Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6

Беайб монед!

Беайб монед!

«То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (АЙЮБ 27:5).

СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав

ПЕШГУФТОР *

1. Чӣ тавр се Шоҳиде, ки дар ин сархат тасвир шудаанд, ба Яҳува содиқ монданд?

ВАЗЪИЯТҲОИ зеринро ки бо Шоҳидони Яҳува алоқаманданд, тасаввур кунед: 1) Рӯзе дар мактаб муаллима аз ҳамаи талабагон хоҳиш мекунад, ки дар ҷашн гирифтани иде иштирок кунанд. Хоҳараки мо медонад, ки ин ид ба Худо маъқул нест, барои ҳамин эҳтиромона мегӯяд, ки вай иштирок намекунад. 2) Ҷавони шармгине хона ба хона мавъиза карда истодааст. Ӯ медонад, ки дар хонаи навбатӣ як бача аз мактабаш зиндагӣ мекунад. Вай пештар Шоҳидони Яҳуваро масхара мекард. Вале ба ҳар ҳол, бародари ҷавон ба назди он хона рафта дарро тақ-тақ мекунад. 3) Марде барои таъмин кардани оилааш сахт меҳнат мекунад ва рӯзе раисаш аз вай талаб менамояд, ки беинсофона ва ғайриқонунӣ амал кунад. Бародари мо медонад, ки агар гуфти раисашро рад намояд, мумкин ӯро аз кор пеш кунанд. Вале бародар мефаҳмонад, ки чунин рафтор ба Худо маъқул нест ва бояд ҳалолкор бошад ва қонуни давлатро риоя кунад (Рум. 13:1–4; Ибр. 13:18).

2. Мо кадом саволҳоро дида мебароем ва чаро?

2 Дар ҳар сеи ин шахсон шумо кадом хислатро пай бурдед? Дар асл якчанд хислатро пай бурдан мумкин аст, масалан далерӣ ва ростқавлиро. Вале ҳар яки онҳо боз хислатеро зоҳир карданд, ки дар чашми Яҳува хеле пурарзиш мебошад. Он беайбӣ аст. Ҳар яки онҳо бо риоя кардани меъёрҳои Яҳува ба Ӯ содиқ буданашонро нишон доданд. Маҳз беайбӣ онҳоро ба чунин рафтор барангехт. Яҳува ин хислатро дар ҳар як ходимаш дида, бешубҳа, аз онҳо фахр мекунад. Мо низ мехоҳем, ки Падари осмониамон аз мо фахр кунад. Аз ин рӯ биёед, ин саволҳоро муҳокима кунем: «Беайбӣ чист? Чаро мо бояд беайб бошем? Ва чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар ин солу замони душвор беайбиамонро нигоҳ дорем?»

 БЕАЙБӢ ЧИСТ?

3. а) Хизматгорони Худо беайбии худро чӣ тавр нишон медиҳанд? б) Кадом мисолҳо ба мо маънои беайбиро хубтар мефаҳмонанд?

3 Хизматгорони Худо беайбиашонро чӣ тавр нишон медиҳанд? Агар бо тамоми ҳастии худ Яҳуваро дӯст доранд ва нисбати Ӯ садоқати пойдор дошта бошанд. Ин онҳоро бармеангезад, ки дар ҳама кору қарорҳояшон ба таври ба Яҳува писанд амал кунанд. Биёед бо ёрии баъзе мисолҳо фаҳмем, ки калимаи «беайбӣ» дар Китоби Муқаддас чӣ тавр истифода шудааст. Он асосан ба маънои солим, бутун ва бенуқсон омадааст. Масалан, дар Шариати Мӯсо-пайғамбар гуфта мешуд, ки исроилиён ба Яҳува бояд ҳайвонҳои бенуқсон ва солимро тақдим кунанд (Ибд. 22:21, 22). Халқи Худо набояд ҳайвонҳои касалӣ, ланг, кӯр ё якгӯшаро ба қурбонӣ меовард. Барои Яҳува муҳим буд, ки ҳайвон ягон камбудӣ надошта бошад (Мал. 1:6–9). Фаҳмост, ки чаро Яҳува чунин талабот дорад. Масалан, худи мо китоберо, ки баъзе саҳифаҳояш нест, ё асбоберо, ки як тарафаш шикастааст, намехарем. Ё агар мева хариданӣ бошем, намехостем, ки он пачақ ё кирмзада бошад. Мо меваҳои нағз ва беайбро ҷудо карда мегирем. Ҳамин тавр Яҳува низ мехоҳад, ки мо беайб бошем, яъне бо тамоми диламон Ӯро дӯст дорем ва ба Ӯ пурра содиқ бошем.

