Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бародар Рутерфорд дар анҷумане, ки соли 1919 дар Сидар–Пойнт (Оҳайё) баргузор гашт, нутқ мегӯяд

1919 — Сад сол пеш

1919 — Сад сол пеш

ОХИРИ соли 1918 Ҷанги Якуми Ҷаҳон, ки аз чор сол зиёд давом кард, ба анҷом расид. 18-уми январи соли 1919, дар Париж Конференсияи сулҳ оғоз гардид. Яке аз дастовардҳои он конференсия ин Шартномаи Версал буд, ки мувофиқи он давлатҳои ба ҳам иттифоқ бар зидди Олмон ҷангиданро расман бас карданд. Ва он шартнома 28-уми июни соли 1919 ба имзо расид.

Ҳамчунин он шартнома ба ташкил ёфтани созмони Лигаи Миллатҳо мусоидат намуд. Мақсади ин созмон «барпо кардани сулҳу осоиштагӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо буд». Бисёр динҳои ҷаҳони масеҳӣ он созмонро дастгирӣ мекарданд. Ҳайати федералии калисоҳои масеҳӣ дар Амрико Лигаи Миллатҳоро болобардор карда гуфт, ки он «намояндаи сиёсии Подшоҳии Худо дар замин» мебошад. Масалан, барои дастгирӣ кардани Лигаи Миллатҳо он ҳайат намояндагони худро ба Конференсияи сулҳ ба Париж фиристод. Яке аз он вакилон қайд кард, ки «он конференсия оғози эраи нав дар таърихи ҷаҳон аст».

Дар ҳақиқат, эраи наве оғоз ёфт, вале на барои иштирокчиёни конференсияи сулҳ. Аз соли 1919 сар карда Яҳува ба халқаш аз пештара дида бештар қувват бахшид, то хушхабарро паҳн кунанд, ки онро дар таърихи халқи Худо эраи нав гуфтан мумкин аст. Вале пеш аз ин дар ҳаёти Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дигаргуниҳои муҳиме рӯй дод.

ҚАРОРИ ДУШВОР

Ҷозеф Рутерфорд

Интихоботи ҳарсолаи директорони Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ 4-уми январи соли 1919 ба нақша гирифта шуда буд. Он вақт бародар Ҷозеф Рутерфорд, ки роҳбарии халқи Яҳуваро ба ӯҳда дошт, ҳамроҳи ҳафт бародари дигар беадолатона дар маҳбаси Атланта (Ҷорҷия, ИМА) қарор дошт. Савол ба миён меомад, ки оё бародарони ҳабсшуда аз нав интихоб карда шаванд ё ба ҷойи онҳо бояд касони дигар таъйин гарданд.

Эвандер Кауард

Бародар Рутерфорд дар ҳабс бошад ҳам, дар бораи ояндаи ташкилот ғам мехӯрд. Ӯ медонист, ки баъзе бародарон беҳтар меҳисобанд, ки ба ҷойи ӯ ягон каси дигар президент интихоб шавад. Аз ин сабаб ӯ ба ҳайати он маҷлис номае навишта номзадии бародар Эвандер Кауардро пешниҳод кард. Бародар Рутерфорд Кауардро чун шахси «ором, бомулоҳиза ва содиқ ба Ҳазрат» тасвир кард. Лекин бисёр бародарон мехостанд, ки интихобот шаш моҳ ба ақиб партофта шавад. Ҳуқуқшиносоне, ки бародарони ҳабсшударо ҳимоя мекарданд, ба ин розӣ шуданд. Оиди ин масъала муҳокима то ба дараҷае тезу тунд гашт, ки баъзе бародарон аз ин ғамгин шуданд.

Ричард Барбер

Сипас чизе рӯй дод, ки ба гуфти бародар Ричард Барбер он ба ёфтани сари калоба кӯмак  кард. Як бародаре, ки дар он маҷлис ҳузур дошт, аз ҷояш хеста чунин гуфт: «Ман ҳуқуқшинос нестам, лекин модоме ки гап дар бораи қонуну қонуният меравад, чизеро дар бораи қонуни садоқатмандӣ гуфтаниам. Худо аз мо содиқиро талаб мекунад. Ба фикри ман агар мо бародар Рутерфордро аз нав президенти Ҷамъият интихоб кунем, бо ин содиқиамонро ба Яҳува нишон медиҳем» (Заб. 17:26).

