Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Ростиро бихар ва онро нафурӯш»

«Ростиро бихар ва онро нафурӯш»

«Ростиро бихар ва онро нафурӯш; ҳикмат, хулқу адаб ва хирадро низ» (МАС. 23:23).

СУРУДҲО: 37, 143

1, 2. а) Кадом чиз барои мо аз ҳама пурқимат аст? б) Дониш оиди кадом чизҳо барои мо ганҷ ҳисоб меёбад ва чаро? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

КАДОМ чиз барои шумо аз ҳама қиматбаҳо аст? Оё шумо онро ба ягон чизи дигар иваз мекардед? Барои мо — хизматгорони Яҳува чизи аз ҳама пурарзиш муносибат бо Худо аст ва мо онро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем. Мо ҳамчунин «ростӣ», яъне ҳақиқати Китоби Муқаддасро қадр мекунем, зеро маҳз бо ёрии он мо бо Падари осмониамон наздик шудем (Қӯл. 1:9, 10).

2 Танҳо тасаввур кунед, ки Яҳува чун Омӯзгори Бузург кадом ҳақиқатҳои бебаҳоро ба мо таълим медиҳад. Масалан, Ӯ ба мо номи пурмазмуни худ ва хислатҳои олиҷанобашро ошкор кардааст. Ӯ боварӣ мебахшад, ки моро беандоза дӯст медорад, барои ҳамин Писари азизаш — Исоро баҳри мо қурбон кардааст. Бо ёрдами Яҳува боз мо дар бораи Подшоҳии Худо, ки зери роҳбарии Масеҳ ҳукмронӣ мекунад, фаҳмидем. Худо умед додааст, ки тадҳиншудагон дар осмон ва «гӯсфандони дигар» бошанд, дар биҳишти замини зиндагӣ хоҳанд кард (Юҳ. 10:16). Инчунин Ӯ ба мо  таълим медиҳад, ки чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст. Ҳамаи ин чизҳо дар ҳақиқат ганҷҳои бебаҳоянд, чунки онҳо моро ба Офаридгорамон наздик карда, ҳаётамонро пурмазмун гардондаанд.

3. Оё Яҳува барои ҳақиқат аз мо пул талаб мекунад?

3 Яҳува Худои саховатманд аст. Ӯ аз ҷӯяндагони ҳақиқат чизҳои хубро дареғ намедорад. Ӯ ҳатто Писари азизашро бо омодагӣ барои мо қурбон кард. Худо ҳеҷ гоҳ барои ҳақиқат аз мо пул талаб намекунад. Боре Шимъӯн ном марде ба Петруси расул пул пешниҳод кард, то ӯ ҳам барои додани рӯҳи муқаддас қудрат пайдо кунад. Петрус бошад, ӯро сарзаниш карда гуфт: «Бигзор пулат бо ту несту нобуд шавад, зеро ту гумон кардӣ, ки метавонӣ бо пул атои Худоро ба даст орӣ» (Аъм. 8:18–20). Пас, ба кадом маъно мо бояд «ростӣ»-ро, яъне ҳақиқатро бихарем?

ҲАҚИҚАТРО ХАРИДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

4. Дар ин мақола мо дар бораи ҳақиқат чиро мефаҳмем?

4 Масалҳо 23:23-ро хонед. Чи хеле ки мегӯянд, «нобурда ранҷ ганҷ ба даст намеояд». Ба ин монанд, ба даст овардани ҳақиқати Каломи Худо низ саъю кӯшиш металабад. Мо бояд баҳри он ба ҳар гуна қурбонӣ тайёр бошем. Баъди «харидани» ҳақиқат, мо бояд эҳтиёт бошем, ки онро гашта «нафурӯшем» ё гум накунем. Биёед ҳоло дида бароем, ки «харидани» ҳақиқат чӣ маъно дорад ва нархи он ба чӣ баробар аст. Ҷавоб ба ин саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳақиқатро боз ҳам бештар қадр кунем ва ҳеҷ гоҳ аз роҳи ҳақиқат наравем. Инчунин мо мефаҳмем, ки ҳақиқати Китоби Муқаддас ба ҳар гуна қурбониҳо меарзад.

5, 6. а) Чӣ тавр мо метавонем ҳақиқатро бепул харем? Мисол оред. б) Ҳақиқат ба мо чӣ манфиат меорад?

