Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22

Омӯзишатонро беҳтар гардонед

Омӯзишатонро беҳтар гардонед

«Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (ФЛП. 1:10).

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ кунед

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро баъзеҳо дар охири рӯз ба омӯзиш кардан майл надоранд?

ДАР ин замонҳои душвор пул кор карда зиндагиро пеш бурдан қуввати зиёд металабад. Бисёр бародарони мо рӯзи дароз кор мекунанд, то оилаашонро бо чизҳои зарурӣ таъмин намоянд. Дигарон то ҷойи кор ва то ба хона баргаштан якчанд соатро дар роҳ сарф мекунанд. Бисёриҳо барои ёфтани ризқу рӯзӣ маҷбуранд кори вазнини ҷисмониро ба ҷо оранд. Дар охири рӯз ин бародару хоҳарони меҳнаткаши мо худро хеле хаставу монда ҳис мекунанд. Аз ин рӯ барои чизеро хондан ё омӯзиш кардан шояд ҳеҷ майлу қувват надоранд.

2. Шумо кай барои омӯзиш вақт ҷудо мекунед?

2 Лекин барои омӯзиш, яъне барои омӯзиши хуби Каломи Худо ва адабиётамон вақт ҷудо кардан хеле муҳим аст. Зеро аз ин муносибати мо бо Яҳува ва ҳаёти ҷовидонаамон вобаста мебошад (1 Тим. 4:15). Баъзеҳо ҳар рӯз саҳарии барвақт мехезанд, то баъд аз истироҳати шабона, вақте ки хонаашон ором ва майнаашон тоза аст, омӯзиш кунанд. Дигарон бошанд, дар охири рӯз ҷойи орому сокитро ёфта барои қабул кардани ғизои рӯҳонӣ ва мулоҳиза якчанд дақиқа ҷудо мекунанд.

3, 4. Ба миқдори адабиёте, ки барои хондан пешкаш карда мешавад, чӣ хел дигаргуниҳо дароварда шуд?

3 Албатта, шумо розиед, ки барои омӯзиш вақт ҷудо кардан хеле муҳим аст. Вале чиро бояд омӯзиш кунем? «Охир чиз барои хондан хеле зиёд аст,— шояд гӯед шумо.— Барои ҳар яки онро хондан вақт намерасад». Баъзеҳо қафо намонда ҳар як маҷалларо мехонанд ва ҳар як видеои навро тамошо мекунанд, вале ба бисёри бародару хоҳарон барои ин вақт ёфтан душвор аст. Ҳайати роҳбарикунанда инро медонад. Барои ҳамин ба наздикӣ дастурот дод, ки шумораи  адабиёти чопӣ ва электронӣ кам карда шавад.

4 Масалан, «Солномаи Шоҳидони Яҳува» дигар нашр намешавад, чунки бисёр воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро мо аз сайти jw.org® ва барномаи ҳармоҳа аз JW Broadcasting® фаҳмида метавонем. Маҷаллаҳои «Бедор шавед!» ва нашри оммавии «Бурҷи дидбонӣ» акнун дар як сол ҳамагӣ се маротиба мебароянд. Ин дигаргуниҳо на барои он ҷорӣ шуданд, ки мо барои дигар ташвишҳо вақти зиёдтар сарф кунем. Мақсади онҳо дар ин буд, ки мо диққатамонро ба чизҳои муҳимтар равона кунем (Флп. 1:10). Чӣ тавр муайян созем, ки кадом чизҳо муҳимтаранд? Ва чӣ кор кунем, то аз омӯзиши шахсиамон фоидаи бештар гирем? Биёед, ҳоло ҷавоби ин саволҳоро як ба як дида бароем.

ЧИЗИ ЗАРУРРО ДАР ҶОЙИ ЯКУМ МОНЕД

5, 6. Кадом адабиётҳоро мо бояд бодиққат омӯзиш кунем?

5 Пеш аз ҳама чиро мо бояд омӯзиш кунем? Албатта, мо ҳар рӯз барои бодиққат хондани Каломи Худо вақт ҷудо мекунем. Одатан барои вохӯрии байниҳафтаина мо бобҳои муайяни Китоби Муқаддасро пешакӣ мехонем. Ҳоло шумораи ин бобҳо камтар шудаанд, то ки мо вақти бештарро барои мулоҳиза ва тадқиқоти чуқуртари он бобҳо сарф кунем. Мақсади мо танҳо хонда баромадани он бобҳо нест, балки мо мехоҳем чизи хондаамон ба диламон таъсир кунад ва моро ба Яҳува наздиктар созад (Заб. 18:15).

