Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дар хизмати Яҳува пешравӣ кунед

Дар хизмати Яҳува пешравӣ кунед

«Ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав» (1 ТИМ. 4:13).

СУРУДҲО: 45, 42

1, 2. а) Чӣ тавр суханони Ишаъё 60:22 дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодаанд? б) Ҳоло дар қисми заминии ташкилоти Яҳува чӣ ниёзе вуҷуд дорад?

«КАМШУМОР ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар» (Иш. 60:22). Ин суханон дар рӯзҳои мо иҷро шуда истодаанд. Дар соли хизматии 2015, 8 220 105 нафар ходимони Яҳува хушхабарро дар тамоми рӯи дунё мавъиза карданд! Худо дар бораи зиёдшавии халқаш чунин гуфт: «Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид». Мисли мусофироне, ки дар нақлиёт нишаста суръати тези онро мушоҳида мекунанд, мо низ бо чашми худ дида истодаем, ки кори мавъиза авҷ гирифта истодааст. Шахсан мо ба ин гуна пешравӣ чӣ гуна муносибат мекунем? Оё мо чун воизи Салтанат дар кори мавъиза пешқадам ҳастем? Бисёри бародарону хоҳарон чун пешрави ёвар ё доимӣ шуда хизмат мекунанд. Баъзеашон ба дигар ҷойҳо кӯчиданд, то дар кори мавъиза кӯмак расонанд ва аксари дигар бошанд дар сохтани Толорҳои Салтанат саҳми худро мегузоранд.

2 Ҳар сол қариб 2000 ҷамъомадҳо ташкил меёбанд. Барои ин ҷамъомадҳо пирон ва ходимони ёвар лозиманд. Масалан, агар ба ҳар як ҷамъомади нав ташкилёфта панҷ пир лозим бошад, 10 000 ходими ёвар бояд ҳар сол чун пир таъин шавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар сол бояд ҳазорҳо ходимони ёвар пири  ҷамъомад шаванд ва ҳазорҳо бародарони дигар ходими ёвар гарданд. Новобаста аз он ки мо бародар ва ё хоҳар ҳастем, бояд «ҳамеша дар кори Худованд ҷадал» намоем (1 Қӯр. 15:58).

МАЪНОИ РУШДИ РӮҲОНӢ

3, 4. Шумо дар пеши худ кадом мақсадҳои рӯҳониро гузошта метавонед?

3 1 Тимотиюс 3:1-ро хонед. Феъли юноние, ки дар ин оят чун «орзу кардан» тарҷума шудааст, маънои дасти худро дароз карда чизеро, ки шояд аз мо дур аст, ба даст овардан мебошад. Ҳаввории Павлус ин калимаро истифода бурда нишон дод, ки барои рӯҳан рушд намудан саъю кӯшиш лозим аст. Бародареро тасаввур кунед, ки ходими ёвар шудан мехоҳад. Ӯ дарк мекунад, ки барои ба ин мувофиқат кардан хислатҳоеро бояд инкишоф диҳад, ки ба Худо писанданд. Баъд аз он ки ходими ёвар мегардад, ӯ минбаъд низ саъю кӯшиш мекунад, то ки пири ҷамъомад шавад.

4 Ба монанди ин баъзе бародарону хоҳарон дар ҳаёти худ дигаргунӣ дароварда чун пешрав, байтилчӣ ё ихтиёриёни сохтмони Толори Салтанат хизмат кардан мехоҳанд. Биёед бинем, ки чӣ тавр Каломи Худо барои рӯҳан рушд кардан ба мо кӯмак расонида метавонад.

РӮҲАН РУШД КАРДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД

5. Чӣ тавр ҷавонон дар кори Салтанат бештар саҳм гузошта метавонанд?

5 Ҷавонон дар хизмати Яҳува саҳми бештари худро гузошта метавонанд, чунки онҳо бардаму бақувватанд. (Масалҳо 20:29-ро хонед.) Баъзеи онҳо дар Байт-Ил барои чоп ва муқовабандӣ кардани Китоби Муқаддас ва дигар китобҳо кӯмак мерасонанд. Бисёр бародарону хоҳарони ҷавон дар корҳои сохтмонӣ ва таъмиркунии Толорҳои Салтанат иштирок менамоянд. Ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ онҳо чун ихтиёриён ба осебдидагон ёрдам мекунанд. Аксари ҷавонон барои паҳн кардани хушхабар забони хориҷиро меомӯзанд ва ба дигар ҷойҳо мекӯчанд.

6–8. а) Чӣ тавр бародаре нисбати хизмат назарашро дигар кард ва ин чӣ натиҷа овард? б) Чӣ тавр мо некӯ будани Худоро чашида метавонем?

