Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29

Равед ва шогирд тайёр кунед

Равед ва шогирд тайёр кунед

«Пас, равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед» (МАТ. 28:19).

СУРУДИ 10 «Худоям, маро бифирист!»

ПЕШГУФТОР *

1, 2. a) Мувофиқи Матто 28:18–20 Исо ба ҷамъомади масеҳӣ кадом супоришро дод? б) Ба кадом саволҳо мо аз ин мақола ҷавоб меёбем?

РАСУЛОН дар домани кӯҳ, дар ҳамон ҷое, ки Исои эҳёшуда ба онҳо таъйин карда буд, ҷамъ омаданд. Дили онҳо пур аз ҳаяҷон буд, чунки Исо бояд дар он ҷо бо онҳо вомехӯрд (Мат. 28:16). Эҳтимол ин ҳамон мавриде буд, ки Исо «яку якбора ба зиёда аз панҷсад бародарон зоҳир шуд» (1 Қӯр. 15:6). Чаро Исо аз шогирдонаш хоҳиш кард, ки дар он ҷо ҷамъ шаванд? Чунки ӯ ба онҳо супориши шавқоваре доданӣ буд. Ӯ гуфт: «Равед ва аз байни тамоми халқҳо барои ман шогирд тайёр кунед». (Матто 28:18–20-ро хонед.)

2 Шогирдоне, ки ин суханони Исоро шуниданд, аъзоёни ҷамъомади асри як гаштанд. Вазифаи асосии он ҷамъомад ин буд, ки шумораи ҳарчи бештари одамонро шогирди Масеҳ созанд *. Имрӯз дар саросари ҷаҳон даҳҳо ҳазор ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува ҳастанд ва вазифаи асосии онҳо низ тайёр кардани шогирд мебошад. Дар ин мақола мо ба чор саволи зерин ҷавоб меёбем: «Чаро тайёр кардани шогирд хеле муҳим аст? Ин чиро дар бар мегирад? Оё ҳар як воиз дар кори шогирдсозӣ саҳми худро гузошта метавонад? Ва чаро дар ин кор мо бояд пурсабрӣ зоҳир кунем?»

ЧАРО ШОГИРДСОЗӢ ИН ҚАДАР МУҲИМ АСТ?

3. Мувофиқи Юҳанно 14:6 ва 17:3 чаро кори шогирдсозӣ хеле муҳим аст?

3 Чаро тайёр кардани шогирд хеле муҳим аст? Чунки танҳо шогирдони Исо дӯстони Худо шуда метавонанд. Ва  маҳз бо ин роҳ шахс метавонад имрӯз ҳаёташро беҳтар кунад ва дар оянда ҷовидона зиндагӣ кунад. (Юҳанно 14:6; 17:3-ро хонед.) Исо ба мо — пайравонаш бовар карда вазифаи хеле муҳимро супорид, ки та́нҳо худамон аз ӯҳдаи ин баромада наметавонем. Павлуси расул дар бораи худ ва баъзе дӯстони наздикаш чунин навишт: «Мо ҳамкорони Худо ҳастем» (1 Қӯр. 3:9). То чӣ андоза шарафи бузург аст, ки мо одамони гунаҳкор, ҳамкорони Худо ва Масеҳ буда метавонем!

4. Мо аз мисоли Иван ва Матилда чӣ омӯхта метавонем?

