Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Ғайр аз Китоби Муқаддас боз кадом далелҳо исбот мекунанд, ки исроилиён дар Миср ғулом буданд?

Мувофиқи нақли Китоби Муқаддас баъди он ки Юсуф ба Миср бурда шуд, падараш Яъқуб бо оилааш аз Канъон ба Миср кӯчиданд. Онҳо дар мавзеи Ҷӯшан, дар назди резишгоҳи дарёи Нил, маскан гирифтанд (Ҳас. 47:1, 6). Дар он ҷо исроилиён «сершумор ва ниҳоятдараҷа пурзӯр гардиданд» ва аз ин мисриён ба тарс омада онҳоро ба ғуломӣ маҷбур карданд (Хур. 1:7–14).

Баъзе мунаққидони муосир нақли дар боло овардашударо афсона номида масхара мекарданд. Лекин бозёфтҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ исбот мекунанд, ки халқиятҳо аз нажоди сомӣ * дар Мисри қадим ҳақиқатан чун ғулом зиндагӣ карда буданд.

Масалан, бостоншиносон дар қисми шимолии Миср баъзе вайронаи қишлоқҳои кӯҳнаро дарёфт намуданд. Аз рӯйи гуфти олими Китоби Муқаддас Джон Бимсон аз он деҳаҳо 20 ё зиёдтарашон аз они халқҳои қадимаи сомӣ буданд. Инчунин мисршинос Ҷеймс Хоффмайер мегӯяд: «Дар давоми солҳои 1800–1540-и то милод Миср мардуми забонҳои сомиро аз Осиёи ғарбӣ ба худ ҷалб мекард, то ки ба он ҷо кӯчанд». Ӯ илова мекунад: «Ин муддат ба замони аҷдодони исроилиён рост меояд ва ба даврае, ки дар китоби Ҳастӣ тасвир шудааст, мувофиқат мекунад (яъне, ба даврае, ки Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб барои ҷустуҷӯйи озуқа, об ва чарогоҳҳои сабз ба Миср рафтанд)».

Аз шимоли Миср инчунин як дастнависе ёфт шудааст, ки он ба давраи Мисри қадим (с. 2000–1600 то милод) дахл дорад. Дар он дастнавис номи ғуломоне навишта шудаанд, ки дар хонаи яке аз сокинони шимоли Миср, кор мекарданд. Зиёда аз 40-тои он номҳо ба нажоди сомӣ тааллуқ дорад. Ин ғуломон чун ошпазон ва бофандагон хизмат мекарданд ва дигар корҳои вазнинро иҷро менамуданд. Олим Хоффмайер чунин ақида баён мекунад: «Агар дар шимоли Миср дар як хона беш аз чил нафар аз нажоди сомӣ чун ғулом хизмат мекарданд, пас шумораи ба Миср ва хусусан ба атрофи резишгоҳи Нил кӯчидагон эҳтимол хеле калон буд».

Бостоншинос Дэвид Рол менависад, ки баъзе номҳои ғуломон, ки дар он дастнавис омадааст, «ба номҳои дар Китоби Муқаддас омада монанданд». Масалан, порчае аз он дастнавис номҳоеро дар бар мегирад, ки ба номҳои Иссокор, Ошер ва Шифро монанданд (Хур. 1:3, 4, 15). «Ин чиз равшан исбот мекунад, ки замоне исроилиён дар Миср чун ғулом мезистанд»,— хулоса мекунад Дэвид Рол.

Олим Бимсон қайд мекунад: «Нақли Китоби Муқаддас оиди дар Миср ғулом будани исроилиён ва баромадан аз он асоси устувори таърихӣ дорад».

^ сарх. 4 Нажоди сомӣ гуфта он халқҳоеро меноманд, ки аз Сом, писари сеюми Нӯҳ-пайғамбар, пайдо шудаанд. Насли Сом аз афташ эломиён, ашшуриён, калдониён, ибриён, арамиён ва қабилаҳои гуногуни арабро дар бар мегирифт.