5 Ҳатто барои ба даст овардани ягон чизи бепул мо бояд чизеро сарф кунем. Калимаи иброние, ки дар Масалҳо 23:23 «бихар» тарҷума шудааст, инчунин маънои «ба даст овардан»-ро дорад. Маънои ҳар дуи онҳо як аст — яъне шахс барои ба ягон чизи арзишнок соҳиб шудан бояд кӯшиш ба харҷ диҳад ё чизеро сарф кунад. Чӣ тавр мо ҳақиқатро харида метавонем? Инро бо ёрии мисоли зерин фаҳмидан мумкин аст. Фарз мекунем, дар бозор эълон мешавад, ки бананҳо бепул шудаанд. Агар банан хӯрдан хоҳем, оё он худ аз худ дар рӯйи мизи мо пайдо мешавад? Албатта не. Бананҳо бепул бошанд ҳам, мо барои онҳоро соҳиб шудан бояд вақту қувватамонро сарф карда ба бозор равем. Ба ин монанд, мо ҳақиқатро бо пул нахарем ҳам, барои фаҳмидани он бояд саъю кӯшиш кунем ва баъзе чизҳоро қурбон намоем.

6 Ишаъё 55:1–3-ро хонед. Суханони Ишаъё ба мо равшантар мефаҳмонанд, ки харидани ҳақиқат чӣ маъно дорад. Дар ин порчаи Китоби Муқаддас Яҳува суханони худро ба об, шир ва шароб монанд мекунад. Чуноне ки нӯшидани оби соф ва хунук ташнагиро мешиканад, Каломи Худо низ ба мо қуввату тароват мебахшад. Ҳамчунин, чи хеле ки шир ба инкишоф ёфтани кӯдак ёрӣ медиҳад, Каломи Худо низ ба мо барои инкишоф додани муносибати наздик бо Яҳува кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, Каломи Яҳува монанди шароб аст. Ба кадом маъно? Дар Китоби Муқаддас шароб бо шодмонӣ алоқаманд аст (Заб. 103:15). Барои ҳамин, «шароб... бихаред» гуфта, Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки мувофиқи Каломи Ӯ зистан дили моро шод мегардонад (Заб. 18:9). Яҳува бо ёрии ин мисолҳо ба таври хеле зебо мефаҳмонад, ки омӯхтан ва ба кор бурдани ҳақиқати Каломи Худо манфиати калон дорад. Барои харидани ҳақиқат аксар вақт аз баҳри панҷ чиз гузаштан лозим меояд. Биёед ҳоло ҳар яки онҳоро дида бароем.

 ШУМО БАРОИ ҲАҚИҚАТ АЗ БАҲРИ ЧӢ ГУЗАШТЕД?

7, 8. а) Чаро барои харидани ҳақиқат бояд вақт сарф кунем? б) Як омӯзандаи ҷавон ба кардани кадом қурбониҳо тайёр буд ва ин чӣ натиҷа овард?

Вақт. Ба ҳар як шахс лозим аст, ки барои харидани ҳақиқат вақт сарф кунад. Чунки гӯш кардани хушхабар, хондани Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта, гузаронидани омӯзиши шахсӣ, тайёрӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ва иштирок дар онҳо вақт талаб мекунад. Барои ҳамаи ин мо бояд аз ҳисоби корҳои на он қадар муҳим вақт ҷудо кунем ё «вақтро бихарем». (Эфсӯсиён 5:15, 16 ва эзоҳашро хонед.) Барои гирифтани дониши аниқ оиди таълимоти асосии Китоби Муқаддас чӣ қадар вақт лозим аст? Ин аз вазъияти ҳар як шахс вобаста аст. Лекин азбаски хиради Яҳува бепоён аст, мо дар бораи роҳҳо ва корҳои Ӯ ҳамеша чизҳои нав ба навро меомӯзем (Рум. 11:33). Дар шумораи якуми маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» фаҳмидани ҳақиқат ба чидани гулҳо монанд карда шуда буд. Он ҷо чунин гуфта шудааст: «Танҳо бо як гул қаноат накунед. Агар як гул басанда мебуд, дигар гулҳо вуҷуд намедоштанд. Гулҳои ҳақиқатро ҳар чӣ бисёртар ҷӯед ва ҷамъ кунед». Мо метавонем ба худ савол диҳем, ки «оё гулдастаи ман калон аст?» Мо ҳамеша, ҳатто то абад дар бораи Яҳува чизҳои навро фаҳмида метавонем. Имрӯз бошад, хеле муҳим аст, ки вақти худро бохирадона истифода бурда, то ҳадди имкон ҳақиқатро чуқуртар омӯзем. Биёед, мисоли шахсеро дида бароем, ки ташнаи ҳақиқат буд.

