Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 41

Ҳангоми «мусибати бузург» содиқ монед

Ҳангоми «мусибати бузург» содиқ монед

«Худовандро дӯст доред, эй ҳамаи порсоёни Ӯ! Аминонро Худованд ҳифз менамояд» (ЗАБ. 30:24).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Ба наздикӣ роҳбарони ҷаҳон чиро эълон мекунанд? б) Кадом саволҳоро мо бояд дида бароем?

ТАСАВВУР кунед, ки навакак роҳбарони ҷаҳон «сулҳу амният»-ро эълон карданд, ки мо онро дер боз интизор будем. Онҳо шояд фахр кунанд, ки дар олам чунон тинҷиву амонӣ карданд, ки аз ин пеш набуд. Он роҳбарон ба мардум нишон додан мехоҳанд, ки тамоми вазъияти ҷаҳон зери назорати онҳост. Вале ба воқеае, ки баъди ин рӯй медиҳад, онҳо тамоман таъсир карда наметавонанд. Чаро? Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас ба сари онҳо ҳалокати ногаҳонӣ хоҳад омад, ки «ба ҳеҷ сурат наҷот нахоҳанд ёфт» (1 Тас. 5:3).

2 Мо бояд чунин саволҳои муҳимро дида бароем: «Дар давоми “мусибати бузург” чӣ рӯй медиҳад? Яҳува он вақт аз мо чиро интизор хоҳад буд? Ва чӣ тавр мо ҳоло худро тайёр кунем, то ҳангоми он мусибат содиқ монем?» (Мат. 24:21).

ДАР ДАВОМИ «МУСИБАТИ БУЗУРГ» ЧӢ РӮЙ МЕДИҲАД?

3. Мувофиқи Ваҳй 17:5, 15–18 чӣ тавр Худо «Бобули бузург»-ро нест мекунад?

3 Ваҳй 17:5, 15–18-ро хонед. «Бобули бузург» несту нобуд хоҳад шуд! Чуноне ки дар боло гуфтем, ба он воқеа роҳбарони ҷаҳон сабабгор нахоҳанд буд. Чаро? Чунки «Худо дар дили онҳо [хоҳад андохт], ки нияти Ӯро ба ҷо оранд». Нияти Худо ин аст, ки тамоми динҳои дурӯғ, аз он  ҷумла ҷаҳони масеҳият * нест гардад. Худо ин фикрро дар дили «даҳ шох»-и «ҳайвони ваҳшии сурхранг» меандозад. Даҳ шох тамоми қувваҳои сиёсиро тасвир мекунад, ки онҳо «ҳайвони ваҳшӣ», яъне Созмони Миллали Муттаҳидро дастгирӣ мекунанд (Ваҳй 17:3, 11–13; 18:8). Вақте он қувваҳои сиёсӣ ба динҳои дурӯғ ҳамла мекунанд, ин аломати саршавии мусибати бузург мешавад. Ин воқеаи ногаҳонӣ ва даҳшатнок ба ҳар як сокини рӯйи замин таъсир хоҳад кард.

4. а) Барои ба Бобули бузург ҳамла кардани роҳбарони сиёсӣ эҳтимол чӣ сабаб мешавад? б) Собиқ пайравони он динҳо эҳтимол чӣ кор мекунанд?

4 Мо намедонем, ки қувваҳои сиёсӣ ба Бобули бузург аз кадом сабаб ҳамла хоҳанд кард. Шояд онҳо гӯянд, ки динҳои ҷаҳон ба сулҳу амонӣ халал мерасонанд ва доимо ба корҳои сиёсӣ дахолат мекунанд. Ё шояд барои он ба динҳо ҳамла оварда мешавад, ки онҳо сарвату боигарии зиёд доранд (Ваҳй 18:3, 7). Чунин хулоса кардан бамантиқ аст, ки ҳангоми нестшавии Бобули бузург ҳар як пайрави дини дурӯғ нобуд намешавад, чунки сиёсатмадорон эҳтимол худи динҳоро нест мекунанд. Вақте он динҳо барҳам мехӯранд, собиқ пайравонаш мефаҳманд, ки то ин вақт пешвоёни дин онҳоро фиреб медодаанд, аз ин рӯ шояд пайрави он динҳо буданашонро инкор кунанд.

5. Яҳува дар бораи мусибати бузург чиро ваъда додааст ва чаро?

