Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор фидокории шумо Яҳуваро ҷалол диҳад!

Бигзор фидокории шумо Яҳуваро ҷалол диҳад!

«Қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!» (ДОВ. 5:2).

СУРУДҲО: 40, 10

1, 2. а) Алифоз ва Билдод дар бораи арзиши хизмати мо чӣ гуфтанд? б) Чӣ хел Яҳува ба ҳама фикрашро ошкор кард?

«ОЁ МАРД ба Худо фоида мерасонад? Ба яқин, соҳибфаҳм фақат ба худаш фоида мерасонад. Оё ба ин ки ту одил бошӣ, Қодирро ҳоҷате ҳаст? Ва оё Ӯро фоидае ҳаст аз он ки ту роҳҳои худро беайб созӣ?» (Айюб 22:1–3). Оё шумо ягон бор дар бораи ҷавоби чунин саволҳо фикр карда будед? Вақте Алифози Темонӣ ин саволҳоро ба Айюб дод, вай боварӣ дошт, ки ҷавоб ба ин саволҳо манфӣ аст. Рафиқи ӯ Билдоди Шуҳӣ ҳатто гуфт, ки одамизод дар пеши Худованд одил буда наметавонад. (Айюб 25:4-ро хонед.)

2 Ин тасаллидиҳандагони бардурӯғ гуфтанд, ки кӯшишҳои мо барои ба Яҳува содиқона хизмат кардан ба Ӯ ягон фоидае намеорад ва мо дар пеши Худо мисли куя, кирм ё митта қадру қимат дорем (Айюб 4:19; 25:6). Дар аввал чунин метобад, ки Алифоз ва Билдод фурӯтанӣ нишон доданд (Айюб 22:29). Ғайр аз ин, вақте шахс аз қуллаи кӯҳи баланд ё тирезаи самолёт ба поён нигоҳ мекунад, корубори одамон дар назараш ночиз метобанд. Лекин оё Яҳува, ки дар осмон аст, ба хизмати мо чунин назар мекунад?  Ӯ дар ин бора фикрашро ошкор карда Алифоз, Билдод ва Сӯфорро барои суханони бардурӯғашон ҳукм кард ва Айюбро дастгирӣ намуда «бандаи Ман» номид (Айюб 42:7, 8). Аз ин маълум мегардад, ки одам «ба Худо фоида» оварда метавонад.

«БА Ӯ ЧӢ МЕТАВОНӢ БИДИҲӢ?»

3. Элиҳу дар бораи хизмати мо чӣ гуфт ва ӯ чиро дар назар дошт?

3 Элиҳу гуфт: «Агар одил бошӣ, ба Ӯ чӣ метавонӣ бидиҳӣ? Ё Ӯ аз дасти ту чӣ чизе хоҳад гирифт?» (Айюб 35:7). Яҳува ӯро барои ин саволаш ҳукм накард. Оё Элиҳу гуфтанӣ буд, ки кӯшишҳои мо дар хизмат бефоидаанд? Не. Вай гуфтанӣ буд, ки Яҳува ба ҳеҷ чиз ниёз надорад ва ба ибодати мо мӯҳтоҷ нест. Мо Ӯро бойтар ё боқувваттар карда наметавонем. Баръакс, ҳар чизе ки мо дорем, хислатҳои хуб, истеъдод ё қувват, атои Яҳува мебошад ва Ӯ аҳамият медиҳад, ки чӣ тавр мо онҳоро истифода мебарем.

4. Вақте мо ба дигарон некӣ мекунем, Яҳува ба ин чӣ тавр менигарад?

4 Вақте ба ходимони Худо некӣ мекунанд, Яҳува инро тавре қабул мекунад, ки гӯё шахсан ба Ӯ некӣ кардаанд. Дар Масалҳо 19:17 гуфта шудааст: «Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад». Оё ин оят мегӯяд, ки Яҳува ба ҳар некие, ки нисбати одамони бенаво карда мешавад, аҳамият медиҳад? Оё мо хулоса карда метавонем, ки Офаридгор Худашро дар назди инсоне, ки раҳмдилӣ зоҳир кард, қарздор меҳисобад ва ӯро баракат медиҳад? Бале, ва Исо инро тасдиқ кард. (Луқо 14:13, 14-ро хонед.)

5. Мо чиро дида мебароем?