4 Шогирдсозӣ ба мо хурсандии зиёд мебахшад. Биёед мисоли Иван ва ҳамсараш Матилдаро, ки аз Колумбия мебошанд, дида бароем. Онҳо ба як ҷавоне, ки Давиер ном дошт, мавъиза намуданд. Он ҷавон ба онҳо гуфт: «Ман дигар шудан мехоҳаму лекин наметавонам». Давиер боксёр, нашъакаш, арақхӯр буд ва бо Эрика ном духтаре зиндагӣ мекард. Иван мегӯяд: «Мо бо Давиер омӯзишро сар кардем. Деҳае, ки ӯ зиндагӣ мекард, хеле дур буд. Мо бо велосипед роҳҳои лойқаро гузашта баъди чанд соат ба он ҷо мерасидем. Баъдтар, дигар шудани гуфтору рафтори Давиерро дида Эрика низ ба омӯзиш ҳамроҳ шуд». Бо гузашти вақт Давиер нашъакашӣ, арақхӯрӣ ва боксро партофт. Ӯ ҳамчунин бо Эрика қонунан издивоҷ кард. Ҳамсари Иван, Матилда, мегӯяд: «Вақте Давиер ва Эрика соли 2016 таъмид гирифтанд, мо суханони Давиерро, ки пеш гуфта буд, ба хотир овардем: “Ман дигар шудан мехоҳаму лекин наметавонам”. Мо аз хурсандӣ оби дидаамонро дошта натавонистем». Бешубҳа, вақте мо ба одамон барои шогирди Исо шудан ёрӣ медиҳем, шодии бузурге ҳис мекунем.

ШОГИРДСОЗӢ ЧИРО ДАР БАР МЕГИРАД?

5. Қадами якум барои тайёр кардани шогирдон кадом аст?

5 Қадами аввал ин аст, ки мо бояд одамони худоҷӯй ва ташнаи ҳақиқатро ҷӯстуҷӯ кунем (Мат. 10:11). Вақте мо ба одамон дар бораи Яҳува гап мезанем, бо ин исбот мекунем, ки Шоҳидони Ӯ ҳастем. Масеҳиёни ҳақиқӣ бо мавъизаи хушхабар инчунин нишон медиҳанд, ки ба амри Исо гӯш медиҳанд.

6. Барои он ки хизматамон натиҷаҳои хуб орад, мо чӣ кор карда метавонем?

6 Баъзе одамон ташнаи ҳақиқат ҳастанд, бисёриҳо бошанд, дар назари аввал бепарво метобанд. Ва шояд ба мо лозим аст, ки шавқи онҳоро бедор кунем. Барои он ки хизмати мо натиҷаҳои хуб орад, мо бояд хуб тайёрӣ бинем. Фикр кунед, ки кадом мавзӯъҳо ба одамони маҳалли шумо шавқовар буда метавонанд. Мавзӯъҳои мувофиқро интихоб кунед ва пешакӣ онҳоро машқ кунед.

7. Бо одамон чӣ тавр сӯҳбатро сар кардан мумкин аст? Чаро мо бояд онҳоро гӯш кунем ва нуқтаи назарашонро эҳтиром намоем?

7 Масалан, шумо метавонед ба соҳибхона чунин гӯед: «Ҳозир ҷудошавии оилаҳо хеле бисёр ба назар мерасад. Ба фикратон чӣ кор кунем, ки издивоҷамон мустаҳкам шавад?» Сипас ояти Матто 7:12-ро муҳокима кунед. Ё чунин гуфта метавонед: «Ба фикри шумо, сирри хуб тарбия кардани фарзанд дар чист?» Баъди гӯш кардани фикри шахс Такрори Шариат 6:6, 7-ро хонда муҳокима кунед. Хулоса, мавзӯъҳоеро интихоб кунед, ки ба одамони маҳалли шумо шавқоваранд. Тасаввур кунед, ки чизе ки шумо аз Китоби Муқаддас мегӯед, ба онҳо чӣ манфиат меорад. Ҳангоми сӯҳбат суханони шахсро бодиққат гӯш кунед ва ақидаашро эҳтиром намоед. Ин хеле муҳим аст. Он гоҳ  шумо ҳиссиёти ӯро хубтар мефаҳмед ва ӯ низ шояд шуморо нағз гӯш кунад.

8. Чаро барои боздид кардани шавқмандон аз мо вақту кӯшиши зиёд талаб карда мешавад?

