Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18

То хати марра бо истодагарӣ бидавед!

То хати марра бо истодагарӣ бидавед!

«Масофаро тай карда, ба хати марра расидам» (2 ТИМ. 4:7).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

ПЕШГУФТОР *

1. Ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?

ОЁ ШУМО ба масофае давидан мехостед, ки тай карданаш душвор аст, хусусан агар бемор ё хаста бошед? Эҳтимол не. Лекин Павлуси расул гуфт, ки ҳамаи масеҳиён ба маъное дар давидан иштирок мекунанд (Ибр. 12:1). Ва ҳамаи мо, хоҳ ҷавон бошем, хоҳ пиронсол, бақувват ё хаста, барои мукофоти ваъдакардаи Яҳуваро соҳиб шудан бояд то хати марра бо истодагарӣ давем (Мат. 24:13).

2. Мувофиқи 2 Тимотиюс 4:7, 8 чаро Павлус озодии сухан дошт, ки моро барои то охир давидан барангезад?

2 Худи Павлус бомуваффақият «масофаро тай карда, ба хати марра расид», барои ҳамин озодии сухан дошт, ки моро низ ба ин барангезад. (2 Тимотиюс 4:7, 8-ро хонед.) Вале Павлус ба кадом масофа давида ғолиб омад?

ИН ЧӢ ГУНА ДАВ АСТ?

3. Павлус мусобиқаи дав гуфта чиро дар назар дошт?

3 Павлус барои фаҳмондани чизҳои муҳим баъзан ягон хусусияти мусобиқаҳои Юнони қадимро мисол меовард (1 Қӯр. 9:25–27; 2 Тим. 2:5). Боре ӯ ҳаёти масеҳиёнро ба мусобиқаи давидан монанд кард (1 Қӯр. 9:24; Ғал. 2:2; Флп. 2:16). Вақте шахс худро ба Худо бахшида таъмид мегирад, ба ин мусобиқаи дав ҳамроҳ мешавад (1 Пет. 3:21). Ва ӯ ҳамон вақт ба хати марра мерасад, ки агар ба Яҳува то охир содиқ монад. Он гоҳ Худо ба ӯ ҳаёти ҷовидониро мукофот медиҳад (Мат. 25:31–34, 46; 2 Тим. 4:8).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Давидан ба масофаи дурудароз аз кадом ҷиҳатҳо ба ҳаёти масеҳиён монанд аст? Биёед баъзеи онҳоро дида бароем. Якум, ба мо лозим аст, ки мисли давандагон аз рӯйи қоида давем; дуюм, бояд диққатамонро ба хати марра равона кунем; ва  сеюм, ба мушкилиҳои роҳ нигоҳ накарда бояд давиданро давом диҳем.

АЗ РӮЙИ ҚОИДА ДАВЕД

Ҳамаи мо бояд бо роҳе «давем», ки сӯйи ҳаёт мебарад (Ба сархатҳои 5–7 нигаред.) *

5. Мо бояд бо кадом роҳ равем ва чаро?

5 Дар мусобиқаи аслӣ давандагон барои мукофотро сазовор шудан, бояд қоидаҳоеро, ки аз тарафи ташкилкунандагони мусобиқа муқаррар шудаанд, риоя кунанд. Масалан, онҳо бояд бо роҳи интихобшуда даванд. Ба ин монанд, агар мо мукофоти ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан хоҳем, бояд принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя кунем (Аъм. 20:24; 1 Пет. 2:21). Лекин Шайтон ва пайравони вай мехоҳанд, ки мо бо дигар роҳ равем ва «мисли онҳо ба фисқу фуҷур дода» шавем (1 Пет. 4:4). Азбаски мо аз рӯйи гуфтаҳои Каломи Худо зиндагӣ мекунем, онҳо моро масхара мекунанд ва мегӯянд, ки тарзи ҳаёти онҳо беҳтар аст ва он сӯйи озодӣ мебарад. Вале ин дурӯғ мебошад (2 Пет. 2:19).

6. Шумо аз мисоли Брайан чӣ дарс мегиред?

