Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ТАРҶУМАИ ҲОЛ

«Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам»

«Барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам»

«Агар ту таъмид гирӣ ман туро партофта меравам!» Падарам бо ин суханон модарамро соли 1941 тарсонд. Ба ин нигоҳ накарда модарам рӯҳан пешравӣ мекард ва таъмид гирифт. Падарам бошад, моро партофта рафт. Он вақт ман 8-сола будам.

ПЕШ АЗ ИН ҳодиса рӯй доданаш меҳри Худо дар дилам аллакай ҷо шуда буд. Ба модарам адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаро медоданд ва ба ман ин адабиётҳо, махсусан суратҳояшон сахт маъқул буданд. Падарам намехост, ки модарам бо ман дар бораи чизҳои фаҳмидааш гап занад. Лекин ман кунҷкобӣ карда савол медодам. Барои ҳамин модарам дар вақти набудани падарам бо ман омӯзиш мегузаронд. Дар натиҷа ман ҳам қарор кардам, ки ҳаётамро ба Яҳува мебахшам. Соли 1943 ман дар Блэкпул (Англия) дар синни 10-солагӣ таъмид гирифтам.

БА ЯҲУВА ХИЗМАТРО САР КАРДАМ

Аз ҳамон вақт сар карда ману модарам мунтазам ба Яҳува хизмат мекардем. Барои паҳн кардани хушхабар мо аз фонографҳо истифода мебурдем. Фонограф калон ва вазнаш қариб 4,5 кг буд. Тасаввур кунед, ки чӣ хел ман писарбачаи хурдакак яке аз ин фонографҳоро кашола карда бурда истодаам.

Дар синни 14-солагиам ман пешрав шудан мехостам. Модарам гуфт, ки дар аввал ман бояд бо хизматчии бародарон (ҳоло нозири ноҳиявӣ) гап занам. Ин бародар пешниҳод кард, ки ягон касбро ёд гирам, то чун пешрав  хизмат намуда худро таъмин карда тавонам. Ва ман ба гапи ӯ гӯш додам. Баъд аз ду соли кор карданам ман аз дигар нозири ноҳиявӣ дар бораи хизмати пешравӣ маслиҳат пурсидам. Ӯ гуфт: «Ба пеш!»

Ҳамин тавр моҳи апрели соли 1949 ман бо модарам аз мебелҳоямон, ки дар хонаи иҷорагирифтаамон доштем, халос шуда ба Мидлтон (дар наздикии Манчестер) кӯчидем ва дар он ҷо хизмати пешравиро сар кардем. Баъд аз чор моҳ ман бародареро таклиф кардам, ки маро дар хизмати пешравӣ ҳамроҳӣ кунад. Филиал ба мо пешниҳод кард, то ба ҷамъомаде кӯчем, ки дар Ирлам нав ташкил шуда буд. Модарам бошад бо хоҳаре дар дигар ҷамъомад чун пешрав хизмат мекард.

Ҳарчанд ки он вақт 17-сола будам, ману ҳамроҳамро барои гузаронидани ҷамъомад ӯҳдадор карданд, чунки дар ҷои нав бародарони масъул кам буданд. Баъдтар бошад, ба ман гуфтанд, ки ба ҷамъомади шаҳри Бакстон кӯчам, чунки дар он ҷо ёрдам даркор буд. Ба ҳамаи ин дигаргуниҳо ман чун тайёрӣ ба таъиноти оянда менигаристам.

Соли 1953 бо дигарон дар Рочестер (Ню-Йорк) нутқи оммавиро эълон карда истодаем

Соли 1951 ман барои дар Мактаби Ҷилъод таҳсил кардан анкета пур кардам. Баъдтар декабри соли 1952 маро ба аскарӣ даъват намуданд. Ман хоҳиш кардам, ки маро аз хизмати ҳарбӣ озод кунанд, чунки ман ходими пурравақт будам. Лекин суд ин дархости маро қабул накард ва ба мӯҳлати шаш моҳ ҳабс кард. Ҳангоми дар ҳабс буданам ман барои  таҳсил дар синфи 22-юми Мактаби Ҷилъод таклифнома гирифтам. Чанде пас аз озод шуданам, моҳи июли соли 1953 ман бо киштие, ки номаш Ҷорҷик буд ба Ню-Йорк сафар кардам.

Ҳамин ки расидам ман ба анҷуман ташриф овардам. Баъди анҷуман ман бо қатора ба Лансинги Ҷанубӣ (Ню-Йорк), ки Мактаб дар он ҷо мегузашт, сафар кардам. Азбаски ман нав аз маҳбас озод шуда будам, пулам кам буд. Баъди аз қатора фаромадан ман бояд боз бо автобус ба Лансинги Ҷанубӣ мерафтам. Пуле ки ман дар даст доштам барои роҳкирои автобус намерасид. Барои ҳамин ман маҷбур шудам, ки барои роҳкиро аз мусофире, ки дар барам шиштагӣ буд, пул пурсам.

