Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Фикрронии шуморо кӣ шакл медиҳад?

Фикрронии шуморо кӣ шакл медиҳад?

«Худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед» (РУМ. 12:2).

СУРУДҲО: 11, 57

1, 2. а) Вақте Петрус ба Исо гуфт, ки ба худаш раҳм кунад, Исо чӣ ҷавоб дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Барои чӣ Исо чунин ҷавоб гардонд?

РАСУЛОН ба суханоне, ки Исо гуфт, бовариашон намеомад. Онҳо гумон доштанд, ки Исо подшоҳ шуда ҳокимияти Исроилро барқарор мекунад. Вале Исо ба онҳо гуфт, ки ба наздикӣ азоб кашида мемирад. Петрус ин суханонро шунида, чунин гуфт: «Ҳазрат ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр нахоҳад шуд». Исо бошад, ба ӯ ҷавоб дод: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо» (Мат. 16:21–23; Аъм. 1:6).

2 Исо бо ҷавоби худ фарқи байни фикрронии Худо ва фикрронии ҷаҳони Шайтонро нишон дод (1 Юҳ. 5:19). Дар суханони Петрус рӯҳияи худбинонаи ин ҷаҳон дида мешуд. Вале Исо дарк мекард, ки тарзи фикрронии Падараш дигар аст. Ӯ медонист, ки аз рӯйи иродаи Худо вай бояд ба марги пуразоб тайёр бошад. Аз суханони ба Петрус гуфтаи Исо равшан аст, ки Исо тарзи фикрронии ҷаҳонро пурра рад карда, нуқтаи назари Яҳуваро дастгирӣ мекард.

3. Чаро мисли Яҳува фикр кардан душвор асту ба фикрронии ин ҷаҳон дода шудан осон?

 3 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо мисли Яҳува фикр мекунем ё мисли одамони ин ҷаҳон? Албатта ҳар яки мо кӯшиш мекунем, ки рафторамон ба Худо писанд бошад. Вале дар бораи тарзи фикррониамон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо кӯшиш мекунем, ки тарзи фикрронии Яҳуваро дошта бошем, яъне ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Ӯ нигарем? Ин заҳмати зиёдро металабад. Аз худ кардани тарзи фикрронии ин ҷаҳон бошад, хеле осон аст. Чунки рӯҳи ҷаҳон ҳама ҷоро фаро гирифтааст (Эф. 2:2). Ғайр аз ин, одамони ин ҷаҳон моро бармеангезанд, ки пеш аз ҳама дар бораи хоҳишу манфиати худ фикр кунем ва ин барои мо хеле ҷалбкунанда буда метавонад. Бале, мисли Яҳува фикр кардан душвор аст, вале ба таъсири фикрронии ин ҷаҳон дода шудан осон аст.

4. а) Агар мо гузорем, ки ин ҷаҳон фикрронии моро шакл диҳад, оқибат чӣ мешавад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Агар мо эҳтиёт набошем, ин ҷаҳон фикрронии моро ба таври худ шакл дода, ба худбин будан ва рӯҳияи «ҳар чӣ хоҳам, ҳамонро мекунам» бармеангезад (Марқ. 7:21, 22). Барои ҳамин, хеле муҳим аст, ки «мисли Худо» фикр карданро ёд гирем, на «мисли одамизод». Дар ин кор мақолаи мазкур ба мо кӯмак мекунад. Мо мефаҳмем, ки ба тарзи фикрронии Худо пайравӣ кардан ба мо манфиат меорад, на ин ки озодии моро маҳдуд мекунад. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки бо кадом роҳ аз таъсири фикрронии ин ҷаҳон дурӣ ҷуста метавонем. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо нуқтаи назари Яҳуваро оиди баъзе масъалаҳо муҳокима мекунем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр фикрҳои худро ба фикрронии Ӯ мувофиқ гардонем

АЗ ХУД КАРДАНИ ФИКРРОНИИ ЯҲУВА БАР ФОИДАИ МОСТ

5. Чаро баъзеҳо намехоҳанд, ки дигарон ба фикри онҳо таъсир расонанд?

5 Баъзе одамон намехоҳанд, ки ягон кас ба фикри онҳо таъсир расонад ва мегӯянд: «Ман худам чӣ кор карданамро медонам». Ба онҳо маъқул аст, ки чӣ коре ки хоҳанд ҳамонро кунанд ва чунин рафторро дуруст меҳисобанд. Онҳо намехоҳанд, ки дигарон ба ҳаёташон дахолат кунанд ё маҷбур кунанд, ки мисли дигарон рафтор намоянд *.