5 Китоби Муқаддас намегӯяд, ки нестшавии Бобули бузург чанд вақт давом мекунад, вале мо медонем, ки ин кор дар муддати нисбатан кӯтоҳ анҷом меёбад (Ваҳй 18:10, 21). Яҳува ваъда додааст, ки «ба хотири интихобкардагонаш Ӯ ин рӯзҳоро кӯтоҳ» мекунад ва ибодати пок боқӣ мемонад (Марқ. 13:19, 20). Вале дар давоми мусибати бузург то сар шудани ҷанги Ҳармаҷиддӯн Яҳува аз мо чиро интизор хоҳад буд?

 ДАР ИБОДАТИ ПОКИ ЯҲУВА БИМОНЕД!

6. Барои аз Бобули бузург худро дур гирифтан мо боз бояд чӣ кор кунем?

6 Чуноне ки дар мақолаи гузашта дидем, Яҳува аз ходимонаш интизор аст, ки худро аз Бобули бузург дур гиранд. Лекин барои ин фақат аз дини дурӯғ алоқаро кандан кифоя нест. Мо ҳамчунин бояд фаъолона ибодати поки Яҳуваро дастгирӣ кунем. Биёед, ду роҳи онро дида бароем.

Биёед ҳеҷ гоҳ, ҳатто дар вақтҳои душвор вохӯриҳои ҷамъомадро тарк накунем (Ба сархати 7 нигаред.) *

7. а) Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ба меъёрҳои ахлоқии Яҳува итоат мекунем? б) Мувофиқи Ибриён 10:24, 25 чаро барои ибодат ҷамъ шудан хеле муҳим аст, хусусан дар рӯзҳои мо?

7 Якум, мо бояд бо иродаи қавӣ меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро риоя кунем. Мо ҳеҷ гоҳ рафтори бадахлоқонаи ҷаҳонро набояд маъқул донем. Масалан, мо аз ҳар намуди бадахлоқии ҷинсӣ, аз он ҷумла издивоҷ байни шахсони ҳамҷинс ва одату рафторҳои ҳомосексуалистӣ нафрат мекунем (Мат. 19:4, 5; Рум. 1:26, 27). Дуюм, мо бояд пайваста бо ҳамимононамон барои ибодат ҷамъ оем. Ҷамъомад хоҳ дар ибодатгоҳ гузарад, хоҳ дар хонаҳои шахсӣ ё ягон ҷойи махфӣ мо онро тарк намекунем. Чизе ки рӯй надиҳад, мо асло барои ибодат ҷамъ омаданро бас намекунем. Дар асл, «наздик шудани» рӯзи Яҳуваро дида мо «инро боз ҳам бештар» мекунем. (Ибриён 10:24, 25-ро хонед.)

8. Чӣ тавр хабари мо дар оянда тағйир ёфта метавонад?

8 Дар давоми мусибати бузург мазмуни хабари мо эҳтимол тағйир меёбад. Имрӯз мо хушхабарро оиди Подшоҳии Худо ба одамон расонда кӯшиш мекунем, ки шогирд созем. Вале дар он вақт мо шояд хабари нохушеро, ки мисли жола сахт мерасад, эълон мекунем (Ваҳй 16:21). Эҳтимол мо ба одамон рӯйирост мегӯем, ки ҷаҳони Шайтон ба нобудшавӣ наздик аст. Оё мо он вақт низ ҳамон тарзҳоеро, ки садсолаҳо боз дар хизмат ба кор мебурдем, истифода хоҳем бурд ё тарзҳои дигарро? Мо ҳозир инро аниқ намедонем. Баъдтар оиди расондани он хабар ба мо дастуроти аниқ дода мешавад. Чизе ки набошад мо хабари доварии Яҳуваро он вақт далерона эълон хоҳем кард (Ҳиз. 2:3–5).

9. Хабари мо эҳтимол ба халқҳо чӣ хел таъсир мекунад ва мо аз чӣ дилпур буда метавонем?

9 Эҳтимоли зиёд аст, ки аз он хабари мо халқҳо ба ғазаб меоянд ва мекӯшанд даҳони моро ба таври ҳамешагӣ банданд. Чи хеле ки мо дар хизмат имрӯз ба дастгирии Яҳува такя мекунем, дар он вақт низ бояд ба Ӯ такя кунем. Мо дилпур буда метавонем, ки Худоямон моро аз қувват пур мекунад, то иродаашро ба ҷо орем (Мико 3:8).

БА ХАЛҚИ ХУДО ҲАМЛА МЕКУНАНД — ТАЙЁР БОШЕД

10. Чуноне ки дар Луқо 21:25–28 пешгӯйӣ шудааст, одамон ба чизҳое, ки дар давоми мусибати бузург рӯй медиҳанд, чӣ тавр муносибат хоҳанд кард?