4. а) Магар барои беайб будан шахс бояд комил бошад? б) Мувофиқи Забур 102:12–14 Яҳува аз мо чӣ интизор аст?

4 Магар ин маънои онро дорад, ки барои беайб будан шахс бояд комил бошад? Албатта, не. Охир одам бе камбудӣ намешавад, ҳама хато мекунад. Чаро мо набояд фикр кунем, ки барои беайб будан комил шудан лозим аст? Барои ин ду сабаб ҳаст. Якум ин ки Яҳува диққаташро ба камбудиҳои мо равона намекунад. Дар Каломаш гуфта шудааст: «Агар Ту, эй Худованд, гуноҳҳоро ба назар гирӣ, кист, эй Худованд, ки истодагӣ карда тавонад?» (Заб. 129:3). Яҳува медонад, ки мо одамони нокомил ва гунаҳкор ҳастем ва моро бо омодагӣ мебахшад (Заб. 85:5). Дуюм, Ӯ маҳдудиятҳои моро медонад ва аз қувватамон зиёд чизеро талаб намекунад. (Забур 102:12–14-ро хонед.) Набошад ба кадом маъно мо бояд дар назари Ӯ бенуқсон бошем?

5. Чӣ хизматгорони Яҳуваро бармеангезад, ки беайб монанд?

5 Хизматгорони Яҳуваро муҳаббат бармеангезад, ки беайб монанд. Мо бояд Падари осмониамонро бо тамоми ҳастию ҷон дӯст дорем ва ба Ӯ сад фоиз содиқ монем. Агар муҳаббати мо ҳатто дар вақти озмоиш ба Ӯ пурзӯр бошад, пас гуфтан мумкин аст, ки мо беайб ҳастем (1 Вақ. 28:9; Мат. 22:37). Биёед боз ба мисоли он Шоҳидоне баргардем, ки дар аввали мақола дар бораашон гуфтем. Чӣ онҳоро барангехт, ки ба Яҳува содиқ монанд? Оё он хоҳараки мо мехост, ки ӯро дар мактаб масхара кунанд ё магар он бародари ҷавон мехост, ки дар назди дар шарманда шавад? Ва оё бародари оиладор мехост, ки корашро аз даст диҳад? Не, албатта. Онҳо меъёрҳои Яҳуваро медонистанд ва мехостанд, ки дили Ӯро шод кунанд. Муҳаббат ба Худо онҳоро водор намуд, ки Ӯро дар ҷойи аввал гузоранд. Ҳамин тавр онҳо беайбии худро дар амал нишон доданд.

ЧАРО МО БОЯД БЕАЙБ БОШЕМ?

6. а) Чаро ба шумо лозим аст, ки беайбиатонро нигоҳ доред? б) Барои чӣ Одаму Ҳавво беайб монда натавонистанд?

6 Чаро ҳар яки мо бояд беайбиро нигоҳ дорем? Чунки Шайтон дар бораи Яҳува ва  дар бораи шумо саволи баҳснок бардоштааст. Он фариштаи исёнкор дар боғи Адан ба муқобили Худо баромада, худро Шайтон, яъне «Душман» гардонд. Вай даъво кард, ки Худо Ҳокими бад, худхоҳ ва беинсоф аст ва ҳамин тавр номи неки Яҳуваро доғдор кард. Сад афсӯс, ки Одаму Ҳавво низ Шайтонро тарафдорӣ карда бар зидди Яҳува баромаданд (Ҳас. 3:1–6). Дар боғи Адан зиндагӣ карда онҳо метавонистанд, ки ба Яҳува торафт наздик шуда ӯро бештар дӯст доранд. Лекин ба исёни Шайтон ҳамроҳ шуданашон нишон дод, ки онҳо Яҳуваро бо тамоми дил дӯст намедоранд. Баъдтар саволи дигаре ба миён омад: «Оё ягон одам аз муҳаббат ба Яҳува ба Ӯ содиқ мемонад?» Ё дигар хел карда гӯем, оё одамон беайб монда метавонанд? Биёед бинем, ки чӣ тавр ин савол дар замони Айюб бардошта шуд.

7. Чуноне ки аз Айюб 1:8–11 мебинем, Яҳува дар бораи беайбии Айюб чӣ фикр дошт, вале Шайтон-чӣ?