6 Боз чиро бодиққат омӯхтан зарур аст? Албатта, мо бояд ба мақолаи «Бурҷи дидбонӣ», омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад ва дигар қисмҳои вохӯрии байни ҳафта нағз тайёрӣ бинем. Ҳамчунин хуб мебуд, ки ҳар як шумораи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро хонда бароем.

7. Агар мо ҳамаи ғизои рӯҳонии дар сайтамон ва шабакаи JW Broadcasting бударо қабул карда натавонем, оё бояд рӯҳафтода шавем?

7 «Хуб, ман розӣ,— шояд гӯед шумо.—Вале ба хондани мақолаҳо ва тамошои видеонаворҳои сайти jw.org ва шабакаи JW Broadcasting чӣ хел вақт ёбам? Шумораи онҳо хеле бисёранд». Биёед мисоле орем. Дар тарабхона одатан хӯрокҳои гуногун ва болаззат пешкаш карда мешавад. Лекин мизоҷон яку якбора аз ҳамаи он хӯрда наметавонанд. Онҳо фақат якчанд намуди хӯрокро дархост мекунанд. Ба ин монанд, агар шумо ҳамаи он ғизои рӯҳониеро, ки ба намуди электронӣ дастрас аст, қабул карда натавонед, рӯҳафтода нашавед. Ҳамон қадарашро хонед ва тамошо кунед, ки қуввататон мерасад. Биёед, акнун дида бароем, ки омӯзиш чиро дар бар мегирад ва чӣ тавр мо аз он фоидаи бештар гирифта метавонем.

ОМӮЗИШ ИН МЕҲНАТ АСТ!

8. Барои тайёрӣ дидан ба мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» кадом қадамҳо ёрӣ медиҳанд ва чунин тарзи тайёрӣ чӣ манфиат меорад?

8 Омӯзиш ин хониши бодиққат ва давомнокест, ки бо мақсади муайян карда мешавад. Ин танҳо рӯякӣ хондани маълумот ва ба зери ҷавобҳо хат кашидан нест. Ҳангоми ба мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» тайёрӣ дидан аввал пешгуфтори мақоларо аз назар гузаронед. Сипас номи мақола, зерсарлавҳаҳо ва саволҳо барои такрорро дида бароед. Баъд мақоларо сархат ба сархат бодиққат хонед. Ба ҷумлаи аввали сархатҳо, ки бо ранги ғафс қайд мешаванд, аҳамият диҳед. Онҳо одатан фикри асосии сархатро нишон медиҳанд. Баъди пурра хонда баромадани мақола мулоҳиза ронед, ки ҳар як сархат бо зерсарлавҳа ва мавзӯи асосии мақола чӣ тавр алоқаманд аст. Калимаҳои ношинос ва фикрҳои бароятон норавшанро қайд кунед, то баъдтар онҳоро таҳқиқ намоед.

9. а) Чӣ тавр ҳангоми омӯзиши мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» мо бояд ба оятҳо диққати махсус диҳем ва чаро? б) Мувофиқи Забур 118:27 ба ғайр аз хондани оятҳо боз чӣ кор кардан муҳим аст?

 9 Омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ»— ин омӯзиши Китоби Муқаддас аст. Барои ҳамин ҳангоми дар ҷамъомад омӯхтани мақола ба оятҳо диққати махсус диҳед, хусусан ба оятҳое, ки хонда мешаванд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр калимаву ибораҳои асосии оятҳо фикри сархатро тасдиқ мекунанд. Беш аз ин вақт ҷудо карда дар бораи мазмуни оятҳое, ки хонда мешаванд ва чӣ тавр ба кор бурдани онҳо мулоҳиза ронед. (Забур 118:27-ро хонед.)

Волидон, ба фарзандонатон чӣ тавр омӯзиш карданро ёд диҳед (Ба сархати 10 нигаред.) *

10. Мувофиқи Ибриён 5:14 чаро волидон дар давоми ибодати оилавӣ ба фарзандонашон бояд омӯзиш ва таҳқиқ карданро ёд диҳанд?

