Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12

Кай сухан гуфтан бамаврид асту кай не?

Кай сухан гуфтан бамаврид асту кай не?

«Вақте барои хомӯш мондан [аст]... ва вақте барои сухан рондан» (ВОИЗ 3:1, 7).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР *

1. Мо аз Воиз 3:1, 7 чӣ меомӯзем?

БАЪЗЕҲО бисёр гап заданро нағз мебинанд, баъзеҳо бошанд, камгапанд. Чуноне ки ояти асосии ин мақола нишон медиҳад, гап задану хомӯш мондан ҷо дорад. (Воиз 3:1, 7-ро хонед.) Шояд мо мехоҳем, ки баъзе бародару хоҳарон камтар гап зананд ва онҳое, ки камгапанд, ба сӯҳбат моил бошанд.

2. Кӣ ҳуқуқ дорад муайян кунад, ки кай ва чӣ тавр бояд гап занем?

2 Қобилияти сухан гуфтан атои Яҳува аст (Хур. 4:10, 11; Ваҳй 4:11). Дар Каломаш Ӯ ба мо мефаҳмонад, ки ин аторо чӣ тавр дуруст ба кор барем. Мо дар ин мақола якчанд мисолҳоро аз Китоби Муқаддас муҳокима мекунем. Аз онҳо мефаҳмем, ки кай бояд сухан гуфт ва кай хомӯш монд. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки Яҳува ба суханоне, ки мо ба дигарон мегӯем, ҷиддӣ аҳамият медиҳад. Дар аввал биёед дида бароем, ки кай сухан гуфтан лозим аст.

КАЙ БОЯД СУХАН ГӮЕМ?

3. Мувофиқи Румиён 10:14 оиди чӣ мо бояд ба гап задан тайёр бошем?

3 Мо бояд ҳама вақт тайёр бошем, то дар бораи Яҳува ва Подшоҳии Ӯ гап занем. (Мат. 24:14; Румиён 10:14-ро хонед.) Чунин карда мо ба Исо тақлид мекунем. Яке аз сабабҳои ба замин омадани Исо ин дар бораи Падараш ҳақиқатро ба дигарон гуфтан буд (Юҳ. 18:37). Вале мо набояд фаромӯш кунем, ки тарзи гапзании мо низ муҳим аст. Аз ин рӯ вақте мо дар бораи Яҳува бо дигарон гап мезанем, мо бояд «инро  бо мулоимӣ ва эҳтироми зиёд ба ҷо» орем ва ҳиссиёту эътиқоди шахсро ба назар гирем (1 Пет. 3:15). Он гоҳ суханони мо ба ӯ манфиат меоранд ва шояд ба дилаш таъсир расонанд.

4. Мувофиқи Масалҳо 9:9 чӣ тавр пирон бо суханони худ ба дигарон кӯмак карда метавонанд?

Вақте пирон мебинанд, ки ба бародар ё хоҳаре маслиҳат додан даркор аст, онҳо набояд хомӯш истанд. Албатта, инро дар мавриди мувофиқ кардан лозим аст, то шахс худро ноҳинҷор ҳис накунад. Шояд маслиҳатро дар танҳоӣ додан беҳтар мебуд, то ӯ аз дигарон изо накашад. Пирон бояд ҳамеша тавре сухан гӯянд, то шаъни касро паст назананд. Ба ҳар ҳол, пирон бояд боҷуръатона амал карда бо ёрии принсипҳои Китоби Муқаддас ӯро ислоҳ кунанд. (Масалҳо 9:9-ро хонед.) Чаро дар вақти зарурӣ далерона гап задан хеле муҳим аст? Биёед ҳоло ду мисолро дида бароем: якумаш дар бораи мардест, ки бояд писаронашро танбеҳ медод, ва дигараш оиди занест, ки бояд шоҳи ояндаро аз рафтори хато бозмедошт.

5. Элӣ ба кадом хатогӣ роҳ дод?