БА МАМЛАКАТИ ДИГАР ТАЪИН ШУДАМ

Таҳсил дар Мактаби Ҷилъод ба мо кӯмак расонд, ки дар хизмат «барои ҳама кас... ҳама чиз» шуданро ёд гирем (1 Қӯр. 9:22). Баъди хатми Мактаби Ҷилъод маро бо Поул Бруун ва Реймонд Лич ба Филиппин таъин карданд, вале мо барои гирифтани виза якчанд моҳ интизор шудем. Баъди гирифтани виза мо ба киштие, ки аз Роттердам, Баҳри Миёназамин, канали Суэтс, уқёнуси Ҳинд, Малайзия ва Ҳонконг мегузашт, нишастем. Дар натиҷа мо 19 ноябри соли 1954, баъди 47 рӯзи дар баҳр буданамон ба Манила расидем.

Ҳамроҳи Реймонд Лич дар хизмати миссионерӣ 47 рӯз бо киштӣ сӯи Филиппин сафар кардем

Дар он ҷо ба мо лозим буд, ки ба одамони нав, ҷойи нав ва ҳатто забони нав одат кунем. Лекин ҳар сеи моро ба ҷамъомаде таъин карданд, ки дар Кесон-Сити ҷойгир буд. Бисёриҳо дар он ҷо ба забони англисӣ гап мезаданд. Барои ҳамин ҳатто шаш моҳ пас мо танҳо якчанд калимаро ба забони тагалогӣ ёд гирифтему халос. Таъиноти навбатӣ ба мо ёрдам кард, ки ин забонро аз худ кунем.

Моҳи майи соли 1955 вақте ки мо аз хизмат ба хона баргаштем, бо бародар Лич дар назди дари хона номаҳоро ёфтем. Дар ин номаҳо гуфта шуда буд, ки моро нозири ноҳиявӣ таъин кардаанд. Он вақт ман 22-сола будам, лекин ин таъинот ба ман ёрдам дод, ки бо тарзи нав «барои ҳама кас... ҳама чиз» шавам.

Дар анҷуман ба забони бикол нутқ гуфта истодаам

Масалан, ман чун нозири ноҳиявӣ бо якум нутқи оммавиам дар пеши мағозаи қишлоқ баромад кардам. Он вақтҳо дар Филиппин нутқи оммавӣ дар ҳақиқат оммавӣ буда дар ҷойҳои серодам мегузашт. Вақте ман чун нозир ба бисёр ҷамъомадҳо ташриф меовардам, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мисли идораҳои давлатӣ, бозорҳо, варзишгоҳҳо, боғҳои истироҳатӣ ва одатан кӯчаҳои шаҳр бо нутқҳо баромад мекардам. Боре ман бояд дар бозор (шаҳри Сан-Пабло) бо нутқ баромад мекардам, лекин аз сабаби борони сахт ин корро карда натавонистам. Барои ҳамин ба пирон пешниҳод кардам, ки нутқро дар Толори Салтанат мегӯям. Баъдтар пирон пурсиданд, ки магар онҳо ин нутқро нутқи оммавӣ гуфта метавонанд.

Моро ҳама вақт дар хонаи бародарон ҷой мекарданд. Хонаи бародарон одӣ бошад ҳам, ҳамеша тоза буд. Ман одатан дар замин дар болои қолини бофташуда хоб мерафтам. Ягона ҷойи оббозӣ ин саҳни хона буд ва барои ҳамин ман бо сару либос оббозӣ карданро ёд гирифтам. Барои ба дигар ҷазираҳо ба мавъиза рафтан ман аз автобус ва баъзан аз киштӣ истифода мебурдам. Тамоми солҳои хизматам мошин надоштам.

Мавъиза ва ташрифорӣ ба ҷамъомадҳо ба ман кӯмак расонд, ки забони тагалогиро ёд гирам. Ман курси махсуси забономӯзиро нагузаштам, лекин дар хизмат ва ҷамъомад гапзании бародаронро гӯш карда забонро ёд гирифтам. Бародарон дар омӯзиши забон ба ман ёрдам мекарданд ва ман барои пуртоқатию ростқавлии онҳо хеле миннатдор будам.