10 Фаҳмост, ки волидон мехоҳанд ибодати оилавиашонро тавре гузаронанд, ки барои кӯдакон шавқовар бошад. Ва онҳо одатан ягон мавзӯъ ё барномаро пешакӣ ба нақша мегиранд. Баъзан дар давоми ибодати оилавӣ барномаи ҳармоҳаро аз JW Broadcasting тамошо кардан мумкин аст ё метавонед ягон чизро ҳамроҳашон созед, масалан, намунаи киштии Нӯҳро. Лекин шарт нест, ки ҳар ҳафта барои ба шавқ овардани кӯдакон ва ба ибодати оилавӣ ҷалб кардани онҳо ягон чизи махсус ва ҳайратоварро ташкил кунед. Ба кӯдакон чӣ тавр гузаронидани омӯзиши шахсиро низ ёд додан муҳим аст. Онҳо бояд чӣ тавр ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ диданро ёд гиранд ва вақте дар мактаб ягон душворӣ рӯй медиҳад, оиди он чиз чӣ тавр таҳқиқот гузаронданро донанд. (Ибриён 5:14-ро хонед.) Агар онҳо дар хона омӯзишу таҳқиқ кардани мавзӯъҳоро ёд гиранд, он гоҳ дар вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо, ки на ҳама вақт видеонавор намоиш дода мешавад, бодиққат нишаста гӯш кардан барояшон осонтар мегардад. Албатта, давомнокии ҳар як омӯзиш аз синну соли кӯдак ва феълу атвори ӯ вобаста аст.

11. Чаро ба омӯзандагони худ гузаронидани омӯзиши шахсиро ёд додан муҳим аст?

11 Омӯзандагони мо ҳам бояд гузаронидани омӯзиши шахсиро ёд гиранд. Вақте мо мебинем, ки омӯзандагони нав дар китоби омӯзишиашон ё ҳангоми тайёрӣ ба вохӯриҳо зери ҷавобҳо хат кашидаанд, аз ин хурсанд мешавем. Вале мо бояд ба омӯзандаи худ тарзи гузаронидани омӯзиши чуқури шахсӣ ва таҳқиқотро ёд диҳем. Он гоҳ вақте ягон душворӣ рӯй медиҳад, онҳо ба ҷойи пеши ягон аъзои ҷамъомад давида рафтан, худашон адабиётамонро таҳқиқ карда маслиҳати даркориро ёфта метавонанд.

 ҲАНГОМИ ОМӮЗИШ МАҚСАД ДОШТА БОШЕД

12. Бо кадом мақсадҳо мо омӯзиши шахсӣ мегузаронем?

12 Агар шумо хонданро дӯст надоред, шояд фикр кунед, ки ҳеҷ гоҳ аз омӯзиш хурсандӣ намегиред. Вале ин тавр нест. Омӯзиш ба шумо хурсандӣ оварда метавонад. Дар аввал кам-кам омӯзиш кунед ва сипас вақти омӯзишатонро торафт зиёд кунед. Фикр кунед, ки барои чӣ шумо омӯзиш карда истодаед. Албатта, мақсади аз ҳама муҳим ин ба Яҳува наздиктар шудан аст. Инчунин шумо шояд барои ба саволи ягон кас ҷавоб ёфтан ё бо мақсади ҳал кардани ягон душворие, ки бо он рӯ ба рӯ шудаед, таҳқиқ мегузаронед.

13. a) Чӣ тавр мактаббачагон эътиқоди худро ба ҳамсинфонашон фаҳмонда метавонанд? б) Маслиҳати дар Қӯлассиён 4:6 омадаро чӣ тавр ба кор бурдан мумкин аст?

13 Биёед як мисол орем. Фарз мекунем, шумо талабаи мактаб ҳастед. Ҳамаи ҳамсинфонатон зодрӯзи худро ҷашн мегиранд. Шумо мехостед ба онҳо аз Китоби Муқаддас фаҳмонед, ки чаро зодрӯзро ҷашн намегиред. Вале шояд шумо фикр кунед, ки инро ба онҳо фаҳмонда наметавонед. Барои ин шумо бояд омӯзиши шахсӣ гузаронед. Пеши худ ду мақсад гузоред: 1) боварии худатонро қавӣ мегардонед, ки ҷашн гирифтани зодрӯз ба Худо маъқул нест ва 2) нағзтар фаҳмондани эътиқодатонро ёд мегиред (Мат. 14:6–11; 1 Пет. 3:15). Дар аввал фикр кунед, ки барои чӣ одамон зодрӯзро ҷашн мегиранд? Сипас, бо ёрии адабиётамон ин мавзӯъро бодиққат таҳқиқ кунед. Дар бораи имони худ нақл кардан дар асл кори он қадар мушкил нест. Аксари одамон рӯзи таваллудро танҳо барои он ҷашн мегиранд, ки онро ҳама қайд мекунанд. Агар шумо ҳангоми омӯзиши шахсӣ як-ду далел ёбед, ки чаро зодрӯз ба Худо маъқул нест, онҳоро истифода бурда ба шахсони самимӣ эътиқодатонро фаҳмонда метавонед. (Қӯлассиён 4:6-ро хонед.)

