Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ кунед

Тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ кунед

«Ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (РУМ. 12:2).

СУРУДҲО: 34, 43

1, 2. Торафт рӯҳан ба камол расида, мо чиро ёд мегирем? Мисол оред.

ТАСАВВУР кунед, ки касе ба кӯдаки хурдсол тӯҳфае медиҳад. Волидонаш инро дида, ба ӯ мегӯянд: «Канӣ, раҳмат гӯй!» Кӯдак гуфти волидонро иҷро мекунад, вале мазмуни «раҳмат»-ро нағз намефаҳмад. Лекин калонтар шуда, вай дарк мекунад, ки барои чӣ волидонаш изҳори миннатдориро муҳим мешуморанд ва чаро некии дигаронро қадр кардан лозим аст. Ва акнун вай аз таҳти дил «раҳмат» мегӯяд. Чунки ҳоло вай худаш инро муҳим меҳисобад.

Вақте ки мо нав ҳақиқатро қабул кардем, чизи ба ин монанде рӯй дода буд. Мо бо талаботи асосии Яҳува шинос шудем ва фаҳмидем, ки ба онҳо бояд итоат кунем. Вале торафт аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба камол расида, мо тарзи фикрронии Яҳуваро хубтар ёд мегирем. Масалан, мо мефаҳмем, ки Ӯ чиро дӯст медорад, аз чӣ нафрат дорад ва оиди масъалаҳои гуногун нуқтаи назари Ӯ чӣ гуна аст. Бо мурури вақт мо низ мисли Яҳува фикр карданро ёд гирифта, метавонем дар асоси нуқтаи назари Ӯ қарор барорем ва рафтор кунем.

3. Чаро баъзан аз худ кардани фикрронии Яҳува ба мо осон нест?

3 Аз худ кардани тарзи фикрронии Яҳува бешубҳа хурсандиовар аст, лекин он осон нест. Баъзан нокомилии мо ба ин халал мерасонад. Масалан, мо медонем, ки Яҳува ба бадахлоқии ҷинсӣ, чизпарастӣ, истифодаи нодурусти хун ва дигар масъалаҳо чӣ гуна менигарад.  Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки оиди кори мавъиза Ӯ чӣ гуна нуқтаи назар дорад. Вале баъзан шояд намефаҳмем, ки чаро Худо ба ин чизҳо чунин муносибат дорад. Пас, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки тарзи фикрронии ба Яҳува писандро инкишоф диҳем? Ва чӣ тавр ин ба қарорҳои имрӯза ва минбаъдаи мо таъсир мекунад?

ЧӢ ТАВР ФИКРРОНИИ БА ХУДО ПИСАНДРО ИНКИШОФ ДИҲЕМ?

4. Барои нав кардани тарзи фикрронии худ мо бояд чӣ кор кунем?

4 Румиён 12:2-ро хонед. Дар ин оят Павлуси расул мефаҳмонад, ки барои фикрронии Яҳуваро аз худ кардан мо бояд чӣ кор кунем. Чуноне ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, барои «бо одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» нашудан, мо бояд рӯҳия ва нуқтаи назари ин ҷаҳонро рад кунем. Вале Павлус инчунин қайд кард, ки «ақли худро нав» кардан лозим аст. Барои ин, мо бояд Каломи Худоро омӯзем, фикрҳои Ӯро фаҳмем, дар бораи онҳо мулоҳиза ронем ва ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Ӯ нигоҳ карданро ёд гирем.

5. Фаҳмонед, ки рӯякӣ хондан аз омӯзиш кардан чӣ фарқ дорад.

5 Омӯзиши шахсӣ ин рӯякӣ хонда баромадани маълумот ва танҳо ба зери ҷавобҳо хат кашидан нест. Вақте ки мо омӯзиш мекунем, бояд оиди он фикр кунем, ки аз ин мавод дар бораи Яҳува, тарзи амал ва фикрронии Ӯ чиро фаҳмидем. Мо бояд фаҳмем, ки чаро Яҳува иҷрои ин ё он корро аз мо талаб менамояд ва баъзе корҳоро манъ мекунад. Инчунин дар рафти омӯзиш хуб мебуд, то мулоҳиза кунем, ки фикру рафторамонро бояд аз кадом ҷиҳат ислоҳ кунем. Шояд дар ҳар як омӯзиш мо вақт надорем, ки оиди ҳамаи ин чизҳо мулоҳиза ронем. Лекин муфид мебуд, ки дар ҳар омӯзиш нисфи вақтро барои мулоҳиза оиди чизҳои хондаамон, сарф кунем (Заб. 118:97; 1 Тим. 4:15).