6 Онҳое, ки ба таъсири ҷаҳони Шайтон дода мешаванд, чанде нагузашта мефаҳманд, ки роҳи интихобкардаи онҳо сӯйи озодӣ намебарад. Баръакс, онҳо ғуломи Шайтон ва хоҳишҳои гунаҳкоронаи худ мегарданд (Рум. 6:16). Биёед мисоли Брайанро дида бароем. Волидони масеҳиаш ӯро бармеангехтанд, ки бо роҳи Яҳува зиндагӣ кунад. Лекин дар наврасиаш Брайан дудила шуд, ки он роҳ ӯро хушбахт мегардонад. Ва ӯ хост, ҳамроҳи онҳое давад, ки аз рӯйи меъёрҳои Шайтон зиндагӣ мекарданд. «Ман он қадар дарк намекардам, ки “озодие”, ки мехостам, маро ғуломи одатҳои бад мегардонад»,— мегӯяд Брайан.— Бо гузашти вақт ман нашъаманд, арақхӯр ва бадахлоқ шудам. Дар давоми чанд соли минбаъда ман торафт нашъаҳои таъсирашон сахттарро мекашидам ва аз онҳо вобастагӣ пайдо кардам... Азбаски барои ҳамаи ин пули зиёд даркор буд, ман нашъафурӯш шудам». Оқибат Брайан қарор кард, ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳаёташро дигар карда соли 2001 таъмид гирифт. Ҳоло ӯ ҳақиқатан хушбахт аст, зеро дар роҳи дуруст «давида» истодааст *.

7. Мувофиқи Матто 7:13, 14 кадом ду роҳ вуҷуд дорад?

7 То чӣ андоза муҳим аст, ки мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунем! Шайтон мехоҳад, то мо дар роҳи танг, ки «сӯйи ҳаёт мебарад», давиданро бас кунем ва ба роҳе гузарем, ки васеъ аст. Аксари одамони ин ҷаҳон бо ин роҳ мераванд, зеро ки осон аст. Лекин он оқибат «ба нобудшавӣ мебарад». (Матто 7:13, 14-ро хонед.) Барои дар роҳи дуруст мондан ва гумроҳ нашудан, мо бояд ба Яҳува такя намоем ва Ӯро гӯш кунем.

 ДИҚҚАТРО БА ПЕШ РАВОНА КУНЕД

Мо бояд эҳтиёт бошем, то сабаби «афтидани» дигарон нашавем (Ба сархатҳои 8–12 нигаред.) *

8. Агар даванда пешпо хӯрда афтад, ӯ чӣ кор мекунад?

8 Варзишгароне, ки ба масофаи дурудароз медаванд, чашмашонро танҳо ба роҳи дар пешбуда медӯзанд, то ки пешпо нахӯранд. Лекин баъзан онҳо метавонанд нохост бо ҳам бархӯранд ё ба пастию баландии роҳ дучор шаванд. Агар онҳо баногоҳ афтанд, аз нав бархеста давиданро давом медиҳанд. Диққати онҳо асосан на ба монеаҳо, балки ба хати марра ва мукофотест, ки онҳо дар орзуяш ҳастанд.

9. Агар мо аз боиси монеае «афтем», бояд чӣ кор кунем?

9 Мо ҳам дар давиши худ метавонем, борҳои зиёд пешпо хӯрем ва дар сухан ё рафтор хато кунем. Ё касоне, ки ҳамроҳи мо медаванд, метавонанд бо ягон кори нодурусташон моро озор диҳанд. Агар чунин рӯй диҳад, мо набояд ҳайрон шавем. Зеро ҳамаи мо нокомилем ва ҳамаамон бо ҳамон як роҳи танг давида истодаем. Аз ин рӯ баъзан мо ногаҳон бо ҳам «бармехӯрем». Павлус дуруст қайд кард, ки баъзан «барои аз дигаре шикоят кардан сабаб» пайдо мешавад (Қӯл. 3:13). Вале биёед, диққатамонро на ба он чизе, ки аз он пешпо хӯрдем, балки ба мукофоти дар пешбуда равона кунем. Агар аз сабабе афтем, хуб мебуд, ки аз нав хеста давиданро давом диҳем. Аммо, агар ба ғазаб ва хафагӣ дода шуда ба Яҳува хизмат карданро бас кунем, мо ба хати марра намерасем ва соҳиби мукофот намешавем. Илова бар ин мо шояд ба дигар шахсоне, ки дар роҳи танг давида истодаанд, монеа шавем.

10. Чӣ кор кунем, то «сабаби пешпо хӯрдани дигарон нагардем»?