8 Марико * ном ҷавонзани ҷопонӣ барои хондан ба шаҳри Ню-Йорк омад. Он вақт ӯ пайрави равияи диние буд, ки дар Ҷопон охири солҳои 1950-ум ташкил шуда буд. Рӯзе як хоҳари пешрав ҳангоми хизмати хона ба хона ба Марико мавъиза кард. Ӯ омӯзишро сар кард ва чизҳои фаҳмидааш ба вай чунон таъсир карданд, ки ӯ ҳатто дар як ҳафта ду маротиба омӯзиш кардан хост. Ӯ хеле банд буд, чунки ҳам мехонд ва ҳам кор мекард. Вале ба ин нигоҳ накарда, даррав ба вохӯриҳои ҷамъомад омаданро сар кард. Марико ҳамчунин барои вақтхушиҳо камтар вақт сарф мекардагӣ шуд, то ки дар бораи Яҳува бисёртар фаҳмад. Чунин қурбониҳо ба ӯ кӯмак кард, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ тез пешравӣ кунад. Як сол нашуда Марико таъмид гирифт. Шаш моҳ пас, яъне соли 2006 ӯ пешрав шуд ва то ҳол дар ин намуди хизмат иштирок мекунад.

9, 10. а) Харидани ҳақиқат чӣ тавр муносибати моро ба чизҳои моддӣ дигар мекунад? б) Як ҷавонзан аз кадом имконият даст кашид ва ӯ дар ин бора чӣ мегӯяд?

9 Чизҳои моддӣ. Барои харидани ҳақиқат шояд ба мо лозим ояд, ки аз баҳри кори сердаромад ё мансаби баланд бароем. Масалан, Петрус ва Андриёс моҳигир буданд, лекин вақте Исо онҳоро даъват кард, ки «сайёди одамон» шаванд, «онҳо ҳамон замон тӯрҳои худро монда, ӯро пайравӣ карданд» (Мат. 4:18–20). Албатта имрӯз на ба ҳама шахсоне, ки ҳақиқатро мефаҳманд, лозим меояд, ки аз баҳри корашон бароянд. Шахс дар назди Худо вазифадор аст, ки кор карда, оилаи худро таъмин кунад (1 Тим. 5:8). Вале бисёр вақт онҳое, ки ҳақиқатро қабул мекунанд, бояд муносибаташонро ба чизҳои моддӣ дигар кунанд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки дар ҳаёт чӣ аз ҳама муҳим аст. Исо инро равшан қайд карда гуфт: «Барои худ дар замин боигарӣ ҷамъ накунед... Балки дар осмон боигарӣ ҷамъ кунед» (Мат. 6:19, 20). Мисоли як зани ҷавонро, ки Мария ном дорад, дида мебароем.

10 Мария аз хурдсолиаш ба бозии голф шавқи зиёд дошт. Дар синфҳои болоӣ маҳорати ӯ дар ин соҳаи варзиш торафт беҳтар мешуд. Азбаски Мария варзишгари хеле хуб буд, ба ӯ пешниҳод карданд, ки бепул дар  донишгоҳ таҳсил кунад. Голф барои Мария маънои зиндагӣ буд. Ӯ орзу дошт, ки дар ин соҳа пешравӣ карда, варзишгари номдор шаваду бисёр пул кор кунад. Баъд Мария омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Чизҳои фаҳмидааш ба ӯ хеле маъқул шуданд ва вай дар ҳаёташ онҳоро ба кор мебурд. Мария мегӯяд: «Чӣ қадаре ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува амал карда, тарзи ҳаётамро дигар менамудам, ҳамон қадар хушбахтии бештар ҳис мекардам». Мария дарк кард, ки ҳам ба корҳои рӯҳонӣ банд будан ва ҳам аз пайи кори сердаромад шудан душвор аст (Мат. 6:24). Пеш Мария орзу дошт, ки варзишгари машҳур гардад ва соҳиби пулу моли зиёд шавад. Вале барои ҳақиқат шуда, ӯ аз ҳамаи ин даст кашид. Ва ҳоло ӯ чун пешрав хизмат мекунад. Мария мегӯяд, ки ҳаёти пурмазмуну хушбахтона ба сар мебарад.

11. Вақте мо ҳақиқатро мехарем, ин ба муносибати мо бо дигарон чӣ гуна таъсир карда метавонад?

