Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Ибодатгоҳи асри як: Ин макети ибодатгоҳе мебошад, ки дар шаҳри қадимаи Гамла (қариб 10 км дуртар дар тарафи шимолу шарқии баҳри Ҷалил) ҷойгир буд. Он аз баъзе ҷиҳатҳо ба ибодатгоҳи асри як монандӣ дорад. Аз рӯйи он фаҳмидан мумкин аст, ки ибодатгоҳи қадима чӣ гуна намуд дошт

Дар Исроили қадим ибодатгоҳҳо (куништҳо) аз кадом вақт пайдо шуданд?

КАЛИМАИ юнонии «синагоге», ки ба забони тоҷикӣ чун ибодатгоҳ, куништ тарҷума шудааст, маънои «ҷамъомад» ё «ҷамъ шудан»-ро дорад. Дар ҳақиқат, куништ ё ибодатгоҳ ҷойе буд, ки яҳудиён аз давраҳои қадим барои ибодат кардани Худо ва шунидани панду насиҳатҳои Ӯ ҷамъ мешуданд. Дар Навиштаҳои Ибронӣ дар бораи чунин ибодатгоҳҳо гуфта нашудааст, лекин аз бисёр ҷойи Навиштаҳои Юнонӣ мо мебинем, ки чунин ҷойҳои ибодат дар асри яки милодӣ аллакай вуҷуд доштанд.

Аксари олимон чунин ақида доранд, ки ибодатгоҳҳо ҳангоми дар Бобул асир будани исроилиён пайдо шудаанд. Дар як энсиклопедия чунин омадааст: «Исроилиёни асир, ки дар замини бегона Маъбад надоштанд, дар ғаму андӯҳи худ ба тасаллӣ мӯҳтоҷ буданд. Барои ҳамин онҳо баъзан, шояд рӯзҳои Шанбе, бо ҳам ҷамъ шуда Навиштаҳоро мехонданд» («Encyclopaedia Judaica»). Баъди озод гаштан аз асирӣ низ, яҳудиён аз афташ дар кадом маҳалле, ки сокин нашаванд, ибодатгоҳ месохтанд ва барои дуо гуфтан ва хондани Навиштаҳо бо ҳам ҷамъ мешуданд.

Ҳамин тавр дар асри як барои яҳудиёни ҷазираҳои баҳри Миёназамин, Шарқи Миёна ва худи Исроил ибодатгоҳ маркази диниву иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт. Профессори Донишгоҳи Ерусалим Ли Ливайн чунин мегӯяд: «Куништ ҳамчун ҷое хизмат мекард, ки дар он Каломи Худоро меомӯхтанд, хӯроки муқаддас мехӯрданд, масъалаҳои судиро дида мебаромаданд, маҷлисҳои сиёсиву иҷтимоӣ мегузаронданд ва қуттии хайрияеро нигоҳ медоштанд, ки маблағи он барои кӯмак ба камбағалон ва дастгирии хизмати коҳинон сарф карда мешуд». Профессор суханашро давом дода мегӯяд: «Албатта, мақсади асосии ибодатгоҳ ба ҷо овардани хизмати динӣ буд». Ана барои чӣ Исо бисёр вақт ба ибодатгоҳ мерафт (Марқ. 1:21; 6:2; Луқ. 4:16). Дар он ҷо ӯ одамонро таълим медод, панду насиҳат мекард ва рӯҳбаланд менамуд. Баъди ташкил ёфтани ҷамъомади масеҳӣ Павлуси расул низ монанди Исо бисёр вақт дар ибодатгоҳҳо мавъиза мекард. Одамоне, ки ба Худо наздик шудан мехостанд, одатан ба ибодатгоҳ мерафтанд. Барои ҳамин, вақте Павлус ба ягон шаҳр мерафт, пеш аз ҳама ба ибодатгоҳ рафта мавъиза мекард (Аъм. 17:1, 2; 18:4).