7 Айюб замоне зиндагӣ кардааст, ки исроилиён дар Миср буданд. Дар рӯзҳои ӯ касе мисли вай беайб набуд. Ӯ ҳам мо барин одами нокомил буд ва хатогиҳо мекард. Аммо Яҳува ӯро барои беайбиаш дӯст медошт. Аз афташ Шайтон аллакай Яҳуваро таъна зада буд, ки одамон беайбиашонро нигоҳ намедоранд. Ва Яҳува диққати Шайтонро ба Айюб равона кард. Чунки Айюб бо тарзи ҳаёташ нишон медод, ки даъвои Шайтон ҳақ нест. Шайтон аз Яҳува талаб кард, ки беайбии Айюб санҷида шавад. Азбаски Яҳува аз дӯсташ Айюб дилпур буд, Ӯ гузошт, ки Шайтон вайро озмояд. (Айюб 1:8–11-ро хонед.)

8. Чӣ тавр Шайтон ба Айюб ҳамла кард?

8 Шайтон бераҳм ва қотил аст. Ӯ ба Айюб ҳамла карда, вайро аз чизу чора ва хизматгорон  маҳрум кард ва обрӯяшро дар байни мардум як тин кард. Шайтон ҳамчунин ба оилаи Айюб зарба зада, даҳ ҷигарбандашро кушт. Баъд вай Айюбро аз фарқи сар то кафи по ба яраҳои дарднок гирифтор кард. Зани Айюб чунон ғамзадаву рӯҳафтода буд, ки дуруст фикр карда наметавонист. Ва ӯ ба шавҳараш гуфт, ки Худоро лаънат кунад ва бимирад. Худи Айюб ҳам аз ҷонаш сер шуда буд, вале беайбиашро нигоҳ медошт. Вақте Шайтон дид, ки беайбии Айюбро шикаста натавонист, роҳи дигарро пеш гирифт. Вай се дӯсти Айюбро истифода бурд. Онҳо барои ҳамдардии Айюб омаданд, вале ҳеҷ тасаллие ба ӯ набахшиданд. Баръакс, онҳо бераҳмона ӯро таънаю маломат карданд. Ва гуфтанд, ки Худо ӯро ҷазо дода истодааст ва беайбии ӯ барои Худо аҳамияте надорад. Дӯстонаш худи Айюбро айбдор карда, гуфтанд, ки эҳтимол ӯ бадкорӣ кардааст, барои ҳамин ба сараш ин қадар бадбахтиҳо омаданд (Айюб 1:13–22; 2:7–11; 15:4, 5; 22:3–6; 25:4–6).

9. Ба озмоишҳо нигоҳ накарда Айюб ба чӣ азми қавӣ дошт?

9 Ба мусибатҳои худ Айюб чӣ гуна тоб овард? Ӯ комил набуд. Вай бо қаҳр тасаллидиҳандагони бардурӯғашро сарзаниш кард ва баъдтар иқрор шуд, ки андеша накарда сухан рондааст. Ӯ на одилии Худоро, балки бештар одилии худро исбот карданӣ шуд (Айюб 6:3; 13:4, 5; 32:2; 34:5). Вале Айюб ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин аз Яҳува рӯй нагардонд. Ӯ ба таънаю маломати беасоси дӯстонаш тан надод. Вай гуфт: «Ҳошо, ки ман шуморо ҳақ шуморам: то дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед» (Айюб 27:5). Яъне Айюб азми қавӣ дошт, ки чизе рӯй надиҳад, беайбиашро нигоҳ медорад. Айюб таслим нашуд ва мо ҳам мисли ӯ то охир беайб монда метавонем.

10. Саволе, ки Шайтон дар бораи Айюб бардошт, ба мо чӣ дахл дорад?

10 Оё саволе, ки Шайтон дар бораи Айюб бардошт, ба мо низ дахл дорад? Бале, Шайтон беайбии ҳар яки моро зери шубҳа мегузорад. Вай даъво мекунад, ки мо Яҳуваро дар асл дӯст намедорем; агар ҳаётамон зери хатар бошад, мо ба Яҳува хизмат карданро бас мекунем ва беайбиамон рӯякӣ аст (Айюб 2:4, 5; Ваҳй 12:10). Аз ин шумо чӣ ҳис мекунед? Ин хеле аламовар аст, ҳамин тавр-не? Лекин Яҳува аз шумо чунон дилпур аст, ки имконияти беҳамтоеро пешкаш мекунад. Яҳува мегузорад, ки Шайтон беайбии шуморо озмояд. Худо боварӣ дорад, ки шумо беайбиатонро то охир нигоҳ дошта, дурӯғ будани даъвои Шайтонро исбот мекунед. Ва Яҳува ваъда медиҳад, ки шуморо дастгирӣ мекунад (Ибр. 13:6). Он ки Яҳува, Ҳокими олам, ба мо чунин боварӣ дорад, шарафи бузург аст! Оё акнун шумо мефаҳмед, ки беайб мондан чаро ин қадар муҳим будааст? Ин ба мо имконият медиҳад, ки дурӯғгӯ будани Шайтонро исбот кунем ва номи неки Падарамонро болобардор карда, ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунем. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки беайбиро нигоҳ дорем?

