Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Барои файзи Худо миннатдор бошед

Барои файзи Худо миннатдор бошед

«Ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем» (ЮҲ. 1:16).

СУРУДҲО: 40, 13

1, 2. а) Масалеро, ки Исо дар бораи соҳиби токзор гуфта буд, нақл кунед. б) Чӣ тавр дар ин масал файз ва саховатмандӣ нишон дода шуд?

СОҲИБИ токзоре барои киро кардани мардикорон саҳарии барвақт баромад. Мардикорони ба пули гуфтаи соҳиби токзор розишуда аз паи кор шуданд. Лекин ба соҳиби токзор коргарони зиёд даркор буд, барои ҳамин вай дар давоми рӯз барои киро кардани мардикорони зиёд чанд бор ба бозор рафт. Он мард ба коргарон гуфт, ки ҳаққи корашонро аз рӯи инсоф медиҳад, ӯ ҳатто ин гапро ба шахсоне ки дар охири рӯз киро карда буд, гуфт. Вақте ки бегоҳ шуд, соҳиби токзор ҳама коргаронро ҷамъ карда муздашонро як хел дод, новобаста аз он ки онҳо чанд соат ва ё тамоми рӯз кор карда буданд. Вале мардоне, ки тамоми рӯз меҳнат карда буданд аз ин рафтори соҳиби токзор бохабар шуда, шикоят карданд. Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо гуфт, ки оё ману ту ҳамин хел гапзанон накарда будем? Магар ман ҳақ надорам, ки пуламро чи хеле хоҳам, ҳамон хел сарф кунам? Чӣ ту ҳасад бурда истодаӣ аз он ки ман ба онҳо некӣ мекунам? (Мат. 20:1–15).

2 Масали Исо ба хотирамон як хислати беҳтарини Яҳуваро меорад, ки бештар дар Китоби Муқаддас вомехӯрад. Ин файзи Худо мебошад, яъне меҳрубоние, ки сазовораш  нестем.  [1] (2 Қӯринтиён 6:1-ро хонед.) Коргароне, ки танҳо барои як соат киро шуда буданд, шояд барои гирифтани музди пурра сазовор набуданд, лекин соҳиби токзор ба онҳо некӣ кард. Мутахассисе оиди «меҳрубонии носазовор», ки он дар бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас чун «файз» тарҷума шудааст, чунин навишт: «Маънои асосии ин калима ин ато ё чизе мебошад, ки шахс онро муфт ва носазовор мегирад, яъне бе меҳнату хизмат».

АТОИ САХОВАТМАНДОНАИ ЯҲУВА

3, 4. Чаро ва чӣ тавр Яҳува нисбати одамизод файзашро нишон дод?

3 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки файзи Яҳува ин «ато»-ест аз ҷониби Ӯ (Эфс. 3:7). Азбаски мо нокомил ҳастем, ба Яҳува сад фоиз итоат карда наметавонем, барои ҳамин ҳам ба муҳаббати Ӯ сазовор нестем. Дар асл мо сазовори маргем. Аз ин рӯ подшоҳ Сулаймон гуфтааст: «Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд» (Воиз 7:20). Баъдтар Павлус ҳам суханони ба ин монандеро гуфт: «Ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шуданд» ва «музди гуноҳ мамот аст» (Рум. 3:23; 6:23а). Бале, ин суханон ҳаққанду рост.

4 Яҳува одамонро чунон дӯст дошт, ки «Писари ягонаи Худро» ба замин фиристод, то ки барои мо ҷонашро қурбон кунад. Ин файзи бемислу монанд буд (Юҳ. 3:16). Павлус дар бораи Исо навишт, ки «ба сабаби азобу мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад» (Ибр. 2:9). Бале, «бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи... Исои Масеҳ» (Рум. 6:23б).

5, 6. Чӣ мешавад, агар а) тобеи гуноҳ ва б) тобеи файз шавем?

