Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо аз они Яҳува ҳастем

Мо аз они Яҳува ҳастем

«Хушо халқе ки Худованд Худои вай аст, ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст» (ЗАБ. 32:12).

СУРУДҲО: 31, 48

1. Чаро барҳақ гуфта метавонем, ки ҳама чиз аз они Яҳува аст?

ТАМОМИ ҳастии олам аз они Яҳува аст! «Осмон ва фалакулафлок аз они Худованд... ва замин ва ҳар он чи дар он аст!» (Такр. Ш. 10:14; Ваҳй 4:11). Азбаски ба ҳар як инсон Яҳува ҳаёт бахшидааст, одамон низ аз они Ӯ ҳастанд (Заб. 99:3). Лекин дар давоми таърих як гурӯҳ одамон чун халқи махсус ба Яҳува тааллуқ доштанд.

2. Мувофиқи Китоби Муқаддас кӣ халқи махсуси Худо ҳисоб меёфт?

2 Масалан, дар боби 134-уми Забур гуфта шудааст, ки Яҳува дар замони қадим халқи Исроилро «ҳамчун азизи Худ», ё моликияти махсуси Худ меҳисобид (Заб. 134: 4). Пайғамбар Ҳушаъ пешгӯйӣ карда буд, ки баъзе ғайрияҳудиён низ халқи Яҳува хоҳанд шуд (Ҳуш. 2:23). Ин пешгӯйӣ вақте иҷро шуд, ки Яҳува аз ғайрияҳудиён баъзеҳоро интихоб кард, то оянда дар осмон бо Масеҳ ҳукмронӣ кунанд (Аъм. 10:45; Рум. 9:23–26). Он масеҳиёни бо рӯҳулқудс тадҳинёфта «халқи муқаддас» ва «моликияти махсуси Худо» ҳисоб меёбанд (1 Пет. 2:9, 10). Лекин дар бораи масеҳиёни содиқе, ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Яҳува ба онҳо ишора карда мегӯяд, ки онҳо «қавми Ман» ва «баргузидагони Ман» ҳастанд (Иш. 65:22).

3. а) Киро имрӯз Яҳува халқи худ меҳисобад? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

 3 Имрӯз «рамаи хурд», ки умеди осмонӣ дорад ва «гӯсфандони дигар», ки умедашон заминӣ аст, як рамаро ташкил медиҳанд, ки Яҳува онҳоро халқи худ меҳисобад (Луқ. 12:32; Юҳ. 10:16). Бешубҳа, барои чунин муносибатҳои махсусе, ки бо Яҳува дорем, мо миннатдориамонро ба Ӯ нишон додан мехоҳем. Дар ин мақола мо роҳҳои гуногуни зоҳир кардани ин миннатдориро дида мебароем.

ҲАЁТАМОНРО БА ЯҲУВА МЕБАХШЕМ

4. Барои муносибати махсусе, ки бо Яҳува дорем, яке аз роҳҳои нишон додани миннатдорӣ кадом аст? Ва Исо дар ин ба мо чӣ намуна гузошт?

4 Яке аз роҳҳои нишон додани миннатдорӣ ба Яҳува ин аст, ки мо аз сидқи дил ҳаётамонро ба Ӯ бахшида, таъмид гирем. Ҳамин тавр мо ба дигарон нишон медиҳем, ки аз они Яҳува ҳастем ва минбаъд аз рӯйи хости Ӯ зиндагӣ кардан мехоҳем (Ибр. 12:9). Ба ин монанд, Исо бо таъмид гирифтанаш ба Яҳува гӯё гуфт: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам» (Заб. 39:8, 9). Исо аз халқе таваллуд ёфта буд, ки аллакай ба Худо бахшида шудааст. Барои ҳамин, ӯ бо таъмидаш нишон дод, ки ба иҷрои иродаи Яҳува тайёр аст.

5, 6. а) Вақте Исо таъмид гирифт, Яҳува чӣ ҳис кард? б) Ҳарчанд ҳама чиз аллакай аз они Яҳува аст, чаро вақте мо ба Ӯ ҳаётамонро мебахшем, Ӯ инро қадр мекунад? Бо мисол фаҳмонед.

Вақте ки Исо таъмид гирифт, Яҳува чӣ ҳис кард? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Баъд аз таъмид гирифтан, ҳамин ки Исо аз об берун омад, осмон кушода шуд ва Яҳё рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре фаромада, бар Исо қарор гирифт. Он вақт аз осмон садое омад: “Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям”» (Мат. 3:16, 17). Исо пеш аз таъмид аллакай аз они Яҳува буд. Лекин, вақте ӯ нишон дод, ки ҳаёташро танҳо барои иҷрои иродаи Падараш мебахшад, Яҳува хеле шод шуд. Мо низ, вақте ҳаётамонро ба Яҳува мебахшем, Ӯро хушнуд мекунем ва соҳиби баракатҳои фаровон мешавем (Заб. 149:4).