ШАВҚИ ХУДРО ЗИЁД ГАРДОНЕД

14–16. а) Чӣ тавр шумо бо он китоби Каломи Худо, ки дар борааш кам медонед, хубтар шинос шуда метавонед? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр оятҳои овардашуда ба шумо барои хубтар фаҳмидани китоби Омӯс кӯмак мекунанд. (Ба чорчӯбаи  «Воқеаҳои Каломи Худоро зинда тасаввур кунед!» нигаред.)

14 Фарз мекунем, дар вохӯрии оянда мо китоби яке аз пайғамбаронеро мехонем, ки ба китобҳои хурди пешгӯйиҳо дохил мешавад. Эҳтимол бо он пайғамбар шумо нағз шинос нестед. Барои аз омӯзиши ин китоб манфиати бештар гирифтан пеш аз ҳама шавқи худро ба чизе, ки пайғамбар навиштааст, зиёд гардонед. Чӣ тавр?

15 Дар аввал ба худ савол диҳед: «Ман дар бораи ин пайғамбар чиро медонам? Ӯ кӣ буд, дар куҷо зиндагӣ мекард ва касбу кораш чӣ буд?» Дар бораи нависанда маълумот гирифта мо хубтар мефаҳмем, ки чаро вай ин ё он калима ва мисолҳоро дар китобаш истифода бурдааст. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас ба ибораҳое диққат диҳед, ки хислату ҳиссиёти нависандаро ошкор мекунанд.

16 Сипас фаҳмед, ки он китоб кай навишта шуда буд. Шумо ин маълумотро аз замимаи «Маълумот дар бораи китобҳои Китоби Муқаддас», ки дар қафои «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» (рус.) омадааст, ёфта метавонед. Илова бар ин ба брошураи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо», ба ҷадвали «Пайғамбарон ва подшоҳони Яҳудову Исроил» нигаред. Агар китобе, ки шумо омӯзиш карда истодаед, китоби пешгӯйӣ бошад, хуб мебуд фаҳмед, ки вазъият дар он замон чӣ хел буд. Одамон чӣ гуна рӯҳияи бад доштанд ва бо кадом корҳои бад машғул мешуданд, ки Худо ин пайғамбарро барои огоҳ кардани онҳо фиристод? Ҳамзамонони он пайғамбар киҳо буданд? Барои пурратар фаҳмидани вазъияти он замон  шумо метавонед ба дигар китоби Навиштаҳо низ назар кунед. Масалан, барои нағзтар фаҳмидани он ки дар замони Омӯс вазъият чӣ гуна буд, ба оятҳои параллелии Омӯс 1:1, дар Тарҷумаи дунёи нав, назар кунед. Онҳо ба 4 Подшоҳон ва 2 Вақоеънома ишора мекунанд. Шумо ҳамчунин ба китоби Ҳушаъ, ки ҳамзамони Омӯс буд, нигоҳ карда метавонед. Ҳамаи ин маълумот ба шумо равшанӣ меандозад, ки Омӯс дар кадом замон зиндагӣ мекард (4 Подш. 14:25–28; 2 Вақ. 26:1–15; Ҳуш. 1:1–11; Омӯс 1:1).

БА ЧИЗҲОИ ХУРД АҲАМИЯТ ДИҲЕД

17, 18. Бо ёрии мисолҳои боло ё мисоли шахсиатон фаҳмонед, ки диққат додан ба тафсилоти хурди Каломи Худо метавонад омӯзиши шахсии моро шавқовартар гардонад.

17 Хуб мебуд, ки ҳангоми хондани Китоби Муқаддас ба андозае кунҷков бошем. Фарз мекунем, ки шумо боби 12-уми китоби Закарёи набиро, ки дар бораи марги Масеҳ пешгӯйӣ кардааст, хонда истодаед (Зак. 12:10). Дар ояти 12 омадааст, ки «оилаи хонадони Нотон» барои марги Масеҳ навҳагарӣ мекунанд. Ба ҷойи даррав ба ояти 13 гузаштан, каме истода ба худ савол диҳед: «Байни хонадони Нотон ва Масеҳ чӣ алоқамандӣ вуҷуд дорад? Дар ин бора аз куҷо бисёртар фаҳмидан мумкин?» Таҳқиқ кунед. Якум ояти параллелии он ба 2 Подшоҳон 5:13, 14 мебарад. Аз он ҷо мефаҳмед, ки Нотон яке аз писарони шоҳ Довуд буд. Дуюм ояти параллелӣ ин Луқо 3:23, 31 мебошад. Он оятҳо равшан нишон медиҳанд, ки Исо, писари Марям, бевосита аз авлоди Нотон буд. (Ба «Дафтари ҳаёт ва хизмат» аз июни с. 2018, қисми «Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом» ба маънидоди Луқо 3:23 нигаред.) Омӯзишатон торафт шавқовар шуда истодааст, ҳамин тавр-не? Шумо медонед, ки мувофиқи пешгӯйӣ Исо бояд аз насли Довуд меомад (Мат. 22:42). Вале Довуд беш аз  20 писар дошт. Ва аҷоиб ки пешгӯйии Закарё аниқ мегӯяд, ки хонадони Нотон барои марги Исо азодорӣ карданд. Аз ин ҷо хулоса мебарорем, ки Исо аз насли Нотон буд.