5 Чаро мо гунаҳкор ҳастем ва мемирем? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «бо гуноҳи як кас [Одам] мамот» ба насли Одам «ҳукмрон шуд». Мо, ки аз насли Одам ҳастем, барои ҳамин гунаҳкор ҳастему мемирем (Рум. 5:12, 14, 17). Лекин, ба ҳар ҳол мо интихоб дорем, ки гуноҳ бар мо ҳукмрон шавад ё не. Чӣ тавр ин имконпазир аст? Агар мо ба қурбонии фидияи Исо имон орем, аз файзи Худо баҳра бурда метавонем. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Ҳангоме ки гуноҳ зиёд шуд, файз бағоят фаровон гардид, то ки чунон ки гуноҳ ба воситаи мамот ҳукмрон шуд, ончунон файз ҳам ба воситаи адолат барои ҳаёти ҷовидонӣ ба василаи... Исои Масеҳ ҳукмрон шавад» (Рум. 5:20, 21).

6 Ҳоло ки мо нокомилем, мо набояд ба ҷисми нокомилӣ худ итоат кунем. Аз ин рӯ вақте ки гуноҳ мекунем, мо аз Яҳува бахшиш мепурсем. Павлуси ҳавворӣ масеҳиёнро огоҳ кард: «Гуноҳ дигар набояд бар шумо ҳукмронӣ кунад: шумо, охир, тобеи шариат не, балки тобеи файз ҳастед» (Рум. 6:14). Пас, тобеи файз буданамон ба мо чӣ манфиат меорад? Павлус фаҳмонд, ки файзи Худо «моро таълим медиҳад, ки маъсият ва шаҳавоти дунёро рад намуда, дар ин дунё бо исмат, адолат ва парҳезгорӣ зиндагӣ кунем» (Тит. 2:11, 12).

ФАЙЗИ ХУДО БО РОҲҲОИ ГУНОГУН ЗОҲИР МЕГАРДАД

7, 8. «Файзи гуногуни Худо» чӣ маъно дорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Ҳаввории Павлус чунин навишт: «Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед» (1 Пет.  4:10). «Файзи гуногуни Худо» чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки дар зиндагӣ бо кадом душворие, ки рӯ ба рӯ нашавем, Яҳува ба мо ёрдам мекунад, то ки онро паси сар кунем (1 Пет. 1:6). Ӯ ҳамеша маҳз он чизеро, ки ба мо барои паси сар кардани душворӣ лозим аст, медиҳад.

8 Бале, меҳрубонии Худо, ки сазовораш нестем бо роҳҳои гуногун зоҳир мегардад. Юҳаннои ҳавворӣ чунин навишт: «Аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем» (Юҳ. 1:16). Бо роҳҳои гуногун зоҳир шудани файзи Яҳува ба мо баракатҳои бисёр меорад. Баъзе аз ин баракатҳо кадоманд?

9. Мо аз файзи Яҳува чӣ манфиат мегирем ва чӣ тавр миннатдории худро нишон дода метавонем?

9 Бахшида шудани гуноҳҳоямон. Агар мо пушаймон шавему бо майлу хоҳишҳои бад мубориза барем, Яҳува аз рӯи файзаш гуноҳҳои моро мебахшад. (1 Юҳанно 1:8, 9-ро хонед.) Раҳмдилии Худо моро бармеангезад, ки миннатдор бошем ва Ӯро ҷалол диҳем. Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда нома навишта гуфт: «[Яҳува] моро аз салтанати зулмот халосӣ дода, ба Малакути Писари маҳбуби Худ дохил кардааст, ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем» (Қӯл. 1:13, 14). Ба туфайли бахшида шудани гуноҳҳоямон соҳиби дигар баракатҳо шуда метавонем.

10. Бо шарофати файзи Яҳува мо аз чӣ баҳра бурда метавонем?