5 Яҳува ба пайғамбар Ишаъё супориш дод, ки аз номи Ӯ бо одамон гап занад. Ин нишон медиҳад, ки ба Худо бо одамони содиқ ҳамкорӣ кардан маъқул аст (Иш. 6:8–10). Ишаъё ин супоришро бо омодагӣ қабул кард. Имрӯз ҳазорҳо нафарон ба рӯҳияи Ишаъё пайравӣ карда таъйинотҳои душворро ба ӯҳда мегиранд. Лекин баъзеҳо чунин савол дода метавонанд: «Оё кӯшиши ман ягон фоидае дорад? Оё Яҳува барои иҷрои нияти Худ ба кӯмаки ман ниёз дорад?» Биёед барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан воқеаҳоеро, ки дар рӯзҳои Дебӯро ва Бороқ рӯй дода буданд, дида бароем.

АВВАЛ ТАРСИДАНД, ВАЛЕ БАЪД АЗ ХУДО ҚУВВАТ ГИРИФТАНД

6. Исроилиён аз лашкари Ёбин чӣ фарқ доштанд?

6 Подшоҳи Канъон, Ёбин, исроилиёнро тӯли 20 сол «сахт ба танг овард». Барои ҳамин онҳо пинҳон мешуданд ва аз тарс аз ҷойҳои худ намебароманд. Онҳо худро муҳофизат карда наметавонистанд ва ба ҷанг тайёр набуданд, чунки аслиҳаи хуби ҷангӣ надоштанд. Душман бошад, 900 аробаи оҳанини ҷангӣ дошт (Дов. 4:1–3, 13; 5:6–8) *.

7, 8. а) Яҳува ба Бороқ чӣ амр дод? б) Чӣ тавр исроилиён ба лашкари Ёбин ғолиб омаданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Ба ҳар ҳол Яҳува ба Бороқ ба воситаи Дебӯро амр дод: «Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо,  ва аз банӣ-Нафтолӣ ва банӣ-Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир. Ва Ман сарлашкари Ёбин — Сисроро бо аробаҳо ва лашкари сершумораш назди ту сӯи наҳри Қишӯн кашида оварда, ба дасти ту хоҳам супурд» (Дов. 4:4–7).

8 Ин амри Худо дар ҳама ҷо паҳн шуд. Ихтиёриён дар кӯҳи Тобӯр ҷамъ омаданд. Бороқ аз рӯи дастуроти Яҳува зуд амал кард. (Доварон 4:14–16-ро хонед.) Вақте ки дар Таънок ҷанг сар шуд, ногаҳон борони сахт борида гирду атрофро ба лойқа табдил дод. Бороқ лашкари Сисроро 24 километр, то Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим, таъқиб карда кушт. Дар ин вақт Сисро аробаи худро партофта ба Элӯн-Бесаананим гурехт. Вай ба хаймаи Ёил, зани Ҳобари Қенӣ, рафт ва Ёил ӯро нағз қабул кард. Сисро хеле хаста буд ва хобаш бурд. Дар ин вақт Ёил Сисроро далерона кушт (Дов. 4:17–21). Ҳамин тавр душмани Исроил нест карда шуд! *

НАЗАРИ ДИГАР БА ФИДОКОРӢ

9. Дар Доварон 5:20, 21 дар бораи ҷанг муқобили Сисро чӣ гуфта шудааст?

9 Бобҳои 4 ва 5-и Доварон бояд якҷоя омӯхта шаванд, чунки ҳар як боб маълумотҳое дорад, ки дар дигараш нест. Масалан, дар Доварон 5:20, 21 гуфта шудааст: «Аз осмон ҷанг карданд,— ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд. Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард». Оё ин ҷо кӯмаки фариштагон дар назар дошта шудааст ё ягон хел метеоритборон? Дар ин бора аниқ гуфта нашудааст. Лекин фаҳмост, ки ин кори Худо буд, зеро дар вақту ҷойи даркорӣ борони сахт борида 900 аробаи ҷангии душманро бекор кард. Дар Доварон 4:14, 15 се бор қайд шудааст, ки ин ғалаба аз тарафи Яҳува буд. Ҳеҷ вақт ин кор аз дасти он 10 000 ихтиёриён намеомад.

10, 11. Чаро ба Мерӯз лаънат хонда шуд?

