Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳар рӯз бо Яҳува ҳамкорӣ кунед

Ҳар рӯз бо Яҳува ҳамкорӣ кунед

«Мо ҳамкорони Худо ҳастем» (1 ҚӮР. 3:9).

СУРУДҲО: 44, 28

1. Бо кадом роҳҳо мо бо Яҳува ҳамкорӣ карда метавонем?

ВАҚТЕ Офаридгор одамони комилро офарид, Ӯ ният дошт, ки онҳо дар иҷрои иродааш бо Ӯ ҳамкорӣ кунанд. Имрӯз нигоҳ накарда ба он ки ҳама одамон нокомиланд, мо чун хизматгорони содиқи Яҳува ҳар рӯз бо Ӯ ҳамкорӣ карда метавонем. Масалан, чун «ҳамкорони Худо» мо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок мекунем (1 Қӯр. 3:5–9). Худи Офаридгори Даҳр моро сазовор донистааст, ки дар ин кори муҳим саҳм гузорем. Ин дар ҳақиқат имконияти пуршараф аст! Вале мо на танҳо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ, балки бо роҳҳои дигар низ бо Яҳува ҳамкорӣ карда метавонем. Дар ин мақола мо баъзеи ин роҳҳоро дида мебароем, аз он ҷумла: дастгирӣ кардани оила ва ҳамимонон, зоҳир кардани меҳмоннавозӣ, хизмати ихтиёрӣ дар лоиҳаҳои ташкилот ва васеъ кардани хизмати худ (Қӯл. 3:23).

2. Барои чӣ худро бо дигарон муқоиса кардан аз рӯйи хирад нест?

2 Дар рафти муҳокимаи ин мавзӯъ, корҳоеро, ки шумо барои Яҳува карда истодаед, бо хизмати дигарон муқоиса накунед. Дар ёд доред, ки синну сол, саломатӣ, вазъу шароити зиндагӣ ва қобилиятҳои ҳар шахс гуногун аст. Павлус зери таъсири рӯҳи Худо гуфт: «Бигзор ҳар кас ба кори худ диққат диҳад, он гоҳ ӯ метавонад аз корҳои худ хурсандӣ гирад, бе он ки худро бо дигарон муқоиса кунад» (Ғал. 6:4).

 ОИЛАИ ХУД ВА ҲАМИМОНОНРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки касе ки ба оилаи худ ғамхорӣ менамояд, бо Яҳува ҳамкорӣ мекунад?

3 Яҳува интизор аст, ки хизматгоронаш ба оилаи худ ғамхорӣ кунанд. Масалан, шояд шумо барои оилаатонро таъмин кардан кор мекунед. Бисёр модарон барои ба фарзандони хурдашон ғамхорӣ кардан бояд хонашин бошанд. Ба баъзе фарзандон бошад, лозим меояд, ки волидони солхӯрдаашонро нигоҳубин кунанд. Ин корҳо хеле муҳиманд. Каломи Худо мегӯяд: «Агар касе ба хешони худ, махсусан ба аҳли оилааш, ғамхорӣ накунад, ӯ тарки имон кардааст ва аз беимон бадтар аст» (1 Тим. 5:8). Аз сабаби ӯҳдадориҳои оилавӣ шумо шояд ба андозае, ки мехостед, хизмат карда наметавонед. Лекин рӯҳафтода нашавед! Оилаатонро таъмин карда, шумо розигии Яҳуваро ба даст меоред (1 Қӯр. 10:31).

4. Чӣ тавр волидон манфиати Подшоҳии Худоро аз нафъи худ боло гузошта метавонанд?

Вақте волидони масеҳӣ ба фарзандонашон дар гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ ёрӣ медиҳанд, бо ин роҳ низ онҳо бо Яҳува ҳамкорӣ мекунанд. Бисёри волидон чунин карда, натиҷаи хуб ба даст оварданд, зеро писару духтарони онҳо хизмати пурравақтро пеша карданд. Баъзеи онҳо миссионер мебошанд, дигарон дар минтақаи ба воизон ниёздошта ё дар Байт-Ил хизмат мекунанд. Албатта ин ба волидон осон нест, чунки онҳо бо фарзандонашон тез-тез вохӯрда, якҷоя вақт гузаронда наметавонанд. Ба ин нигоҳ накарда, волидони фидокор фарзандонашонро бармеангезанд, ки хизмати худро давом диҳанд. Зеро онҳо хушбахтанд, ки фарзандонашон иродаи Яҳуваро дар ҷойи аввал мегузоранд (3 Юҳ. 4). Ин волидон ба Ҳанно монанданд, ки Самуилро «вақф» кард, яъне ӯро ба Яҳува бахшид. Чунин тарзи ҳамкорӣ бо Яҳува барои онҳо шараф аст (1 Подш. 1:28).