5 Саркоҳин Элӣ ду писар дошт, ки онҳоро хеле дӯст медошт. Лекин писарони вай Яҳуваро ягон зарра эҳтиром намекарданд. Онҳо дар хаймаи муқаддас чун коҳин таъйиноти муҳим доштанд. Вале аз ҳокимияти худ сӯиистифода бурда ба қурбониҳое, ки ба Яҳува оварда мешуд, беҳурматии азим нишон медоданд ва рӯйирост ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезаданд (1 Подш. 2:12–17, 22). Аз рӯйи Шариати Мӯсо писарони Элӣ барои ин корашон бояд сангсор мешуданд. Лекин Элӣ ба ҷойи писаронашро танбеҳ додан, онҳоро бо мулоимӣ сарзаниш мекарду халос. Ва ба онҳо иҷозат медод, ки дар хаймаи муқаддас хизматашонро давом диҳанд (Такр. Ш. 21:18–21). Яҳува ба он рафтори Элӣ чӣ хел муносибат кард? Ӯ ба вай гуфт: «Чаро ту писарони худро назар ба Ман бештар мӯҳтарам медорӣ?» Сипас Яҳува қарор дод, ки ин ду марди нобакорро бо марг ҷазо медиҳад (1 Подш. 2:29, 34).

6. Мо аз мисоли Элӣ чӣ гуна дарс мегирем?

6 Мо аз мисоли Элӣ барои худ дарси муҳим мегирем. Агар мо фаҳмем, ки дӯстамон ё ягон хешамон қонуни Худоро вайрон кардааст, мо бояд дар ин бора бо ӯ гап зада принсипҳои Яҳуваро хотиррасон кунем. Инчунин мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ӯ аз шахсони таъйинкардаи Яҳува кӯмак  пурсидааст (Яъқ. 5:14). Мо ҳеҷ гоҳ мисли Элӣ дӯсту хешовандонамонро аз Яҳува боло мондан намехоҳем. Албатта, барои хатогии касеро гуфтан далерӣ лозим аст, вале ин кӯшиши мо натиҷаи хуб оварда метавонад. Баръакси Элӣ зане бо номи Абиҷайл дар Исроили қадим дигар хел рафтор кард. Биёед дар ин бора фаҳмем.

Абиҷайл дар мавриди мувофиқ гап зада ба мо намунаи хуб гузошт (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.) *

7. Чаро Абиҷайл бо Довуд гап зад?

7 Абиҷайл зани Нобол ном марди сарватманде буд. Вақте Довуд бо одамонаш аз шоҳ Шоул даргурез буд, онҳо чӯпонон ва рамаи Ноболро аз дастаи роҳзанону ғоратгарон ҳимоя мекарданд. Оё Нобол аз ин кори хуби онҳо миннатдор буд? Ягон зарра. Чунки вақте Довуд аз ӯ хоҳиш кард, ки ба ӯву навкаронаш каме обу хӯрок диҳад, Нобол ба хашм омада онҳоро дашном дод (1 Подш. 25:5–8, 10–12, 14). Дар натиҷа, Довуд қарор кард, ки ҳама мардони хонаводаи Ноболро мекушад (1 Подш. 25:13, 22). Пеши роҳи ин фоҷиаро чӣ хел гирифтан мумкин буд? Абиҷайл фаҳмид, ки ҳоло вақти сухан гуфтан аст, барои ҳамин ӯ бо матонату далерӣ пеши 400 марди гуруснаву хашмгин баромада бо Довуд гап зад.

8. Мо аз мисоли Абиҷайл чӣ меомӯзем?

Вақте Абиҷайл бо Довуд вохӯрд, ӯ бо вай далерона, эҳтиромона ва боқатъият гап зад. Ҳарчанд Абиҷайл ба кори кардаи шавҳараш гунаҳгор набуд, ӯ аз Довуд бахшиш пурсид. Абиҷайл гуфт, ки инсони хуб будани Довудро медонад ва боварӣ дорад, ки вай дуруст рафтор мекунад (1 Подш. 25:24, 26, 28, 33, 34). Мисли Абиҷайл ба мо низ барои касеро аз роҳи хато боздоштан далерӣ лозим аст (Заб. 140:5). Албатта, дар ин маврид мо бояд эҳтиромона, вале ҳамзамон қатъӣ сухан гӯем. Вақте мо аз муҳаббат ба кас маслиҳати лозима медиҳем, мо исбот мекунем, ки дӯсти ҳақиқӣ ҳастем (Мас. 27:17).