6 Барои инро хуб фаҳмидан як мисол меорем. Марде дар боғаш гулҳои зебо парвариш менамояд. Рӯзе духтарчаи хурдсоли ӯ як гулро канда, ба падараш тӯҳфа мекунад. Магар ҳамаи гулҳо аллакай аз они падараш нестанд? Чӣ тавр духтарча чизеро, ки ба падараш тааллуқ дорад, гашта ба худи ӯ тӯҳфа карда метавонад? Лекин падар дар ин бора ҳатто фикр намекунад ва хурсанд шуда, тӯҳфачаи духтарашро қабул мекунад. Охир, духтарча мехост бо ин муҳаббаташро ба падараш нишон диҳад. Падар бешубҳа гулеро, ки духтараш дод, аз ҳамаи гулҳои дигари боғ бисёртар қадр мекунад. Ба ҳамин монанд, вақте ки мо аз сидқи дил ҳаётамонро ба Яҳува мебахшем, Ӯ бениҳоят шод мегардад (Хур. 34:14).

7. Мувофиқи суханони Малокӣ Яҳува ба шахсоне, ки бо омодагӣ ба Ӯ хизмат мекунанд, чӣ гуна муносибат мекунад?

7 Малокӣ 3:16-ро хонед. Оё шумо ҳаётатонро ба Худо бахшида таъмид гирифтаед? Агар ҳоло не, пас фикр кунед, ки чаро гузоштани ин қадам муҳим аст. Аслан гирем, шумо чун ҳамаи дигар одамон аз рӯзи ба дунё омаданатон аз они Яҳува мебошед. Лекин тасаввур кунед, ки то чӣ андоза Ӯ хурсанд мешавад, агар шумо Ӯро Ҳокими худ эътироф карда, ҳаётатонро ба Ӯ бахшед ва иродаашро иҷро кунед (Мас. 23:15). Барои ин корамон Яҳува моро бе мукофот намемонад. Ӯ онҳоеро, ки бо омодагӣ ба Ӯ хизмат мекунанд, қадр мекунад ва номашонро дар «китоби ёддошт» менависад.

8, 9. Яҳува аз онҳое, ки номашон «дар китоби ёддошт» навишта шудааст, чӣ металабад?

8 Агар хоҳем, ки номи мо дар «китоби ёддошт»-и Яҳува монад, аз мо низ чизе талаб  карда мешавад. Малокӣ гуфт, ки мо бояд аз Худо тарсем ва оиди номаш мулоҳиза кунем. Аммо агар мо ягон каси дигар ё ягон чизро парастиш кунем, Ӯ номи моро аз китоби ҳаёт хат мезанад (Хур. 32:33; Заб. 68:29).

Вақте ки мо худро ба Яҳува мебахшем, мо ваъда медиҳем, ки иродаи Ӯро иҷро мекунем ва таъмид мегирем. Лекин фақат ваъда додан ва таъмид гирифтан кифоя нест. Ин корҳоро мо танҳо як бор мекунем ва онҳо зуд мегузаранд. Вале барои он ки хизматгори Яҳува буданамонро нишон диҳем, мо бояд ҳар рӯз, дар давоми тамоми ҳаётамон, ба Яҳува итоаткор бошем (1 Пет. 4:1, 2).

МО ХОҲИШҲОИ ДУНЁРО РАД МЕКУНЕМ

10. Хизматгорони содиқи Яҳува чӣ гуна бояд фарқ кунанд?

10 Дар мақолаи гузашта мо мисоли Қобил, Сулаймон ва исроилиёнро муҳокима карда будем. Ҳар яки онҳо гумон мекарданд, ки ба Яҳува ибодат мекунанд, вале ба Ӯ пурра содиқ набуданд. Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки фақат гуфтани он ки «ман ба Яҳува ибодат мекунам» кифоя нест. Мо бояд аз он чизе ки бад аст, нафрат кунем ва он чиро ки нек аст, дӯст дорем (Рум. 12:9). Дар китоби Малокӣ, баъди он ки дар бораи «китоби ёддошт» гуфта мешавад, Яҳува қайд кард, ки «фарқи байни одил ва шарир... байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад» аниқ маълум мешавад (Мал. 3:18).

11. Чаро ба Яҳува пурра содиқ будани мо бояд ба дигарон маълум бошад?