6. а) Яҳува ба мо чӣ гуна озодӣ додааст? б) Оё ин озодӣ бемаҳдуд аст?

6 Мувофиқи фикри Яҳува амал кардан маънои онро надорад, ки мо ба доштани фикру ақидаи шахсӣ ҳақ надорем. Дар 2 Қӯринтиён 3:17 гуфта мешавад: «Ҳар ҷое, ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист». Яҳува ба мо озодӣ додааст ва мо худамон интихоб мекунем, ки чӣ гуна шахс шавем. Мо озодона метавонем чизи бароямон маъқулро интихоб кунем ва машғулияти дӯстдошта дошта бошем. Яҳува моро чунин офаридааст. Лекин озодии мо маҳдуд аст. (1 Петрус 2:16-ро хонед.) Дар мавриди чӣ неку чӣ бад буданаш, Яҳува мехоҳад, ки мо аз рӯйи нуқтаи назари Ӯ амал кунем. Тарзи фикрронии Ӯро мо аз Каломаш фаҳмида метавонем. Савол пайдо мешавад, ки оё аз рӯйи гуфти Яҳува амал кардан озодии моро аз ҳад маҳдуд мекунад ё ба мо манфиат меорад?

7, 8. Барои чӣ ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кардан озодии моро аз ҳад маҳдуд намекунад? Мисол оред.

7 Барои хубтар фаҳмидан мисоле меорем. Волидон кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашонро чун одамони хуб ба воя расонанд. Волидон ба онҳо ростқавлу меҳнатдӯст будан ва дар бораи дигарон ғамхорӣ карданро ёд медиҳанд. Ин озодии кӯдакро аз ҳад маҳдуд намекунад. Баръакс, ин тарбияи волидон ба фарзандон кӯмак мекунад, ки дар оянда хушбахт шаванд. Баъди калон шуда, хонаи волидонро тарк кардан, онҳо худашон роҳи зиндагиро интихоб мекунанд.  Агар онҳо мувофиқи таълиму тарбияи волидон амал кунанд, қарорҳои дуруст қабул мекунанд ва аз дарду ғами бисёр эмин мемонанд.

8 Яҳува чун волиди хуб мехоҳад, ки фарзандонаш хушу хурсандона умр ба сар баранд (Иш. 48:17, 18). Барои ҳамин, Ӯ принсипҳои асосиро таълим медиҳад, то мо ахлоқи нек дошта бошем ва бо дигарон хуб муносибат кунем. Ӯ моро даъват мекунад, ки доир ба ин масъалаҳо фикри Ӯро қабул кунем. Ин озодии моро аз ҳад маҳдуд намесозад. Баръакс, мисли Яҳува фикр кардан ба мо кӯмак мекунад, ки дар бобати ҳама чиз назари дуруст дошта бошем (Заб. 91:6; Мас. 2:1–5; Иш. 55:9). Ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки қарорҳои дуруст қабул кунем ва чун шахси озод ва солимфикр нашъунамо ёбем (Заб. 1:2, 3). Оре, агар мо мисли Яҳува фикр карданро ёд гирем, ин ба мо хушбахтӣ ва манфиати бисёр меорад.

ФИКРРОНИИ ЯҲУВА АЗ ФИКРРОНИИ ИНСОНӢ БАРТАРӢ ДОРАД

9, 10. Чӣ исбот мекунад, ки фикрронии Яҳува аз фикрронии одамони ин ҷаҳон бартарӣ дорад?

9 Мо боз барои он ба фикрронии Яҳува пайравӣ кардан мехоҳем, ки фикрҳои Ӯ аз фикрҳои ин ҷаҳон хеле бартарӣ доранд. Одамони ин ҷаҳон оиди ахлоқу рафтор, хушбахтии оила, роҳи пайдо кардани кори хуб ва дигар соҳаҳои ҳаёт маслиҳатҳои зиёд медиҳанд. Лекин аксари он маслиҳатҳо ба принсипҳои Яҳува зид мебошанд. Масалан, ин ҷаҳон бисёр вақт шахсро бармеангезад, ки асосан дар бораи манфиати худаш фикр кунад. Инчунин бисёриҳо бадахлоқии ҷинсиро раво меҳисобанд. Ба ҳамсароне, ки дар оила ягон проблемаи ночиз доранд, баъзеҳо маслиҳат медиҳанд, ки барои ёфтани бахти худ беҳтараш ҷудо шаванд ё аз якдигар алоҳида зиндагӣ кунанд. Чунин маслиҳатҳо зидди Навиштаҳо мебошанд. Вале шояд ягон кас фикр кунад, ки ин маслиҳатҳо ба замони имрӯза бештар мувофиқ меоянд. Биёед ин мавзӯъро муҳокима кунем.