Александр Макмиллан

Бародар Макмиллан, ки дар қатори бародарони маҳбус буд, ба хотир меорад, ки рӯзи дигар баъди интихобот бародар Рутерфорд ба девори камераи ӯ тақ-тақ карда ба ӯ номаеро дароз кард, ки дар он бародарон аз натиҷаи интихобот хабар дода буданд. Бародар Макмиллан дарҳол фаҳмид, ки ин чӣ гуна нома аст. Дар он гуфта шуда буд, ки бародарони дар ҳабсбуда аз нав чун директор интихоб шуданд, бародарон Рутерфорд ва Уилям Ван Амбург роҳбари ҷамъият монданд. Ҳамин тавр, бародар Рутерфорд боз худаш президенти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ монд.

ОЗОД ШУДАНИ БАРОДАРОН

Вақте ки ҳашт нафар бародарон дар ҳабс буданд, Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас барои озод шудани онҳо аз одамон беш аз 700 000 имзо ҷамъ намуданд. Лекин пеш аз он ки арзи онҳо аз тарафи ҳокимият дида баромада шавад, 26-уми марти с. 1919, рӯзи чоршанбе бародар Рутерфорд ва дигарон ба озодӣ баромаданд.

Бародар Рутерфорд ба онҳое, ки ӯро хурсандона пешвоз мегирифтанд, гуфт: «Ман боварӣ дорам, ки воқеае, ки ҳамаи мо аз сар гузарондем, моро ба душвориҳои аз ин ҳам сахттар тайёр мекунад... Ҳамаи кӯшишу муборизаҳои шумо дар асл на танҳо барои аз ҳабс озод кардани бародарон буд, балки барои он буд, ки номи Яҳува ҷалол ёбад ва онҳое, ки ба ин кор саҳм гузоштанд, баракатҳои олиҷанобро соҳиб гаштанд».

Ҳолатҳое, ки ҳангоми суди бародарон ба миён омад, аз он шаҳодат медод, ки ба онҳо Яҳува роҳбарӣ мекунад. 14-уми майи с. 1919 суди аппелятсионӣ оиди бародарон чунин қарор баровард: «Азбаски парвандаи ин айбдоршавандагон аз рӯйи қонун холисона ва беғаразона дида баромада нашудааст, ҳукми онҳо бекор карда мешавад». Бародарон ба содир кардани ҷиноятҳои ҷиддӣ айбдор шуда буданд ва агар онҳо фақат авф карда мешуданд ё ҷазои сабуктар мегирифтанд, он гоҳ онҳоро чун шахсони доғи судӣ дошта ба қайд мегирифтанд. Лекин акнун онҳо дигар ба ҳеҷ ҷиноят айбдор ҳисоб намеёфтанд. Аз ин рӯ судя Рутерфорд минбаъд низ ҳуқуқ дошт, ки халқи Яҳуваро дар назди Суди Олии Иёлоти Муттаҳида ҳимоя кунад ва маротибаҳои зиёд ӯ инро кард.

БО АЗМИ ҚАВӢ БА ПЕШ!

Бародар Макмиллан ба хотир меорад: «Мо ду даст дар бағал карда, интизор шуда нишастанӣ набудем, ки кай Ҳазрат омада моро ба осмон мебарад. Мо дарк мекардем, ки барои бо азми  қавӣ пеш бурдани коре, ки Ҳазрат супоридааст, ягон чора бояд андешем».

Вале бародарон дар идораи марказӣ дарҳол наметавонистанд он кореро, ки тӯли солҳои зиёд карда мешуд, аз нав ба роҳ монанд. Зеро ҳангоми дар ҳабс будани бародарони масъул ҳамаи қолабҳои адабиётчопкунӣ несту нобуд карда шуда буданд. Ин бародаронро ғамгин мекард ва баъзеи онҳо гумон мекарданд, ки кори мавъиза шояд ба охир расидааст.

Оё одамон то ҳол ба хабари Подшоҳӣ, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас паҳн мекарданд, шавқ доштанд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан бародар Рутерфорд қарор дод, ки бо нутқи оммавие баромад мекунад. Ба он нутқ бародарон бояд одамонро даъват мекарданд. «Агар ҳеҷ кас ба ин вохӯрӣ наояд, мо аз ин мефаҳмем, ки кори мавъиза ба охир расидааст»,— гуфт бародар Макмиллан.

