоби онҳо ёрӣ расонад. То дамидани субҳ Исо аллакай медонист, ки шахсони интихобкардааш чун ҳавворӣ хизмат карда метавонанд. Ба Яҳува шунидани дуоҳои одамони самимӣ маъқул аст (Заб. 64:3). Ҳатто агар одам соатҳои дароз дар бораи душвориҳояш дуо гӯяд ҳам, Яҳува барои ӯ вақташро дареғ намедорад.

ХУДО БАХШАНДА АСТ

Яҳува бахшанда аст

Вақте гап дар бораи бахшидан меравад, ҳатто барои дӯстони дерина баъзан ин душвор аст. Одамон аз сабаби он ки бахшидан барояшон хеле душвор аст, ҳатто риштаи дӯстиашонро, ки солҳои дароз давом мекард, мекананд. Лекин Яҳува чунин намекунад. Китоби Муқаддас ҳама одамони самимиро даъват мекунад, ки аз Ӯ бахшиш пурсанд, «зеро ки Ӯ бисёр меомурзад» (Иш. 55:6, 7). Чаро Худо бахшанда аст?

Сабаб дар он аст, ки Худо муҳаббати беҳад зиёд дорад. Ӯ ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писарашро  қурбон кард, то одамизодро аз гуноҳ ва таъсири он халос кунад (Юҳ. 3:16). Дар ҳақиқат ба воситаи фидия бисёр чиз имконпазир шуд. Масалан, дар асоси ин фидия Худо онҳоеро ки дӯст медорад, озодона бахшида метавонад. Юҳаннои ҳавворӣ навишт: «Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад» (1 Юҳ. 1:9). Азбаски Яҳува бахшанда аст, одамон бо Ӯ ҳамеша дӯстӣ карда метавонанд ва донистани ин ба дили мо таъсир мерасонад.

Ӯ ДАР ВАҚТИ ДУШВОРӢ БО МОСТ

Яҳува дар вақти душворӣ бо мост

Дӯсти ҳақиқӣ дар вақти душворӣ моро дастгирӣ менамояд. Оё Яҳува низ чунин мекунад? Дар Каломи Ӯ навишта шудааст: «Ба тавре ки вай [ходими Худо] афтад ҳам, сахт афканда намешавад, зеро ки Худованд дасташро мегирад» (Заб. 36:24). Яҳува ходимонашро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ мекунад. Ба мисоле, ки дар ҷазираи Санта-Крус (баҳри Кариб) рӯй дода буд, аҳамият диҳед.

Духтарчае аз сабаби эътиқоди диниаш бо фишори ҳамсинфонаш рӯ ба рӯ шуд. Ӯ байрақро парастиш накард. Баъд аз ба Яҳува дар дуо кӯмак пурсидан вай қарор кард, ки аз ин озмоиш намегурезад. Ӯ дар мавзӯи парастиши байрақ баромад тайёр кард. Аз китоби «Ҳикояҳо» истифода бурда вай ба ҳамсинфонаш фаҳмонд, ки чӣ хел намунаи Шадрак, Мешак ва Абднаҷу ба қарори ӯ таъсир кард. Вай гуфт, ки «Яҳува он се ҷавони ибриро ҳимоя кард, чунки онҳо ба ҳайкал саҷда накарданд». Сипас ӯ ба ҳама ҳамсинфонаш ин китобро пешкаш кард ва 11 нафари онҳо ин китобро гирифтанд. Аз донистани он ки Яҳува ба ӯ барои дар ин хел мавзӯи нозук шаҳодат додан қувват ва хирад бахшид, духтарча бисёр хурсанд шуд.

Агар шумо ягон вақт шубҳа кунед, ки Яҳува нисбати шумо ғамхор аст, оиди оятҳои зерини Китоби Муқаддас мулоҳиза ронед: Забур 33:18–20; 54:23 ва 144:18, 19. Аз ягон Шоҳиди Яҳува, ки муддати дуру дароз ба Худо хизмат мекунад, пурсед, ки чӣ тавр Яҳува то ин дам дар ҳаққи ӯ ғамхорӣ мекунад. Вақте шумо ба кӯмаки Худо мӯҳтоҷ мешавед, дар ин бора ба Ӯ дуо гӯед. Шумо мебинед, ки чӣ хел Яҳува «ба шумо ғамхорӣ мекунад».