Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

Мо рӯҳафтода намешавем!

Мо рӯҳафтода намешавем!

«Барои ҳамин мо рӯҳафтода намешавем» (2 ҚӮР. 4:16).

СУРУДИ 135 То охир истодагарӣ бикун

ПЕШГУФТОР *

1. Барои то хати марра давидан ба масеҳиён кадом хислат лозим аст?

ҲАЁТИ масеҳиёнро ба давидан монанд кардан мумкин аст. Шояд мо давиданро нав сар карда бошем ё аллакай солҳои зиёд дар ин майдони рамзӣ давида истодаем. Лекин муҳимаш он аст, ки ҳар яки мо бояд то хати марра давиданро давом диҳем. Маслиҳатҳое, ки Павлуси расул ба масеҳиёни шаҳри Филиппӣ дода буд, барои бо истодагарӣ давидан ба мо кӯмак мекунанд. Вақте Павлус ба он масеҳиён нома фиристод, баъзеи онҳо аллакай солҳои зиёд дар роҳи ҳақиқат буданд ва содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд. Вале Павлус ба онҳо хотиррасон кард, ки бо истодагарӣ давиданро давом диҳанд. Ӯ мехост, ки онҳо ба намунаи ӯ пайравӣ карда барои ба мақсад расидан «саъю кӯшиш» кунанд (Флп. 3:14).

2. Чаро номае, ки Павлус ба филиппиён навишт, саривақтӣ буд?

2 Номае, ки Павлус ба филиппиён навишт, саривақтӣ буд. Он масеҳиён аз аввали ташкилёбии ҷамъомадашон бо мухолифат дучор мешуданд. Пеш аз ҳамаи ин Худо дар рӯъё ба Павлус гуфт, ки «ба Мақдуния омада» ёрӣ диҳад. Ва тахминан соли 50- уми милодӣ Павлусу Сило ба шаҳри Филиппӣ омаданд (Аъм. 16:9). Он ҷо онҳо Лидия ном занеро вохӯрданд, ки хушхабарро гӯш кард ва «Яҳува дилашро кушод», то ҳақиқатро қабул кунад (Аъм. 16:14). Чанде нагузашта ӯ бо аҳли оилааш таъмид гирифт. Вале Иблис ҳам нигоҳ карда нашишт. Ӯ мардуми он ҷоро ба шӯр андохт ва онҳо Павлусу Силоро кашолакунон ба пеши калоншавандагони шаҳр бурда ноҳақ айбдор карданд, ки онҳо гӯё оромии шаҳрро вайрон мекунанд. Онҳо Павлусу Силоро лату кӯб карда ба зиндон партофтанд ва баъдтар амр доданд, ки шаҳрро тарк кунанд (Аъм. 16:16–40). Оё Павлусу Сило рӯҳафтода шуданд? Ҳаргиз! Он бародару хоҳарони ҷамъомади навташкилёфта-чӣ? Онҳо низ истодагарӣ карданд, ки ин шоёни таҳсин буд. Бешубҳа, намунаи хуби Павлусу Сило онҳоро хеле рӯҳбаланд кард ва қувват бахшид.

3. Павлус чиро дарк мекард ва мо кадом саволҳоро дида мебароем?

 3 Павлус иродаи қавӣ дошт, ки то охир истодагарӣ мекунад (2 Қӯр. 4:16). Лекин ӯ медонист, ки барои то хати марра давидан диққаташро бояд сӯи мақсад равона кунад. Мо аз Павлус чӣ дарс гирифта метавонем? Мисоли кадом бародару хоҳарони содиқ нишон медиҳад, ки мо ба монеаҳо нигоҳ накарда давиданро давом диҳем? Ва чӣ тавр умед ба оянда ба мо қувват мебахшад, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода нашавем?

АЗ ПАВЛУС МО КАДОМ ЧИЗҲОИ ХУБРО ЁД ГИРИФТА МЕТАВОНЕМ?