10 Барои «сабаби пешпо хӯрдани» бародаронамон нагаштан, боз хуб мебуд, ки то ҳадди имкон хоҳиши онҳоро дар ҷойи аввал гузорем, на ин ки доим гапи худро гузаронем (Рум. 14:13, 19–21; 1 Қӯр. 8:9, 13). Аз ин ҷиҳат мо аз давандагони аслӣ фарқ мекунем. Онҳо дар мусобиқа бо ҳам рақобат карда кӯшиш мекунанд, ки мукофотро танҳо худашон гиранд. Он давандагон бештар дар бораи манфиати худ фикр мекунанд. Барои ҳамин якдигарро тела дода ба пеш гузаштан мехоҳанд. Мо бошем, бо ҳамдигар рақобат намекунем (Ғал. 5:26; 6:4). Мақсади мо ба шумораи ҳарчи бештари одамон кӯмак кардан аст, то онҳо низ бо мо то хати марра давида ҳаёти ҷовидониро ба даст оранд. Аз ин рӯ Павлус зери  илҳоми илоҳӣ гуфт, ки «на танҳо дар бораи фоидаи худ, балки дар бораи фоидаи дигарон низ фикр кунед». Мо кӯшиш мекунем, ки маслиҳати ӯро ба ҷо орем (Флп. 2:4).

11. Давандагон диққаташонро ба чӣ равона мекунанд ва чаро?

11 Давандагон ғайр аз он ки ба роҳ чашм дӯзанд, диққаташонро ба хати марра равона мекунанд. Онҳо хати марраро дида натавонанд ҳам, тасаввур мекунанд, ки ба он расида ғолиб меоянд. Доимо дар бораи мукофот фикр кардан ба онҳо қувват мебахшад, ки давиданро давом диҳанд.

12. Яҳува ба мо чиро кафолат медиҳад?

12 Дар мусобиқаи рӯҳонӣ низ Яҳува ба халқаш мукофотро кафолат медиҳад, ба шарте ки, агар мо то охир давем. Ва ин мукофот ҳаёти абадӣ ё дар осмон ё дар биҳишти рӯйи замин мебошад. Китоби Муқаддас ба таври мухтасар оиди он мукофот нақл мекунад, барои ҳамин мо метавонем тасаввур кунем, ки дар оянда ҳаёти мо то чӣ андоза олиҷаноб мешавад. Агар мо ин умедро дар ақлу дили худ зинда нигоҳ дорем, мо роҳ намедиҳем, ки ягон чиз моро аз давидан боздорад.

НОВОБАСТА АЗ МУШКИЛИҲО ДАВИДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД

Мо бояд ба душвориҳои шахсӣ нигоҳ накарда, сӯйи ҳаёт «давиданро» давом диҳем (Ба сархатҳои 13–20 нигаред.) *

13. Мо аз давандагони аслӣ чӣ бартарӣ дорем?

13 Дар Юнони қадим давандаҳо бояд сахт машқ мекарданд ва душвориҳоро, ба мисли хастагиву дард, паси сар менамуданд. Онҳо барои ғолиб омадан танҳо ба қуввату тавоноии худ такя мекарданд. Яҳува моро низ машқ, яъне таълим медиҳад, ки дар мусобиқаи рӯҳонӣ чӣ тавр бояд давем. Лекин мо аз давандагони аслӣ бартарӣ дорем. Мо на ба зӯру қуввати худ, балки ба Сарчашмаи беохири қувват — Яҳува такя мекунем. Агар мо аз Яҳува мадад пурсем, Ӯ моро таълим медиҳад ва бақувват мегардонад (1 Пет. 5:10).

14. Чӣ тавр 2 Қӯринтиён 12:9, 10 ба мо кӯмак мекунад, ки дар душвориҳо истодагарӣ кунем?

14 Павлус бояд ба бисёр мушкилиҳо тоб меовард. Ғайр аз он ки дигарон ӯро дашном медоданд ва таъқиб мекарданд, ӯ баъзан худро хаста ҳис мекард ва бояд бо «неше дар ҷисм» мубориза мебурд (2 Қӯр. 12:7). Ӯ намегузошт, ки ин чизҳо ӯро аз по афтонанд, балки ба он душвориҳо чун ба имконияти ба Яҳува такя кардан менигарист. (2 Қӯринтиён 12:9, 10-ро хонед.) Азбаски Павлус чунин рӯҳия дошт, Яҳува ба ӯ ёрдам кард, ки дар ҳама мушкилиҳояш истодагарӣ кунад.

15. Агар мо ба Павлус пайравӣ кунем, ба душвориҳоямон чӣ хел назар хоҳем кард?

15 Моро ҳам эҳтимол барои имонамон таҳқиру таъқиб мекунанд. Ба болои ин шояд мо бо беморӣ ё хастагиву бемадорӣ мубориза мебарем. Вале, агар мо ба душвориҳои худ мисли Павлуси расул назар кунем, дар ҳар як мушкилӣ дастгирии Худои меҳрубонро ҳис хоҳем кард.

16. Ҳатто агар саломатии хуб надошта бошед ҳам, шумо чӣ кор карда метавонед?