9, 10. Ҳангоми ба дигарон маслиҳат додан пирон чиро бояд дар хотир доранд?

 9 Хусусан ба пирони ҷамъомад лозим аст, ки бо касоне ки ба роҳи нодуруст қадам мондаанд, далерона гап зананд (Ғал. 6:1). Пирон фурӯтанона дарк мекунанд, ки онҳо низ одамони нокомил ҳастанд ва шояд худашон низ баъзан ба маслиҳат мӯҳтоҷанд. Вале ин гуна фикр набояд онҳоро аз танбеҳу насиҳат додани касони хатохӯрда боздорад (2 Тим. 4:2; Тит. 1:9). Ҳангоми ислоҳ кардани шахс пирон кӯшиш мекунанд, ки бомулоҳиза ва пурсабр бошанд. Зеро онҳо аз муҳаббат ба он бародар ё хоҳар ёрӣ додан мехоҳанд (Мас. 13:24). Валекин пеш аз ҳама онҳо дар бораи ҷалол додани номи Яҳува ва аз хатар ҳимоя кардани ҷамъомад фикр мекунанд (Аъм. 20:28).

10 Инак, мо фаҳмидем, ки кай бояд гап занем. Дар баъзе мавридҳо бошад, хомӯш мондан беҳтар аст. Вале кадом душвориҳо пайдо шуда метавонанд?

КАЙ БОЯД ХОМӮШ МОНЕМ?

11. Яъқуб кадом мисолро истифода бурд ва чаро ин дар бобати сухангӯӣ муносиб аст?

11 Забонро идора кардан душвор аст. Дар ин бобат нависандаи Китоби Муқаддас Яъқуб мисоли мувофиқ овард. Ӯ гуфт: «Касе дар сухан хато намекунад, шахси комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми баданашро кашад» (Яъқ. 3:2, 3). Ҷилав ё лаҷом асбобест, ки ба сару даҳони асп меандозанд ва бо ёрии он савора ҳайвонро идора мекунад ё бозмедорад. Агар савора лаҷомро сар диҳад, асп метавонад ба ҳар сӯ давида ҳам ба худ ва ҳам ба соҳибаш зарар расонад. Ба ин монанд, агар мо забони худро надорем, бо проблемаҳои зиёд дучор шуда метавонем. Биёед баъзе мавридҳоеро дида бароем, ки дар онҳо бояд «ҷилави» забони худро кашем ва хомӯш монем.

12. Кай мо бояд ҷилави забони худро кашем ва кунҷкобӣ накунем?

 12 Фарз мекунем, бародар ё хоҳар ягон маълумоти махфиро медонад. Мо чӣ хел рафтор мекунем? Масалан, шумо бо ҳамимоне шинос мешавед, ки дар мамлакати онҳо фаъолияти Шоҳидон манъ аст. Шояд аз ҳисси кунҷкобӣ шумо ба ӯ бисёр савол дода муфассал фаҳмидан хоҳед, ки дар он ҷо бародару хоҳарон чӣ хел хизмат мекунанд. Албатта, шумо ягон нияти бад надоред. Ва мо бародаронро дӯст медорем ва донистан дар бораи онҳо барои мо шавқовар аст. Ҳамчунин мо дар ҳаққи онҳо аниқтар дуо гуфтан мехоҳем. Вале дар ин маврид мо бояд ҷилави забони худро кашем ва бисёр савол надиҳем. Агар мо шахсро ба гуфтани маълумоти махфӣ маҷбур кунем, ин аз рӯйи муҳаббат намешавад. Мо ба он шахс ва ба бародару хоҳароне, ки ба ӯ боварӣ доранд, беэҳтиромӣ нишон медиҳем. Азбаски дар чунин давлатҳо фаъолияти мо манъ аст, ҳеҷ кадомамон намехоҳем, ки ба душвориҳои онҳо душвориҳои нав зам кунем. Ҳамчунин худи Шоҳидоне, ки аз чунин ҷойҳо мебошанд, набояд дар бораи фаъолияташон ба дигарон нақл кунанд.