8 Барои он ки касе ба омӯзиш розӣ шавад, шояд якчанд бор ӯро боздид кардан лозим ояд. Ин аз мо вақту кӯшиши зиёд металабад. Чаро? Чунки вақте такроран меоем, баъзан соҳибхонаро дар хонааш намеёбем. Аз ин рӯ барои ӯро ёфтан боз рӯзи дигар омадан лозим аст. Ғайр аз ин мақсади боздидҳо ин аст, ки шахс каме ба мо одат кунад ва ошно гардад. Агар вай худро бо мо озод ҳис кунад, шояд он гоҳ ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шавад. Мо медонем, ки барои сабзидани растанӣ ба он мунтазам об додан лозим аст. Ба мисли ин, барои он ки дар дили шавқмандон меҳр ба Яҳува ва Исо торафт зиёд шавад, мо бояд гаштаву баргашта онҳоро боздид кунем ва дар бораи Каломи Худо сӯҳбат кунем.

ОЁ ҲАР ЯК ВОИЗ ДАР КОРИ ШОГИРДСОЗӢ САҲМ МЕГУЗОРАД?

Шоҳидон дар тамоми ҷаҳон одамони самимиро ҷустуҷӯ мекунанд (Ба сархатҳои 9 ва 10 нигаред.) *

9, 10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ёфт шудани одамони самимӣ дастоварди як воиз нест?

9 Дар ёфтани одамони самимӣ ҳар як хизматгори Худо иштирок мекунад. Ин корро ба кофтукови кӯдаки гумшуда монанд кардан мумкин аст. Чӣ тавр? Воқеаеро, ки дар ҳақиқат рӯй дода буд, мисол меорем. Боре як писарчаи сесола гум шуд. Тахминан 500 одам ба кофтукови ӯ баромаданд. Ва қариб 20 соат пас яке аз онҳо писарчаро дар замини ҷуворимакка ёфт. Вақте барои ин кораш ба ӯ мукофот пешкаш карданд, ӯ рад кард. Вай гуфт: «Кӯдак барои он ёфт шуд, ки ҳамаамон якҷоя аз паси кофтани ӯ шудем».

10 Имрӯз бисёр одамон монанди он кӯдаки гумшуда мебошанд. Онҳо дар зиндагӣ ягон умед надоранд ва ба кӯмак мӯҳтоҷанд (Эфс. 2:12). Мо, ки зиёда аз ҳашт миллион мебошем, дар кофтукови он одамони самимӣ  иштирок дорем. Мумкин худи шумо то ҳол ягон касро наёфтаед, ки Китоби Муқаддасро омӯзиш кардан хоҳад. Лекин дигар воизон дар ҳамон маҳал шояд касеро ёбанд, ки ҳақиқати Каломи Худоро фаҳмидан мехоҳад. Вақте ягон бародар ё хоҳар шахсеро меёбад, ки шогирди Исо мегардад, ҳама аз ин хурсанд мешаванд. Чунки дар асл ин дастоварди танҳо худи ӯ не, балки ҳамаи воизон аст.

11. Ҳатто агар омӯзанда надошта бошед ҳам, бо кадом роҳҳо дар кори шогирдсозӣ саҳм гузошта метавонед?

11 Агар шумо айни ҳол омӯзанда надошта бошед, бо роҳҳои дигар дар кори шогирдсозӣ саҳм гузошта метавонед. Масалан, одамонеро, ки нав ба ҷамъомад меоянд, хуш пазироӣ намуда бо онҳо нағз муомила кунед. Чунин муҳаббат онҳоро боварӣ мебахшад, ки мо масеҳиёни ҳақиқӣ ҳастем (Юҳ. 13:34, 35). Ҳатто аз шарҳҳои самимӣ ва кӯтоҳе, ки шумо дар ҷамъомад медиҳед, омӯзандагон ҷавобдиҳиро ёд мегиранд. Ғайр аз ин, шумо метавонед бо воизони нав ба хизмат равед ва дар асоси Китоби Муқаддас сӯҳбат карданро ба онҳо ёд диҳед. Ҳамин тавр шумо дар кори шогирдсозӣ саҳм гузошта метавонед (Луқ. 10:25–28).