Бо гузашти вақт ба шарофати таъинотҳои нав ман бисёр чизҳоро ёд гирифтам.  Соли 1956 дар вақти ташрифи бародар Нейтон Норр маро таъин карданд, ки дар анҷуман аз номи ташкилот бо рӯзноманигорон ва аҳли ҷамъият сарукор кунам. Ман таҷриба надоштам, лекин бародарон маро аз таҳти дил дастгирӣ мекарданд. Як сол нагузашта дар вақти ташрифи бародар Фредерик Френс аз идораи марказӣ анҷумани дигар барпо шуд. Дар ин анҷуман ман нозирӣ мекардам. Вақте бародар Френс бо нутқ баромад кард вай дар тан куртаи миллии Филиппинро дошт. Бародарони маҳаллӣ инро дида хеле хурсанд шуданд ва ман аз ин бо омодагӣ ба одамон мутобиқ шуданро ёд гирифтам.

Ҳангоми нозири вилоятӣ шуданам, ман дар худ боз бисёр дигаргуниҳоро даровардам. Дар он вақт мо филми «Хушбахтии ҷамъияти дунёи нав»-ро («The Happiness of the New World Societу») асосан дар кӯчаҳову ҷойҳои ҷамъиятӣ нишон медодем. Баъзан моро ҳашаротҳо ғам медоданд, чунки дар рӯшноии проектор ҷамъ шуда пеши экранро мегирифтанд. Тоза кардани экрани проектор заҳмати бисёрро талаб мекард. Гузаронидани чунин намоишҳо осон набуд. Лекин мо аз дидани он ки чӣ тавр одамон бо ташкилоти байналхалқии Яҳува шинос шуда истоданд, хурсандӣ мегирифтем.

Дар баъзе ҷойҳо коҳинони католикӣ ба ҳукуматдорони маҳаллӣ фишор оварда мегуфтанд, ки ба мо барои гузарондани анҷуманҳо иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин вақте ки мо  дар наздикии калисои онҳо бо нутқ баромад мекардем, онҳо бо овози зангӯлаи калисоашон намемонданд, ки одамон нутқро гӯш кунанд. Ба ин нигоҳ накарда кори мавъиза пеш мерафт ва бисёр одамон аз он минтақа ҳоло Яҳуваро ибодат мекунанд.

ТАЪИНОТҲОИ НАВ, ДИГАРГУНИҲОИ БИСЁР

Соли 1959 ман номае гирифтам. Дар он гуфта шуда буд, ки ман барои хизмат дар филиал таъин шудаам. Ин таъинот ба ман ёрдам кард, ки боз ҳам чизҳои бештарро ёд гирам. Баъд аз чанд вақт аз ман хоҳиш карданд, ки ба дигар шаҳрҳо ташриф орам. Дар яке аз чунин сафарҳо ман бо Ҷанет Дюмон, миссионере аз Тайланд, шинос шудам. Мо якчанд вақт ба ҳамдигар мактуб менавистем ва баъдтар бо ҳам оиладор шудем. Ҳоло 51 сол мешавад, ки мо якҷоя ба Яҳува хурсандона хизмат мекунем.

Бо Ҷанет дар яке аз ҷазираҳои Филиппин

Ман аз он хурсанд шудам, ки ба 33 давлат сафар карда халқи Яҳуваро рӯҳбаланд кардам. Ман хеле миннатдорам аз он ки таъинотҳои пешинаам ёрдам расонданд, ки бо одамони миллатҳои гуногун ҳамкориву муошират карданро ёд гирам. Бо ёрии чунин ташрифҳо ҷаҳонбиниам боз ҳам васеътар шуд ва ман муҳаббати Яҳуваро нисбати одамони ҳар халқу миллат дидам (Аъм. 10:34, 35).

Мо кӯшиш мекунем, ки мунтазам хизмат кунем

МО ТО ҲОЛ ХУДРО ТАҒЙИР ДОДА ИСТОДАЕМ

Чӣ хуш аст ҳамкорӣ бо бародарон дар Филиппин! Ҳоло дар ин ҷо аз солҳои пеш дида шумораи воизон 10 маротиба зиёд шудааст. Ману Ҷанет дар филиали шаҳри Кесон-Сити (Филиппин) хизмат карда истодаем. Ҳатто баъд аз 60 соли хизматам ба ман лозим меояд, ки бо омодагӣ мувофиқи хоҳиши Яҳува амал намуданро ёд гирам. Масалан ба қарибӣ дар ташкилот дигаргуниҳо рӯй доданд ва ба мо лозим омад, ки барои даровардани бисёр дигаргуниҳо тайёр бошем.

Афзудани шумораи Шоҳидони Яҳува ба мо хурсандӣ мебахшад

Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро кардем, то мувофиқи дастуроти Яҳува амал намоем ва ин беҳтарин роҳи ҳаёт аст. Ҳамчунин мо кӯшиш кардем, ки дигаргуниҳои лозимаро дароварда ба бародарон хизмат кунем. Бале, мо тайёрем, ки чи қадаре ки Яҳува хоҳад «барои ҳама кас... ҳама чиз» шавем.

Мо то ҳол дар филиали Кесон-Сити хизмат мекунем