Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мисли Яҳува ба дигарон бодиққат ва меҳрубон бошед

Мисли Яҳува ба дигарон бодиққат ва меҳрубон бошед

«Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад!» (ЗАБ. 40:2).

СУРУДҲО: 35, 50

1. Хизматгорони Яҳува ба якдигар муҳаббаташонро бо чӣ нишон медиҳанд?

ХАЛҚИ Яҳува як оилаи бузурги рӯҳониро ташкил медиҳанд, ки байнашон муҳаббат ҳукмфармост (1 Юҳ. 4:16, 21). Ин муҳаббат одатан на дар корҳои калони қаҳрамонона, балки дар амалҳои хурди бешумор, ба монанди гуфтор ва рафтори нек, зоҳир мегардад. Вақте ки мо бо дигарон бо лутфу меҳрубонӣ муносибат мекунем ва ҳиссиёти онҳоро ба эътибор мегирем, мо «чун фарзандони азиз ба Худо пайравӣ» мекунем (Эфс. 5:1).

2. Чӣ гуна Исо мисли Падараш муҳаббат зоҳир мекард?

2 Исо комилан ба Падараш пайравӣ мекард. Ӯ гуфт: «Назди ман оед, эй заҳматкашон ва касоне, ки зери бори вазнин қарор доред ва ман ба шумо қувват хоҳам бахшид... зеро ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам» (Мат. 11:28, 29). Агар мо ба Исо тақлид карда, «ба бенаво эътибор» диҳем, мо розигии Падари осмониамонро ба даст меорем ва хеле хушбахт мешавем (Заб. 40:2). Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо бо аъзоёни оила, бародарону хоҳарон ва касоне, ки дар хизмат вомехӯрем, меҳрубон ва бодиққат буда метавонем.

 ДАР ОИЛА БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

3. Шавҳари бомулоҳиза бо занаш чӣ гуна муносибат мекунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Шавҳар чун сардори оила бояд дар муносибат бо дигарон намунаи ибрат бошад (Эфс. 5:25; 6:4). Каломи Худо ба онҳо мегӯяд, ки «бо занони худ бомулоҳиза» бошанд, яъне онҳоро фаҳманд ва ҳиссиёташонро ба назар гиранд (1 Пет. 3:7, эзоҳ). Шахси бомулоҳиза нисбати дигарон бодиққат ва меҳрубон аст. Шавҳари бомулоҳиза дарк менамояд, ки аз бисёр ҷиҳатҳо занаш аз ӯ фарқ мекунад. Вале ӯ занашро мададгори худ медонад ва аз худ паст намеҳисобад (Ҳас. 2:18). Барои ҳамин, ӯ ҳиссиёти ҳамсарашро эҳтиром мекунад ва бо ӯ ба таври шоиста муносибат мекунад. Зане аз Канада дар бораи шавҳараш чунин гуфт: «Шавҳарам ҳеҷ гоҳ ҳиссиёти маро паст намезанад ва намегӯяд, ки “ту набояд чунин ҳиссиёт дошта бошӣ”. Вай ҳамчунин маро бодиққат гӯш мекунад. Агар ӯ фикрамро ислоҳ карданӣ шавад, инро бо меҳрубонӣ мекунад».

4. Чӣ нишон медиҳад, ки шавҳар дар муносибат бо дигар занон ҳиссиёти занашро ба назар мегирад?

4 Шавҳаре, ки ҳиссиёти занашро ба назар мегирад, ҳеҷ гоҳ ба дигар занон диққати ношоиста (флирт) намекунад. Ӯ шабакаҳои иҷтимоиро барои бо занони дигар шинос шудан ё муоширати нораво истифода намебарад ва сайтҳои бадахлоқонаро тамошо намекунад (Айюб 31:1). Бале, вай ба занаш содиқ мемонад — на танҳо барои он ки вай зани худро нағз мебинад, балки вай Худоро ҳам дӯст медорад ва аз бадӣ нафрат дорад. (Забур 18:15 ва 96:10-ро хонед.)

5. Зан нисбати шавҳари худ бодиққат буданашро чӣ тавр нишон медиҳад?