10 Исо гуфт: «Бохирад будани одам аз корҳои дурусти ӯ маълум мегардад» (Мат. 11:19). Имрӯз ҷаҳон аз ҷиҳати технология хеле пеш рафтааст, вале ба ҳал кардани душвориҳои калон, ба монанди ҷанг, миллатчигӣ ва ҷинояткорӣ, ки пеши роҳи хушбахтиро мегиранд, қодир нест. Дар ҷаҳони Шайтон бадахлоқӣ низ як чизи раво ҳисоб меёбад. Лекин чи хеле ки бисёриҳо ба гардан мегиранд, он ба оилавайронӣ, ҳар гуна касалиҳо ва дигар нохушиҳо оварда мерасонад. Хизматгорони Худо бошанд, нуқтаи назари Яҳуваро қабул карда, аз рӯйи он зиндагӣ мекунанд. Ва оилаҳояшон аз хушбахтии бештар баҳраманданд, онҳо саломатии хубтар доранд ва бо ҳамимонони худ, ки дар тамоми рӯйи замин ҳастанд, дар сулҳу ягонагӣ мебошанд (Иш. 2:4; Аъм. 10:34, 35; 1 Қӯр. 6:9–11). Оё ин нишондиҳандаи он нест, ки фикрҳои Яҳува аз фикрронии ин ҷаҳон чандин дараҷа боло аст?

11. Мӯсоро кӣ роҳнамоӣ мекард ва натиҷаи он чӣ буд?

11 Хизматгорони замони пеш низ дарк мекарданд, ки нуқтаи назари Яҳува аз ҳама беҳтарин аст. Масалан, Мӯсо «тамоми хиради мисриёнро таълим» гирифта бошад ҳам, вай Яҳуваро сарчашмаи хиради ҳақиқӣ меҳисобид. Ӯ аз Худо «дили пурҳикмат» мепурсид (Аъм. 7:22; Заб. 89:12). Мӯсо ҳамчунин ба Яҳува илтиҷо мекард: «Роҳҳои Худро ба ман маълум намо» (Хур. 33:13). Мӯсо хост, ки ӯро Яҳува роҳнамоӣ кунад. Барои ҳамин, ӯ дар иҷрои нияти Яҳува нақши бузург бозид ва дар Навиштаҳо дар бораи имони барҷастаи ӯ зикр шудааст (Ибр. 11:24–27).

12. Павлуси расул ба фикрронии кӣ такя мекард?

12 Павлуси расул марди хеле донишманду босавод буд ва камаш ду забонро медонист (Аъм. 5:34; 21:37, 39; 22:2, 3). Лекин дар мавриди муайян кардани чӣ нек асту чӣ бад, ӯ ба хиради ҷаҳон неву ба Каломи Худо такя мекард. (Аъмол 17:2; 1 Қӯринтиён 2:6, 7, 13-ро хонед.) Дар натиҷа, Павлус чун хизматгори Худо  хеле муваффақ гашт ва мукофоти абадиро соҳиб шуд (2 Тим. 4:8).

13. Барои он ки фикрҳои худро ислоҳ карда, онҳоро ба фикрронии Худо мувофиқ гардонем, кӣ ӯҳдадор аст?

13 Равшан аст, ки фикрҳои Худо аз фикрронии ҷаҳони имрӯза хеле бартарӣ доранд. Барои ҳамин, агар мо аз рӯйи гуфти Яҳува зиндагӣ кунем, хушбахту комёб мешавем. Аммо на худи Яҳува, на «ғуломи бовариноку боандеша» ва на пирони ҷамъомад моро маҷбур намекунанд, ки нуқтаи назари Худоро қабул кунем (Мат. 24:45; 2 Қӯр. 1:24). Ҳар як масеҳӣ худаш бояд фикррониашро ислоҳ карда, мисли Худо фикр карданро ёд гирад. Мо инро чӣ тавр карда метавонем?

