Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Якҷоя шудани ду чӯбдасте, ки дар Ҳизқиёл боби 37 гуфта шудааст, чӣ маъно дорад?

Ба воситаи пайғамбар Ҳизқиёл, Яҳува пешгӯӣ кард, ки халқаш ба Замини ваъдашуда бармегардад ва аз нав чун як халқ муттаҳид мешавад. Ҳамчунин ин пешгӯӣ ба муттаҳидшавии халқи Худо дар рӯзҳои охир ишора мекунад.

Яҳува ба пайғамбар Ҳизқиёл гуфт, ки дар ду чӯбдаст нависад. Дар як чӯбдаст вай бояд чунин менавишт: «Барои Яҳудо ва барои банӣ-Исроил, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд». Ва дар дигараш бошад чунин: «Барои Юсуф; ин чӯбдаст аз они Эфроим ва тамоми хонадони Исроил аст, ки ба ӯ ҳамроҳ шудаанд». Ин ду чӯбдастро Ҳизқиёл бояд ба ҳам пайваст карда як чӯбдаст мекард (Ҳиз. 37:15–17).

 Зери калимаи «Эфроим» чӣ дар назар дошта шудааст? Сибти Эфроим дар байни даҳ сибти салтанати шимолии Исроил, яке аз сибтҳои бузургтарин буд. Аввалин подшоҳи он салтанат Ёробъом, аз сибти Эфроим буд (Такр. Ш. 33:13, 17; 3 Подш. 11:26). Он сибт аз писари Юсуф, Эфроим пайдо шуд (Ад. 1:32, 33). Юсуф аз падараш Яъқуб баракати махсус гирифта буд. Аз ин рӯ мантиқан дуруст аст, ки «чӯбдасти Эфроим» даҳ сибти салтанати шимолиро тасвир мекунад. Соли 740 то э. мо, чанд вақт пеш аз пешгӯии Ҳизқиёл, ашшуриён салтанати шимолии Исроилро забт карда халқашро ба асирӣ бурданд (4 Подш. 17:6). Халқи Бобил пас аз чандин солҳо Ашшурро забт карда гирифт. Барои ҳамин вақте ки Ҳизқиёл пешгӯиро дар бораи ду чӯбдаст навишт, бисёре аз он исроилиён дар империяи Бобил пароканда шуда буданд.

Соли 607 то э. мо, ду сибти салтанати ҷанубии Яҳудо аз тарафи Бобил забт карда халқаш ба асирӣ бурда шуд. Онҳо шояд боз касонеро ки аз салтанати шимолии Исроил боқӣ монда буданд, ба асирӣ бурданд. Подшоҳони салтанати ҷанубӣ аз сибти Яҳудо буданд. Коҳинон низ дар Яҳудо зиндагӣ мекарданд, чунки онҳо дар маъбади Ерусалим хизмат мекарданд (2 Вақ. 11:13, 14; 34:30). Аз ин рӯ мантиқан дуруст аст, ки салтанати дусибта, чӯбдаст «барои Яҳудо»-ро тасвир мекунад.

Ин ду чӯбдаст кай бо ҳам якҷоя шуданд? Ин соли 537 то э. мо вақте ки исроилиён барои барқарор кардани маъбад ба Ерусалим баргаштанд, рӯй дод. Дар ин вақт намояндагони салтанати дусибта ва даҳсибта аз асирӣ баргаштанд. Минбаъд халқи Исроил дигар аз ҳам ҷудо нашуд (Ҳиз. 37:21, 22). Исроилиён боз дар якҷоягӣ Яҳуваро ибодат карданд. Дар бораи ин ягонагӣ ҳамчунин пайғамбар Ишаъё ва Ирмиё пешгӯӣ карда буданд (Иш. 11:12, 13; Ирм. 31:1, 6, 31).

Ҳизқиёл дар бораи ибодати ҳақиқӣ чиро пешгӯӣ кард? Яҳува сабаби он мегардад, ки ходимонаш «якто» бошанд (Ҳиз. 37:18, 19). Оё ин пешгӯӣ дар замони мо низ иҷро шуда истодааст? Бале. Ин пешгӯӣ аз соли 1919 ба иҷрошавӣ сар кард. Пеш аз ин Шайтон кӯшиш кард, ки халқи Худоро пурра аз ҳам ҷудо созад. Лекин соли 1919 халқи Худо тоза карда шуд ва аз нав ташкил гардид ва муттаҳид гашт.

Дар он вақт бисёри он касоне ки аз нав муттаҳид гаштанд, умеди дар осмон бо Исо подшоҳон ва коҳинон шуданро доштанд (Ваҳй 20:6). Онҳо мисли чӯбдаст барои Яҳудо буданд. Вале бо гузашти вақт шумораи бештари онҳое ки умеди заминӣ доштанд, ба яҳудиёни рӯҳонӣ ҳамроҳ гаштанд (Зак. 8:23). Онҳо мисли чӯбдаст барои Юсуф буданд ва умеди дар осмон бо Исо ҳукмронӣ карданро надоштанд.

Имрӯз ин ду гурӯҳ якҷоя Яҳуваро ибодат мекунанд. Ва як подшоҳ доранд, ки Исои Масеҳ аст. Дар пешгӯии Ҳизқиёл, Исо чун «бандаи ман Довуд» номида шудааст (Ҳиз. 37:24, 25). Исо ба Падараш дар бораи шогирдонаш дуо гуфта хоҳиш кард, ки «ҳамаи онҳо як бошанд», чуноне ки ӯ бо Падараш дар ягонагӣ аст * (Юҳ. 17:20, 21). Исо ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки рамаи хурди шогирдони тадҳиншуда бо гӯсфандони дигар «як рамаю як чӯпон» хоҳанд шуд. Ҳамаи онҳо аз паи «як чӯпон» равона хоҳанд шуд (Юҳ. 10:16). Чи тавре ки Исо фаҳмонд, халқи Худо имрӯз новобаста аз он ки умеди осмонӣ ё заминӣ доранд, дар ягонагӣ мебошанд.

^ сарх. 10 Вақте Исо дар бораи аломати охирзамон гуфт, вай ба шогирдонаш якчанд масал овард. Аввал вай ба «ғуломи мӯътамад ва доно» гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншудае, ки дар байни халқи Худо роҳбариро ба ӯҳда гирифтанд, ишора кард (Мат. 24:45–47). Сипас Исо масале овард, ки пеш аз ҳама ба ҳамаи тадҳиншудагон тааллуқ дорад (Мат. 25:1–30). Дар охир бошад, Исо дар бораи онҳое ки умеди заминӣ доранду бародарони Масеҳро дастгирӣ мекунанд, гап зад (Мат. 25:31–46). Ба ин монанд вақте пешгӯии Ҳизқиёл дар рӯзҳои мо ба иҷрошавӣ сар кард, он аввал нисбати онҳое ки умеди осмонӣ доранд, иҷро шуд. Ҳарчанд салтанати даҳсибтаи Исроил на ҳамеша онҳоеро ки умеди заминӣ доранд, тасвир кунад ҳам, ягонагие ки дар ин пешгӯӣ фаҳмонида шудааст, ба мо ягонагии байни касоне ки умеди осмонӣ ва заминӣ доранд, ёдрас мекунад.