16 Оё шумо дар бистари беморӣ ҳастед ё дар аробачаи маъюбӣ мебошед? Оё зонуҳои шумо беқувватанд ва чашмонатон хира шудааст? Ба ин ҳолати худ нигоҳ накарда оё шумо ҳамроҳи ҷавонон ё касоне, ки бардаму бақувватанд, давида метавонед? Албатта, метавонед. Бисёри бародару хоҳарони пиронсол ва бемор дар мусобиқаи рӯҳонӣ давида истодаанд. Онҳо ин корро танҳо бо қуввати худ не, балки бо он қуввате, ки аз Яҳува мегиранд, ба ҷо меоранд. Масалан, корҳои зерин ба онҳо қуввати рӯҳонӣ мебахшанд: онҳо вохӯриҳои ҷамъомадро тавассути телефон гӯш мекунанд ё ба таври мустақим ба воситаи интернет тамошо мекунанд. Инчунин онҳо ба духтурон, ҳамширагон ва хешу табори худ шаҳодат медиҳанд.

17. Яҳува ба онҳое, ки саломатиашон заиф аст, чӣ гуна муносибат мекунад?

 17 Агар аз боиси саломатии заиф бисёр хизмат карда натавонед, рӯҳафтода нашавед ва фикр накунед, ки то марра давида наметавонед. Яҳува имонатонро мебинад ва шуморо дӯст медорад. Ӯ ҳамаи он корҳоеро, ки солҳои зиёд бо истодагарӣ барояш кардед, қадр мекунад. Азбаски шумо ҳоло ба кӯмаки Яҳува бисёртар мӯҳтоҷед, Ӯ шуморо тарк намекунад (Заб. 9:11). Баръакс, Худо ба шумо наздиктар хоҳад шуд. Ба суханони як хоҳар, ки саломатиаш начандон хуб аст, аҳамият диҳед. Ӯ мегӯяд: «Азбаски саломатиам рӯз аз рӯз суст шуда истодааст, ман имконият надорам, ки тез-тез ба хизмат равам. Вале ман медонам, ки ҳатто хизмати ками ман дили Яҳуваро шод мегардонад ва ба ман хурсандӣ мебахшад». Ҳамеша дар хотир доред, ки Яҳува бо шумост, зеро ин ба шумо кӯмак мекунад, ки рӯҳафтода нашавед. Мисоли Павлус ва суханони рӯҳбаландкунандаи ӯро ба хотир оред. Ӯ гуфт: «Ман... дар сустиҳо... хурсандӣ меёбам, зеро вақте суст ҳастам, он гоҳ бақувватам» (2 Қӯр. 12:10).

18. Баъзеҳо бо кадом душвории махсус мубориза мебаранд?

18 Баъзе касоне, ки дар роҳи ҳаёт давида истодаанд, бо як мушкилии дигар мубориза мебаранд. Онҳо аз душвориҳои шахсӣ азоб мекашанд, ки дигарон шояд намебинанд ва намефаҳманд. Масалан, онҳо депрессия доранд ё аз тарсу хавотирии зиёд азият мекашанд. Чаро ба ин хизматгорони азизи Яҳува махсусан душвор аст? Чунки вақте дасти одам шикаста аст ё вай дар аробачаи маъюбӣ мебошад, ин чизҳо ба чашми ҳама аён аст ва онҳо ба вай кӯмак кардан мехоҳанд. Вале онҳое, ки бо рӯҳафтодагӣ ва мушкилиҳои равонӣ мубориза мебаранд, шояд ба назари дигарон солиму бардам тобанд. Дар асл бошад, дарду азоби онҳо низ мисли дарди шахсест, ки даст ё пояш шикастааст. Лекин азбаски дигарон инро дида наметавонанд, шояд ба онҳо муҳаббату ғамхории лозима зоҳир накунанд.

19. Мо аз мисоли Мефибӯшет чӣ меомӯзем?

19 Агар шумо ягон маҳдудият дошта бошеду дигарон шуморо нафаҳманд, мисоли Мефибӯшет шуморо рӯҳбаланд карда метавонад (2 Подш. 4:4). Мефибӯшет маъюб буд ва шоҳ Довуд боре дар бораи вай нодуруст фикр карда бо ӯ беадолатона рафтор намуд. Дар ин душвориҳо Мефибӯшет айбдор набуд. Вале ӯ ба қаҳру ғазаб дода нашуд, балки чизҳои хуби ҳаёташро қадр мекард. Вай барои меҳрубоние, ки Довуд пеш ба ӯ зоҳир карда буд, миннатдорӣ ҳис мекард (2 Подш. 9:6–10). Барои ҳамин вақте Довуд нисбати ӯ беадолатона қарор баровард, Мефибӯшет хафа нашуд, чунки вазъиятро пурра медонист. Инчунин вай барои кори кардаи Довуд Яҳуваро айбдор  накард. Мефибӯшет диққаташро ба он равона кард, ки чӣ тавр шоҳи тадҳиншудаи Яҳуваро дастгирӣ кунад (2 Подш. 16:1–4; 19:24–30). Яҳува мисоли хуби Мефибӯшетро дар Каломаш барои он ҷой додааст, ки мо аз он дарс гирем (Рум. 15:4).