10 Аҷоибаш ин ки дар байни суруди ғалабаи Бороқ ва Дебӯро, ки Яҳуваро барои мӯъҷизааш ҷалол медод, чунин суханон садо доданд: «Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд,— сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд» (Дов. 5:23).

11 Мерӯз ба лаънати чунон сахте гирифтор шуд, ки аз он ҳатто ному нишоне намонд. Шояд сокинони он ба даъвати дар ҷанг ихтиёрӣ будан, бепарвоӣ карданд. Азбаски 10 000 одам аз ҳар тараф барои дар ҷанг иштирок кардан ҷамъ шуданд, онҳо бояд аз ин ҷанг хабардор мебуданд. Ё шояд Сисро дар вақти гурехтанаш аз он ҷо гузашт, вале сокинонаш имконияти дастгир кардани ӯро аз даст доданд. Тасаввур кунед, ки сокинони Мерӯз диданд, ки чӣ хел Сисро аз кӯчаҳои онҳо танҳо ва маъюс давида гузашт. Онҳо имконият доштанд, ки нияти Яҳуваро иҷро карда соҳиби баракат шаванд. Лекин онҳо бепарвоӣ карданд. То чӣ андоза далерии Ёил аз рафтори сокинони Мерӯз фарқ мекард! (Дов. 5:24–27).

12. Дар Доварон 5:9, 10 дар бораи кадом фарқият гуфта шудааст ва чӣ тавр он бояд ба мо таъсир кунад?

12 Дар Доварон 5:9, 10 нишон дода шудааст, ки одамони бо Бороқ ба ҷанг рафта аз онҳое, ки баҳонаҷӯӣ карда нарафтанд, чӣ фарқ доштанд. Дебӯро ва Бороқ «сарварони Исроил»-ро, ки ихтиёран  ба ҷанг рафтанд, таъриф карданд. То чӣ андоза ин сарварони Исроил аз «онҳое ки бар харони сафед савор шуда» мегаштанд ва ҳавобаландӣ карда дар ҷанг иштирок кардан нахостанд, фарқ доштанд! Дар ҳақиқат, ин одамон, ки «бар кӯрпачаҳо» менишастанд ва ҳаёти дабдабанокро дӯст медоштанд, аз он ихтиёриёне, ки бо Бороқ рафтанд, хеле фарқ мекарданд. Зеро онҳо роҳи осонро кофта ба кӯҳҳои серсанги Тобӯр ва ба водии серботлоқи Қишӯн ба ҷанг рафтан нахостанд. Онҳо бояд дар бораи рафторашон мулоҳиза меронданд. Чунки онҳо имконият доштанд, ки дар кори Яҳува иштирок кунанд, вале ин имкониятро аз даст доданд. Ба ин монанд, ҳамаи онҳое, ки имрӯз пурра ба Яҳува хизмат намекунанд, бояд дар бораи рафторашон фикр кунанд.

13. Чӣ тавр рӯҳияи қавми Реубен, Дон ва Ошер аз рӯҳияи Забулун ва Нафтолӣ фарқ мекард?

13 Шахсоне, ки ихтиёран дар ҷанг иштирок карданд, бо чашми худ диданд, ки чӣ тавр Яҳува Худро ҷалол дод. Акнун онҳо бо боварии комил дар бораи «аъмоли наҷотбахши Худованд» гап зада метавонистанд (Дов. 5:11). Дар Доварон 5:15–17 дар бораи қавми Реубен, Дон ва Ошер қайд шудааст. Онҳо диққаташонро на ба кори Яҳува, балки бисёртар ба молу мулк, масалан, ба рамаҳо, киштиҳо ва чизҳои дигар, равона мекарданд. Нафтолӣ ва Забулун бошанд, ҷони худро дар хатар гузошта ба Дебӯро ва Бороқ ёрдам карданд (Дов. 5:18). Ин назари гуногун ба фидокорӣ барои мо дарси муҳим шуда метавонад.

«ХУДОВАНДРО ҶАЛОЛ ДИҲЕД!»

14. Чӣ тавр мо ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ карда метавонем?