13. Чуноне ки дар Масалҳо 11:13 омадааст, пирони ҷамъомад бояд чӣ кор кунанд ва барои чӣ?

13 Асосан ба пирон муҳим аст, ки мувофиқи принсипи Масалҳо 11:13 амал карда маълумоти махфиро ба дигарон нагӯянд. (Оятро хонед.) Ин душвор буда метавонад, хусусан агар пири ҷамъомад оиладор бошад. Ҳамсарон одатан фикрҳои махфӣ ва ҳиссиёту ташвишҳои худро ба якдигар мегӯянд. Вале пири ҷамъомад медонад, ки набояд сирри аъзоёни ҷамъомадро ба касе ошкор кунад. Дар акси ҳол ӯ аз боварӣ мебарояд ва обрӯяш паст мешавад. Бародарони масъул ҳамимононро «бо гапҳояшон фиреб» намедиҳанд, яъне ба баъзеҳо як гапу ба дигарон дигар чӣ намегӯянд (1 Тим. 3:8, эзоҳ). Онҳо набояд айёр ё ғайбатчӣ бошанд. Агар пири ҷамъомад занашро дӯст дорад, маълумоти ба ӯ дахлнадоштаро намегӯяд.

14. Чӣ тавр ҳамсари пири ҷамъомад ба ӯ барои нигоҳ доштани обрӯйи некаш кӯмак карда метавонад?

14 Зане, ки обрӯи шавҳарашро фикр мекунад, ӯро ба гуфтани чизҳои махфӣ маҷбур намесозад. Аз рӯйи ин маслиҳат амал карда, вай шавҳарашро дастгирӣ мекунад ва ба ҳамимононе, ки ба шавҳараш сирри дил кардаанд, эҳтиром нишон медиҳад. Ва аз ҳама муҳимаш, ӯ бо нигоҳ доштани ягонагии ҷамъомад дили Яҳуваро хурсанд мекунад (Рум. 14:19).

БА СУХАНОНИ МО ЯҲУВА ЧӢ ТАВР МУНОСИБАТ МЕКУНАД?

15. Яҳува нисбати се дӯсти Айюб чӣ тавр муносибат кард ва барои чӣ?

15 Аз китоби Айюб мо оиди чӣ тавр ва кай гап задан бисёр дарс гирифта метавонем. Баъди он ки ба сари Айюб якчанд мусибат омад, чор нафар ба тасаллӣ ва насиҳат додани вай омаданд. Онҳо аввал дар назди Айюб дурудароз хомӯш нишастанд. Лекин аз суханони баъдтар гуфтаи Алифоз, Билдод ва Сӯфор маълум шуд, ки онҳо дар он фурсат фикр накарданд, ки чӣ тавр ба Айюб кӯмак кунанд. Баръакс, ҳушу хаёлашон ба он равона буд, ки хатогиҳои Айюбро ёфта ӯро ҳукм кунанд. Аз суханоне, ки онҳо дар бораи Яҳува ва Айюб гуфтанд, аксарияташон нодуруст буд. Онҳо бо суханони тунду талх Айюбро айбдор карданд (Айюб 32:1–3). Яҳува ба ин чӣ тавр муносибат кард? Ғазаби Ӯ ба ин се мард аланга зад. Ӯ рафтори онҳоро беақлона ҳисобид ва онҳоро водор кард, ки рафта аз Айюб хоҳиш кунанд, то дар ҳаққашон дуо гӯяд (Айюб 42:7–9).