ДАР ИН СОЛУ ЗАМОНА ЧӢ ТАВР БЕАЙБИАМОНРО НИГОҲ ДОРЕМ?

11. Мо аз Айюб чӣ дарс мегирем?

11 Ҳамлаҳои Шайтон дар ин «рӯзҳои охир» торафт пурзӯр шуда истодаанд (2 Тим. 3:1). Дар ин замони вазнин чӣ тавр мо беайб монда метавонем? Намунаи Айюб ба мо кӯмак мекунад. Ҳоло озмоишҳояш сар нашуда ӯ, аллакай, дар бисёр мавридҳо беайбии худро нишон дода буд. Биёед дида бароем,  ки кадом се чиз дар ин кор ба вай кӯмак мекард.

Баъзе чизҳое, ки барои беайб мондан кӯмак мекунанд, кадоманд? (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. а) Мувофиқи Айюб 26:7, 8, 14 чӣ ба Айюб кӯмак мекард, ки эҳтиромаш нисбати Яҳува зиёд гардад ва Ӯро боз ҳам бештар ситоиш кунад? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки Яҳуваро боз ҳам бештар дӯст дорем ва эҳтиром кунем?

12 Айюб аз корҳои Яҳува ба ҳайрат меомад ва муҳаббаташ ба Ӯ зиёд мегашт. Айюб барои мушоҳида кардани офаридаҳои аҷоиби Яҳува вақт ҷудо мекард. (Айюб 26:7, 8, 14-ро хонед.) Ӯ бузургии замину осмон, абрҳо ва раъду барқро дида қоил мешуд ва дарк менамуд, ки дар бораи офаридаҳои бешумори Яҳува хеле кам медонад. Айюб гуфтаҳои Яҳуваро низ қадр мекард. Ӯ гуфт: «Суханони даҳони Ӯро... ниҳон доштаам» (Айюб 23:12). Айюб аз корҳои бузурги Яҳува ба ҳаяҷон меомад ва Ӯро беҳад эҳтиром мекард. Вай Падари осмониашро дӯст медошт ва мехост писанди Ӯ бошад. Маҳз ҳамин чиз ӯро қувват мебахшид, ки беайб монад. Мо низ бояд мисли Айюб бошем. Мо аз одамони онвақта дида дар бораи офаридаҳои Яҳува бисёртар медонем. Ва Каломи илоҳӣ ба мо пурра дастрас аст, ки аз он дар бораи Яҳува ҳақиқатро мефаҳмем. Чизҳои фаҳмидаамон моро бармеангезанд, ки Яҳуваро боз ҳам бештар дӯст дорем ва Ӯро эҳтиром кунем. Ва ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба Ӯ итоат карда беайбии худро нигоҳ дорем (Айюб 28:28).

Бо рад кардани тамошои порнография мо метавонем беайб монем (Ба сархати 13 нигаред.) *

13, 14. а) Мувофиқи Айюб 31:1 Айюб итоаткор буданашро бо чӣ нишон дод? б) Чӣ тавр мо ба намунаи Айюб пайравӣ карда метавонем?

13 Итоаткорӣ ба Айюб кӯмак мекард, ки беайб монад. Айюб медонист, ки барои беайб мондан шахс бояд ба Худо итоаткор бошад. Ҳар боре ки мо итоаткор мемонем, хоҳиши нигоҳ доштани беайбӣ дар мо қавитар мегардад. Айюб ҳар рӯз кӯшиш мекард, ки ба Худо итоат кунад. Масалан, вай дар муносибат бо занон эҳтиёткор буд. (Айюб 31:1-ро хонед.) Чун марди оиладор вай медонист, ки набояд нисбати зани бегона таваҷҷӯҳи ношоиста зоҳир кунад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки аз ҳар тараф бо  васвасаи содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ дучор мешавем. Оё мо низ мисли Айюб аз нигоҳи ношоиста ба шахсе ки ҳамсарамон нест, худдорӣ мекунем? Оё мо аз тамошои тасвирҳои нораво ва шаҳватангез дар куҷое, ки набошанд, даст мекашем? (Мат. 5:28). Агар мо ҳар рӯз худдорӣ зоҳир кунем, ба мо нигоҳ доштани беайбӣ осон мегардад.