12. Оё барои тайёр кардани шогирдон қобилиятҳои махсус доштан шарт аст? Фаҳмонед.

12 Мо набояд фикр кунем, ки барои шогирд тайёр кардан қобилиятҳои махсус доштан лозим аст. Мисоли Фаустинаро, ки дар Боливия зиндагӣ мекунад, дида мебароем. Вақте ӯ бо Шоҳидони Яҳува шинос шуд, тамоман хонда наметавонист. Баъдтар вай каму беш хонданро ёд гирифт. Ҳоло ӯ хоҳари таъмидёфта аст ва таълим додани дигаронро дӯст медорад. Одатан вай ҳар ҳафта бо панҷ кас омӯзиш мегузаронад. Ҳарчанд Фаустина то ҳол равону бурро хонда натавонад ҳам, ӯ ба шаш нафар кӯмак кард, ки ҳақиқатро қабул карда таъмид гиранд (Луқ. 10:21).

13. Ба серкориамон нигоҳ накарда дар кори шогирдсозӣ иштирок кардан чӣ гуна баракатҳо меорад?

13 Бисёри масеҳиён хеле серкоранд ва масъулиятҳои зиёд бар дӯш доранд. Лекин ба ҳар ҳол онҳо вақт ҷудо мекунанд, то бо дигарон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронда аз ин хурсандӣ гиранд. Ба мисоли зерин аҳамият диҳед. Хоҳар Мэлани, ки аз Аляска аст, духтарчаи 8-солаашро танҳо калон мекунад. Вай инчунин рӯзи дароз кор мекунад ва падарашро, ки бемории саратон дорад, нигоҳубин мекунад. Мэлани дар деҳаи худ ягона Шоҳиди Яҳува аст. Ӯ пайваста ба Яҳува дуо гуфта қувват мепурсид, ки ба хунукии ҳаво нигоҳ накарда ба мавъиза рафта тавонад. Ӯ сахт мехост, ки ягон омӯзанда ёбад. Ниҳоят рӯзе ӯ Сара ном занеро вохӯрд, ки аз фаҳмидани номи Худо беҳад хурсанд шуд. Чанде пас, он зан  омӯзиш сар кард. Мэлани мегӯяд: «Бегоҳии ҳар рӯзи ҷумъа ман сахт монда мешудам, вале бо духтарчаам ба хонаи Сара ба омӯзиш мерафтем. Ин ба мо хурсандӣ меовард. Ба саволҳои Сара мо бо шавқу завқ ҷавоб мекофтем ва шодӣ мекардем, ки ӯ дӯсти Яҳува шуда истодааст». Сара зиддиятҳоро далерона паси сар кард, калисоро тарк намуд ва таъмид гирифт.

ЧАРО ДАР КОРИ ШОГИРДСОЗӢ МО БОЯД ПУРСАБР БОШЕМ?

14. а) Аз кадом ҷиҳат воизони хушхабар ба моҳигирон монанданд? б) Суханони 2 Тимотиюс 4:1, 2 моро ба чӣ бармеангезанд?

14 Агар шумо ҳоло ягон омӯзанда наёфта бошед ҳам, рӯҳафтода нашавед ва ҷустани одамони самимиро давом диҳед. Исо кори шогирдсозиро ба моҳигирӣ монанд карда буд. Моҳигирон одатан барои қапидани моҳӣ соатҳои дароз меҳнат мекунанд. Бисёр вақт онҳо шабона ё саҳарии барвақт ба сайд мераванд ва баъзан бо қаиқ ба масофаи дур шино мекунанд (Луқ. 5:5). Ба ин монанд, баъзе воизон барои «моҳигирӣ» соатҳои дароз меҳнат мекунанд. Онҳо барои ёфтани шумораи бештари одамон ба маҳалҳои гуногун мераванд ва дар вақтҳои гуногун хизмат мекунанд. Бисёр вақт кӯшиши онҳо натиҷаҳои хуб меорад, зеро шахсонеро меёбанд, ки ба хушхабар шавқ доранд. Оё шумо кӯшиш мекунед, то дар вақте ба хизмат равед, ки одамонро дар хонаашон ёфтан мумкин аст ё дар ҷое мавъиза кунед, ки одамон зиёданд? (2 Тимотиюс 4:1, 2-ро хонед.)