18 Мисоли дигарро дида мебароем. Дар боби якуми Луқо мо мехонем, ки фаришта Ҷаброил пеши Марям омада хабар дод, ки ӯ писардор мешавад. Вай гуфт: «Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло номида мешавад. Яҳува Худо ба ӯ тахти падараш Довудро медиҳад ва ӯ чун Подшоҳ бар хонадони Яъқуб абадан ҳукмронӣ мекунад» (Луқ. 1:32, 33). Шояд мо танҳо ба қисми аввали хабари Ҷаброил аҳамият диҳем, яъне ба он ки Исо писари Худои Таоло номида мешавад. Вале Ҷаброил инчунин пешгӯйӣ кард, ки Исо «чун Подшоҳ» ҳукмронӣ мекунад. Ба фикратон ин суханонро шунида Марям аз сараш чӣ фикрҳоро гузаронд? Оё суханони Ҷаброил маънои онро доштанд, ки Исо ба ҷойи шоҳ Ҳиродус ё ба ҷойи ягон вориси ӯ подшоҳи Исроил мегардад? Агар Исо подшоҳ шавад, пас оё Марям малика мешавад ва дар қасри подшоҳӣ зиндагӣ мекунад? Вале дар ягон ояти Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Марям ба Ҷаброил чунин саволҳоро дода бошад. Ҳамчунин мо дар ягон ҷо намехонем, ки Марям дар Подшоҳии осмонӣ, ба мисли ду шогирди Исо мавқеи баландеро пурсида бошад (Мат. 20:20–23). Чуқур дида баромадани ин тафсилот ба мо мефаҳмонад, ки Марям дар ҳақиқат зани фурӯтан буд.

19, 20. Мувофиқи Яъқуб 1:22–25 ва 4:8 ҳангоми омӯзиш мо ба кадом мақсадҳо расидан мехоҳем?

19 Биёед дар ёд дорем, ки мақсади аз ҳама асосии мо аз омӯзиш кардани Каломи Худо ва адабиётамон ин наздик шудан ба Яҳува аст. Мо инчунин мехоҳем, ки дар асл чӣ гуна будани худро дар оинаи Каломи Худо бинем, то аз ҷиҳати лозима ислоҳ шуда ба Яҳува писанд оем. (Яъқуб 1:22–25; 4:8-ро хонед.) Барои ҳамин ҳар дафъа пеш аз сар кардани омӯзиши шахсӣ мо бояд дуо гуфта аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем. Мо бояд илтиҷо карда аз Ӯ мадад пурсем, то аз маълумоте, ки мехонем, фоидаи бештар гирем ва камбудиҳои худро ислоҳ кунем.

20 Ҳар яки мо мехоҳем хизматгори содиқи Яҳува бошем. Забурнавис ин гуна шахсро чунин тасвир кард: «Ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад... ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт» (Заб. 1:2, 3).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

^ сарх. 5 Яҳува барои мо дастархони пурнозу неъмате оростааст, ки он пур аз ғизои рӯҳонист. Мо барои тамошо кардан, хондан ва омӯзиш кардан маводи фаровон дорем. Ин мақола ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки омӯзиши кадом маводҳо дар ҷойи якум меистанд. Ҳамчунин он барои аз омӯзиши шахсӣ бештар манфиат гирифтан маслиҳатҳо медиҳад.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Волидон ба фарзандони худ нишон медиҳанд, ки ба омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» чӣ хел тайёрӣ дидан лозим аст.

^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМ: Бародар оиди нависандаи Китоби Муқаддас, Омӯс, таҳқиқ мегузаронад. Ӯ воқеаҳои Китоби Муқаддасро хонда дар бораашон мулоҳиза меронад ва онҳоро тасаввур мекунад. Хаёлоти ӯ чун расм дар қафо оварда шудаанд.