НАГУЗОРЕД, КИ ФИКРРОНИИ ШУМОРО ИН ҶАҲОН ШАКЛ ДИҲАД

14, 15. a) Барои мисли Яҳува фикр кардан, мо бояд оиди чӣ мулоҳиза ронем? б) Мувофиқи Румиён 12:2 чаро мо бояд ақидаҳои ҷаҳониро ба майнаи худ роҳ надиҳем? Мисол оред.

14 Дар Румиён 12:2 чунин гуфта шудааст: «Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед, то бифаҳмед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист». Ин суханони илҳомбахшида нишон медиҳанд, ки новобаста аз он ки мо то қабул кардани ҳақиқат чӣ гуна тарзи фикрронӣ доштем, мо метавонем онро ислоҳ карда, ба фикрронии Худо мувофиқ созем. Рост аст, ки ба тарзи фикрронии мо тарбияи дар хурдӣ гирифтаамон ва воқеаҳои пешинаи ҳаётамон ба дараҷае таъсир расондааст. Вале фикрронии инсон тағйир ёфта метавонад. Вобаста аз он ки мо ба майнаву ақли худ чиро роҳ медиҳем ва дар бораи чӣ мулоҳиза мекунем, фикрамон дигар мешавад. Барои ҳамин, агар мо дар бораи роҳҳои Яҳува бисёртар андеша кунем, мо боварӣ ҳосил мекунем, ки нуқтаи назари Ӯ ҳамеша дуруст аст. Он гоҳ мо хоҳиш пайдо мекунем, ки ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кунем.

15 Вале аҳамият диҳед, ки барои «ақли худро нав карда», онро ба фикрронии Яҳува мувофиқ сохтан, мо бояд «дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» насозем. Яъне мо набояд гузорем, ки фикру ақидаҳое, ки ба фикрҳои Худо зиданд, ба майнаи мо роҳ ёбанд. Барои ин мо бояд чизҳои ношоистаро тамошо накунем, нахонем ва гӯш накунем. Муҳим будани инро бо мисоли хӯрок фаҳмидан мумкин аст. Шахсе шояд барои беҳтар кардани саломатиаш қарор диҳад, ки маҳсулоти серғизо ва фоиданокро истеъмол мекунад. Вале чӣ мешавад, агар вай ҳамзамон чизҳои зарарнокро хӯрдан гирад? Он гоҳ кӯшишҳои вай ягон фоида намеоранд. Ба ин монанд, қабул кардани фикрҳои Яҳува ягон манфиат намеоранд, агар мо ақлу майнаи худро бо ақидаҳои ҷаҳонӣ нопок созем.

16. Мо бояд худро аз чӣ муҳофизат кунем?

16 Лекин, оё аз фикру ақидаҳои ин ҷаҳон пурра дар канор буда метавонем? Не, чунки мо аз ин ҷаҳон баромада рафта наметавонем (1 Қӯр. 5:9, 10). Масалан, дар хизмат, ҳангоми бо одамон сӯҳбат кардан, мо хоҳу нохоҳ ақидаҳои нодурустро мешунавем. Бале, мо аз фикррониву ақидаҳои нодуруст худро пурра ба канор гирифта наметавонем. Лекин мо бояд эҳтиёт шавем, то дар бораи онҳо фикр кардан нагирем ё онҳоро қабул накунем. Мисли Исо мо бояд дарҳол фикрҳое, ки аз Шайтон бармеоянд, рад кунем. Ҳамин тавр мо худро аз таъсири фикрронии нодурусти ин ҷаҳон муҳофизат мекунем. (Масалҳо 4:23-ро хонед.)

17. Чӣ тавр мо ақлу майнаи худро аз заҳролудшавӣ нигоҳ дошта метавонем?

17 Масалан, ҳангоми интихоби дӯстон мо бояд эҳтиёт шавем. Чуноне ки мегӯянд, «бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ». Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки агар мо бо шахсоне, ки Яҳуваро ибодат намекунанд, бисёр муошират кунем, тарзи  фикрронии онҳо ба мо таъсир мекунад (Мас. 13:20; 1 Қӯр. 15:12, 32, 33). Ба мо лозим аст, ки инчунин дар интихоби вақтхушиҳо эҳтиёткор бошем. Мо бояд намоиш ва китобҳоеро, ки назарияи эволютсия, зӯроварӣ, бадахлоқиро ташвиқ мекунанд, рад намоем. Он гоҳ мо намегузорем, ки майнаи мо аз чизҳое, ки «бар зидди дониши Худо» мебошанд, заҳролуд гардад (2 Қӯр. 10:5).