Вақте ки шавҳар ба Исо пайравӣ карда, меҳрубонона рафтор мекунад, ба занаш осон мегардад, ки ба ӯ «эҳтироми зиёд дошта бошад» (Эфс. 5:22–25, 33). Ва зане ки шавҳарашро ҳурмат мекунад, нисбати ӯ бомулоҳиза аст ва ҳолати ӯро ба назар мегирад. Дар мавридҳое, ки шавҳараш ба корҳои ҷамъомад вақти бештар сарф мекунад ё сараш бо ягон проблема банд аст, ӯ бо фаҳмиш муносибат мекунад. Як бародар аз Бритониё мегӯяд: «Баъзан занам аз рафторам мефаҳмад, ки хотирам парешон аст. Дар чунин ҳолатҳо ӯ мувофиқи принсипи Масалҳо 20:5 амал мекунад. Ӯ интизор мешавад, то дар вақти муносиб дарди дили маро пурсад ва агар ин мавзӯи махфӣ набошад, ӯ меҳрубонона “андешаи дили” маро чун обҳои чуқур “мекашад” ва маро гӯш мекунад».

6. Чӣ тавр ҳар яки мо метавонем кӯдаконро барангезем, ки дар бораи дигарон фикр кунанд ва ин ба онҳо чӣ манфиат меорад?

Вақте ки волидон ба якдигар бо эҳтиром ва меҳрубонӣ муносибат мекунанд, ба фарзандон намунаи хуб нишон медиҳанд. Онҳо вазифадоранд, то ба фарзандони худ ёд диҳанд, ки дар бораи дигарон фикр кунанд ва ғамхорӣ намоянд. Масалан, волидон бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки дар ҷое, ки ҷамъомад мегузарад, давутоз кардан мумкин нест. Инчунин хуб мебуд, то ба фарзандонашон ёд диҳанд, ки дар ягон зиёфат ё меҳмонӣ пеш аз калонсолон ба дастархон даст дароз накунанд. Албатта, ҳар як аъзои ҷамъомад низ метавонад ин кӯшишҳои волидонро дастгирӣ кунад. Вақте кӯдак ягон кори хуб мекунад, масалан боадабона ба дигарон барои гузаштан роҳ медиҳад, мо бояд ӯро таъриф кунем. Ин ба дили ӯ таъсири хуб мерасонад ва ӯ мефаҳмад, ки дар ҳақиқат, «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъм. 20:35).

ДАР ҶАМЪОМАД БА ЯКДИГАР ДИҚҚАТ ДИҲЕД

7. Чӣ тавр Исо бо марди ношунаво мулоҳизакорона рафтор кард ва мо аз намунаи ӯ чӣ дарс мегирем?

7 Боре дар Декаполис ба назди Исо «мардеро оварданд, ки кар буд ва забонаш мегирифт» (Марқ. 7:31–35). Исо пеш аз шифо додан ӯро «аз байни мардум гирифта, ба як тараф бурд». Чаро Исо ин тавр кард? Шояд он мард аз сабаби маъюб буданаш дар байни одамон худро нороҳат ҳис мекард. Аз афташ Исо ин ҳиссиёти ӯро ба назар гирифта, ӯро дар ҷои беодам шифо дод. Албатта мо ҳеҷ касро ба таври мӯъҷиза шифо дода наметавонем. Вале аз дасти ҳар яки мо меояд, ки нисбати эҳтиёҷот ва ҳиссиёти ҳамимонон  бодиққат бошем ва дар асл мо бояд ҳамин тавр кунем. Павлуси расул навишт: «Биёед дар фикри якдигар бошем, то ҳар яке каси дигарро ба муҳаббат ва корҳои нек барангезад» (Ибр. 10:24). Исо ҳиссиёти марди ношунаворо фаҳмид ва бо ӯ мулоҳизакорона рафтор кард. Чӣ намунаи хуб аст ӯ барои мо!

8, 9. Бо кадом роҳҳо мо ба пиронсолон ва беморон таваҷҷӯҳ зоҳир карда метавонем? (Мисолҳо оред.)