4. Чӣ тавр Павлус ба вазъияташ нигоҳ накарда дар хизмати Яҳува фаъол мемонд?

4 Биёед фикр кунем, ки вақте Павлус ба масеҳиёни Филиппӣ нома навишт, ӯ дар кадом вазъият буд. Он вақт ӯ дар Рум, дар ҳабси хонагӣ буд ва ба ягон ҷо баромада мавъиза карда наметавонист. Вале бо вуҷуди маҳдуд будани озодиаш, ӯ бекор намешишт. Вай ба касоне, ки наздаш меомаданд, мавъиза мекард ва ба ҷамъомадҳои дурдаст нома менавишт. Павлус метавонист фикр кунад, ки бе ин ҳам аллакай бисёр хизмат кардааст ва азбаски ҳоло вазъияташ маҳдуд дигар саъю кӯшиш накунад ҳам мешавад. Имрӯз низ бисёр масеҳиёне, ки аз сабаби пирӣ ё беморӣ аз хона баромада наметавонанд, ҳар як имкониятро истифода бурда ба шахсоне, ки ба хонаашон меоянд, мавъиза мекунанд. Онҳо ҳамчунин бо воситаи номаҳои таъсирбахш ба одамоне, ки дар хонаашон ёфтан душвор аст, мавъиза мекунанд.

5. Мувофиқи суханони Филиппиён 3:12-14 чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки диққати худро пурра ба мақсадаш равона кунад?

5 Павлус намегузошт, ки ягон чиз — на комёбиҳои пешинааш, на хатоҳои гузаштааш, диққати ӯро аз хизмати Худо парешон созанд. Павлус гуфт, ки барои ба даст овардани мукофоти «дар пеш» буда бояд «чизҳои дар ақиб мондаро фаромӯш» кунад. (Филиппиён 3:12–14-ро хонед.) Чӣ диққати Павлусро парешон карда метавонист? Якум, ӯ пеш аз масеҳӣ шуданаш дар байни яҳудиён обрӯву мартабаи баланд дошт ва метавонист онро ба хотир оварда афсӯс хӯрад. Лекин ба ҳамаи он ӯ чун ба «ахлот» назар мекард (Флп. 3:3–8). Дуюм, ҳарчанд Павлус барои дар гузашта масеҳиёнро таъқиб карданаш худро гунаҳкор медонист, ӯ намегузошт, ки ин ҳисси гунаҳкорӣ ӯро рӯҳафтода карда аз хизмати Худо боздорад. Сеюм, Павлус фикр намекард, ки ӯ ба Худо аллакай ба андозаи кофӣ хизмат кардааст ва дигар кӯшиш карданаш шарт нест. Баръакс, ҳарчанд Павлусро борҳо ба зиндон партофтанд, химчакорӣ ва сангсор карданд, чанд бор киштие, ки ӯ сафар мекард, ғарқ шуд ва бисёр вақт аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид, ӯ ба ҳамаи ин нигоҳ накарда хизматро давом медод (2 Қӯр. 11:23–27). Агарчи Павлус аллакай бисёр хизмат карда буд ва азобҳои зиёдро аз сар гузаронда буд, ӯ медонист, ки бояд ба Яҳува хизмат карданро давом диҳад. Ва мо низ бояд чунин кунем.

6. Баъзе «чизҳои дар ақиб монда» кадоманд?

