Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мехостам, ки аскари Масеҳ бошам

Мехостам, ки аскари Масеҳ бошам

Тирҳо дар гирду пешам мепариданд, ман рӯймолчаи сафедро оҳиста-оҳиста боло бардошта таслим шуданамро нишон додам. Аскароне, ки маро тирборон карданд, ба сӯям дод зада гуфтанд, ки аз ҷойи пинҳоншудаам бароям. Ман ба назди онҳо рафтам ва намедонистам, ки зинда мемонам ё не. Биёед фаҳмонам, ки чӣ хел ман ба ин ҳолат афтодам.

МАН соли 1926 дар яке аз қишлоқҳои Юнон, ки Коритса ном дорад, таваллуд шудам. Волидонам шахсони меҳнатдӯст буданд ва ҳашт фарзанд доштанд. Ман фарзанди ҳафтум будам.

Як сол пеш аз таваллуд шуданам волидонам бо Ҷон Папаризос шинос шуданд, ки Тадқиқотчии Китоби Муқаддас (номи пештараи Шоҳидони Яҳува) ва марди боғайрати чақчақӣ буд. Ҷон ҳама чизро аз Навиштаҳо мефаҳмонд. Ин ба волидонам хеле маъқул шуд ва онҳо ба вохӯриҳои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас мерафтагӣ шуданд. Модарам ба Яҳува имони сахт пайдо кард ва нигоҳ накарда ба бесаводиаш ҳар имкониятро истифода бурда ба одамон дар бораи Худо нақл мекард. Афсӯс, падарам ба нокомилии аъзоёни ҷамъомад аз ҳад зиёд аҳамият дода ба вохӯриҳо рафтанро бас кард.

Ман ва бародарону хоҳаронам Китоби Муқаддасро ҳурмат мекардем, вале ҳушу ёдамон бисёртар ба варзиш, бозӣ ва вақтгузаронӣ бо дӯстон буд. Соли 1939 Ҷанги Дуюми Ҷаҳон Аврупоро фаро гирифт ва воқеае, ки дар қишлоқамон рӯй дод, моро ҳушёр кард. Амакбача ва ҳамсояи мо Николас Псаррасро ба армия бурданд. Он вақт ӯ нав таъмид гирифта буд. Николаси 20-сола нотарсона ба роҳбарони шӯъбаи ҳарбӣ гуфт: «Ман дар ҷанг иштирок карда наметавонам, чунки аскари Масеҳ ҳастам». Барои ҳамин ӯро суд карда даҳ сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Мо инро шунида шах шудем!

Дар аввали солҳои 1941 лашкари давлатҳои муттаҳидшуда ба муддати кӯтоҳ ба Юнон даромаданд ва Николас аз маҳбас озод карда шуд. Ӯ ба Коритса баргашт. Дар он ҷо бародари калониам Илияс ӯро дар бораи Китоби Муқаддас саволборон кард. Ман саволу ҷавоби онҳоро бодиққат гӯш мекардам. Дар натиҷа Илияс, ман ва хоҳарчаам Эфморфия омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардем ва доимо ба вохӯриҳо мерафтем.  Як сол пас ҳар сеи мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтем. Баъдтар чор бародару хоҳари дигарам низ Шоҳиди Яҳува шуданд.

Ҳамин тавр, соли 1942 дар ҷамъомади Коритса нӯҳ нафар ҷавонмардону духтарони аз 15 то 25-сола буданд. Ҳамаи мо медонистем, ки дар пеш моро озмоишҳои сахт интизоранд. Барои ҳамин мо ҳар имкониятро истифода бурда барои омӯхтани Китоби Муқаддас, хондани сурудҳои Салтанат ва дуо гуфтан ҷамъ мешудем. Ҳамаи ин имони моро мустаҳкам кард.

Димитриос бо дӯстонаш дар Коритса

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

Ҳамин ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба охир расид, коммунистони юнонӣ муқобили ҳокимияти Юнон баромаданд ва ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Коммунистон дар қишлоқҳо гашта халқро водор мекарданд, ки дар ҷанг ба онҳо ҳамроҳ шаванд. Вақте ки онҳо ба қишлоқи мо омаданд, се Шоҳиди Яҳуваро, яъне Антонио Тсокарис, Илияс ва маро ба асирӣ гирифтанд. Мо гуфтем, ки мо чун ходимони Худо дар ҷанг иштирок намекунем. Лекин онҳо моро ҳамроҳашон бурданд ва маҷбур карданд, ки то Кӯҳи Олимп тақрибан 12 соат роҳро пиёда тай кунем.

Каме баъдтар офитсери коммунистон фармон дод, ки мо ба онҳо ҳамроҳ шавем. Мо фаҳмондем, ки Шоҳидони Яҳува ба даст яроқ намегиранд ва ҷанг намекунанд. Офитсер аз ин гапи мо ба қаҳр омада моро ба назди генерал бурд. Вақте ки мо суханонамонро такрор кардем, генерал гуфт: «Набошад, аспу аробаро гирифта одамони захмдоршударо аз майдони муҳориба ба беморхона баред».