8 Ба пиронсолон ва беморон таваҷҷӯҳ зоҳир кунед. Нишонаи асосии масеҳиёни ҳақиқӣ ин муҳаббат аст, на хизмати боғайратонаи онҳо (Юҳ. 13:34, 35). Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба бародарону хоҳарони калонсол ё бемор кӯмаки аз дастамон меомадаро расонда, онҳоро ба ҷамъомад барем ва ҳамроҳашон хизмат кунем. Ҳатто кардани ин кор бароямон ноқулай бошад ҳам, ё онҳо бисёр хизмат карда натавонанд ҳам, мо мехоҳем ба онҳо кӯмак расонем (Мат. 13:23). Майкл ном бародар, ки бо аробачаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, барои кӯмаке, ки оилааш ва бародарону хоҳарони ҷамъомад ба ӯ мерасонанд, хеле миннатдор аст. Ӯ мегӯяд: «Бо ёрдами ҳамаи онҳо ман ба аксари вохӯриҳои ҷамъомад рафта метавонам ва мунтазам дар хизмат иштирок мекунам. Хусусан хизмат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ман маъқул аст».

9 Дар бисёр Байт-Илҳо бародарону хоҳароне хизмат мекунанд, ки ба синни пиронсолӣ расидаанд ё беморанд. Нозирон дар Байт-Ил ба онҳо ғамхорона кӯмак мекунанд, то бо воситаи навиштани нома ва телефон хизмат карда тавонанд. Биёед бинем, ки бародарону хоҳарони пиронсоли як Байт-Ил дар бораи хизмати худ чӣ мегӯянд. Бародарамон Билл, ки 86-сола асту ба одамони маҳалҳои дурдаст нома менависад, чунин мегӯяд: «Мо хурсандем, ки бо навиштани нома дар хизмат иштирок карда метавонем». Хоҳарамон Нэнси, ки қариб 90-сола аст, қайд мекунад: «Ба конвертҳо андохтани нома як кори одӣ бошад ҳам, ман ба ин чун ба хизмати мавъиза менигарам. Охир одамон бояд ҳақиқатро фаҳманд!» Этел ном хоҳар, ки соли таваллудаш 1921 мебошад, мегӯяд: «Дард побанди ман аст. Баъзе рӯзҳо ҳатто либос пӯшидан бароям душвор аст». Бо вуҷуди ин, Этел аз хизмат ба воситаи телефон ва сӯҳбатҳои такрорӣ бо шавқмандон хурсандӣ мегирад. Хоҳарамон Барбара, ки 85-сола аст, мефаҳмонад: «Саломатии бад намемонад, ки ман мунтазам дар минтақа хизмат кунам. Вале ман имконият дорам, ки ба воситаи телефон ба одамон мавъиза кунам. Ман аз Яҳува хеле миннатдорам!» Дар ин хонаи Байт-Ил ҳамимонони азизи мо, ки пиронсоланд, дар давоми қариб як сол 1 228 соатро ба хизмати мавъиза сарф намуданд, 6 265 нома навиштанд, зиёда аз 2 000 зангҳои телефонӣ карданд ва 6 315 адабиёт паҳн карданд. Ин кӯшишҳои онҳо бешубҳа дили Яҳуваро шод мегардонанд! (Мас. 27:11).

10. Чӣ кор кунем, ки ба ҳамимонон барои аз вохӯриҳо пурра манфиат гирифтанашон халал нарасонем?

10 Дар вохӯриҳои ҷамъомад нисбати дигарон эҳтиром зоҳир кунед. Мо мехоҳем, ки ҳамимонон аз вохӯриҳои ҷамъомад пурра фоида гиранд. Бомулоҳиза будани мо низ дар ин кӯмак карда метавонад. Чӣ тавр? Масалан, вақте ки мо ба ҷамъомад дер накарда, дар вақташ меоем, мо диққати дигаронро парешон намекунем. Албатта баъзан аз сабаби рӯй додани ҳолатҳои ногаҳонӣ шояд мо сари вақт омада натавонем. Лекин агар деркунӣ ба мо одат шуда бошад, мо бояд фикр кунем, ки чӣ тавр ин рафтори мо ба бародарону хоҳарон таъсир мекунад ва ба ислоҳ шудан кӯшиш кунем. Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки ба ҷамъомад моро Яҳува ва Исо таклиф мекунанд (Мат. 18:20). Барои ҳамин дар вақташ омада, мо ба онҳо эҳтироми шоиста нишон медиҳем.