Бо доштани назари дуруст ба чизу чора мо метавонем беайб монем (Ба сархати 14 нигаред.) *

14 Айюб инчунин бо он ба Худо итоаткорӣ нишон медод, ки чизпараст набуд. Вай мефаҳмид, ки такя кардан ба чизу чора гуноҳи азимест, ки барои он шахс беҷазо намемонад (Айюб 31:24, 25, 28). Имрӯз мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки аксари одамон ба пулу чиз дода шудаанд. Агар мо ба пандҳои Китоби Муқаддас гӯш дода, ба пулу мол назари дуруст дошта бошем, беайбиамонро нигоҳ дошта метавонем (Мас. 30:8, 9; Мат. 6:19–21).

Бо зинда нигоҳ доштани умеди худ мо метавонем беайб монем (Ба сархати 15 нигаред.) *

15. а) Боз чӣ ба Айюб кӯмак мекард, ки беайб монад? б) Зинда нигоҳ доштани умедамон чӣ тавр ба мо кӯмак карда метавонад?

15 Умед ба оянда ба Айюб кӯмак мекард, ки беайб монад. Айюб медонист, ки Яҳува нисбати беайбии вай бепарво нест (Айюб 31:6). Ба озмоишҳояш нигоҳ накарда ӯ боварӣ дошт, ки дар охир Яҳува ӯро баракат медиҳад. Ин дилпурӣ ба ӯ ёрдам мекард, ки аз беайбиаш нагардад. Яҳува инро дида беҳад хурсанд шуд ва ба нокомилии Айюб нигоҳ накарда, ӯро беандоза баракат дод (Айюб 42:12–17; Яъқ. 5:11). Ва мукофоти аз ин ҳам бузургтаре дар оянда Айюбро интизор аст. Оё шумо сад фоиз боварӣ доред ва умедвор ҳастед, ки Яҳува шуморо барои беайбиатон ҳатман мукофот медиҳад? Худо то ҳол тағйир наёфтааст (Мал. 3:6). Донистани он ки Ӯ беайбии моро қадр мекунад, умеди моро ба ояндаи дурахшон зинда нигоҳ медорад (1 Тас. 5:8, 9).

16. Мо ба кадом кор азми қавӣ дорем?

16 Пас, қавӣ бошед ва ҳеҷ гоҳ беайбии худро аз даст надиҳед! Баъзан ба назаратон чунин тофта метавонад, ки шумо танҳоед ва дар атрофи шумо дигар ҳеҷ кас беайбиашро нигоҳ намедорад. Лекин дар асл ин хел нест. Шумо дар байни миллионҳо нигоҳдорандагони беайбӣ мебошед, ки дар саросари ҷаҳон зиндагӣ доранд. Инчунин шумо ба сафи мардону занони содиқе дохил мешавед, ки дар гузашта, ҳатто зери хатари марг беайбиашонро нигоҳ доштанд (Ибр. 11:36–38; 12:1). Биёед, мисли Айюб устувор бошем ва бо чунин шиор зиндагӣ кунем: «То дами мурданам нахоҳам гузошт, ки беайбии маро аз ман дур кунед». Ва бигзор беайбии мо абадан Яҳуваро ҷалол диҳад!

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

^ сарх. 5 Беайбӣ чист? Чаро Яҳува дар хизматгоронаш ин хислатро дидан мехоҳад? Барои чӣ ҳар яки мо бояд беайбиамонро нигоҳ дорем? Дар ин мақола мо аз Китоби Муқаддас ба ин саволҳо ҷавоб меёбем. Ҳамчунин он мефаҳмонад, ки чӣ тавр мо ҳар рӯз беайбиамонро нигоҳ дорем. Зеро беайбӣ баракатҳои зиёд меорад.

^ сарх. 49 ШАРҲИ РАСМҲО: Мо мебинем, ки Айюб ба фарзандонаш дар бораи офаридаҳои аҷоиби Яҳува таълим медод.

^ сарх. 51 ШАРҲИ РАСМҲО: Бародар ба ҳамкоронаш дар тамошо кардани порнография ҳамроҳ намешавад.

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМҲО: Ба бародар харидани телевизори калон ва қиматро пешниҳод мекунанд. Вале вай ба он эҳтиёҷ надорад, пулаш ҳам намерасад, барои ҳамин ин пешниҳодро рад мекунад.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМҲО: Бародар дар бораи биҳишт бо дуо мулоҳиза меронад.