Оё мо ба фарзандони худ рад кардани вақтхушиҳои зарарнокро ёд медиҳем? (Ба сархатҳои 18 ва 19 нигаред.)

18, 19. a) Чаро дар мавриди ақидаҳое, ки ба таври ноаён паҳн мегарданд, бояд эҳтиёт бошем? б) Мо бояд ба худ чӣ гуна саволҳо диҳем ва чаро?

18 Фикру ақидаҳои ҷаҳонӣ баъзан ба таври ноаён талқин карда мешаванд. Масалан, баъзе барномаҳои ахборотӣ тавре пешкаш карда мешаванд, ки ин ё он ақидаи сиёсиро ноаён дастгирӣ мекунанд. Дар баъзе асарҳо ва филмҳо чунин ақида ташвиқ карда мешавад, ки шахс бояд беҳбудии худаш ё манфиати оилаашро аз ҳама боло монад. Лекин чунин нуқтаи назар бар гуфтаҳои Китоби Муқаддас зид аст. Дар он гуфта мешавад, ки мо ҳамон вақт дар ҳақиқат хушбахт мешавем, агар пеш аз ҳама Яҳуваро дӯст дорем (Мат. 22:36–39). Ҳамчунин, дар баъзе ҳикояву филмҳои тасвирӣ ва намоишҳои кӯдакона рафтори бадахлоқона ба таври ноаён талқин карда мешавад, ки он ба кӯдакон бетаъсир намемонад.

19 Ин маънои онро надорад, ки мо бояд аз ҳама намуди вақтхушиҳо даст кашем. Ба ҳар ҳол, хуб мебуд, ки ба худамон чунин саволҳо диҳем: «Оё дар ин вақтхушӣ ман ақида ва тарзи фикрронии ҷаҳонро пай мебарам, ҳарчанд он ба таври аён ба назар нарасад ҳам? Оё ман худам ва фарзандонамро аз таъсири баде, ки баъзе барномаҳои телевизионӣ ва китобҳо доранд, муҳофизат мекунам? Оё ман ба фарзандонам нуқтаи назари Яҳуваро мефаҳмонам, то онҳо ба чизҳои нодурусте, ки дар ин ҷаҳон мебинанду мешунаванд, бовар накунанд?» Агар мо фикрронии Худоро аз фикрронии ин ҷаҳон нағз фарқ карда тавонем, он гоҳ мо «худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» намесозем.

ФИКРРОНИИ ШУМОРО КӢ ШАКЛ МЕДИҲАД?

20. Шакл ёфтани тарзи фикрронии мо аз чӣ вобаста аст?

20 Мо бояд хуб дар ёд дорем, ки ду сарчашмаи маълумот вуҷуд дорад: якум — Яҳува ва дуюм — ҷаҳоне, ки зери таъсири Шайтон аст. Кадоме аз онҳо фикрронии моро шакл медиҳанд? Ҳамоне, ки мо аз он ақлу майнаи худро пур мекунем. Агар мо ақидаҳои ин ҷаҳонро қабул кунем, пас тарзи фикрронии моро ҷаҳон шакл медиҳад ва мо ба фикру рафтори худхоҳона дода мешавем. Барои ҳамин, мо бояд хеле эҳтиёт бошем, ки фикру ақидаҳои нопоки ин ҷаҳонро ба ақлу майнаи худ роҳ надиҳем ва оиди онҳо мулоҳиза накунем.

21. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

21 Дар ин мақола мо фаҳмидем, ки барои аз худ кардани тарзи фикрронии Яҳува, танҳо аз ақидаҳои нодуруст дурӣ ҷустан кофӣ нест. Инчунин мо бояд ақлу майнаи худро бо фикрҳои Яҳува пур кунем, то фикрронии мо ҳар чи бештар ба фикрронии Ӯ монанд гардад. Дар мақолаи навбатӣ мо васеътар дида мебароем, ки чӣ тавр фикрронии ба Яҳува маъқулро инкишоф дода метавонем.

^ сарх. 5 Дар асл, ҳатто одамоне, ки ҳамеша аз рӯйи фикри худашон амал мекунанд, аз таъсири дигарон эмин нестанд. Масалан, дар мавзӯи чӣ гуна пайдо шудани ҳаёт ё дар мавриди либоспӯшӣ, хоҳу нохоҳ ақидаи дигарон ба кас таъсир мерасонад. Лекин худи мо интихоб мекунем, ки ба мо кӣ таъсир расонад.