Ба омӯзандагон босаброна кӯмак кунед, ки Яҳуваро шиносанд, дӯст доранд ва ба Ӯ итоат кунанд (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Чаро кори шогирдсозӣ аз мо пурсабрӣ металабад?

15 Чаро кори шогирдсозӣ пуртоқатӣ металабад?  Барои ин якчанд сабаб ҳаст. Масалан, вазифаи мо фақат ин нест, ки омӯзандагон бо таълимоти Китоби Муқаддас шинос шаванд ва онҳоро дӯст доранд. Мо бояд ба онҳо кӯмак кунем, то бо Муаллифи Китоби Муқаддас, Яҳува, шинос шаванд ва ба Ӯ меҳр пайдо кунанд. Инчунин мо бояд ба омӯзандагон на танҳо талаботи Исоро фаҳмонем, балки мувофиқи он зистанро низ ёд диҳем. Агар онҳо дар масъалаи ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас душворӣ кашанд, мо бояд пурсаброна ба онҳо кӯмак кунем. Баъзе омӯзандагон дар муддати кӯтоҳ тарзи фикррониашонро дигар карда одатҳои бади худро тарк мекунанд. Ба баъзеи дигар бошад, моҳҳои зиёд лозим аст.

16. Аз мисоли Раул мо чӣ меомӯзем?

16 Як бародари миссионер аз Перу нақл мекунад, ки пурсабр будан чӣ натиҷаи хуб меорад. «Ман бо Раул ном марде омӯзиш мекардам,— мегӯяд бародар. Ҳарчанд ӯ ду китобро тамом карда бошад ҳам, дар ҳаёташ ҳанӯз душвориҳои ҷиддӣ дошт. Оилааш тинҷу ором набуд, аз сабаби дағалу сахтгап будани вай фарзандонаш ӯро ҳурмат намекарданд. Лекин Раул мунтазам ба вохӯриҳо меомад, барои ҳамин ман ба назди ӯ рафтанро бас намекардам. Ва ниҳоят тақрибан баъди се соли бо ҳам шинос шуданамон Раул ба таъмид гирифтан тайёр шуд».

17. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

17 Исо ба мо гуфт, ки «равед ва аз байни тамоми халқҳо... шогирд тайёр кунед». Барои иҷрои ин супориш бисёр вақт ба мо лозим меояд, ки бо одамоне гап занем, ки эътиқодашон гуногун аст, ё ба ягон дин тааллуқ надоранд ва ё ба вуҷуд доштани Худо бовар намекунанд. Аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ин гуна одамон хушхабарро расонем.

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

^ сарх. 5 Вазифаи асосии ҷамъомади масеҳӣ, ин ба одамон кӯмак кардан аст, то онҳо шогирдони Исо гарданд. Дар ин мақола якчанд маслиҳатҳои муфид дода мешавад, ки барои иҷро кардани ин вазифаамон ба мо кӯмак мекунад.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО. Барои шогирди Масеҳ шудан фақат донистани таълимоти ӯ кифоя нест. Шахс бояд аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунад ва аз таҳти дил ба намунаи Исо пайравӣ намояд (1 Пет. 2:21).

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМҲО: Марде ҳангоми рухсатӣ ба саёҳат рафта истодааст ва дар фурудгоҳ ӯ аз Шоҳидони Яҳува адабиёте мегирад. Баъдтар ҳангоми саёҳат ӯ Шоҳидони дигарро мебинад, ки бо аробачаи адабиётдор мавъиза доранд. Баъди ба хона баргаштанаш Шоҳидон дари хонаи ӯро тақ-тақ мекунанд.

^ сарх. 54 ШАРҲИ РАСМҲО: Он мард ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ мешавад ва баъдтар таъмид мегирад.