11 Мо аз Яҳува миннатдорем, ки моро халқи худ ҳисоб кардааст. Ин миннатдориро мо ҳамчунин бо пешрафти рӯҳонии худ нишон дода метавонем. Шоҳиди Яҳува будани мо бояд «ба ҳама намоён шавад» (1 Тим. 4:15; Мат. 5:16). Аз худ пурсед: «Оё дигарон мебинанд, ки ман пурра ба Яҳува содиқам? Оё ман оиди Шоҳиди Яҳува буданам ба дигарон мегӯям ё аз ин шарм медорам?» Агар мо шарм кунем, тасаввур кунед, ки Яҳува чӣ хел ғамгин мешавад. Баръакс, мо бояд фахр кунем, ки Ӯ моро чун халқи худ интихоб кардааст. (Заб. 118:46; Марқӯс 8:38-ро хонед.)

Оё аз тарзи ҳаётатон аниқ маълум аст, ки шумо Шоҳиди Яҳува ҳастед? (Ба сархати 12 ва 13 нигаред.)

12, 13. Аз чӣ сабаб баъзе Шоҳидонро аз одамони ин ҷаҳон фарқ кардан душвор аст?

12 Лекин афсӯс, ки ҳатто баъзе Шоҳидон  ба «рӯҳи ин ҷаҳон» тақлид мекунанд. Дар натиҷа байни онҳо ва дигар одамоне, ки хизматгори Яҳува нестанд, қариб ягон фарқият дида намешавад (1 Қӯр. 2:12). «Рӯҳи ин ҷаҳон» одамонро бармеангезад, ки диққати худро ба «хоҳишҳои ҷисм» равона созанд (Эфс. 2:3). Масалан, нигоҳ накарда ба ҳамаи маслиҳатҳое, ки мо мегирем, баъзеҳо тавре либос мепӯшанд ва рӯю мӯйи худро тавре оро медиҳанд, ки хоксорона нест. Онҳо либосҳои танг ва кушода мепӯшанд ва ҳатто ба вохӯриҳои масеҳӣ ҳамин хел меоянд. Ё онҳо мӯяшонро тавре кӯтоҳ мекунанд ё оро медиҳанд, ки барои масеҳиён шоиста нест (1 Тим. 2:9, 10). Дар натиҷа, вақте ки онҳо дар байни одамон мебошанд, гуфтан душвор аст, ки кӣ аз они Яҳува асту кӣ «дӯсти ҷаҳон» (Яъқ. 4:4).

13 Баъзе Шоҳидон бо рафторашон аз одамони ин ҷаҳон қариб фарқ намекунанд. Масалан, дар вохӯриҳои дӯстона онҳо тавре рақс ва рафтор мекунанд, ки аз доираи одоби масеҳӣ тамоман берун аст. Баъзе масеҳиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ суратҳои ношоистаи худро мемонанд ва гапҳое менависанд, ки барои шахси рӯҳонӣ хос нест. Шояд дар ҷамъомад онҳоро барои чунин рафторашон чун барои гуноҳи ҷиддӣ танбеҳ надиҳанд. Лекин онҳо ба дигар бародарону хоҳарон, ки ҳамранги ин ҷаҳон будан намехоҳанд, таъсири манфӣ расонда метавонанд. (1 Петрус 2:11, 12-ро хонед.)

Нагузоред, то шахсоне, ки дар роҳи Яҳува устувор нестанд, ба шумо таъсир расонанд

14. Агар мо хоҳем, ки дӯстиро бо Яҳува нигоҳ дорем, бояд чӣ гуна рафтор кунем?

14 Ҷаҳон кӯшиш мекунад, ки диққати моро ба «хоҳиши ҷисм, ҳаваси чашмон ва худнамоӣ бо чизу чораи худ» равона кунад (1 Юҳ. 2:16). Вале, азбаски мо аз они Яҳува ҳастем, мо бояд «чизҳои ба хости Худо муқобил ва хоҳишҳои дунёро рад карда, дар ин замона бо солимфикрӣ, росткорӣ ва худотарсӣ зиндагӣ кунем» (Тит. 2:12). Тамоми рафтори мо, яъне тарзи гапзанӣ, хӯрдан, нӯшидан, либоспӯшӣ, намуди зоҳирӣ ва рафтори мо дар кор, бояд ба дигарон аниқ нишон диҳад, ки мо пурра ба Яҳува содиқем. (1 Қӯринтиён 10:31, 32-ро хонед.)

МО «ЯКДИГАРРО АЗ ДИЛУ ҶОН ДӮСТ» МЕДОРЕМ

15. Чаро мо бояд бо ҳамимонон меҳрубонона ва бо муҳаббат муомила кунем?