10 Бо Яҳува дӯст шуда метавонем. Азбаски мо нокомилем аз вақти таваллуд душмани Худо ҳисобида мешавем. Аз ин рӯ Павлус гуфт, ки «бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда» будем (Рум. 5:10). Бо воситаи фидияи Исои Масеҳ мо бо Худо мусолиҳа карда метавонем, яъне оштӣ шуда, дӯсти Ӯ мешавем. Павлус ба бародарони тадҳиншуда нома навишта дар бораи ин шарафи бузург чунин гуфт: «Мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи... Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем, ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем» (Рум. 5:1, 2). Мо бениҳоят миннатдорем, ки аз дӯстӣ бо Яҳува баҳра бурда метавонем!

Файзи Худо дар мавридҳои зерин зоҳир мегардад: Имтиёзи шунидани хушхабар (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Чӣ тавр тадҳиншудагон «гӯсфандони дигар»-ро ба роҳи адолат ҳидоят менамоянд?

11 Одил ҳисобида мешавем. Ҳамаи мо табиатан одил нестем. Вале Дониёл-пайғамбар дар бораи рӯзҳои охир пешгӯӣ кард, ки «хирадмандон», яъне тадҳиншудагони боқимонда бисёриҳоро «ба адолат ҳидоят» менамоянд. (Дониёл 12:3-ро хонед.) Чӣ тавр онҳо одамонро ба роҳи адолат ҳидоят менамоянд? Онҳо хушхабарро мавъиза карда ба миллионҳо «гӯсфандони дигар» қонунҳои Яҳуваро таълим медиҳанд (Юҳ. 10:16). Ин маҳз ба туфайли файзи Яҳува имконпазир гашт. Павлус фаҳмонд: «Ройгон, бо файзи Ӯ [Худо], ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд» (Рум. 3:23, 24).

Имконияти дуогӯӣ (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чӣ тавр дуо аз файзи Яҳува шаҳодат медиҳад?

12 Дар дуо ба Худо наздик шуда метавонем. Ба шарофати файзи Худо мо ба Ӯ дуо гуфта метавонем. Павлус тахти Яҳуваро «тахти файз» номида моро даъват кард, ки «бо ҷуръат» ё бо озодии сухан ба Яҳува дуо гӯем (Ибр. 4:16а). Мо ба воситаи Исо ҳар вақте ки хоҳем ба Яҳува дуо гуфта метавонем. Ин дар ҳақиқат имтиёзи бузург аст! Павлус гуфт: «Ба воситаи Масеҳ мо метавонем озодона  сухан гӯем ва ба воситаи имоне, ки ба ӯ дорем, метавонем бо дилпурӣ ба Худо наздик шавем» (Эфс. 3:12, ТДН). Озодона дар дуо ба Яҳува муроҷиат кардан ин ҳақиқатан олитарин изҳори марҳамати Ӯ мебошад.

Кӯмак дар вақти даркорӣ (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Чӣ тавр Яҳува дар вақти даркорӣ кӯмак мерасонад?

13 Дар вақти даркорӣ ба мо кӯмак расонида мешавад. Павлус моро барангехт, ки дар дуо озодона ба Яҳува муроҷиат кунем, «то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем» (Ибр. 4:16б). Ҳар гоҳе ки мо дар зиндагӣ бо душвориву нохушӣ рӯ ба рӯ мешавем, аз Яҳува ёрдам пурсида метавонем. Ӯ дуоҳои моро мешунавад ва бисёр вақт бо воситаи ҳамимонон кӯмаку дастгирӣ мекунад, «бинобар ин мо метавонем далерона бигӯем: “Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?”» (Ибр. 13:6).

14. Чӣ тавр файзи Яҳува моро тасаллӣ мебахшад?

14 Моро тасаллӣ мебахшад. Баракати дигари Яҳува ин аст, ки Ӯ дили шикастаи моро аз рӯи файзаш тасаллӣ медиҳад (Заб. 50:19). Павлус ба масеҳиёни Таслӯникӣ, ки бо таъқибот дучор шуданд, чунин навишт: «Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст, бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад» (1 Тас. 2:16, 17). То чӣ андоза тасаллибахш аст, донистани он ки Яҳува моро дӯст медорад ва ба мо ғамхор аст!

15. Ба туфайли файзи Худо мо ба чӣ умед дорем?