10 Луқо 21:25–28-ро хонед. Дар давоми мусибати бузург одамон аз дидани ҳамаи он чизе ки рӯй медиҳад, ба даҳшат хоҳанд афтод. Онҳо мебинанд, ки чизҳое, ки ба он такя мекарданд — сиёсат, тиҷорат ва дигар сохторҳои ин ҷаҳон нест шуда истодаанд. Онҳо ба тарсу ҳарос меафтанд, ки ториктарин давра дар таърихи инсоният фаро расид ва акнун онҳо мемиранд (Саф. 1:14, 15). Дар он вақт ҳаёт мумкин боз ҳам душвортар мегардад, ҳатто барои хизматгорони Яҳува. Азбаски мо он вақт низ худро аз ҷаҳон дур мегирем, шояд аз баъзе мушкилиҳо азоб кашем. Эҳтимол мо ба чизҳои зарурии ҳаёт мӯҳтоҷ шавем.

11. а) Баъди нест шудани динҳои дурӯғ чаро Шоҳидони Яҳува дар маркази диққат хоҳанд буд? б) Чаро мо аз мусибати бузург набояд тарсем?

 11 Пас аз муддате одамоне, ки динҳояшон нест карда шуд, аз дидани он ки Шоҳидони Яҳува дар дини худ ибодат карданро давом медиҳанд, шояд хеле ба ғазаб оянд. Тасаввур кардан мумкин аст, ки ин чӣ шӯру ғавғоеро ба амал хоҳад овард, аз он ҷумла дар шабакаҳои интернетӣ ва телевизиону радио. Азбаски мо ягона дин дар дунё мемонем, Шайтон ва пайравони ӯ инро дида нафраташон ҷӯш мезанад. Роҳбарони ҷаҳон мебинанд, ки аз рӯйи замин ҳама динҳоро нест карда натавонистанд. Аз ин рӯ мо дар маркази диққаташон хоҳем буд. Он вақт халқҳо нақши Ҷуҷ аз замини Моҷуҷро иҷро мекунанд *. Онҳо бо ҳам иттифоқ баста бо тамоми қувват ба халқи Худо ҳамла хоҳанд кард (Ҳиз. 38:2, 14–16). Шояд мо имрӯз тарсу хавотирӣ ҳис кунем, зеро намедонем, ки он вақт бо мо айнан чӣ рӯй медиҳад. Лекин як чизро аниқ медонем, ки набояд аз мусибати бузург ба таҳлука афтем. Зеро Яҳува он вақт ба мо дастуроти наҷотбахш хоҳад дод (Заб. 33:20). Он гоҳ мо «сарҳои худро» мебардорем, чунки хоҳем донист, ки халосии мо «наздик аст» *.

12. Чӣ тавр «ғуломи бовариноку боандеша» моро барои воқеаҳое, ки дар оянда рӯй медиҳанд, тайёр мекунад?

12 Барои дар мусибати бузург содиқ мондан «ғуломи бовариноку боандеша» моро аз ҳозир тайёр мекунад (Мат. 24:45). Чӣ тавр? Масалан, оиди барномаи анҷуманҳое, ки аз соли 2016 то 2018 гузаштанд, фикр кунед. Онҳо хеле саривақтӣ буданд, зеро моро барангехтанд, то хислатҳоеро инкишоф диҳем, ки барои дар рӯзи Яҳува наҷот ёфтан кӯмак мекунанд. Биёед кӯтоҳак ин хислатҳоро дида бароем.

САДОҚАТМАНДӢ, ИСТОДАГАРӢ ВА ДАЛЕРИИ ХУДРО ИНКИШОФ ДИҲЕД

Барои дар «мусибати бузург» наҷот ёфтан аз ҳоло тайёрӣ бинед (Ба сархатҳои 13–16 нигаред.) *

13. Чӣ тавр мо метавонем садоқати худро ба Яҳува қавӣ гардонем ва чаро ин корро аз ҳозир кардан зарур аст?

13 Садоқатмандӣ. Мавзӯи анҷумани соли 2016 «Ба Яҳува содиқ монед!» буд. Ин барнома ба мо фаҳмонд, ки агар мо бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем мо ба Ӯ содиқ мемонем. Ба мо ёдрас карда шуд, ки дуоҳои самимӣ ва омӯзиши боғайратонаи Каломи Худо моро ба Яҳува наздик месозанд. Ин корҳо ба мо қувват мебахшанд, ки ҳатто ба душвориҳои сахттарин тоб оварда тавонем. Бо наздик шудани анҷоми тартиботи Шайтон мо мумкин бо озмоишҳои сахттар рӯ ба рӯ шавем, ки аз онҳо содиқии мо ба Худо ва Подшоҳиаш озмуда мешавад. Одамон минбаъд низ моро масхара карданро давом медиҳанд (2 Пет. 3:3, 4). Яке аз сабабҳои асосиаш дар он аст, ки мавқеи бетарафии мо торафт бештар озмуда мешавад. Барои ҳамин мо аз ҳоло бояд садоқатмандии худро қавӣ гардонем, то ҳангоми мусибати бузург содиқ монем.