11 Муносибат бо дигарон. Вақте ки мо ҳақиқатро қабул карда мувофиқи меъёрҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ карданро сар мекунем, муносибати дӯстон ва хешу таборонамон бо мо дигар шуда метавонад. Сабаби инро мо аз дуои Исо, ки дар бораи пайравонаш гуфт, фаҳмида метавонем. Ӯ аз Яҳува илтиҷо кард: «Онҳоро бо ростии Худ муқаддас гардон; каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17). Ибораи «муқаддас гардон» боз маънои ҷудо карданро дошта метавонад. Вақте ки мо ҳақиқатро қабул мекунем, мо аз ин ҷаҳон ҷудо мешавем, чунки мисли дигар одамон зиндагӣ намекунем. Ҳарчанд мо намехоҳем, ки муносибатамон бо дӯстону хешовандон вайрон шавад, баъзеи онҳо шояд моро мисли пештара дӯст намедоранд ва ҳатто ба эътиқоди нави мо зид мебароянд. Мо аз чунин муносибат ҳайрон намешавем, чунки Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Аъзои оилаи одам душмани ӯ хоҳанд шуд» (Мат. 10:36). Вале ӯ боварӣ бахшид, ки барои ҳақиқат чизеро ки қурбонӣ накунем, баракати аз он ҳам зиёдтар ба даст меорем. (Марқӯс 10:28–30-ро хонед.)

12. Як ҷавони яҳудӣ барои харидани ҳақиқат чиро қурбон кард?

12 Аарон ном соҳибкори яҳудӣ аз хурдӣ таълим ёфта буд, ки номи Худоро ба забон гирифтан мумкин нест. Лекин ӯ ташнаи ҳақиқат буд. Рӯзе як Шоҳиди Яҳува ба ӯ нишон дод, ки агар ба чор ҳамсадои ибрии номи Худо садонокҳоро илова кунем, он чун «Яҳува» талаффуз карда мешавад. Аарон аз фаҳмидани ин чунон ба ҳаяҷон омад, ки ба ибодатгоҳи яҳудиён давида рафт, то ин маълумоти аҷоибро ба роҳбарони динӣ нақл кунад. Вай фикр кард, ки онҳо ҳам аз фаҳмидани ҳақиқат дар бораи номи Худо хурсанд мешаванд. Вале баръакс, онҳо ба вай туф карда, аз он ҷо пеш карданд. Аъзоёни оилааш низ бо Аарон розӣ набуданд. Аммо ӯ фаҳмидани ҳақиқатро давом дод ва то охири умраш чун Шоҳиди Яҳува далерона хизмат кард. Мисли Аарон мо ҳам бояд тайёр бошем, ки баъди қабул кардани ҳақиқат муносибати аъзоёни оила ё дигарон бо мо бад шуда метавонад.

13, 14. Барои харидани ҳақиқат мо бояд кадом тарзи фикрронӣ ва рафторро дигар кунем? Мисол оред.

13 Фикру рафтори нопок. Агар мо хоҳем, ки ҳақиқатро қабул карда мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Худо зиндагӣ кунем, мо бояд ба ислоҳ кардани тарзи фикрронӣ ва рафторамон тайёр бошем. Аҳамият диҳед, ки Петрус дар ин бора чӣ гуфт: «Чун фарзандони итоаткор бошед ва аз пайи хоҳишҳое, ки пештар, дар вақти нодонии худ, доштед, наравед, балки... дар тамоми рафтори худ муқаддас бошед» (1 Пет. 1:14, 15). Дар шаҳри Қӯринти қадим бисёр одамон бадахлоқ буданд ва барои харидани ҳақиқат ба ҳаёташон бояд дигаргуниҳои калон медароварданд (1 Қӯр. 6:9–11). Ба ин монанд имрӯз низ бисёриҳо барои ҳақиқатро харидан аз ахлоқу рафтори нопок даст мекашанд. Петрус ба масеҳиёни замони худ навишт: «Шумо дар гузашта ба қадри кофӣ  мувофиқи хоҳиши халқҳо рафтор карда, ба беҳаёгӣ, хоҳишҳои идоранашаванда, бадмастӣ, айшу нӯш, майпарастӣ ва бутпарастии нафратовар дода мешудед» (1 Пет. 4:3).