5. Чӣ тавр шумо ба аъзоёни ҷамъомад кӯмаки амалии худро пешкаш карда метавонед? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Шояд шумо айни ҳол дар оилаатон ӯҳдадории зиёд надоред. Пас, оё метавонед ба ҳамимононе, ки бемор, пиронсол ё касалбонанд ва онҳое ки аз дигар ҷиҳат ба кӯмак мӯҳтоҷанд, дасти ёрӣ дароз кунед? Фикр кунед, ки дар ҷамъомади шумо кӣ ба чунин кӯмак эҳтиёҷ дорад. Масалан, шояд хоҳаре волидони пиронсолашро нигоҳубин мекунад. Оё шумо метавонед баъзан ба ҷойи ӯ истода, ба онҳо ғамхорӣ кунед, то хоҳар дигар корҳояшро анҷом диҳад? Инчунин шумо метавонед ба ҳамимонони эҳтиёҷдошта барои ба ҷамъомад рафтан, харидкунӣ, ба беморхона рафта шахси наздики онҳоро аёдат намудан ё буд кардани дигар корҳояшон кӯмаки худро пешниҳод намоед. Ҳамин тавр шумо мегузоред, ки Яҳува барои ба дуои дигарон ҷавоб додан шуморо истифода барад. (1 Қӯринтиён 10:24-ро хонед.)

МЕҲМОННАВОЗ БОШЕД

6. Зоҳир кардани меҳмоннавозӣ чиро дар бар мегирад?

6 Боз як роҳи ҳамкорӣ кардан бо Худо зоҳир кардани меҳмоннавозӣ аст. Калимаи юноние, ки «меҳмоннавозӣ» тарҷума шудааст, маънои «ба ғарибон меҳрубон буданро» дорад (Ибр. 13:2, эзоҳ). Дар Каломи Худо мисолҳо оварда шудаанд, ки муҳим будани меҳмоннавозиро нишон медиҳанд (Ҳас. 18:1–5). Мо метавонем ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунем ва дар асл мо бояд барои ин имконият ҷӯем, новобаста аз он ки онҳо ҳамимони моянд ё не (Ғал. 6:10).

7. Меҳмондорӣ кардани хизматгорони пурравақти Худо чӣ манфиат меорад?

7 Оё шумо бо Худо ҳамкорӣ намуда, ходимони пурравақти Ӯро меҳмондорӣ карда метавонед? (3 Юҳанно 5 ва 8-ро хонед.) Ин бисёр вақт имконият медиҳад, ки мо «аз имони якдигарамон» рӯҳбаланд шавем (Рум. 1:11, 12). Мисоли бародар Олаф инро тасдиқ мекунад. Ӯ ба  ёд меорад, ки дар ҷавониаш боре бародари муҷарраде, ки нозири ноҳиявӣ буд, ба ҷамъомадашон ташриф овард. Вале ҳеҷ кас имконият надошт, ки ӯро ба хонааш қабул кунад. Олаф аз волидонаш, ки Шоҳиди Яҳува набуданд, иҷозат пурсид, ки нозири ноҳиявӣ дар хонаашон истад. Онҳо розӣ шуданд, вале ба Олаф лозим буд, ки ба ӯ кати худро дода, худаш дар ҷойи ноқулайтар хоб равад. Олаф ҳамин тавр кард ва соҳиби баракати калон шуд. Ӯ мегӯяд: «Барои ман он ҳафта фаромӯшнашаванда буд. Ману нозири ноҳиявӣ саҳарии барвақт хеста, дар сари дастархон бисёр мавзӯъҳои шавқоварро муҳокима мекардем. Рӯҳбаландӣ аз он муошират дар дилам хоҳиш бедор кард, ки хизмати пурравақтро сар кунам». Ҳоло зиёда аз 40 сол мешавад, ки Олаф дар давлатҳои гуногун чун миссионер хизмат мекунад.