15 Инчунин тарзи муомилаи мо бо бародарону хоҳарон нишон медиҳад, ки оё  мо дӯстиамонро бо Яҳува қадр мекунем ё не. Онҳо низ мисли мо аз они Яҳува мебошанд. Дар хотир доштани ин фикр моро бармеангезад, ки бо ҳамимонон ҳамеша меҳрубонона ва бо муҳаббат муносибат кунем (1 Тас. 5:15). Исо ба пайравонаш гуфт: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:35).

16. Кадом мисол аз Қонуни Мӯсо муносибати Яҳуваро ба халқаш нишон медиҳад?

16 Мисоле аз Қонуни Мӯсо ба мо мефаҳмонад, ки ба бародарону хоҳаронамон чӣ гуна бояд муносибат кунем. Дар маъбади Яҳува «коло», яъне асбобу анҷоми махсусе буданд, ки танҳо барои ибодати пок истифода мешуданд. Қонуни Мӯсо равшан нишон медод, ки чӣ тавр ин асбобҳо бояд эҳтиёт карда шаванд ва касе, ки ин қонунро вайрон мекард, бояд кушта мешуд (Ад. 1:50, 51). Яҳува нисбати асбобҳои беҷон, ки дар ибодаташ истифода мешуданд, чунин эҳтиёткорӣ талаб мекард. Пас, то чӣ андоза бештар Ӯ нисбати хизматгорони содиқаш, ки ҳаёташонро ба Ӯ бахшидаанд, ғамхорӣ мекунад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки ҳар кӣ ба халқи Худо даст расонад, «ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад» (Зак. 2:8).

17. Яҳува ба чӣ «гӯш андохта», диққат медиҳад?

17 Малокӣ дар бораи Яҳува гуфт, ки Ӯ «гӯш андохта», диққат медиҳад, ки хизматгоронаш бо якдигар чӣ тавр муомила мекунанд (Мал. 3:16). Дар ҳақиқат, «Яҳува касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад» (2 Тим. 2:19). Ӯ ҳар як кореро, ки мо мекунем, мебинад ва ҳар суханеро, ки мегӯем, мешунавад (Ибр. 4:13). Вақте ки мо ба ҳамимононамон муомилаи на он қадар нағз мекунем, Ӯ «гӯш андохта», ба ин диққат медиҳад. Вақте ки мо ба ҳамдигар меҳрубону бахшанда ҳастем ва меҳмоннавозиву саховатмандӣ зоҳир мекунем, албатта, Яҳува инро низ мебинад (Ибр. 13:16; 1 Пет. 4:8, 9).

«ХУДОВАНД ҚАВМИ ХУДРО РАД НАХОҲАД КАРД»

18. Чӣ тавр мо барои халқи Яҳува буданамон, миннатдорӣ нишон дода метавонем?

18 Бешубҳа, халқи Яҳува будан барои мо шараф аст ва мо барои ин ба Ӯ миннатдорӣ нишон додан мехоҳем. Азбаски мо Худоро хӯҷаини худ меҳисобем, аз рӯйи хирад аст, ки ҳаёти худро бо омодагӣ ба Ӯ бахшем. Мо ҳатто «дар миёни насли каҷрав ва гунаҳкор» зиндагӣ карда, мехоҳем «беайб ва пок» монем ва «дар байнашон чун нур дар ҷаҳон» дурахшем (Флп. 2:15). Барои ин, мо бояд боқатъият аз ҳар намуди бадӣ дурӣ ҷӯем (Яъқ. 4:7). Ва мо ҳамимононамонро дӯст медорем ва ҳурмат мекунем, зеро медонем, ки онҳо низ аз они Яҳува ҳастанд (Рум. 12:10).

19. Чӣ тавр Яҳува онҳоеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, баракат медиҳад?

19 Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард» (Заб. 93:14). Яҳува ин ваъдаашро ҳатман иҷро мекунад. Ва чизе ки бо мо рӯй надиҳад, Ӯ ҳаргиз моро тарк намекунад. Ҳатто марг моро аз муҳаббати Ӯ ҷудо карда наметавонад (Рум. 8:38, 39). «Агар зиндагӣ кунем, барои Яҳува зиндагӣ мекунем ва, агар бимирем, барои Яҳува мемирем. Пас, хоҳ зиндагӣ кунем ва хоҳ бимирем, аз они Яҳува ҳастем» (Рум. 14:8). Мо бесаброна ояндаеро интизорем, ки Яҳува тамоми дӯстони содиқашро ба ҳаёт бармегардонад (Мат. 22:32). Ҳатто имрӯз мо аз бисёр баракатҳои олиҷаноби Яҳува баҳрамандем. Чуноне ки Китоби Муқаддас мегӯяд, «хушо халқе ки Худованд Худои вай аст, ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст»! (Заб. 32:12).