14 Биёед мисоли Девин ва Ҷасминро, ки солҳои дароз арақхӯр буданд, дида бароем. Ҳарчанд Девин бухгалтер буд, бадмастӣ ба ӯ халал мерасонд, ки кори доимӣ дошта бошад. Ҷасминро бошад, одамон чун зани бадфеъл ва ҷангара мешинохтанд. Рӯзе Ҷасмин дар ҳолати мастӣ буд, ки дар роҳ ду Шоҳидони миссионерро дид. Онҳо ба ӯ пешниҳод карданд, ки ҳафтаи дигар ба хонааш омада омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд. Вале вақте ки онҳо омаданд, Ҷасмин ва Девин ҳардуяшон маст буданд. Онҳо гумон надоштанд, ки миссионерон дар асл меоянд. Дафъаи дигар вақте ки миссионерон омаданд, онҳо ҳушёр буданд. Аз ҳамон рӯз сар карда Ҷасмин ва Девин Китоби Муқаддасро боғайратона омӯзиш карданд ва чизҳои фаҳмидаашонро дар ҳаёт ба кор мебурданд. Дар давоми се моҳ онҳо арақнӯширо партофтанд ва баъдтар издивоҷашонро қонунӣ гардонданд. Дигар шудани Ҷасмин ва Девинро дида, бисёр ҳамдеҳагонашон низ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карданд.

15. Яке аз душвориҳое, ки мо ҳангоми қабул кардани ҳақиқат дучор мешавем, кадом аст ва чаро он барои баъзеҳо хеле гарон аст?

15 Урфу одатҳои нораво. Барои харидани ҳақиқат шахс бояд аз урфу одатҳое даст кашад, ки ба Худо маъқул нестанд. Баъзеҳо вақте мефаҳманд, ки ягон ид ё урфу одат ба Худо писанд нест, аз он дарҳол даст мекашанд. Лекин барои баъзеҳо ин хеле душвор аст, зеро аъзоёни оила, ҳамкорон ва дӯстонашон ба онҳо фишор меоранд. Хусусан, вақте ки мо дар урфу одатҳои бо мурдагон алоқаманд иштирок намекунем, хешу таборамон метавонанд ба ғазаб оянд (Такр. Ш. 14:1). Вале мисоли хизматгорони содиқи замони пеш ба мо далерӣ мебахшад, ки аз корҳои дар чашми Худо нораво даст кашем. Масалан, сокинони шаҳри Эфсӯс, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, барои мо намунаи хуб мебошанд.

16. Баъзе сокинони Эфсӯс барои харидани ҳақиқат чӣ кор карданд?

16 Дар шаҳри Эфсӯси қадим сеҳру ҷоду авҷ ёфта буд. Баъзе сокинони он, ки бо ҷодугарӣ машғул буданд, масеҳӣ гаштанд. Вале барои харидани ҳақиқат ба онҳо чӣ кор кардан лозим буд? Китоби Муқаддас мефаҳмонад: «Шумораи зиёди онҳое, ки бо ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама сӯзонданд ва арзиши онҳоро ҳисоб карда, фаҳмиданд, ки ба панҷоҳ ҳазор тангаи нуқра баробар аст. Ҳамин тавр каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Аъм. 19:19, 20). Азбаски он масеҳиёни содиқ ба қимат будани китобашон нигоҳ накарда онҳоро несту нобуд карданд, баракати Яҳуваро соҳиб шуданд.

17. а) Барои харидани ҳақиқат баъзан аз баҳри кадом чизҳо баромадан лозим меояд? б) Дар мақолаи навбатӣ мо кадом саволҳоро дида мебароем?

17 Худи шумо баҳри ҳақиқат чӣ гуна қурбониҳо кардед? Ҳамаи мо барои чидани гулҳои ҳақиқат бешубҳа вақт сарф кардем. Баъзеҳо инчунин барои ҳақиқат шуда аз имконияти бою сарватманд шудан даст кашиданд ва муносибаташон бо дигарон тағйир ёфт. Ба аксарияти мо лозим аст, ки фикрронӣ ва рафторамонро дигар кунем ва аз урфу одатҳои нораво даст кашем. Чизе ки набошад, мо боварӣ дорем, ки ҳақиқати Китоби Муқаддас ба ҳар гуна қурбониҳо меарзад. Чунки маҳз ба туфайли ҳақиқат мо метавонем бо Яҳува муносибатҳои наздик пайдо кунем, ки ин барои мо чизи аз ҳама ҳам бебаҳо аст. Бешубҳа, донистани ҳақиқат ба мо баракатҳои зиёд меорад. Пас, чаро баъзеҳо ҳақиқатро қадр накарда онро «мефурӯшанд»? Ин чӣ тавр рӯй дода метавонад? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба чунин хатои калон роҳ надиҳем? Ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ муҳокима карда мешаванд.

^ сарх. 8 Баъзе номҳо дар ин мақола иваз карда шудаанд.