Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Хислатҳои илоҳӣ аз алмос ҳам қиматбаҳотар!

Хислатҳои илоҳӣ аз алмос ҳам қиматбаҳотар!

Аз давраҳои пеш инҷониб алмосро чун санги қиматбаҳо қадр мекунанд. Баъзеи онҳо миллионҳо доллар арзиш доранд. Лекин аз нигоҳи Худо чизҳое ҳастанд, ки аз алмосу сангҳои қиматбаҳо дида арзишноктаранд.

 Ҳигануш ном воизи таъмиднаёфта, ки дар Арманистон зиндагӣ мекунад, дар наздикии хонааш шиносномаеро ёфт. Дар даруни шиноснома баъзе кортҳои дебетӣ ва пули бисёр буд. Вай дар ин бора ба шавҳараш, ки воизи таъмиднаёфта буд, нақл кард.

Ҳигануш бо шавҳараш аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашиданд ва ҳатто қарздор буданд. Лекин онҳо қарор карданд, ки пулро ба соҳибаш, ки суроғааш дар шиноснома навишта шуда буд, бармегардонанд. Марде ки пулашро гум карда буд ҳамроҳи оилааш аз ин кори онҳо сахт ҳайрон шуданд. Ҳигануш ва шавҳараш ба онҳо фаҳмонданд, ки омӯзиши Китоби Муқаддас ба онҳо барои боинсоф будан кӯмак мерасонад. Сипас аз фурсат истифода бурда онҳо ба соҳибони хона дар бораи Шоҳидони Яҳува нақл карданд ва баъзе адабиётҳоро ба онҳо доданд.

Соҳибони хона хостанд, ки ба Ҳигануш чун ҳадя пул диҳанд, лекин ӯ пулро нагирифт. Рӯзи дигар зани он мард ба хонаи Ҳигануш омада чун нишонаи миннатдорӣ аз номи оилааш боисрор ба Ҳигануш ангуштарини алмосдорро тӯҳфа кард.

Мисли ин оила имрӯз бисёр одамон аз рафтори боинсофонаи Ҳигануш ва шавҳараш ҳайрон мешаванд. Лекин оё Яҳува аз ин кори онҳо ҳайрон шуд? Худо ба боинсофии онҳо чӣ хел муносибат кард? Магар ростқавлию боинсофии онҳо кирои саъю кӯшиш буд?

ХИСЛАТҲОЕ, КИ АЗ ЧИЗҲОИ МОДДӢ ДИДА АРЗАНДАТАРАНД

Ҷавоб ба ин саволҳо душвор нест. Чаро? Барои он ки ходимони Худо медонанд, ки инъикос кардани хислатҳои Яҳува назар ба доштани санги алмос, тилло ва дигар чизҳои моддӣ сад чандон беҳтаранд. Бале, назари Яҳува дар мавриди чизҳои қиматбаҳо аз назари одамон фарқ мекунад (Иш. 55:8, 9). Ва хизматгорони Яҳува дарк мекунанд, ки кӯшиши пайравӣ кардан ба хислатҳои Ӯ хеле арзанда аст.

Мо инро аз гуфтаҳои Китоби Муқаддас оиди ҳикмат ва хирад дида метавонем. Дар Масалҳо 3:13–15 гуфта шудааст: «Хушо касе ки ҳикмат пайдо кардааст, ва касе ки ба хирад ноил шудааст! Зеро ки фоидаи он аз фоидаи нуқра, ва ҳосили он аз зари холис беҳтар аст. Он аз ҷавоҳир азизтар аст, ва ҳеҷ чизи дилхоҳи ту ба он баробар нест». Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки Яҳува чунин хислатҳоро аз ҷавоҳирот дида бештар қадр мекунад.

Пас дар бораи боинсофию ростқавлӣ чӣ гуфтан мумкин?

Худи Яҳува ростқавл аст. Ӯ дурӯғ гуфта наметавонад (Тит. 1:2). Худо ҳаввории Павлусро илҳом бахшид, ки ба масеҳиёни ибрии асри як чунин нависад: «Дар ҳаққи мо дуо гӯед; зеро мо яқин медонем, ки виҷдони нек дорем, чунки дар ҳар бобат мехоҳем ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибр. 13:18).

Исои Масеҳ низ дар ростқавлӣ намунаи хуб гузошт. Масалан, вақте саркоҳин Қаёфо аз ӯ пурсид: «Туро ба Худои Ҳай қасам медиҳам, ба мо бигӯ, ки оё Ту Масеҳ, Писари Худо ҳастӣ?» Исо рӯирост гуфт, ки Масеҳ аст. Ҳарчанд медонист, ки шӯрои пирон ӯро барои ростқавлиаш ба куфргӯӣ айбдор намуда, ҳукм карда метавонанд (Мат. 26:63–67).

Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин? Агар чунин шавад, ки нагуфтани гапи рост ё каме маълумотро нодуруст додан ба мо фоида орад, оё мо ростқавлона рафтор мекардем?

