Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Насиҳатро гӯш кунед ва бохирад шавед

Насиҳатро гӯш кунед ва бохирад шавед

«Эй писарон... Насиҳатро бишнавед, ва ҳикматпеша бошед» (МАС. 8:32, 33).

СУРУДҲО: 34, 6

1. Чӣ тавр мо хиради Худоро ба даст оварда метавонем ва ин чӣ манфиат меорад?

ЯҲУВА Сарчашмаи хирад аст ва онро ба дигарон низ саховатмандона медиҳад. Дар Яъқуб 1:5 гуфта шудааст: «Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор онро пайваста аз Худо пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо саховатмандӣ ва таъна накарда медиҳад». Як роҳи ба даст овардани хиради Худо ин қабул кардани тарбияи Ӯ аст. Ин хирад ба мо кӯмак мекунад, ки ба рафтори бад дода нашавем ва бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ дорем (Мас. 2:10–12). Дар натиҷа мо «худро дар муҳаббати Худо нигоҳ» медорем ва «сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ» равона мешавем (Яҳд. 21).

2. Чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки тарбияи Яҳуваро қадр кунем?

2 Майли гунаҳкорона ва муҳите, ки мо дар он ба воя расидаем ё ягон чизи дигар баъзан халал мерасонад, ки насиҳатро қабул кунем ё ба он дуруст муносибат кунем. Лекин, вақте мо манфиати тарбияи Худоро мебинем, онро қадр мекунем ва мефаҳмем, ки Ӯ чӣ қадар моро дӯст медорад. Дар Масалҳо 3:11, 12 гуфта шудааст: «Эй писарам! Ҷазои Худовандро рад накун... зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, варо мазаммат мекунад». Биёед ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки Яҳува дар бораи беҳбудии мо ғамхорӣ мекунад. (Ибриён  12:5–11-ро хонед.) Азбаски Худо моро хуб медонад, ҷазои ӯ ҳамеша мувофиқ ва аз рӯйи меъёр аст. Ҳоло чор ҷиҳати тарбияро дида мебароем: 1) худтарбиякунӣ, 2) тарбияе, ки волидон медиҳанд, 3) тарбия дар ҷамъомади масеҳӣ, 4) чизе, ки аз дарди танбеҳ бадтар буда метавонад.

ХУДТАРБИЯКУНӢ АЗ РӮЙИ ХИРАД АСТ

3. Чӣ тавр кӯдак худтарбиякуниро ёд мегирад? Мисол оред.

3 Худтарбиякунӣ ба интизом даровардани худ аст, ки дар натиҷа рафтор ва фикрронии шахс беҳтар мегардад. Мо бо майли худро тарбия кардан таваллуд намешавем, мо бояд худтарбиякуниро ёд гирем. Биёед як мисолро дида бароем. Вақте ки фарзанди хурдсол нав ҳай кардани велосипедро ёд мегирад, волидон онро медоранд, то ки наафтад. Вале, вақте ки кӯдак нигоҳ доштани мувозинатро ёд мегирад, волидон ӯро эҳтиёткорона ва оҳиста-оҳиста сар медиҳанд. Ва ҳамин ки кӯдак ҳай карданро ёд гирад, онҳо ӯро пурра сар медиҳанд. Ба ин монанд волидон бояд кӯдакашонро босаброна ва пай дар пай «дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия» кунанд. Ҳамин тавр онҳо ба ӯ бохирад будан ва худро тарбия карданро ёд медиҳанд (Эфс. 6:4).

4, 5. а) Чаро худтарбиякунӣ хислати муҳими «шахсияти нав» аст? б) Чаро ҳатто агар «ҳафт маротиба» афтем ҳам, набояд рӯҳафтода шавем?

4 Ин мисолро нисбати одамони калон низ ба кор бурдан мумкин аст. Пеш аз бо Яҳува шинос шудан, онҳо шояд ба андозае худро ба интизом дароварда метавонанд. Аз ҷиҳати рӯҳонӣ бошад, онҳо ҳоло чун кӯдак ҳастанд. Лекин оҳиста-оҳиста, вақте ки онҳо «шахсияти навро дар бар» карда, мисли Исо рафтор карданро ёд мегиранд, рӯҳан баркамол мешаванд (Эфс. 4:23, 24). Худтарбиякунӣ хислати муҳими шахсияти нав аст. Он ба мо кӯмак мекунад, ки «хоҳишҳои дунёро рад карда, дар ин замона бо солимфикрӣ, росткорӣ ва худотарсӣ зиндагӣ» карданро ёд гирем (Тит. 2:12).

5 Ҳамаи мо ба гуноҳ майл дорем (Воиз 7:20). Аммо гуноҳ кардан маънои онро надорад, ки шахс худро тарбия накардааст ё инро карда наметавонад. Дар Масалҳо 24:16 гуфта шудааст, ки «одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад». Барои худамонро тарбия кардан чӣ кӯмак мекунад? Албатта мо бояд иродаи мустаҳкам дошта бошем, лекин бе ёрдами рӯҳи Худо инро карда наметавонем. (Филиппиён 4:13-ро хонед.) Яке аз қисмҳои самари рӯҳи муқаддас худдорӣ мебошад, ки бо худтарбиякунӣ алоқаманд аст.