6. Вақте ки мо дар бораи фикрҳои Яҳува мулоҳиза меронем, чӣ рӯй медиҳад?

Вақте ки мо мунтазам дар бораи гуфтаҳои Каломи Худо мулоҳиза меронем, чизи аҷоибе рӯй медиҳад. Мо дилпур мешавем, ки нуқтаи назари Худо беҳтарин аст ва комилан дуруст мебошад. Оҳиста-оҳиста худи мо ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ карданро ёд мегирем. Мо «ақли худро нав» мекунем, яъне тарзи фикрронии навро ёд мегирем. Оқибат мо фикрҳои Яҳуваро аз худ менамоем.

ФИКРҲОИ МО БА РАФТОРАМОН ТАЪСИР МЕКУНАНД

7, 8. a) Нуқтаи назари Яҳува ба чизҳои моддӣ чӣ гуна аст? (Ба расмҳои аввали мақола нигаред.) б) Мувофиқи нуқтаи назари Яҳува, мо чиро бояд дар ҳаётамон дар ҷойи аввал гузорем?

7 Фикрҳоямон на танҳо ба ҳиссиёт, балки ба рафтори мо низ таъсир мекунанд (Марқ. 7:21–23; Яъқ. 2:17). Барои хубтар фаҳмидани ин, якчанд мисол меорем. Яке аз мисолҳо бо таваллуди Исо алоқаманд аст. Аз ин нақл мо равшан мефаҳмем, ки нуқтаи назари Яҳува ба чизҳои моддӣ чӣ гуна аст. Ҳарчанд Юсуф ва Марям одамони бой ва серпул набуданд, Худо шахсан онҳоро интихоб кард, ки Писарашро ба воя расонанд (Ибд. 12:8; Луқ. 2:24). Вақте ки Исо таваллуд шуд, Марям «ӯро парпеч карда, дар охур гузошт, чунки дар мусофирхона барояшон ҷое ёфт нашуд» (Луқ. 2:7). Агар Яҳува мехост, Ӯ барои таваллудшавии Писараш ба осонӣ шароит ва ҷойи беҳтаре фароҳам оварда метавонист. Вале барои Яҳува ин чиз аҳамияти калон надошт. Барои Ӯ аз ҳама муҳимаш он буд, ки Писараш дар оилаи одамони худотарс ба воя расад.

8 Аз нақл оиди таваллуди Исо мо нуқтаи назари Яҳуваро оиди чизҳои моддӣ мефаҳмем. Баъзе волидон баҳри он талош мекунанд, ки фарзандонашон аз ҷиҳати моддӣ чизҳои беҳтаринро дошта бошанд. Вале дар бораи саломатии рӯҳонии фарзандонашон бошад, он қадар ғам намехӯранд. Аммо равшан аст, ки Яҳува чизҳои рӯҳониро аз ҳама муҳим мешуморад. Оё шумо дар бобати чизҳои моддӣ нуқтаи назари  Яҳуваро қабул кардаед? Рафтори шумо чиро нишон медиҳад? (Ибриён 13:5-ро хонед.)

9, 10. Чӣ кор кунем, то мувофиқи фикрронии Яҳува амал карда, ба касе санги монеа нагардем?

9 Мисоли навбатиро дида мебароем. Вақте мо бо ягон рафторамон ба дигарон санги монеа мешавем, Яҳува ба ин чӣ гуна менигарад? Исо гуфт: «Ҳар кӣ ба пешпо хӯрдани яке аз ин хурдон, ки ба ман имон доранд, сабаб гардад, барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро ба баҳр партоянд» (Марқ. 9:42). Бале, ба дигарон санги монеа шуданро Исо хатои хеле ҷиддӣ меҳисобад. Ва мо медонем, ки Исо айнан мисли Падараш ҳиссиёт дорад. Пас, вақте ки ягон кас бо рафтори худ ба ягон пайрави Исо монеа мешавад, Яҳува ҳам инро хатои ҷиддӣ меҳисобад (Юҳ. 14:9).

10 Оё мо низ ба ин масъала мисли Яҳува ва Исо менигарем? Рафтори мо аз чӣ шаҳодат медиҳад? Фарз мекунем, ягон дӯхти либос ё ороиши рӯю мӯй ба мо маъқул аст. Лекин чунин либоспӯшиву ородиҳии мо шояд ягон аъзои ҷамъомадро дар ҳолати ногувор гузорад ё дар дили касе хоҳишҳои нодуруст пайдо кунонад. Агар мо бародарону хоҳаронро дӯст дорем ва дар бораи беҳбудии онҳо фикр кунем, кӯшиш мекунем, ки ба онҳо санги монеа нашавем (1 Тим. 2:9, 10).