15 Барои ҷовидона зистан умед пайдо мекунем. Мо аз сабаби нокомил буданамон барои ҷовидона зистан умед надорем. (Забур 48:8, 9-ро хонед.) Лекин Яҳува ба мо ин умедро медиҳад. Исо ба пайравонаш  чунин ваъда дод: «Иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳё хоҳам кард» (Юҳ. 6:40). Бале, умеди ҷовидона зистан ин изҳори файзи Яҳува мебошад. Павлус, ки инро дарк мекард, чунин гуфт: «Зеро файзи Худо, ки барои ҳамаи одамон наҷотбахш аст, зоҳир шудааст» (Тит. 2:11).

АЗ ФАЙЗИ ХУДО СӮИИСТИФОДА НАБАРЕД

16. Чӣ тавр баъзе масеҳиёни пешина аз файзи Худо сӯиистифода мебурданд?

16 Ба туфайли файзи Яҳува мо соҳиби бисёр баракатҳо мегардем. Лекин ба ҳар ҳол мо набояд фикр кунем, ки Худо аз рӯи файзаш ба гуноҳҳоямон чашм мепӯшад. Дар байни масеҳиёни пешина шахсоне буданд, ки «файзи Худои моро ба фисқу фуҷур табдил» медоданд (Яҳд. 4). Ин гуна масеҳиён фикр мекарданд, ки онҳо гуноҳ карда метавонанд ва Яҳува бошад, онҳоро ҳамавақт бахшидан мегирад. Ин масеҳиён ҳатто кӯшиш мекарданд, ки дигар бародаронро ба гуноҳи худашон шарик созанд. Имрӯз низ касе ки ин корро мекунад, «рӯҳи файзро таҳқир менамояд» (Ибр. 10:29).

17. Петрус кадом маслиҳати ҷиддиро дод?

17 Имрӯзҳо Шайтон баъзе ходимони Худоро фиреб мекунад, то фикр кунанд, ки агар гуноҳ кунанд, Худо аз рӯи файзаш, онҳоро ҷазо намедиҳад. Лекин дар асл Яҳува гунаҳкореро, ки тавба кардааст, бо омодагӣ мебахшад ва интизор аст, ки он шахс бо хоҳишҳои нодурусташ минбаъд низ мубориза хоҳад бурд. Яҳува Петрусро илҳом бахшид, то чунин нависад: «Пас шумо, эй маҳбубон, азбаски пешакӣ огоҳонида шудаед, эҳтиёт шавед, ки гирифтори иштибоҳи шарирон нагардед ва аз матонати худ маҳрум нашавед, балки дар файз ва шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ нумӯ ёбед, ки Ӯро аз ҳоло то абад ҷалол бод» (2 Пет. 3:17, 18).

ФАЙЗИ ХУДО ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МО

18. Мо ба чӣ вазифадорем?

18 Мо барои файзи Яҳува хеле миннатдорем. Аз ин рӯ мо бояд атоҳои худро тавре истифода барем, ки Яҳуваро ҷалол диҳему ба дигарон кӯмак расонем. Ин вазифаи мост. Чӣ тавр инро кардан мумкин аст? Павлус навишт: «Ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем... Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад... ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад... ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад» (Рум. 12:6–8). Инак, файзи Яҳува моро вазифадор мекунад, ки дар хизмат саҳми бештари худро гузорем, ба дигарон гуфтаҳои Китоби Муқаддасро таълим диҳем, касеро, ки моро хафа мекунад, бахшем ва бародарону хоҳаронро рӯҳбаланд созем.

19. Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи чӣ гап мезанем?

19 Ҳамчун касони аз файзи Яҳува баракатёфта мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то «мавъизаи Инҷили файзи Худоро ба хушӣ анҷом» диҳем (Аъм. 20:24). Дар мақолаи навбатӣ мо дар бораи ин ӯҳдадориамон гап мезанем.

^ [1] Сархати 2. Ба «Назари амиқ ба Навиштаҳо» (рус.), ба мақолаи «Некӣ (Доброта)», сарх. 14–21 нигаред.