Мо гуфтем: «Агар аскарони давлат моро қапанд-чӣ? Оё онҳо моро коммунист ҳисоб намекунанд?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Пас, ба лашкарон доимо нон баред». Мо ҷавоб додем: «Агар офитсер моро бинад ва фармон диҳад, ки ба лашкарон яроқу аслиҳа барем-чӣ?» Генерал бисёр фикр кард ва дар охир гуфт: «Ин тавр бошад, гӯсфандонро чаронед! Дар кӯҳҳо зиндагӣ карда ба рама ғамхорӣ кунед».

Ҳарчанд мо дар майдони ҷанг будем, виҷдонамон моро азоб намедод, чунки кори мо чарондани гӯсфандон буд. Як сол пас ба Илияс иҷозат доданд, ки чун писари калонӣ ба хона баргардад, зеро модарам баъди вафоти падарам танҳо монд. Антонио бошад, касал шуд ва ӯро низ озод карданд. Лекин ман дар лагер мондам.

Дар ин вақт лашкари Юнон ба коммунистон ҳуҷум кард. Гурӯҳе, ки ман дар асирии он будам, аз кӯҳҳо гузашта ба давлати ҳамсоя, Албания, гурехт. Вақте мо ба сарҳад наздик шудем, ногаҳон аскарони Юнон моро иҳота карданд. Коммунистон аз тарсу ваҳм ба ҳар тараф гурехтанд. Ман бошам, дар пушти дарахти афтида пинҳон шудам ва ҳамон аскарони дар боло гуфтаам маро ёфтанд.

Ман ба ин аскарон гуфтам, ки асири коммунистон будам, онҳо инро шунида маро гирифта ба лагери ҳарбие, ки дар наздикии Верия (пештар Бирия) ҷойгир буд, бурданд. Дар он ҷо ба  ман фармон доданд, ки барои аскарон чуқуриҳо канам, то онҳо аз тиру тӯп пинҳон шуда тавонанд. Вақте ман розӣ нашудам, офитсер маро ба ҷазираи Макронисос, ки ба он ҷо асиронро бадарға мекарданд, фиристод.

РАНҶУ АЗОБ ДАР ҶАЗИРАИ МАКРОНИСОС

Ҷазираи Макронисос ҷойи беоб буд. Кӯҳҳои он аз нури офтоб метасфиданд. Он дар наздикии соҳили Аттика ҷойгир буда, қариб 50 км аз Афина дур аст. Дарозии ин ҷазира 13 км ва бараш 500 метрро ташкил медиҳад. Аз соли 1947 то 1958 ба он ҷо беш аз 100 000 нафар бадарға шуданд, ки дар байнашон коммунистон, мухолифон ва бисёр Шоҳидони Яҳува буданд.

Вақте маро дар аввали соли 1949 ба ин ҷо оварданд, ҳабсшудагон ба якчанд лагер тақсим шуда буданд. Маро ба лагере фиристоданд, ки ба таври лозима муҳофизат карда намешуд ва дар он ҳамагӣ сад кас буд. Қариб 40 нафар дар палаткае, ки барои 10 кас пешбинӣ шуда буд, дар рӯйи замин хоб мерафтанд. Мо оби ифлос менӯшидем ва хӯрокамон асосан наску боимҷон буд. Шамолу рег ҳаёти моро душвор мегардонд. Вале ба ҳар ҳол мо мисли дигарон санг намекашондем, ки ин як даҳшат буд ва одамро ҷисману фикран тамом мекард.

Бо дигар Шоҳидони Яҳува дар ҷазираи Макронисос

Боре, вақте ки дар соҳил мегаштам, якчанд Шоҳиди Яҳуваро, ки аз дигар лагерҳо буданд, дидам. Дидори якдигар моро беҳад хурсанд кард! Мо дар вақти имконпазир вомехӯрдем ва эҳтиёт мешудем, ки касе моро нақапад. Инчунин мо ба дигар ҳабсшудагон мавъиза мекардем, ки баъзеашон баъдтар Шоҳидони Яҳува шуданд. Ин кор ва дуоҳои самимӣ барои рӯҳан устувор мондан ба мо ёрӣ мерасонданд.

ОЗМОИШҲОИ САХТТАР

Баъди даҳ моҳ маро маҷбур карданд, ки либоси ҳарбӣ пӯшам. Вақте ман розӣ нашудам, маро ба пеши командири лагер бурданд. Ман ба командир варақчаеро додам, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Ман танҳо аскари Масеҳ будан мехоҳам». Командир маро таҳдид карда ба назди ҷонишинаш, усқуфи православӣ, ки сарулибоси бодабдабаи динӣ дошт, фиристод. Вақте ман ба саволҳои ӯ далерона аз Китоби Муқаддас ҷавоб додам, ӯ ба қаҳр омада дод зад: «Ӯро баред аз ин ҷо! Вай ақлашро хӯрдааст!»