11, 12. Агар мо фикрронии Яҳуваро аз худ кунем ва худдориро инкишоф диҳем, ин ба мо дар чӣ кӯмак мекунад?

11 Мисоли сеюм дар бораи он аст, ки Яҳува аз ноинсофӣ ва рафтори бад нафрат дорад (Иш. 61:8). Албатта Ӯ медонад, ки мо нокомил ҳастем ва баъзан ба мо дуруст рафтор кардан душвор аст. Ба ҳар ҳол, Яҳува мехоҳад, ки мо мисли Ӯ аз бадӣ нафрат дошта бошем. (Забур 96:10-ро хонед.) Мо бояд мулоҳиза ронем, ки барои чӣ Яҳува аз рафтори бад нафрат дорад. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки нуқтаи назари Ӯро қабул кунем ва ба рафторе, ки Ӯ бад мебинад, даст назанем.

12 Баъзе рафтору амалҳое ҳастанд, ки дар Китоби Муқаддас оиди онҳо чизе гуфта нашудааст. Вале, агар мо нуқтаи назари Яҳуваро оиди бадкорӣ нағз донем, ба мо дарк кардан осон мегардад, ки кадом корҳо нодурустанд. Масалан, як намуди рақси бешармона вуҷуд дорад, ки он дар ҷаҳони имрӯза торафт паҳн шуда истодааст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки чунин рақс алоқаи ҷинсӣ ҳисоб намеёбад, барои ҳамин онҳо онро раво меҳисобанд *. Лекин, оё чунин фикрронӣ бо нуқтаи назари Худо, ки аз ҳар намуди бадкорӣ нафрат дорад, мувофиқат мекунад? Албатта не. Биёед худдорӣ инкишоф диҳем ва мисли Яҳува аз бадӣ нафрат кунем. Он гоҳ мо метавонем аз ҳар намуди бадӣ дурӣ ҷӯем (Рум. 12:9).

АЗ ҲОЗИР ФИКР КУНЕД, КИ ДАР ОЯНДА ЧӢ ГУНА АМАЛ МЕКУНЕД

13. Чаро оиди нуқтаи назари Яҳува мо бояд пешакӣ фикр кунем ва ин ба қарорҳои минбаъдаи мо чӣ гуна таъсир мекунад?

13 Ҳангоми гузаронидани омӯзиши шахсӣ, хуб мебуд, то мулоҳиза ронем, ки нуқтаи назари Яҳува оиди ин ё он масъала чӣ гуна аст. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки минбаъд қарорҳои оқилона қабул кунем. Баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамон замон қарор қабул кардан лозим аст. Барои ҳамин, агар мо пешакӣ фикр карда бошем, ки дар ин ё он вазъият чӣ гуна амал мекунем, он гоҳ ба мо дуруст рафтор кардан осон мегардад (Мас. 22:3). Биёед аз Китоби Муқаддас баъзе мисолҳоро дида бароем.

14. Аз ҷавобе, ки Юсуф ба зани Фӯтифар дод, мо чӣ дарс мегирем?

14 Вақте ки зани Фӯтифар Юсуфро васваса кард, Юсуф пешниҳоди бадахлоқонаи ӯро даррав рад кард. Ин нишон медиҳад, ки ӯ пешакӣ  дар бораи нуқтаи назари Яҳува оиди садоқати ҳамсарӣ фикр карда буд. (Ҳастӣ 39:8, 9-ро хонед.) Юсуф ба зани Фӯтифар чунин гуфт: «Чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?» Ин суханони Юсуф нишон медиҳанд, ки ӯ тарзи фикрронии Худоро аз худ карда буд. Лекин дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Фарз мекунем, ки ягон ҳамкоратон ба шумо таваҷҷӯҳи ношоиста мекунад, ё ба телефонатон СМС ва суратҳои бешармона мефиристад *. Агар мо пешакӣ дар ин бора нуқтаи назари Яҳуваро фаҳмида, дар асоси он аллакай қарор бароварда бошем, ки чӣ гуна рафтор мекунем, он гоҳ ба Яҳува содиқ монданамон осонтар мешавад.

15. Чӣ тавр мо мисли се ҷавони ибрӣ ба Яҳува содиқ монда метавонем?