8. Чаро дигарон меҳрубонии моро дар аввал қадр накунанд ҳам, мо бояд зоҳир кардани ин хислатро давом диҳем? Мисол оред.

8 Ба ғарибон мо бо роҳҳои гуногун муҳаббат нишон дода метавонем, ҳатто дар аввал онҳо инро қадр накунанд ҳам. Мисоле меорем. Дар Испаниё як хоҳарамон бо Есика ном зане омӯзиш мекард, ки аз Эквадор буд. Боре дар вақти омӯзиш Есика беист гиря мекард. Хоҳар аз вай пурсид, ки чаро гиря мекунад. Ӯ нақл кард, ки пеш аз ба Испаниё кӯчидан вай хеле камбағал буд ва як рӯз чунин шуд, ки ӯ тамоман бехӯрок монд. Ягона чизе ки ӯ ба духтарчааш дода метавонист, об буд. Есика ба Худо дуо гуфт ва кӯшиш кард, ки духтарчаашро хобонад. Дере нагузашта, ду Шоҳиди Яҳува дари ӯро тақ-тақ карданд ва ба ӯ маҷалла пешниҳод намуданд. Аммо Есика маҷалларо дарронд ва ба онҳо дағалона гуфт: «Чӣ, бо ҳамин ман духтарчаамро сер кунам?» Хоҳарон ӯро тасаллӣ доданӣ шуданд, вале ӯ онҳоро ҳатто гӯш кардан намехост. Чанде пас, онҳо дар як сумка хӯрок харида, назди дари ӯ монда рафтанд. Ин меҳрубонии онҳо ба дили Есика таъсир кард. Дар давоми омӯзиш бошад, ӯ аниқ дарк кард, ки Худо он вақт ба воситаи хоҳарон ба дуояш ҷавоб дода буду вай инро пай набурд. Ва ҳоло Есика қарор додааст, ки ба Яҳува хизмат мекунад. Чуноне ки мебинем, саховатмандии хоҳарон натиҷаи хеле хуб овард (Воиз 11:1, 6).

ХИЗМАТИ ИХТИЁРӢ ДАР ЛОИҲАҲОИ ТАШКИЛОТ

9, 10. а) Дар кадом мавридҳо исроилиёни қадим чун ихтиёрӣ хизмат карда метавонистанд? б) Имрӯз бародарон аз кадом ҷиҳатҳо ба ҷамъомад ёрӣ расонда метавонанд?

9 Исроилиёни қадим дар вазъиятҳои гуногун чун ихтиёрӣ хизмат карда метавонистанд (Хур. 36:2; 1 Вақ. 29:5; Наҳемё 11:2). Имрӯз низ мо имкониятҳои зиёд дорем, ки вақту қувват, маҳорат ва дороии худро барои кӯмак ба бародарону хоҳарон сарф кунем. Вақте мо худро бо омодагӣ пешкаш мекунем, баракатҳо ва хурсандии зиёд ба даст меорем.

10 Каломи Худо бародаронро бармеангезад, ки бо Яҳува ҳамкорӣ карда, чун хизматгузори ҷамъомад ва пирон хизмат кунанд (1 Тим. 3:1, 8, 9; 1 Пет. 5:2, 3). Онҳое, ки ба гирифтани чунин масъулият ҳаракат мекунанд, ба ҳамимонон кӯмаки рӯҳонӣ ва амалӣ расондан мехоҳанд (Аъм. 6:1–4). Оё пирон ягон бор аз шумо хоҳиш карданд, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад ё анҷуман ёрирасон бошед? Ё шумо метавонистед, ки дар тақсим кардани адабиёт, минтақаҳо, нигоҳубини Толори Салтанат ва корҳои ба ин монанд ёрдам диҳед? Бародароне, ки ин корҳоро иҷро мекунанд, мегӯянд, ки расондани чунин ёрӣ хеле хурсандибахш аст.

Ихтиёриён дар лоиҳаҳои гуногуни ташкилот иштирок карда, бисёр дӯстони нав пайдо мекунанд (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Иштирок дар лоиҳаҳои ташкилот ба як хоҳар чӣ манфиат овард?