6 Чӣ тавр ба намунаи Павлус пайравӣ карда мо «чизҳои дар ақиб мондаро фаромӯш» кунем? Баъзеҳо шояд то ҳол аз сабаби хатоҳои пешинаашон худро гунаҳкор ҳис карда азоб мекашанд. Агар чунин бошад, хуб мебуд, ки дар омӯзиши шахсӣ мавзӯи фидияи Исоро бодиққат дида бароем. Вақте мо оиди ин мавзӯи рӯҳбаландкунанда омӯзиш мекунем, мулоҳиза меронем ва дуо мегӯем, худро сабуктар ҳис карда метавонем. Ва дигар худро барои гуноҳҳое, ки Яҳува кайҳо бахшидааст, маҳкум кардан намегирем. Мо аз Павлус боз як чизи хубро омӯхта метавонем. Баъзеи мо  шояд барои ба Яҳува бештар хизмат кардан аз баҳри кор ё мансаби сердаромад баромада будем. Пас, хуб мебуд, ки мисли Павлус он чизҳои дар ақиб мондаро фаромӯш созем ва оиди имкониятҳое, ки шояд аз даст рафтанд, дигар афсӯс нахӯрем (Ад. 11:4–6; Воиз 7:10). Ба «чизҳои дар ақиб монда» боз чӣ дохил шуда метавонад? Мумкин мо аз он фахр мекунем, ки одамони зиёдро ба ҳақиқат овардаем ё озмоишҳои зиёдро аз сар гузарондаем. Албатта, ба ёд овардани он баракатҳо ва дастгириҳои Яҳува моро ба Ӯ наздиктар месозанд. Вале биёед чунин фикр накунем, ки аллакай ба Яҳува бисёр хизмат кардаем, озмоишҳои сахтро аз сар гузарондем ва акнун он қадар кӯшиш накунем ҳам мешавад (1 Қӯр. 15:58).

Дар давидан ба сӯйи ҳаёт мо набояд гузорем, ки ҳушамон парешон шавад, баръакс бояд диққатамонро ба мақсад равона кунем (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 9:24–27 барои ғолиб омадан дар мусобиқа чӣ муҳим аст? Мисол оред.

7 Павлус суханони зерини Исоро хуб дарк мекард: «Бо тамоми қувват саъю кӯшиш намоед» (Луқ. 13:23, 24). Павлус медонист, ки мисли Исо ӯ бояд то охир саъю кӯшиш кунад. Барои ҳамин ӯ ҳаёти масеҳиёнро ба давидан монанд кард. (1 Қӯринтиён 9:24–27-ро хонед.) Давандаи мусобиқа бояд диққаташро ба хати марра равон кунад ва ба дигар чизҳо ҳушашро парешон насозад. Фарз мекунем, ки варзишгарон дар роҳе медаванд, ки он ҷо мағозаву фурӯшгоҳҳо ё чизҳои дигар ҳуши онҳоро гирифта метавонанд. Оё ягон даванда истода чизҳои дар мағоза бударо тамошо мекунад? Агар ӯ ғолиб омадан хоҳад, албатта, ин корро намекунад! Мо низ, ки дар роҳи ҳаёт медавем, набояд гузорем, ки чизе ҳушамонро парешон созад. Агар мо диққатро ба мақсади худ — хизмати Яҳува равона созем ва мисли Павлус саъю кӯшиш кунем, албатта, мукофотро соҳиб хоҳем шуд!

БА ДУШВОРИҲО НИГОҲ НАКАРДА БА ЯҲУВА ХИЗМАТ КУНЕД

8. Мо кадом се душвориро дида мебароем?

8 Ҳоло се мавридеро дида мебароем, ки моро рӯҳафтода карда метавонанд. Якум, вақте чизҳое, ки мо дер боз интизорем зуд амалӣ намегарданд, дуюм, вақте қуввати ҷисмонии мо торафт кам мешавад ва сеюм, вақте озмоишҳо дурудароз давом мекунанд. Биёед, мисоли баъзе бародару хоҳаронеро, ки дар ин вазъиятҳо истодагарӣ карданд, дида бароем ва аз онҳо дарс гирем (Флп. 3:17).

9. Вақте умеду орзуҳои мо зуд иҷро намешаванд, мо чӣ ҳис карда метавонем?