15 Ҳоло мисоли се ҷавони ибрӣ — Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро дида мебароем. Шоҳ Набукаднесар ба онҳо амр дод, ки ба ҳайкали тиллоие, ки вай сохта буд, саҷда кунанд, лекин онҳо инро қатъиян рад карданд. Ҷавобашон нишон медиҳад, ки онҳо пешакӣ мулоҳиза карда буданд, ки барои ба Яҳува содиқ мондан бояд чӣ гуна рафтор кунанд (Хур. 20:4, 5; Дон. 3:4–6, 12, 16–18). Фарз мекунем, ҳамкоронатон ба муносибати ягон иди бо дини дурӯғ алоқаманд пул ҷамъ мекунанд ва сардоратон аз шумо низ талаб мекунад, ки қатори дигарон пул диҳед. Дар ин ҳолат шумо чӣ кор мекардед? Хуб мебуд, ки мо аз ҳозир фикр кунем, ки Яҳува ба ин масъала чӣ гуна менигарад. Сипас, дар сурати рӯй додани чунин вазъиятҳо чун се ҷавони ибрӣ ба шумо ҳам дуруст ҷавоб додан ва дуруст рафтор кардан осонтар мегардад.

Оё шумо тадқиқот гузарондед, ваколатномаи тиббиро пур кардед ва бо духтуратон сӯҳбат намудед? (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Аниқ донистани нуқтаи назари Яҳува чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳолатҳои таъҷилӣ тайёр шавем?

16 Пешакӣ оиди нуқтаи назари Яҳува фикр кардан ба мо инчунин кӯмак мекунад, то дар ҳолатҳое, ки ба ёрии тиббии таъҷилӣ мӯҳтоҷ мешавем, содиқ монем. Албатта мо аз гузаронидани хуни холис ва чор қисми асосии он қатъиян даст мекашем (Аъм. 15:28, 29). Аммо баъзе амалиёти тиббӣ бо истифодаи хун алоқаманданд, ки оиди онҳо ҳар як шахс худаш бояд дар асоси принсипҳои Китоби Муқаддас қарор барорад. Кай мо бояд чунин қарорро қабул кунем? Оё баъди дар беморхона бистарӣ шудан? Албатта не, чунки вақте ҷони мо дард мекунад ва духтурон барои тез қарор кардан фишор меоранд, мо қарори нодуруст бароварда  метавонем. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки пешакӣ оиди чунин масъалаҳо тадқиқот гузаронед ва ваколатномаи тиббиро, ки қарори шуморо равшан нишон медиҳад, пур кунед ва бо духтури худ сӯҳбат намоед *.

17–19. Чаро нуқтаи назари Худоро оиди масъалаҳои гуногун аз ҳозир фаҳмидан лозим аст? Мисол оред, ки ба кадом вазъиятҳо пешакӣ тайёр шудан хуб мебуд.

17 Дар охир, биёед ба ёд орем, ки Исо ба маслиҳати бехирадонаи Петрус, ки «Ҳазрат, ба худат раҳм кун» гуфта буд, чӣ гуна ҷавоб дод. Аз афташ Исо аллакай пештар дар бораи он ки Худо аз вай чиро интизор аст ва оиди пешгӯйиҳое, ки бо ҳаёт ва марги ӯ алоқаманд буданд, бисёр фикру мулоҳиза мекард. Ин ба ӯ ёрдам кард, ки бедудилагӣ ба Яҳува содиқ монад ва ҳаёташро барои мо қурбон кунад. (Матто 16:21–23-ро хонед.)

18 Имрӯз иродаи Худо ин аст, ки мо бо Ӯ дӯстии наздик инкишоф диҳем ва дар кори мавъизаи хушхабар боғайратона иштирок кунем (Мат. 6:33; 28:19, 20; Яъқ. 4:8). Вале чуноне ки Петрус Исоро аз иҷрои иродаи Худо боздоштанӣ шуд, моро низ шояд баъзеҳо бо ниятҳои хуб аз хизмати Худо боздоштанӣ шаванд. Масалан, чунин шуданаш мумкин аст, ки сардори корхонаатон ба шумо вазифаи сердаромадро пешкаш мекунад, вале агар шумо ба он розӣ шавед барои корҳои рӯҳонӣ вақтатон камтар мемонад. Ё агар шумо мактабхон бошед, шояд муаллимон ба шумо пешниҳод кунанд, ки дар давлати хориҷа таҳсил карда, маълумоти иловагӣ гиред. Оё дар он лаҳза шумо чӣ кор карданатонро медонед? То рӯй додани чунин ҳолатҳо интизор шуда нашинед, балки пешакӣ дар ин бора дуо гӯед, таҳқиқот гузаронед, бо аъзоёни оила ва пирон маслиҳат кунед. Ин корҳо ба шумо кӯмак мекунанд, ки аллакай ҳозир нуқтаи назари Яҳуваро оиди чунин масъалаҳо фаҳмед ва фикрронии ӯро аз худ намоед. Ва минбаъд, агар касе ба шумо чунин пешниҳодҳо кунад, ба осонӣ қарори дуруст қабул карда метавонед. Агар шумо пешакӣ қарор дода бошед, ки дар ҳаёт хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонед, он гоҳ чӣ кор карданатонро аниқ медонед.