14 Имрӯз моро Яҳува ба ҷанг даъват намекунад, лекин мо имконият дорем, ки бо далериву ғайрат дар кори мавъиза иштирок кунем. Ҳоло дар ташкилоти Яҳува аз пештара дида ба  ихтиёриён ниёзи калон вуҷуд дорад. Миллионҳо бародарону хоҳарон чун пешрав, ходими Байт-Ил, сохтмончии Толори Салтанат ва ихтиёрӣ дар анҷуманҳо бо тайёрӣ хизмат мекунанд. Ҳамчунин баъзе пирони ҷамъомад ба Кумитаҳои кор бо беморхонаҳо ва ё дар ташкил кардани анҷуманҳо ёрӣ мерасонанд. Дар хотир дошта бошед, ки Яҳува фидокории шуморо хеле қадр мекунад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад (Ибр. 6:10).

Пеш аз қарор қабул кардан фикр кунед, ки чӣ тавр он ба оилаатон ва ҷамъомад таъсир мерасонад (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки нисбати кори Яҳува бепарво набошем?

15 Хуб мебуд, ки ҳар яки мо аз худ пурсем: «Вақте ман мебинам, ки ба ихтиёриён ниёз вуҷуд дорад, аз кор мегурезам? Оё мегузорам, ки хоҳиши ба даст овардани пулу мол фидокориамро суст кунад? Оё ман мисли Бороқ, Дебӯро, Ёил ва 10 000 ихтиёриён барои иҷро кардани дастуроти Яҳува имон ва далерӣ дорам? Агар ман аз сабаби беҳтар кардани вазъияти иқтисодиам ба дигар шаҳр ё давлат кӯчиданӣ бошам, оё дар дуо мулоҳиза меронам, ки чӣ тавр ин ба оилаам ва ҷамъомад таъсир мерасонад?» *

16. Чӣ дар назари Яҳува пурарзиш аст?

16 Яҳува ба мо боварӣ карда имконият додааст, ки ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунем. Шайтон якум хост, ки одамон ҳокимияташро тарафдорӣ кунанд. Барои ҳамин, вақте ки шумо ҳокимияти Яҳуваро тарафдорӣ мекунед, ба Шайтон зарбаи сахт мерасонед. Имон ва беайбии шумо дили Яҳуваро шод мекунад (Мас. 23:15, 16). Чунин рафтори шумо ба Ӯ имконият медиҳад, ки ба бадгӯиҳои Шайтон ҷавоб диҳад (Мас. 27:11). Ҳамин тавр шумо бо итоаткории худ ба Яҳува чизеро, ки дар назари Ӯ пурарзиш аст, медиҳед. Ин дили Худоро хеле хурсанд мекунад.

17. Доварон 5:31 дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

17 Ба қарибӣ замин аз онҳое, ки ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ мекунанд, пур мешавад. Мо ин рӯзро бесаброна интизор шуда ба суханони зерини Дебӯро ва Бороқ ҳамроҳ мешавем: «Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» (Дов. 5:31). Ин хоҳиши мо дар Ҳармиҷидӯн, вақте ки Яҳува бадиро нест мекунад, иҷро мешавад. Он вақт ихтиёриён даркор намешаванд, ки ба душман ҳамла оранд. Он лаҳза мо бархоста меистем ва наҷоти Худовандро мебинем (2 Вақ. 20:17). Вале ҳоло мо имконият дорем, ки далерона ва боғайрат дастгирӣ кардани кори Яҳуваро давом диҳем.

18. Фидокории шумо чӣ тавр ба дигарон таъсир расонда метавонад?

18 «Қавм ба ихтиёр ғайрат карданд. Худовандро ҷалол диҳед!» Бо ин суханон Дебӯро ва Бороқ суруди ғалабаи худро сар карда на офаридаҳо, балки Офаридгорро ҷалол доданд (Дов. 5:1, 2). Ба ин монанд, бигзор фидокории шумо низ дигаронро ба ҷалол додани Яҳува барангезад.

^ сарх. 6 Аробаҳои оҳанин аробаҳое буданд, ки досҳои тез ва дароз доштанд. Одатан досҳо аз ароба, шояд аз чархҳои он, баромада меистоданд. Ва ҳеҷ кас барои ба ин ароба наздик шудан ҷуръат намекард.

^ сарх. 8 Барои маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 августи с. 2015, саҳ. 12–15 нигаред.

^ сарх. 15 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 июли с. 2015, ба мақолаи «Ташвиш дар бораи пул» нигаред.