20. Баъзеҳо аз чӣ гуна ҳиссиёт душворӣ мекашанд? Вале онҳо аз чӣ дилпур буда метавонанд?

20 Баъзе бародару хоҳарон дар байни одами зиёд хеле изо мекашанд ва худро ноором ҳис мекунанд. Онҳо дар назди гурӯҳи одамон дасту по мехӯранд, вале ба ин нигоҳ накарда ба вохӯриҳои ҷамъомад ва анҷуманҳо мераванд. Ҳарчанд бо бегонагон гап задан барояшон мушкил аст, онҳо дар хизмат бо одамон гап мезананд. Агар ин ҳолат ба шумо шинос бошад, рӯҳафтода нашавед, чунки шумо танҳо нестед. Бисёриҳо ин гуна ҳиссиёт доранд. Дар хотир доред, ки Яҳува аз кӯшишҳои самимонаи шумо хеле хурсанд аст. Таслим нашудани шумо аз он дарак медиҳад, ки Яҳува шуморо баракат дода истодааст ва қувват мебахшад * (Флп. 4:6, 7; 1 Пет. 5:7). Агар шумо ба душвориҳои ҷисмониву равонӣ нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат кунед, сад фоиз боварӣ дошта метавонед, ки Яҳува аз шумо розӣ аст.

21. Бо кӯмаки Яҳува ҳамаи мо ба чӣ ноил гашта метавонем?

21 Хушбахтона, мо аз давандагони мусобиқаи аслӣ фарқ мекунем. Дар мусобиқаҳое, ки дар замони қадим мегузаштанд, танҳо як кас соҳиби мукофот мешуд. Вале дар дави рӯҳонӣ ҳамаи онҳое, ки бо истодагарӣ то охир медаванд, соҳиби ҳаёти ҷовидона мешаванд (Юҳ. 3:16). Дар дави аслӣ ҳамаи давандагон бояд сиҳату саломат ва бақувват бошанд, дар акси ҳол онҳо ғолиб омада наметавонанд. Лекин дар мавриди мо бисёр давандагон саломатии хуб надошта бошанд ҳам, давиданро давом медиҳанд (2 Қӯр. 4:16). Бо кӯмаки Яҳува ҳамаи мо, албатта, то хати марра хоҳем давид!

СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!

^ сарх. 5 Бисёри хизматгорони Яҳува имрӯз аз душвориҳои пиронсолӣ ё бемориҳое, ки мадорро хушк мекунанд, азоб мекашанд. Ва ҳар яки мо баъзан худро хеле монда ҳис мекунем. Барои ҳамин, агар касе боз моро «ба ҷое дав» гӯяд, ин ба назарамон шояд аз ҳад мушкил тобад. Ҳаёти масеҳиёнро Павлуси расул ба давидан монанд кард. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳамаи мо то охир бо истодагарӣ давида мукофотро ба даст оварда метавонем.

^ сарх. 6 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1-уми январи с. 2013 (рус.) мақолаи «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад».

^ сарх. 20 Дар барномаи бродкастинг аз моҳи майи с. 2019 оиди чӣ тавр мубориза бурдан бо тарсу хавотирӣ маслиҳатҳои иловагӣ дода шудаанд. Инчунин дар он оиди касоне гуфта мешавад, ки бомуваффақият бо ин душворӣ мубориза мебаранд. (Нигаред ба LIBRARY > JW BROADCASTING®)

^ сарх. 63 ШАРҲИ РАСМ: Бо хизмат банд будан ба ин бародари пиронсол кӯмак мекунад, ки ба самти дуруст давиданро давом диҳад.

^ сарх. 65 ШАРҲИ РАСМ: Агар мо дигаронро ба зиёд нӯшидани машруботи спиртӣ маҷбур кунем ё худамон меъёрро нигоҳ надорем, сабаби пешпо хӯрдани дигарон шуда метавонем.

^ сарх. 67 ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ҳатто ҳангоми дар беморхона хобиданаш ба духтурон мавъиза карда «давидан»-ро давом медиҳад.