6 Мо Яҳуваро дӯст медорем ва ба Ӯ чизҳои беҳтаринро додан мехоҳем. Лекин нигоҳ накарда ба ин мо баъзан худро мисли бародар Арон ҳис мекунем. Ҳарчанд Арон дар оилаи Шоҳидони Яҳува калон шуда бошад ҳам, ӯ мегӯяд: «Иштирок дар ҷамъомад ва хизмат ба ман хурсандӣ намеовард». Арон ба Яҳува бо хурсандӣ хизмат кардан мехост, лекин зиқ мешуд, ки чаро ӯ аз ин хурсандӣ намегирад. Ӯ чӣ кор кард?

7 Арон кӯшиш кард, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонад ва ба ҷамъомадҳо тайёрӣ дида ҷавоб диҳад. Ӯ ҳамчунин мунтазам ба Яҳува дуо мегуфт. Ҳамаи ин ба ӯ ёрдам дод, ки рӯҳан пеш равад. Арон Яҳуваро беҳтар шинохт ва муҳаббаташ нисбати Ӯ зиёд гашт. Баъдан ӯ аз хизмати пешравиаш хурсандӣ гирифт ва ҳангоми офатҳои табиӣ ба дигарон кӯмак мерасонд. Боз ӯ барои хизмат ба дигар шаҳр кӯчид. Ҳоло бошад, Арон дар Байт-Ил хизмат мекунад ва пири ҷамъомад аст. Ӯ ба тарзи ҳаёташ чӣ гуна баҳо медиҳад? Арон гуфт: «Ман чашидам ва дидам, ки то чӣ андоза Яҳува некӯст. Азбаски Яҳува маро баракат дод, ман дар назди Ӯ худро қарздор ҳис кардам ва ин маро барангехт, ки ба Ӯ бештар хизмат кунам. Дар натиҷа аз ин ҳам баракатҳои бисёрро чашидам».

8 Забурнавис гуфт: «Толибони Худовандро аз ҳеҷ чизи хуб камӣ нахоҳад буд». (Забур 33:9–11-ро хонед.) Бешубҳа, Яҳува ҳеҷ вақт касонеро, ки ба Ӯ бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекунанд, ноумед намекунад. Агар мо ҳар кори аз дастамон меомадаро дар хизмат кунем, он гоҳ бо чашмони худ дида метавонем, ки то чӣ андоза «Худованд  некӯст!» Вақте мо аз таҳти дил Худоро ибодат менамоем, хурсандии бемислу монандро ҳис мекунем.

ТАСЛИМ НАШАВЕД

9, 10. Чаро «интизор» будан муҳим аст?

9 Ба сӯи мақсади худ шитоб карда «интизор» бошед (Мико 7:7). Яҳува роҳ дода метавонад, ки гирифтани таъинот ё тағйирёбии вазъиятамонро интизор шавем. Вале, Ӯ ҳамеша ходимони содиқашро дастгирӣ мекунад. Худо ба Иброҳим ваъда дод, ки писардор мешавад, вале пайғамбар бояд имон ва пурсабрӣ зоҳир мекард (Ибр. 6:12–15). Иброҳим ҳарчанд солҳои бисёр то таваллудшавии Исҳоқ иҷрошавии суханони Яҳуваро интизор шуда бошад ҳам, рӯҳафтода намешуд ва Худо ӯро ноумед накард (Ҳас. 15:3, 4; 21:5).

10 Албатта, интизор шудан осон нест (Мас. 13:12). Лекин фақат дар бораи вазъияти худ фикр карда ноумед шудан моро рӯҳафтода месозад. Ба ҷои ин аз рӯи хирад мебуд, агар вақтамонро ба он чизҳое сарф кунем, ки барои рӯҳан рушд кардан кӯмак мерасонанд. Барои ин биёед се мавридро дида бароем.

11. Мо кадом хислатҳоро инкишоф дода метавонем ва чаро ин муҳим аст?

11 Хислатҳои лозимаро инкишоф диҳед. Хондани Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он ба мо кӯмак мерасонад, ки хирад, фаҳмиш, инсоф, дониш, фаросат ва солимфикриро инкишоф диҳем. Ин хислатҳо барои бародароне, ки нисбати ҷамъомад ғамхорӣ мекунанд, муҳиманд (Мас. 1:1–4; Тит. 1:7–9). Вақте ки мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро мехонем, назари  Яҳуваро нисбати бисёр ҳолатҳо мефаҳмем. Сипас мо ҳар рӯз чизи хондаамонро ба кор бурда қарорҳое мебарорем, ки писанди Яҳува мебошанд. Масалан, мо дар мавриди чӣ хел бо дигарон муносибат кардан, пулро чӣ хел сарф намудан, кадом вақтхушӣ ва сару либосро интихоб кардан қарорҳои дуруст мебарорем.