11. Чаро онҳое, ки бо қисмҳои барнома баромад мекунанд, бояд мувофиқи дастуроти дар 1 Қӯринтиён 14:40 навишташуда амал кунанд?

11 Ғайр аз ин, барои ғамхорӣ кардан ба ҳамимонон мо бояд дастуроти зеринро риоя кунем: «Бигзор ҳама чиз ба таври шоиста ва бо тартибу низом бошад» (1 Қӯр. 14:40). Бародароне, ки қисмҳои гуногуни барномаро мебаранд, бояд баромадашонро дар вақти муқарраршуда тамом карда, бо ин тартибу низомро нигоҳ доранд. Ҳамин  тавр онҳо на танҳо ба нотиқи навбатӣ, балки ба тамоми ҷамъомад ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Фикр кунед, ки агар ҷамъомад дер тамом шавад, ин ба дигарон чӣ гуна таъсир мекунад. Масалан, хонаи баъзе ҳамимонон дур аст ва онҳо дар роҳ вақти зиёд сарф мекунанд. Дигарон бошанд, аз нақлиёти ҷамъиятӣ вобастаанд, ки он танҳо то соати муайян ҳаракат мекунад. Ва баъзеҳоро ҳамсари ҳамимон набудаашон дар хона бесаброна интизор аст.

12. Чаро пирони боғайрат сазовори онанд, ки мо меҳнаташонро «қадрдонӣ карда, нисбаташон муҳаббати бепоён зоҳир» кунем? (Нигаред ба чорчӯбаи « Ба бародарони масъул эҳтироми шоиста нишон диҳед».)

12 Пирон дар ҷамъомад ва кори мавъиза бисёр меҳнат мекунанд ва сазовори эҳтирому муҳаббати мо мебошанд. (1 Таслӯникиён 5:12, 13-ро хонед.) Бешубҳа, шумо кӯшишу заҳмати онҳоро қадр мекунед. Вақте ки шумо ба онҳо итоат мекунед ва қарорҳояшонро дастгирӣ менамоед, миннатдории худро нишон медиҳед. «Зеро онҳо чун шахсоне, ки ҳисобот медиҳанд, доимо ғами шуморо мехӯранд» (Ибр. 13:7, 17).

ДАР ВАҚТИ ХИЗМАТ БОМУЛОҲИЗА БОШЕД

13. Исо бо одамон чӣ гуна муносибат мекард ва мо аз ӯ чӣ дарс мегирем?

13 Ишаъё-пайғамбар дар бораи Исо чунин пешгӯйӣ карда буд: «Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард» (Иш. 42:3). Исо одамонро дӯст медошт ва ба онҳо дилаш месӯхт. Ӯ ҳиссиёти касонеро, ки мисли наи нимшикаста ва чароғи хомӯшшудаистода буданд, нағз мефаҳмид. Аз ин сабаб Исо нисбати одамон ғамхорӣ мекард ва меҳрубону пурсабр буд. Ҳатто кӯдакон бо Исо будан мехостанд (Марқ. 10:14). Албатта мо наметавонем, ки мисли Исо дили одамонро бинем ва монанди ӯ таълим диҳем. Вале мо бояд ба одамони маҳалламон ғамхор бошем ва ҳиссиёту вазъияти онҳоро ба инобат гирем. Мо бояд диққат диҳем, ки чӣ тавр бо онҳо гап мезанем, кай  ба наздашон меоем ва сӯҳбати мо чӣ қадар давом меёбад.

14. Чаро мо бояд дар вақти хизмат ба тарзи гапзаниамон аҳамият диҳем?

14 Мо бояд бо одамон чӣ тавр гап занем? Миллионҳо одамон имрӯз мисли гӯсфандони «захмдор ва пароканда» мебошанд, зеро аз дасти сиёсатмадорону тоҷирон ва пешвоёни динии бераҳм азоб мекашанд (Мат. 9:36). Дар натиҷа бисёриҳо умед ва бовариашонро ба ҳама чиз гум карданд. Барои ҳамин хуб мебуд, ки дар хизмат мо бо одамон меҳрубонона сухан гӯем ва дар оҳанги овозамон ғамхории самимона ҳис карда шавад. Дар асл бисёриҳо на танҳо аз он сабаб ба хабари мо гӯш медиҳанд, ки мо Китоби Муқаддасро хуб фаҳмонда метавонем. Таваҷҷӯҳи самимӣ ва хушмуомилагии мо низ онҳоро ба хушхабар ҷалб мекунад.