14. a) Дар кори бародароне, ки дар замин роҳбариро бар ӯҳда доранд, чӣ тағйироте ба амал хоҳад омад? б) Чаро мо он вақт бояд содиқ монем?

14 Фурсате фаро мерасад, ки дар кори бародароне, ки дар замин роҳбариро ба ӯҳда доранд, тағйироте ба амал хоҳад омад. Дар давоми мусибати бузург ҳамаи тадҳиншудагони дар замин боқимонда ба осмон  гирифта хоҳанд шуд, то дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн иштирок кунанд (Мат. 24:31; Ваҳй 2:26, 27). Ин маънои онро дорад, ки Ҳайати роҳбарикунанда дигар бо мо дар рӯйи замин намешавад. Лекин бародарони қобилиятнок, ки аз ҷумлаи гӯсфандони дигаранд, дар байни «мардуми сершумор» роҳбариро бар ӯҳдаи худ мегиранд. Мо бояд содиқии худро ба Яҳува бо он нишон диҳем, ки он бародаронро дастгирӣ кунем ва аз рӯйи дастуроти онҳо амал намоем. Зеро наҷот ёфтани мо маҳз аз ҳамин вобаста аст.

15. Чӣ тавр мо истодагарӣ инкишоф дода метавонем ва чаро ин имрӯз муҳим аст?

15 Истодагарӣ. Мавзӯи анҷумани соли 2017 «Ноумед нашавед!» буд. Ин барнома ба мо кӯмак кард, ки ҳангоми озмоишҳо истодагарӣ карданро ёд гирем. Мо фаҳмидем, ки истодагарии мо аз беҳтар гаштани вазъу шароит не, балки аз такя кардан ба Яҳува вобаста аст (Рум. 12:12). Биёед ҳеҷ гоҳ суханони зерини Исоро фаромӯш накунем: «Ҳар кӣ то охир истодагарӣ кунад, наҷот меёбад» (Мат. 24:13). Яъне мо бо кадом душворие рӯ ба рӯ нашавем ҳам, бояд содиқ монем. Агар мо имрӯз дар ҳар гуна озмоиш истодагарӣ кунем, имони мо то сар шудани мусибати бузург бақувваттар мегардад.

16. Чӣ ба мо далерӣ мебахшад ва чӣ тавр ин хислатро ҳоло дар худ инкишоф диҳем?

16 Далерӣ. Мавзӯи анҷумани соли 2018 «Далер бошед!» буд. Нутқҳои он анҷуман ба мо хотиррасон карданд, ки далерии мо аз қобилиятҳои худамон вобаста нест. Чун дар мавриди истодагарӣ, барои далерии ҳақиқӣ доштан низ мо бояд ба Яҳува такя кунем. Чӣ тавр мо ба Яҳува бештар такя карданро ёд гирифта метавонем? Ба ин хониши ҳаррӯзаи Каломи Ӯ ва мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр Яҳува халқашро дар гузашта наҷот медод, кӯмак мекунад (Заб. 67:21; 2 Пет. 2:9). Вақте ки дар мусибати бузург халқҳо ба мо ҳамла меоранд, мо бояд матину далер бошем ва аз ҳарвақта дида бештар ба Яҳува такя кунем (Заб. 111:7, 8; Ибр. 13:6). Агар мо имрӯз ба Яҳува такя карданро ёд гирем, пас ҳангоми ҳамлаи Ҷуҷ ба тарс дода намешавем *.

 НАҶОТИ ХУДРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОР ШАВЕД

Исо бо лашкари осмонии худ ба наздикӣ дар Ҳармаҷиддӯн бо душманони Худо ҷанг хоҳад кард! (Ба мақолаи омӯзишии 41, сархати 17 нигаред.)