12. Чӣ тавр бародарону хоҳарон нишон дода метавонанд, ки барои гирифтани таъинот мувофиқат мекунанд?

12 Масъулиятнок бошед. Вақте ки халқи Худо маъбадро барқарор мекард ба Наҳемё мардоне лозим буданд, ки дар бораи якчанд ӯҳдадориҳо ғамхорӣ кунанд. Барои ин ӯ онҳоеро интихоб кард, ки рафтори хуб доштанд. Вай медонист, ки он мардон Худоро дӯст медоранд ва кадом коре ки ба онҳо надиҳад, аз таҳти дил иҷро мекунанд (Наҳемё 7:2; 13:12, 13). Ба ин монанд имрӯз низ онҳое ки ба Худо содиқанду аз таҳти дил ҳама корро иҷро менамоянд, номи нек пайдо мекунанд ва ба онҳо бисёр ӯҳдадориҳо дода мешавад (1 Қӯр. 4:2). Аз ин рӯ хоҳ мо бародар бошем ё хоҳар бояд ҳар кореро, ки ба мо месупоранд ҳамеша аз таҳти дил иҷро намоем. (1 Тимотиюс 5:25-ро хонед.)

13. Ҳангоми муносибати беадолатона чӣ тавр шумо ба намунаи Юсуф пайравӣ карда метавонед?

13 Ба Яҳува такя кунед. Агар дигарон нисбати шумо беадолатона рафтор кунанд, шумо чӣ кор мекунед? Шояд шумо ба онҳо ҳиссиёти худро фаҳмонед. Лекин агар худро аз дигарон дур кашед ва ҳақ будани худро якравона исбот кунед, бо ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунед. Мо аз намунаи Юсуф бисёр чизро омӯхта метавонем. Бародарони ӯ нисбаташ бераҳмона муносибат карданд, лекин Юсуф ба дилаш кина нагирифт. Баъдтар бошад, ӯро тӯҳмат карданд ва ноҳақ ба зиндон партофтанд. Вале Юсуф ба Яҳува такя мекард ва дар ин душвориҳо ҳидояти Яҳуваро меҷуст. Ин чӣ натиҷа овард? «Сухани Худованд ӯро покиза кард» (Заб. 104:19). Дар ин вақтҳои душвор Юсуф бисёр хислатҳои хубро инкишоф дод, ки баъдтар барояш кӯмак расонданд, то аз ӯҳдаи супориши муҳим барояд (Ҳас. 41:37–44; 45:4–8). Агар дигарон нисбати шумо беадолатона рафтор кунанд, ба Яҳува дуо гуфта хирад пурсед. Ӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки ором монед ва ҳангоми сӯҳбат бо онҳо некхоҳона муносибат кунед. (1 Петрус 5:10-ро хонед.)

ДАР ХИЗМАТ ПЕШРАВӢ КУНЕД

14, 15. а) Чаро ба мо лозим аст, ки ба тарзи таълимдиҳии худ диққат диҳем? б) Чӣ тавр шумо ба вазъиятҳои тағйирёбандаи маҳаллатон мутобиқ шуда метавонед? (Ба расми аввали мақола ва чорчӯбаи « Оё шумо тайёред, ки тарзҳои гуногуни мавъизаро истифода баред?» нигаред.)

14 Павлус ба Тимотиюс гуфт: «Ба қироат, насиҳат ва таълим машғул шав. Ба худат ва ба таълим диққат деҳ» (1 Тим. 4:13, 16). Тимотиюс аллакай солҳои дароз хушхабарро мавъиза мекард. Пас, чаро ба вай лозим буд, ки қобилияти таълимдиҳиашро беҳтар гардонад? Тимотиюс медонист, ки одамон ва вазъиятҳо тағйир меёбанд. Вай мехост, ки одамон ба гуфтаҳои ӯ гӯш диҳанд, барои ҳамин бояд тарзи таълимдиҳиашро ба ниёзи онҳо мувофиқ мекард. Имрӯз низ мо чун воизони Салтанат бояд айнан ҳамин хел амал намоем.

15 Мо одатан ҳангоми мавъизаи хона ба хона одамонро дар хонаашон намеёбем. Дар баъзе ҷойҳо бошад, ҳарчанд одамон дар хонаашон бошанд ҳам, мо ба биное, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, даромада наметавонем. Агар дар минтақаатон чунин ҳолат бошад, барои расондани хушхабар ба ин одамон дигар тарзҳои мавъизаро истифода баред.

16. Чӣ кор кунем, ки мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ самарабахш гардад?