 Вақте чизҳое, ки мо дер боз интизорем, зуд амалӣ намегарданд. Ҳамаи мо иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро сахт интизорем. Пайғамбар Ҳабаққуқ аз ҳолати бади Яҳудо ба дод омада буд ва чашмаш чор буд, ки кай Яҳува ба он хотима мебахшад. Вақте Ҳабаққуқ дар ин бора ба Яҳува ҳасрат кард, Ӯ ба пайғамбар гуфт, ки «мунтазир шав» (Ҳаб. 2:3). Вале вақте умеду орзуҳои мо тез амалӣ намегарданд, кӯшишу ғайрати мо дар хизмат суст шуда метавонад. Шояд мо ҳатто ғамгину рӯҳафтода шавем (Мас. 13:12). Дар аввали асри 20 чизи ба ин монанде рӯй дода буд. Дар он вақт бисёр масеҳиёни тадҳиншуда интизор буданд, ки соли 1914 мукофоти осмонии худро мегиранд. Вақте ин умедашон амалӣ нагашт, онҳо чӣ хел истодагарӣ карданд?

Соли 1914 Роял ва Пэрл Спаз мукофоти осмонии худро нагирифтанд, вале онҳо содиқона ба Яҳува хизмат карданро давом доданд (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Вақте умеди як ҷуфти ҳамсарон иҷро нашуд, онҳо чӣ кор карданд?

10 Мисоли ду хизматгори содиқи Яҳуваро, ки дар чунин озмоиш истодагарӣ карданд, дида мебароем. Бародар Роял Спаз соли 1908 дар синни 20-солагӣ таъмид гирифта буд. Ӯ боварии пурра дошт, ки ба наздикӣ ба осмон меравад. Барои ҳамин соли 1911 ӯ ба хоҳар Пэрл, ки арӯсшавандааш буд, чунин гуфт: «Ту медонӣ-ку соли 1914 чӣ мешавад, барои ҳамин биё барвақттар оиладор шавем». Оё ин ҷуфти ҳамсарон аз он ки соли 1914 ба осмон нарафтанд, рӯҳафтода шуданд? Не, чунки мақсади асосии онҳо ин содиқона иҷро кардани иродаи Яҳува буд, на гирифтани мукофоти осмонӣ. Онҳо қарор карданд, ки то марра бо истодагарӣ медаванд. Ва дар ҳақиқат ҳам Роял ва Пэрл то охири ҳаёти заминии худ содиқона ва фаъолона хизмати худро давом доданд. Бешубҳа, шумо ҳам бесаброна вақтеро интизоред, ки номи Яҳува аз доғ пок гардад, ҳақ будани ҳокимияташ исбот шавад ва ҳама ваъдаҳояш амалӣ гарданд. Дилпур бошед, ки ин чизҳо дар вақти муқарраркардаи Яҳува ҳатман иҷро мешаванд. Биёед то он замон бо хизмати Худо банд бошем ва нагузорем, ки интизории дурудароз моро рӯҳафтода кунад.

Ҳатто дар пиронсолӣ бародар Артур Секорд мехост ба Яҳува аз таҳти дил хизмат кунад. (Ба сархати 11 нигаред.)

11, 12. Чаро ба Яҳува содиқона хизмат кардани мо аз қуввати ҷисмонӣ вобаста нест? Мисол оред.

11 Вақте қуввати ҷисмонии мо торафт кам мешавад. Ба варзишгароне, ки медаванд, қувваи зиёди ҷисмонӣ лозим аст. Вале барои имони мустаҳкам доштан ва дар хизмати Яҳува боғайрат будан ба мо шарт нест, ки ҷисман бақувват бошем. Бисёр бародару хоҳароне, ки аз сабаби пиронсолӣ заиф гаштаанд, то ҳол аз ҷиҳати рӯҳонӣ бақувватанд (2 Қӯр. 4:16). Масалан, бародар Артур Секорд дар синни 88-солагиаш аллакай дар Байт-Ил 55 сол хизмат карда буд. Дар ин синну сол ӯ мисли пештара қувват надошт  ва саломатиаш хуб набуд. Як рӯз ҳамширае, ки ӯро нигоҳубин мекард, ба наздаш омада меҳрубонона чунин гуфт: «Бародар Секорд шумо дар хизмати Яҳува хеле бисёр меҳнат кардаед». Вале Артур диққаташро ба корҳои пешинааш равона намекард. Ӯ ба ҳамшира нигоҳ карда бо табассум ҷавоб дод: «Ин рост, вале корҳои дар гузашта кардаамон муҳим нестанд. Муҳимаш он аст, ки мо то охир содиқ монем».