17. Чаро мо набояд аз Ҳармаҷиддӯн тарсем? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

17 Чи хеле ки дар мақолаи гузашта гуфтем, умри аксарияти мо дар айёми охирзамон гузашта истодааст. Вале мо умед дорем, ки аз мусибати бузург низ зинда хоҳем гузашт. Ҷанги Ҳармаҷиддӯн ба ҷаҳони Шайтон хотима мебахшад. Лекин мо набояд тарсем. Чаро? Чунки ин ҷанги Яҳува аст (Мас. 1:33; Ҳиз. 38:18–20; Зак. 14:3). Бо амри Яҳува Исои Масеҳ бо лашкари бузурги осмонӣ — тадҳиншудагони эҳёшуда ва миллиардҳо фариштагон муҳорибаро сар мекунанд. Онҳо якҷоя бар зидди Шайтон, девҳо ва одамони бадкор ҷанг хоҳанд кард (Дон. 12:1; Ваҳй 6:2; 17:14).

18. а) Яҳува чиро кафолат медиҳад? б) Мувофиқи Ваҳй 7:9, 13–17 чаро мо дилпур буда метавонем, ки наҷот меёбем?

18 Яҳува чунин кафолат медиҳад: «Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт» (Иш. 54:17). Хизматгорони содиқи Яҳува, ки мардуми сершумор мебошанд, «аз мусибати бузург» зинда мегузаранд. Сипас онҳо дар дунёи нав ба Ӯ хизмат карданро давом медиҳанд. (Ваҳй 7:9, 13–17-ро хонед.) Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки мо дар оянда, албатта, наҷот меёбем. Мо медонем, ки одамони содиқро «Худованд ҳифз менамояд» (Заб. 30:24). Ҳамаи онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд ва ҷалол медиҳанд, аз сафед гаштани номи муқаддаси Яҳува шодию хурсандӣ хоҳанд кард (Ҳиз. 38:23).

19. Чӣ гуна ҳаёти олиҷаноб моро дар оянда интизор аст?

19 Тасаввур кунед, ки дар дунёи нав одамон, ки зери таъсири Шайтон намешаванд, чӣ гуна хислатҳо хоҳанд дошт. Он гоҳ суханони 2 Тимотиюс 3:2–5 тамоман баръакс садо медиҳанд. (Ба чорчӯбаи  «Ахлоқи одамон дар дунёи нав» нигаред.) Бародар Ҷорҷ Гангас *, ки узви Ҳайати роҳбарикунанда буд, инро чунин тасвир кард: «Чӣ дунёе хоҳад буд вақте ҳар як кас бо ҳам бародару хоҳар мегардад! Ба наздикӣ шумо дар дунёи нав инро хоҳед дид. Он вақт шумо мисли Яҳува абадӣ зиндагӣ хоҳед кард». Ин ҳақиқатан ҳаётест, ки мо дар орзуяш ҳастем!

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

^ сарх. 5 Мо медонем, ки ба наздикӣ ба сари тамоми одамизод «мусибати бузург»-е меояд. Он ба хизматгорони Яҳува чӣ хел таъсир мекунад? Дар он вақт Яҳува аз мо чиро интизор мешавад? Аз ҳоло мо бояд дар худ кадом хислатҳоро инкишоф диҳем, то дар мусибати бузург ба Худо содиқ монем? Мақолаи мазкур ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад.

^ сарх. 3 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ҷаҳони масеҳият динҳоеро дар бар мегирад, ки худро масеҳӣ меноманду лекин Яҳуваро мувофиқи меъёрҳояш ибодат намекунанд.

^ сарх. 11 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО. Ибораи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ (шакли кӯтоҳаш Ҷуҷ) ба иттиҳоди халқҳое ишора мекунад, ки дар давоми мусибати бузург ба халқи Худо ҳамла мекунанд.

^ сарх. 11 Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи воқеаҳое, ки пеш аз Ҳармаҷиддӯн рӯй медиҳанд, ба китоби «Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад!» (рус.), боби 21 нигаред. Барои гирифтани маълумоти бештар оиди ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ва оиди он ки чӣ тавр Яҳува халқи Худро дар Ҳармаҷиддӯн муҳофизат мекунад, ба мақолаҳои зерин нигаред: w13 15.7, саҳ. 3–8; w15 15.7, саҳ. 14–19.

^ сарх. 16 Мавзӯи анҷумани соли 2019 «Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад!» мебошад. Он моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува аз рӯйи муҳаббаташ моро ҳамеша ҳимоя хоҳад кард (1 Қӯр. 13:8).

^ сарх. 19 Дар бораи бародар Ҷорҷ Гангас аз «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми декабри с. 1994 хонда метавонед.

^ сарх. 65 ШАРҲИ РАСМ: Дар давоми мусибати бузург гурӯҳи хурди Шоҳидон далерона дар ҷангал ҷамъомад мегузаронанд.

^ сарх. 67 ШАРҲИ РАСМ: Хизматгорони содиқи Яҳува, ки мардуми сершумор мебошанд, «аз мусибати бузург» зинда гузашта хушбахт хоҳанд буд.