11 Онҳое, ки дар лоиҳаҳои гуногун чун ихтиёрӣ хизмат мекунанд, бисёр вақт дӯстони нав меёбанд. Мисоли хоҳар Марҷи инро нишон медиҳад. Ӯ 18 сол боз дар сохтмони Толорҳои Салтанат чун ихтиёрӣ хизмат мекунад. Дар давоми солҳо ӯ бисёр хоҳарони ҷавонро зери  қаноти худ гирифта, ба онҳо корро ёд додааст. Ӯ мегӯяд, ки иштирок дар ин лоиҳаҳо ба ихтиёриён имконияти олиҷаноб медиҳад, то якдигарро рӯҳбаланд кунанд (Рум. 1:12). Вақте хоҳар Марҷи вазъиятҳои душворро аз сар мегузаронд, дӯстоне, ки пайдо карда буд, ӯро рӯҳбаланду дастгирӣ мекарданд. Оё шумо ягон бор дар чунин сохтмонҳо иштирок кардаед? Ҳатто, агар қобилияту таҷрибаи махсус надошта бошед ҳам, шумо кӯмаки худро чун ихтиёрӣ пешкаш карда метавонед.

12. Чӣ тавр шумо ба осебдидагони офатҳои табиӣ дасти ёрӣ дароз карда метавонед?

12 Дар вақти рӯй додани офатҳои табиӣ низ мо бо Худо ҳамкорӣ карда метавонем. Чӣ тавр? Вақте ки ба бародарону хоҳароне, ки зарар дидаанд, бо роҳҳои амалӣ кӯмак мекунем. Яке аз роҳҳо ин бо хайрияҳои худ ёрдам кардан аст (Юҳ. 13:34, 35; Аъм. 11:27–30). Роҳи дигар бошад, ин тоза ва таъмир кардани ҷойҳои харобшуда аст. Масалан, вақте дар Полша аз боронгарии зиёд ҳама ҷоро об зер кард, хонаи Габриэла ном хоҳар хеле зарар дид. Бародарон аз ҷамъомади маҳаллӣ омада барои барқарор кардани хонааш ёрӣ доданд ва ӯ аз ин хеле рӯҳбаланд шуд. Габриэла он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд: «Ман дар бораи чизҳои аз даст додаам ғам намехӯрам. Баръакс, баъди ин воқеа ман гӯё чизи бештарро ба даст овардам, зеро бовариам ба он зиёдтар шуд, ки қисми ҷамъомади масеҳӣ будан шарафи бузург ва сарчашмаи шодиву хурсандӣ аст». Бисёр шахсоне, ки баъди офатҳои табиӣ дастгирии ҳамимононро диданд, инро тасдиқ мекунанд. Ва онҳое, ки бо Яҳува ҳамкорӣ карда, ба осебдидагон дасти ёрӣ дароз мекунанд, худашон низ қаноатмандии зиёд мегиранд. (Аъмол 20:35 ва 2 Қӯринтиён 9:6, 7-ро хонед.)

13. Чӣ тавр расондани кӯмак ба ҳамимонон муносибати моро бо Яҳува қавӣ гардонда метавонад? Мисол оред.

13 Хоҳар Стефани ва дигар воизон ба ҳамимононе, ки чун гуреза ба Иёлоти Муттаҳида омадаанд, ёрӣ дода, ҳамин тавр бо Яҳува ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо ба баъзе оилаҳои гурезагон барои ёфтани ҷойи зист ва ашёҳои зарурии рӯзғор ёрӣ доданд. Стефани мегӯяд: «Онҳо муҳаббати бародарияти умумиҷаҳониро дар худ ҳис карда, чунон миннатдору хурсанд шуданд, ки ин ба дили мо ҳам хеле таъсир кард. Он оилаҳо  фикр мекарданд, ки мо ба онҳо ёрдам додем, лекин дар асл бештар онҳо ба мо кӯмак карданд. Зеро мо шахсан дидем, ки дар байни халқи Худо муҳаббат, имон ва ягонагӣ ҳукмфармо аст ва онҳо ба Яҳува такя мекунанд. Дидани ин дар ҳақиқат муҳаббати моро ба Яҳува қавӣ гардонд ва миннатдории мо барои ҳамаи он чизе, ки ташкилоти Ӯ медиҳад, зиёдтар шуд».