12 Шояд шумо солҳои зиёд ба Яҳува хизмат кардеду ҳоло бошад, аз сабаби саломатиатон мисли пештара бисёр хизмат карда наметавонед. Агар чунин бошад, рӯҳафтода нашавед. Дилпур бошед, ки Яҳува хизмати содиқонаи шуморо дар ёд дорад ва онро қадр мекунад (Ибр. 6:10). Фаромӯш накунед, ки содиқии мо ба Яҳува аз рӯйи миқдори хизматамон чен карда намешавад. Аниқтараш мо муҳаббатамонро ба Яҳува бо нигоҳ доштани хурсандиву умед ва кардани корҳое, ки аз дастамон меоянд, нишон медиҳем (Қӯл. 3:23). Яҳува маҳдудиятҳои моро медонад ва Ӯ чизи аз қувватамон зиёдро талаб намекунад (Марқ. 12:43, 44).

Анатолий ва Лидия Мелник дар душвориҳо содиқона истодагарӣ намуданд. (Ба сархати 13 нигаред.)

13. Бо Анатолий ва Лидия чӣ рӯй дод ва мо аз мисоли онҳо чӣ дарс гирифта метавонем?

13 Вақте озмоишҳо дурудароз давом мекунанд. Баъзе хизматгорони Яҳува солҳои зиёд ба душвориҳо ва таъқибот тоб оварданд. Яке аз онҳо бародар Анатолий Мелник * аст. Вақте ӯ ҳанӯз 12-сола буд, падарашро дастгир намуда ба Сибир бадарға намуданд, ки аз оилааш зиёда аз 7000 км дур буд. Як сол пас, Анатолий, модараш ва бобову бибиашро низ аз Молдова ба Сибир бадарға карданд. Баъдтар онҳо тавонистанд дар он ҷо ба қишлоқи дигар ба вохӯриҳо раванд, вале ҳаво бениҳоят хунук буд ва ба онҳо лозим меомад, ки қариб 30 км роҳро пиёда тай кунанд. Чанд сол пас, бародар Мелникро ба муддати се сол ҳабс карданд. Дар ин муддат ӯ аз занаш Лидия ва духтарчаи яксолааш дур буд. Нигоҳ накарда ба он солҳои пуразоб Анатолий ва оилаи ӯ содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд. Ҳоло бародар Анатолий 82-сола аст ва дар Кумитаи филиали Осиёи Миёна хизмат мекунад. Биёед мисли Анатолий ва Лидия мо низ пеши душвориҳои тӯлонӣ таслим нашавем ва минбаъд низ дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (Ғал. 6:9).

БА УМЕДИ ХУД НАЗАР ДӮЗЕД

14. Барои ба мақсади худ ноил гаштан Павлус бояд чӣ кор мекард?

14 Павлус боварӣ дошт, ки то хати марра давида ба мақсад мерасад. Чун масеҳии тадҳинёфта  ӯ интизор буд, ки мукофоти «даъвати осмониро» ба даст меорад. Вале ӯ дарк мекард, ки барои ба мақсадаш расидан бояд «саъю кӯшиш» кунад (Флп. 3:14). Павлус дар номаи худ ба филиппиён мисоли аҷоибе овард, то ки онҳо низ диққаташонро ба мақсад равона кунанд.

15. Павлус дар нома ба филиппиён бо кадом мақсад дар бораи шаҳрвандӣ мисол овард?