19 Шояд боз дигар вазъиятҳое ҳастанд, ки ногаҳон рӯй дода, садоқатмандии моро озмоянд. Албатта, ба ҳар як вазъият пешакӣ тайёр шуда наметавонем. Вале агар мо дар рафти омӯзиши шахсӣ вақт ҷудо карда, дар бораи тарзи фикрронии Яҳува мулоҳиза ронем, эҳтимоли зиёд аст, ки дар вақти даркорӣ чизҳои фаҳмидаамонро ба ёд меорем ва дар ҳар гуна вазъият қарори дуруст қабул мекунем. Пас, биёед дар вақти омӯзиш нуқтаи назари Яҳуваро оиди ин ё он масъала аниқ намоем ва фикрронии Ӯро аз худ кунем. Ва пешакӣ фикр кунем, ки нуқтаи назари Худо ба қарорҳои имрӯза ва минбаъдаи мо чӣ тавр бояд таъсир кунад.

ФИКРҲОИ ЯҲУВА ВА ОЯНДАИ ШУМО

20, 21. a) Дар дунёи нав моро чӣ интизор аст? б) Чӣ кор кунем, то аллакай ҳозир ба андозае аз ҳаёт хурсандӣ гирем?

20 Мо дунёи навро бесаброна интизорем. Аксарияти хизматгорони Яҳува умед доранд, ки дар биҳишти рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ мекунанд. Тамоми инсоният зери ҳукмронии Подшоҳии Худо аз ҳамаи дарду азоби дунёи Шайтон озод хоҳанд шуд. Бешубҳа дар дунёи нав низ мо аз иродаи озод баҳра мебарем ва ҳар кас аз рӯйи майлу хоҳиши худ амал хоҳад кард.

21 Албатта ин маънои онро надорад, ки озодии мо бемаҳдуд мешавад. Дар интихоби некиву бадӣ одамони ҳалим аз рӯйи қонуну фикрронии Яҳува амал мекунанд. Ва ин ба онҳо хурсандии бепоён ва осоиштагии фаровон хоҳад овард (Заб. 36:11). Тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ намуда, аллакай ҳозир мо метавонем ба андозае аз чунин хурсандӣ баҳраманд бошем.

^ сарх. 12 Ин рақсро «рақс дар зону» меноманд, ки одатан дар тарабхона шахси рақскунанда бо тани нимбараҳна дар зонуи яке аз мизоҷон нишаста ҳаракатҳои шаҳватангез мекунад. Вобаста аз он ки дар асл чӣ рӯй дода буд, ин амал метавонад бадахлоқии ҷинсӣ ҳисобида шавад. Он гоҳ аз пирон талаб карда мешавад, ки кумитаи ҳуқуқӣ ташкил карда, онро дида бароянд. Масеҳие, ки дар чунин рақс иштирок кардааст, бояд аз пирон кӯмак пурсад (Яъқ. 5:14, 15).

^ сарх. 14 Ба воситаи телефон фиристодани паём, сурат ё видеоҳои бадахлоқона «секстинг» номида мешавад. Вобаста аз вазъият ин кор дар кумитаи ҳуқуқӣ дида баромада мешавад. Дар баъзе мавридҳо ҷавонони ноболиғе, ки бо секстинг машғул мешаванд, ҳамчун ҷинояткор аз тарафи давлат ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба сайти jw.org дароед ва мақолаҳои зеринро хонед: «Саволҳои ҷавонон — Дар бораи секстинг ман чиро бояд донам?» (рус.), (БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ПОДРОСТКИ) ё «Бо фарзанди наврас дар бораи секстинг чӣ тавр сӯҳбат кардан мумкин аст?» аз «Бедор шавед!», ноябри с. 2013 (рус.), саҳ. 4, 5.

^ сарх. 16 Дар адабиётҳои мо принсипҳои ба ин мавзӯъ дахлдоштаи Китоби Муқаддас муҳокима карда шудаанд. Масалан, шумо метавонед ба китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», саҳ. 215–218 нигаред.