ХИЗМАТИ ХУДРО ВАСЕЪ ГАРДОНЕД

14, 15. а) Ишаъё кадом рӯҳияро зоҳир кард? б) Чӣ тавр имрӯз воизон ба рӯҳияи Ишаъё пайравӣ карда метавонанд?

14 Шояд шумо мехостед бо Яҳува боз ҳам бештар ҳамкорӣ кунед. Оё шумо тайёред ба ҷое кӯчед, ки дар он ҷо воизон намерасанд? Албатта, аз ҳамаи хизматгорони Яҳува талаб карда намешавад, ки ба ягон ҷойи дур кӯчанд. Вале баъзе бародарону хоҳарон имконият доранд, ки ин корро кунанд. Рӯҳияи онҳо ба рӯҳияе, ки пайғамбар Ишаъё дошт, монанд мебошад. Боре Яҳува савол дод: «Ман киро бифиристам? Ва кист, ки барои Мо биравад?» Ишаъё дар ҷавоб гуфт: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Оё шумо хоҳиш ва шароит доред, ки ба ташкилоти Яҳува зиёдтар кӯмак расонед? Шахсан шумо чӣ кор карда метавонистед?

15 Дар бораи кори мавъиза ва шогирдсозӣ Исо гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам. Барои ҳамин аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Мат. 9:37, 38). Оё шумо метавонед ба ҷое, ки воизон намерасанд, рафта чун пешрав хизмат кунед? Ё имконият доред, ки барои кӯчидани ягон шахси дигар кӯмак расонед? Бисёри бародарону хоҳарон дарк карданд, ки роҳи беҳтарини нишон додани муҳаббат ба Худо ва одамон — ин чун пешрав дар маҳалли ба воизон ниёздошта хизмат кардан аст. Фикр кунед, ки бо кадом роҳҳои дигар хизматро васеъ кардан мумкин аст. Ба Яҳува зиёдтар хизмат карда, шумо шодиву хурсандии бисёр ба даст меоред.

16, 17. Барои васеъ кардани хизмат боз кадом имкониятҳо вуҷуд доранд?

16 Шумо ҳамчунин метавонед дар Байт-Ил хизмат кунед ё дар сохтмони биноҳои ташкилот ёрӣ расонед. Дар ташкилоти Яҳува ҳамеша ба шахсоне ниёз аст, ки ба куҷое таъин кунанд, мераванд ва кадом кореро, ки супоранд, иҷро менамоянд. Шояд касе дар иҷрои ягон кор таҷрибаву маҳорат дорад, вале аз ӯ хоҳиш карда метавонанд, ки тамоман кори дигарро иҷро кунад. Лекин вақте мо бо омодагӣ дар ҷое, ки зарур аст, хизмат мекунем, Яҳува ин рӯҳияи фидокоронаи моро қадр мекунад (Заб. 109:3).

17 Оё шумо мехостед таълими иловагӣ гиред ва дар иҷро кардани хизмати муқаддас маҳорати зиёдтар дошта бошед? Агар ҳа, пас шумо метавонед варақаро барои таҳсил дар Мактаби воизони хушхабар (пеш «Мактаб барои воизони Салтанат» буд) пур кунед. Вақте ки пешравони рӯҳан баркамол дар ин мактаб таълим мегиранд, онҳо дар пешрафти кори мавъиза саҳми бештар гузошта метавонанд. Онҳое, ки дар ин мактаб таҳсил кардан мехоҳанд, бояд тайёр бошанд, ки ба куҷое, ки ташкилоти Яҳува онҳоро таъин кунад, рафта хизмат кунанд. Оё шумо ин имкониятро истифода бурда, ба Яҳува зиёдтар хизмат кардан мехоҳед? (1 Қӯр. 9:23).

18. Ҳар рӯз бо Яҳува ҳамкорӣ кардан чӣ баракат меорад?

18 Чун аъзоёни халқи Яҳува мо мехоҳем саховатманд, некӯкор, меҳрубон бошем ва одамонро дӯст дорем. Ҳар рӯз мо оиди беҳбудии дигарон ғамхорӣ мекунем. Ин ба мо хурсандӣ, оромӣ ва хушбахтӣ меорад (Ғал. 5:22, 23). Агар шумо мисли Яҳува саховатманд бошед ва ҳамеша бо Ӯ ҳамкорӣ кунед, новобаста аз вазъу шароити худ, одами хушбахт хоҳед буд! (Мас. 3:9, 10).