Рӯзи дигар аскарон боз маро маҷбур карданд, ки либоси ҳарбӣ пӯшам. Вақте ман розӣ нашудам, онҳо маро бо мушт ва чӯб заданд. Сипас маро назди духтур бурданд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки устухонҳоям нашикастаанд, ва баъд кашолакунон ба палаткаам бурданд. Ин вазъият тӯли ду моҳ давом кард.

Азбаски ман аз роҳам намегаштам, аскарон роҳи дигарро пеша карданд. Онҳо дастони маро ба пуштам баста бо банде ба таги пойҳоям мезаданд. Дард кашида ман суханони зерини Исоро ба ёд овардам: «Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд... Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд» (Мат. 5:11, 12). Охиру оқибат ман аз ин азобҳои беохир беҳуш шудам.

Ман дар камераи хунук бедор шудам, ки дар он ҷо об, нон ва кӯрпа набуд. Вале дар ин вазъият ҳам ман орому осоишта будам. Зеро чи хеле ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, «осоиштагии Худо» дилу фикрҳои маро нигоҳ медошт (Флп. 4:7). Рӯзи дигар аскари дилсӯзе ба ман нону об ва палтояшро дод. Дигар аскар бошад, ба ман хӯрокашро дод. Дар ин ва дигар мавридҳо ман ғамхории Яҳуваро ҳис мекардам.

Ҳукуматдорон маро исёнгари ислоҳнашаванда ҳисобида ба суди ҳарбии Афина супориданд. Дар он ҷо маро ҳукм намуда, се сол аз озодӣ маҳрум карданд ва ба ҷазираи Ярос, ки дар шарқи Макронисос, 50 км дуртар аз он ҷойгир буд, фиристоданд.

«МО БА ШУМО БОВАРӢ ДОРЕМ»

Маҳбаси ҷазираи Ярос қалъаи калони аз хишти сурх сохта шуда буд, ки дар он 5000 нафароне, ки муқобили давлат баромада буданд, ҳабс шуданд. Дар байни онҳо инчунин ҳафт нафар Шоҳидони Яҳува буданд, ки барои мавқеи бетарафиашон ҳабс шуданд. Ҳарчанд қатъиян манъ буд, мо ҳафткаса пинҳонӣ ҷамъ шуда Китоби Муқаддасро меомӯхтем. Мо ҳатто доимо  «Бурҷи дидбонӣ»-ро мегирифтем ва онро дастакӣ нусхабардорӣ карда дар омӯзишамон истифода мебурдем.

Боре, вақте мо пинҳонӣ омӯзиш мекардем, посбони маҳбас моро қапида адабиётамонро кашида гирифт ва ҷонишини сардори маҳбас моро ба назди худ фарёд кард. Мо фикр кардем, ки ӯ моро ҷазо дода мӯҳлати дар маҳбас буданамонро зиёд мекунад. Ба ҷойи ин ӯ ба мо гуфт: «Мо медонем, ки шумо одамони хуб ҳастед ва шуморо эҳтиром мекунем. Мо ба шумо боварӣ дорем. Ба кор баргардед». Ӯ ҳатто ба баъзеи мо кори сабуктар дод. Дили мо аз миннатдорӣ ба Яҳува лабрез шуд. Нигоҳ доштани беайбимон ҳатто дар маҳбас Яҳуваро ҷалол дод.

Истодагарии мо дигар натиҷаҳои хуб низ овард. Баъд аз дидани рафтори мо профессори математика, ки ҳабс шуда буд, моро дар бораи эътиқодамон пурсид. Вақте ки дар аввали соли 1951 Шоҳидони Яҳуваро озод карданд, ӯ низ озод карда шуд. Баъдтар ӯ таъмид гирифт ва ходими пурравақт гашт.

ТО ҲОЛ АСКАРАМ

Бо занам Ҷанет

Баъд аз озод шуданам ман ба назди оилаам, ки дар Коритса буд, баргаштам. Баъдтар мо ҳамроҳи якчанд ҳамватанонамон ба Мелбурн (Австралия) кӯчидем. Дар он ҷо ман бо хоҳар Ҷанет шинос шуда, бо ӯ оиладор шудам. Мо соҳиби як писару се духтар шуда, онҳоро дар роҳи Худо тарбия кардем.

Ҳоло синну соли ман аз 90 гузаштааст, вале ман то ҳол дар хизмат фаъол буда пири ҷамъомад ҳастам. Баъзан аз сабаби азобҳои пешина баданам ва пойҳоям, махсусан баъди мавъиза, дард мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда ман мисли пештара сахт мехоҳам, ки аскари Масеҳ бошам (2 Тим. 2:3).