16. Аз рафтори нодурусти Алифоз, Билдод ва Сӯфор мо чӣ дарс мегирем?

 16 Мо аз мисоли огоҳкунандаи Алифоз, Билдод ва Сӯфор якчанд дарсҳо гирифтем. Якум, мо набояд бародаронамонро ҳукм кунем (Мат. 7:1–5). Баръакс, мо бояд пеш аз сухан гуфтан бодиққат онҳоро гӯш кунем, чунки танҳо ҳамон вақт вазъияти онҳоро нағз мефаҳмем (1 Пет. 3:8). Дуюм, тавре гап задан лозим аст, ки суханонамон меҳрубонона ва ҳақ бошанд (Эфс. 4:25). Ва сеюм, бояд дар ёд дорем, ки Яҳува ба суханоне, ки мо ба якдигар мегӯем ҷиддӣ аҳамият медиҳад.

17. Мо аз намунаи Элиҳу чӣ панд мегирем?

17 Боз як шахсе, ки пеши Айюб омада буд, ин Элиҳу, хеши Иброҳим мебошад. Ӯ интизор шуд, ки Айюб ва он се мард гапашонро тамом кунанд. Азбаски ӯ суханони онҳоро бодиққат гӯш кард, вай ба Айюб дилсӯзӣ карда тавонист ва чун дӯст фикрҳои нодурусти ӯро ислоҳ намуд (Айюб 33:1, 6, 17). Элиҳу худаш ё ягон одами дигарро не, балки Яҳуваро ҷалол додан мехост (Айюб 32:21, 22; 37:23, 24). Аз намунаи Элиҳу панд барои мо ин аст, ки баъзан бояд хомӯш истода дигаронро гӯш кунем (Яъқ. 1:19). Ҳамчунин мефаҳмем, ки ҳангоми додани маслиҳат мо набояд диққатро ба худамон ҷалб кунем, балки дар бораи ҷалол додани Яҳува фикр кунем.

18. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки атои сухангӯйиро қадр мекунем?

18 Чӣ тавр мо ба Яҳува барои он ки қобилияти сухангӯйиро додааст, миннатдорӣ нишон дода метавонем? Агар ба маслиҳатҳои Китоби Муқаддас оиди кай ва чӣ тавр сухан гуфтан гӯш диҳем. Шоҳи хирадманд Сулаймон зери илҳоми Худо чунин навишт: «Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки кандакориҳои нуқра доранд» (Мас. 25:11). Вақте мо дигаронро бодиққат гӯш мекунем ва пеш аз чизе гуфтан андеша менамоем суханони мо мисли он себҳои заррин ё тиллогин пурарзиш ва зебо хоҳанд буд. Он гоҳ гуфтори мо хоҳ кам бошад, хоҳ зиёд, дигаронро рӯҳбаланд мекунад ва Яҳува аз мо розӣ мегардад (Мас. 23:15; Эфс. 4:29). Барои ин атои Худо роҳи беҳтарини изҳори миннатдорӣ ҳамин аст.

СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!

^ сарх. 5 Дар Каломи Худо принсипҳое оварда шудаанд, ки бо ёрии онҳо мо мефаҳмем, ки кай сухан гуфтан хуб асту кай хомӯш мондан лозим аст. Вақте мо ин принсипҳоро медонему аз рӯйи онҳо амал мекунем, сухану гуфтори мо ба Яҳува писанд меояд.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМ: Як хоҳар ба хоҳари дигаре маслиҳати хирадмандона медиҳад.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМ: Бародар оиди тозагӣ баъзе принсипҳоро нишон дода истодааст.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМ: Дар мавриди мувофиқ бо Довуд гап задани Абиҷайл натиҷаи хуб овард.

^ сарх. 68 ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсарон оиди мамлакате, ки дар он ҷо фаъолиятамон манъ аст, бисёр маълумот намедиҳанд.

^ сарх. 70 ШАРҲИ РАСМ: Бародари масъул эҳтиёт мешавад, то маълумоти махфии ҷамъомадро касе нашунавад.