 ДУШВОРИҲОИ БО РОСТҚАВЛИВУ БОИНСОФӢ АЛОҚАМАНДБУДА

Дар ин замонҳои охир дар байни одамони «худписанд» ва «зарпараст» боинсофу ростқавл будан душвор аст (2 Тим. 3:2). Бӯҳрони иқтисодӣ ва бекорӣ сабаби ба дуздӣ, фиребгарӣ ва ба дигар корҳои беинсофона даст задани одамон мегардад. Бисёриҳо мегӯянд, ки зиндагӣ душвор асту онҳо аз маҷбурӣ ба чунин корҳо даст мезананд. Ин ақида то ҳамин дараҷа паҳн шудааст, ки бисёриҳо фикр мекунанд, ки боинсофу ростқавл будан ғайриимкон аст. Ҳатто баъзе Шоҳидон дар ин соҳа қарори нодуруст қабул карда барои ба даст овардани пули бе дарди миён обрӯи худро дар ҷамъомад гум карданд (1 Тим. 3:8; Тит. 1:7).

Лекин бисёр ходимони Худо ба Исо пайравӣ мекунанд. Шоҳидони Яҳува дарк мекунанд, ки ягон мансабу мақом ё боигарӣ ба хислатҳои илоҳӣ баробар шуда наметавонад. Ана барои ҳамин масеҳиёни ҷавон дар мактаб барои баҳои хуб гирифтан ҳар гуна ҳиллаву найрангро ба кор намебаранд (Мас. 20:23). Дар ҳақиқат мо на ҳама вақт мисли Ҳигануш барои боинсофиамон мукофот мегирем. Вале боинсофию ростқавлӣ ба Яҳува писанд аст ва он ба мо имкон медиҳад, ки виҷдонамонро пок нигоҳ дорем.

Мисоли Гагик инро хуб тасвир мекунад. Ӯ мегӯяд: «Пеш аз Шоҳиди Яҳува шуданам дар ширкати калоне кор мекардам, ки соҳибаш барои аз пардохти андоз гурехтан қисми хурди фоидаро дар ҳисобот менавишт. Ҳамчун идоракунандаи ширкат ман бо корманди андоз вохӯрда барои ба маълумоти нодуруст чашм пӯшиданаш пора медодам. Дар натиҷа маро чун шахси беинсофу фиребгар мешинохтанд. Вақте ман ҳақиқатро фаҳмидам, нигоҳ накарда ба он ки маошам калон буд, аз ин кор рафтам. Ва ширкати худамро кушода аз рӯзи аввал онро ба қайди давлатӣ даровардам ва ҳамаи андозҳоро месупоридам» (2 Қӯр. 8:21).

Гагик мегӯяд: «Даромади ман нимбаробар камтар шуд ва таъмин кардани оилаам душвор гашт. Ба ҳар ҳол ман ҳоло худро хушбахт ҳис мекунам. Ман дар назди Яҳува виҷдони пок дорам. Барои ду писарам намунаи хуб ҳастам ва дар ҷамъомад таъиноти пуршараф дорам. Акнун коргарони андоз ва ҳамкоронам маро чун шахси боинсоф мешиносанд».

ЯҲУВА ҲАМЕША КӮМАК МЕКУНАД

Яҳува онҳоеро ки хислатҳои олиҷаноби Ӯро ба мисли боинсофӣ зоҳир мекунанд, дӯст медорад (Тит. 2:10). Агар мо ин тавр кунем, Яҳува ба мо кӯмак мерасонад. Ӯ подшоҳ Довудро илҳом бахшид, ки суханони зеринро нависад: «Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд» (Заб. 36:25).

Саргузашти Рут инро тасдиқ мекунад. Ӯ хушдомани пиронсолаш Ноомиро тарк накард. Рут бо Ноомӣ ба Исроил рафт, ки дар он ҷо Худои ҳақиқиро ибодат карда метавонист (Рут 1:16, 17). Ӯ боинсоф буд ва аз рӯи гуфтаҳои Қонун оиди камбағалон амал карда хӯша мечид. Яҳува ҳеҷ гоҳ Рут ва Ноомиро напартофт, чи тавре ки солҳо пас Довуд инро дар ҳаёташ ҳис карда буд (Рут 2:2–18). Ғайр аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардан Яҳува боз аз бисёр ҷиҳатҳо ба Рут кӯмак кард. Яҳува Рутро интихоб кард, то модаркалони подшоҳ Довуд ва ҳатто Масеҳи ваъдашуда гардад! (Рут 4:13–17; Мат. 1:5, 16).

Ба баъзе ходимони Яҳува барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии оилаашон пули  лозимаро ба даст овардан душвор аст. Вале онҳо пули бе дарди миёнро накофта ҳаракат мекунанд, ки меҳнат кунанд. Бо чунин амалашон онҳо нишон медиҳанд, ки аз чизҳои моддӣ дида зоҳир кардани хислатҳои беҳамтои илоҳӣ, аз ҷумла боинсофӣ барояшон пурарзиштар аст (Мас. 12:24; Эфс. 4:28).

Мисли Рут имрӯз дар тамоми гӯшаи дунё ходимони Худо нишон доданд, ки ба кӯмаку дастгирии Яҳува боварӣ доранд. Онҳо дар ҳақиқат ҳам ба суханони зерини Худо имон доранд: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5). Яҳува такрору ба такрор нишон дод, ки Ӯ мехоҳад ба одамони ростқавлу боинсоф кӯмак расонад ва қудрат дорад, ки ин корро кунад. Худо ҳамеша ваъдаашро оиди қонеъ кардани ниёзҳои асосии ходимонаш иҷро мекунад (Мат. 6:33).

Бале, барои одамизод алмос ва дигар чизҳо қадр доранд. Лекин Падари Осмониамон боинсофӣ ва дигар хислатҳои хуби моро бештар қадр мекунад!

Боинсофу ростқавл будан ба мо имкон медиҳад, ки виҷдони пок ва дар хизмат озодии сухан дошта бошем