15. Мо бо кадом роҳҳо дар бораи ҳиссиёт ва эҳтиёҷоти одамони маҳалламон ғамхорӣ карда метавонем?

15 Мо метавонем бо якчанд роҳҳо дар бораи ҳиссиёт ва эҳтиёҷоти одамони маҳалламон ғамхорӣ кунем. Масалан, агар мо ба соҳибхона савол доданӣ шавем, бояд эҳтиёт шавем, ки саволҳоямон шахсро дар ҳолати ногувор нагузоранд. Як пешрав дар маҳалле хизмат мекунад, ки бисёри одамон шармгинанд. Барои ҳамин ӯ саволе намедиҳад, ки онҳо барои ҷавоб доданаш душворӣ мекашанд ва дар хиҷолат мемонанд. Масалан ӯ намепурсад: «Шумо номи Худоро медонед?» ё «Шумо медонед, ки Подшоҳии Худо чист?» Ба ҷойи ин вай сӯҳбатро аз чизи ба ин монанд сар мекунад: «Ман аз Китоби Муқаддас фаҳмидам, ки Худо ном дорад. Мумкин онро ба шумо нишон диҳам?» Албатта, ин қоида нест, чунки дар ҳар ҷо одамон гуногунанд ва маданияти онҳо фарқ мекунад. Лекин мо бояд ҳамеша ҳиссиёти одамони минтақаамонро ба назар гирем ва ба онҳо эҳтиром нишон диҳем. Барои ҳамин мо бояд одамони маҳалламонро нағз донем.

16, 17. Барои ба одамони маҳалламон ғамхорӣ зоҳир кардан: а) мо бояд кай ба минтақа равем? б) сӯҳбати мо бояд чӣ қадар давом кунад?

16 Кай мо бояд ба минтақа равем? Вақте ки мо хона ба хона мавъиза мекунем, мо барои одамон дар асл меҳмонони нохондаем. Барои ҳамин хуб мебуд, ки ба минтақа ҳамон вақт равем, ки одамон ба гӯш кардани мо бештар моиланд (Мат. 7:12). Масалан, шояд дар маҳалли шумо одамон дар рӯзҳои истироҳат мехоҳанд зиёдтар хоб раванд ва дам гиранд. Дар ин сурат, аз рӯйи хирад мебуд, ки мо саҳарии барвақт ба минтақа наравему аввал дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мавъиза кунем ё шахсонеро, ки аллакай мешиносем, боздид намоем.

17 Сӯҳбати мо бояд чӣ қадар давом ёбад? Одамон хеле серкоранд, аз ин рӯ дурудароз истода бо онҳо гап задан аз рӯйи одоб нест. Мо бояд кӯшиш кунем, ки сӯҳбатамон кӯтоҳ бошад, махсусан дар аввал (1 Қӯр. 9:20–23). Вақте одамон мебинанд, ки мо вазъияти онҳоро ба назар мегирем ва вақти зиёдашонро намегирем, дар боздиди навбатӣ шояд моро бо омодагии бештар гӯш кунанд. Агар мо хислатҳои самари рӯҳро зоҳир кунем, мо дар ҳақиқат «ҳамкорони Худо» хоҳем буд. Ва Яҳува метавонад ба воситаи мо дигаронро ба ҳақиқат ҷалб кунад (1 Қӯр. 3:6, 7, 9).

18. Вақте ки мо бо дигарон меҳрубонона муносибат мекунем, ба кадом баракатҳо умед баста метавонем?

18 Хулоса, биёед бо аъзоёни оила, бародарону хоҳарон ва одамоне, ки дар хизмат вомехӯрем, меҳрубон бошем ва ҳиссиёту эҳтиёҷоти онҳоро ба эътибор гирем. Ин ба мо ҳам ҳозир ва ҳам дар оянда баракатҳои зиёд меорад. Дар Забур 40:2, 3 гуфта шудааст: «Хушо касе ки ба бенаво эътибор медиҳад! Дар рӯзи мусибат Худованд ӯро раҳо хоҳад кард... ва ӯ дар замин хушбахт хоҳад буд».