16 Мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ яке аз  беҳтарин роҳи паҳн кардани хушхабар аст. Бисёр Шоҳидон чунин тарзи мавъизаро самарабахш меҳисобанд. Масалан, онҳо ба одамон дар истгоҳҳои нақлиёт, мағозаҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дар дигар ҷойҳои серодам мавъиза мекунанд. Дар ин ҷойҳо Шоҳидон бо одамон дар мавзӯи ахбор, оиди кору бор ва ё бо таъриф кардани фарзанди шахс сӯҳбатро сар мекунанд. Агар одам ба сӯҳбат моил бошад, воизон ягон фикри Китоби Муқаддасро гуфта ақидаи шахсро мепурсанд. Одатан баъд аз ин сӯҳбат давом меёбад.

17, 18. а) Чӣ тавр шумо барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кардан далерӣ пайдо карда метавонед? б) Дар хизмат мисли Довуд рӯҳия доштан чӣ манфиат меорад?

17 Агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумо хизмат кардан душвор бошад, зиқ нашавед. Эди пешраве аз шаҳри Ню-Йорк ҷуръат намекард, ки ба одамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кунад. Лекин бо гузашти вақт вай далерӣ пайдо кард. Чӣ ба ӯ кӯмак кард? «ба эътирозҳо ва ақидаҳои одамон ҷавоб кофтем. Ҳамчунин аз бародару хоҳарон маслиҳат мепурсидем». Ҳоло бошад, ба Эди хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хеле маъқул аст.

18 Агар мо дар мавъиза қобилият ва далерӣ пайдо кунем, рушди рӯҳониамон аз назар пӯшида намемонад. (1 Тимотиюс 4:15-ро хонед.) Ва мо ҳатто барои ходими Худо шудани касе кӯмак карда метавонем. Довуд пайғамбар гуфт: «Худовандро дар ҳар вақт муборак хоҳам хонд; доимо ҳамду санои Ӯ бар забони ман аст. Ҷонам бо Худованд фахр мекунад; ҳалимон шунида, шод хоҳанд шуд» (Заб. 33:2, 3).

РӮҲАН РУШД КАРДА ХУДОРО ҶАЛОЛ ДИҲЕД

19. Чаро ходимони Яҳува ҳатто дар вазъиятҳои душвор хурсанд буда метавонанд?

19 Довуд гуфт: «Туро, эй Худованд, тамоми аъмолат ҳамд мегӯяд, ва порсоёнат Туро муборак мехонанд; аз ҷалоли малакути Ту сухан меронанд, ва қудрати Туро тавсиф менамоянд; то ки қудрати Ӯро ба банӣ-одам маълум кунанд, ва ҷалоли шавкати малакути Ӯро» (Заб. 144:10–12). Ҳамаи онҳое ки Яҳуваро дӯст медоранд ва ба Ӯ содиқанд сахт мехоҳанд, ки ба дигарон дар бораи Худо нақл кунанд. Лекин чӣ агар аз сабаби саломатӣ ва ё синну сол шумо бисёр хизмат карда наметавонед? Ҳамеша дар ёд доред, ки ҳар боре ки шумо ба одамони гирду атрофатон ба мисли ҳамшираҳо ё духтурон мавъиза мекунед, бо ин Яҳуваро ҷалол медиҳед. Агар шумо аз сабаби имонатон дар ҳабс бошед, дар он ҷо низ дар бораи Яҳува нақл карда метавонед ва ин коратон дили Яҳуваро хурсанд месозад (Мас. 27:11). Ҳамчунин, агар аъзоёни оилаатон дар ибодат ба Яҳува шуморо дастгирӣ накунанд ва новобаста аз ин шумо ба Яҳува хизмат карданро давом диҳед, Ӯ аз ин хеле хурсанд мешавад (1 Пет. 3:1–4). Ҳатто дар вазъиятҳои душвор шумо Яҳуваро ҷалол дода, ба Ӯ наздиктар шуда, рӯҳан рушд карда метавонед.

20, 21. Чӣ тавр шумо барои ҷамъомад баракат буда метавонед?

20 Агар шумо ба Яҳува минбаъд ҳам наздиктар шуда аз таҳти дил хизмат кунед, Ӯ, албатта, шуморо баракат медиҳад. Эҳтимол, агар дар реҷа ва тарзи ҳаётатон каме дигаргунӣ дароред, шумо барои расонидани хабари умедбахш бештар имконият пайдо мекунед. Ҳамчунин шумо ба бародару хоҳарон бисёртар кӯмак расонда метавонед. Агар ин тавр кунед, бародару хоҳарон меҳнататонро дар ҷамъомад дида шуморо бештар дӯст хоҳанд дошт.

21 Новобаста аз он ки мо чанд сол боз ба Яҳува хизмат мекунем, ҳамаи мо ба Ӯ наздиктар шуда рӯҳан рушд карда метавонем. Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр воизони бомаҳорат ба шахсоне, ки рӯҳан рушд кардан мехоҳанд, кӯмак карда метавонанд.