15 Павлус ба филиппиён хотиррасон кард, ки онҳо оянда шаҳрванди осмонӣ мегарданд (Флп. 3:20). Чаро онҳо бояд инро дар ёд медоштанд? Дар рӯзҳои Павлус шаҳрванди давлати Рум будан нафъи зиёд меовард *. Вале масеҳиёни тадҳиншуда имконият доштанд, ки дар оянда шаҳрвандони Подшоҳии осмонӣ гарданд, ки манфиати он аз шаҳрванди Рум будан хеле бузургтар буд. Барои ҳамин Павлус филиппиёнро барангехт, ки «чун шаҳрвандон муносиби хушхабари Масеҳ рафтор» кунанд (Флп. 1:27, эзоҳ). Имрӯз масеҳиёни тадҳиншуда сӯйи ин мақсади худ саъю кӯшиш карда ба мо намунаи хуб нишон медиҳанд.

16. Новобаста аз он ки мо чӣ гуна умед дорем, суханони Филиппиён 4:6, 7 моро ба чӣ бармеангезанд?

16 Хоҳ умеди мо ҳаёти ҷовидонӣ дар осмон аст, хоҳ дар биҳишти рӯйи замин, мо бояд минбаъд низ сӯйи мақсади худ шитобем. Дар кадом вазъияте ки набошем, мо набояд ба чизҳои дар ақиб монда назар кунем ва ба чизе нагузорем, ки моро аз хизмати Яҳува боздорад (Флп. 3:16). Шояд мо солҳои дароз иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро интизорем ё эҳтимол мо торафт пир ва беқувват шуда истодаем. Мумкин мо аз мушкилиҳо ва таъқибот солҳои зиёд азоб мекашем. Лекин чӣ душворие набошад, биёед «дар бораи ҳеҷ чиз ғам» нахӯрем. Ба ҷойи ин, ба Худо дуо гуфтанро давом дода бо зориву илтиҷо хоҳишҳои худро ба Ӯ маълум месозем. Ӯ ба мо осоиштагие медиҳад, ки он аз ҳама чизе ки мо фикр мекунем, садчандон беҳтар аст. (Филиппиён 4:6, 7-ро хонед.)

17. Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима хоҳем кард?

17 Вақте варзишгар ба хати марра наздик мешавад, ӯ танҳо дар бораи он фикр мекунад, ки то охир давида ба марра расад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло мо низ ба хати марра наздик шуда истодаем. Барои ҳамин биёед диққати худро ба ваъдаҳои олиҷанобе, ки Яҳува оиди оянда додааст, равона кунем ва дар хизмат ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бо истодагарӣ давиданро давом диҳем? Ба ин савол мо аз мақолаи навбатӣ ҷавоб меёбем ва мефаҳмем, ки дар ҳаёт «кадом чизҳо муҳимтаранд» (Флп. 1:9, 10).

СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав

^ сарх. 5 Новобаста аз он ки мо чанд сол боз дар роҳи ҳақиқат ҳастем, мехоҳем муносибатамонро бо Яҳува наздиктар кунем ва Ӯро боз ҳам хубтар ибодат намоем. Павлуси расул ҳамимононро бармеангехт, ки дар хизмати Худо ҳеҷ гоҳ суст нашаванд. Дар нома ба филиппиён ӯ бисёр маслиҳатҳои рӯҳбаландкунанда дод, ки ба мо барои то охир истодагарӣ кардан кӯмак мекунанд. Ин мақола ба мо мефаҳмонад, ки чӣ тавр он маслиҳатҳоро ба кор барем.

^ сарх. 13 Тарҷумаи ҳоли бародар Анатолий Мелник дар маҷаллаи «Бедор шавед!» аз 22 октябри с. 2004 (рус.) нашр шудааст. Номи мақола «Ман аз кӯдакӣ дӯст доштани Худоро таълим гирифтам» мебошад.

^ сарх. 15 Азбаски шаҳри Филиппӣ зери мустамликаи Рум буд, аҳолии шаҳр баъзе ҳуқуқҳои шаҳрвандони Румро соҳиб буданд. Барои ҳамин мисоли Павлус ба шунавандагонаш фаҳмо буд.