Эълон дар газета оиди нутқи бародар Рутерфорд «Умед барои инсонияти ситамдида» (Лос-Анҷелес, Калифорния, с.1919)

Ва инак, 4-уми майи с. 1919, рӯзи якшанбе бародар Рутерфорд нигоҳ накарда ба бемории ҷиддиаш бо нутқи «Умед барои инсонияти ситамдида» баромад кард. Ин нутқ дар шаҳри Лос-Анҷелес (Калифорния) баргузор гардид. Дар толор қариб 3500 шунаванда ҳузур дошт ва садҳо нафари дигар аз сабаби нарасидани ҷой гашта рафтанд. Рӯзи дигар ба он боз 1500 кас омад. Ин нишонаи он буд, ки то ҳол одамон ба хабари Подшоҳӣ шавқ доранд!

Коре, ки баъди ин бародарон карданд, ба мавъизаи умумиҷаҳоние, ки то имрӯз давом дорад, асос гузошт.

ТАЙЁРӢ БА ВАСЕЪ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТ

Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми августи с. 1919 эълон шуда буд, ки аввали моҳи сентябр дар Сидар-Пойнт (Оҳайё) анҷуман мегузарад. Бародари ҷавоне аз Миссури бо номи Клэренс Бити он вақтро ба хотир оварда гуфт: «Ҳар як кас фикр мекард, ки бояд ба он анҷуман равад». Беш аз 6000 бародару хоҳарон ба он анҷуман рафтанд, ки ин шумора аз гумони  бародарон хеле зиёд буд. Аз ҳама чизи хотирмони анҷуман ин буд, ки 200 кас дар наздикии кӯли Эри таъмид гирифт.

Муқоваи нашри аввалини маҷаллаи «Асри тиллоӣ», аз 1-уми октябри с. 1919

5-уми сентябри с. 1919, яъне дар рӯзи панҷуми анҷуман, бародар Рутерфорд дар нутқи худ, ки «Муроҷиат ба ҳамкорон» ном дошт, оиди баромадани маҷаллаи нави «Асри тиллоӣ» * эълон кард. Дар он маҷалла хабарҳои муҳими ҷаҳон оварда мешуд ва сипас дар асоси Навиштаҳо фаҳмонда мешуд, ки чаро чунин воқеаҳо рӯй дода истодаанд.

Ҳамаи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас даъват мешуданд, ки бо ин адабиёт далерона хизмат кунанд. Дар нома оиди ташкил кардани кори мавъиза чунин дастурот дода шуда буд: «Бигзор ҳар як масеҳии таъмидёфта дар хотир дорад, ки хизмат кардан ва ҳар як имкониятро истифода бурда дар кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ саҳм гузоштан шарафи бузург аст». Бисёриҳо ин даъватро қабул карда ба кори мавъиза бо ҷидду ҷаҳд камар бастанд! Моҳи декабри соли 1919 беш аз 50 000 нафар барои обуна шудан ба ин маҷаллаи нав дархост фиристоданд.

Бародарон дар Бруклин, Ню-Йорк дар назди мошини боркаше истодаанд, ки ба он маҷаллаи «Асри тиллоӣ» бор карда шудааст

Дар охири соли 1919 халқи Худо аз нав қувват гирифта дар кори мавъиза муттаҳид гашт. Илова бар ин, якчанд пешгӯйиҳои муҳим оиди рӯзҳои охир иҷро шуданд. Чуноне ки дар Малокӣ 3:1–4 пешгӯйӣ шуда буд, Худо халқи Худро тафтиш ва тоза кард ва аз асирии «Бобули бузург», яъне дини дурӯғ озод намуд. Ҳамчунин Исо «ғуломи бовариноку боандеша»-ро таъйин кард * (Ваҳй 18:2, 4; Мат. 24:45). Акнун Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас омода буданд, ки кореро, ки Яҳува ба онҳо супоридааст, иҷро кунанд.

^ сарх. 22 Соли 1937 ин маҷалла «Тасаллӣ» ном гирифт. Ва аз соли 1946 бошад, он «Бедор шавед!» ном дорад.

^ сарх. 24 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми июл, с. 2013 саҳ. 10–12, 21–23 ва «Бурҷи дидбонӣ» аз марти с. 2016 саҳ. 29–31 нигаред.