6. Чӣ тавр мо ба омӯзиши Каломи Худо шавқи худро зиёд карда метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

6 Барои худро тарбия кардан инчунин дуои самимӣ, омӯзиши Китоби Муқаддас ва мулоҳиза муҳим аст. Лекин, агар омӯзиши Каломи Худо бароятон душвор бошад-чӣ? Мумкин шумо хонданро он қадар дӯст намедоред. Лекин дар ёд доред: агар шумо ба Яҳува роҳ диҳед, Ӯ ба шумо ҳатман кӯмак мекунад. Худо метавонад ёрдам кунад, ки шумо «муштоқи шири поки калом»-и Ӯ шавед (1 Пет. 2:2). Якум, дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед, ки худро тарбия карда ба омӯзиши Каломаш одат кунонед. Сипас, мувофиқи дуоҳоятон амал кунед. Шумо метавонед дар аввал кам-кам омӯзиш кунед. Рафта-рафта омӯзиш кардан бароятон ҳам осонтар ва ҳам шавқовартар мегардад. Шумо лаҳзаҳоеро, ки дар бораи фикрҳои қиматбаҳои Яҳува мулоҳиза меронед, хеле қадр мекунед (1 Тим. 4:15).

7. Чӣ тавр худтарбиякунӣ барои ба мақсади рӯҳонӣ расидан кӯмак карда метавонад?

7 Худтарбиякунӣ барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидан кӯмак мекунад. Масалан, як бародари оиладор боре ҳис кард, ки ғайраташ дар хизмат суст шудааст. Ӯ аз ин ба ташвиш омада, дар пеши худ мақсад гузошт, ки пешрави доимӣ мешавад. Ӯ доир ба ин мавзӯъ аз адабиётамон мақолаҳои лозимаро хонд ва оиди мақсадаш ба Яҳува дуо гуфт. Ин ба вай кӯмак кард, ки аз нав рӯҳан қавӣ гардад. Ҳамчунин вай дар он моҳҳое, ки метавонист, пешрави ёвар шуда хизмат  мекард. Ин чӣ натиҷа овард? Ба монеаҳо нигоҳ накарда, ӯ диққаташро ба мақсади худ, яъне пешрави доимӣ шудан, равона кард ва оқибат ба он расид.

ФАРЗАНДОНРО ДАР ТАЪЛИМИ ЯҲУВА БА ВОЯ РАСОНЕД

Кӯдакон қобилияти фарқ кардани неку бадро надоранд; онҳоро тарбия кардан лозим аст (Ба сархати 8 нигаред.)

8–10. Чӣ ба волидони масеҳӣ кӯмак карда метавонад, ки фарзандонашонро чун хизматгори Яҳува калон кунанд? Мисол оред.

8 Волидони масеҳӣ масъулияти пурарзиш доранд, ки фарзандонашонро «дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия» кунанд (Эфс. 6:4). Ин кор душвор аст, хусусан дар ҷаҳони имрӯза (2 Тим. 3:1–5). Кӯдакони майда қобилияти фарқ кардани неку бадро надоранд, лекин онҳо бо атои виҷдон таваллуд мешаванд, ки онро тарбия кардан лозим аст (Рум. 2:14, 15). Дар як маълумотномаи Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки калимаи юноние, ки чун «тарбия» тарҷума шудааст, боз маънои «ба воя расонидани кӯдак» ё чун одами хуб калон кардани ӯро дорад.

9 Кӯдаконе, ки бо муҳаббат тарбия карда мешаванд, худро одатан дар бехатарӣ ҳис мекунанд, чунки ғамхории волидонашонро мебинанд. Онҳо мефаҳманд, ки озодиашон маҳдуд аст ва ҳар як рафтору қарор оқибати хуб ё бад дорад. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки волидони масеҳӣ аз Яҳува роҳнамоӣ ҷӯянд. Фаромӯш накунед, ки роҳу усулҳои тарбия дар ҳар маданият ва замона фарқ мекунанд. Агар волидон ба дастуроти Худо гӯш кунанд, ин барои кӯдакро ба таври дуруст тарбия кардан ёрӣ мерасонад, ва ба онҳо лозим намеояд, ки ба таҷрибаи худ ва тарзи фикрронии инсонӣ такя кунанд.

10 Барои намуна биёед мисоли Нӯҳро дида бароем. Вақте Яҳува ба ӯ сохтани киштиро супориш дод, вай ба таҷрибаи худаш такя карда наметавонист, чунки то ба ҳол ягон киштиро насохта буд. Барои ҳамин вай бояд ба Яҳува такя карда дар сохтани киштӣ «ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд», ба ҷо меовард, яъне мувофиқи дастуроти Яҳува амал мекард (Ҳас. 6:22). Дар натиҷа чӣ шуд? Нӯҳ бомуваффақият киштиро сохт ва оилааш дар Тӯфон наҷот ёфт. Нӯҳ ҳамчунин волиди хуб буд, чунки дар ин кор низ ба хиради Худо таваккал мекард. Барои ҳамин ӯ фарзандонашро хуб тарбия кард ва ба онҳо намунаи ибрат нишон дод, ҳарчанд ин дар замони пеш аз Тӯфон кори осон набуд (Ҳас. 6:5).

11. Дар тарбия кардани фарзандон намунаи волидон то чӣ андоза муҳим аст?

11 Волидон, чӣ тавр шумо «ҳар он чиро, ки Худо» фармудааст, ба ҷо оварда метавонед? Яҳуваро гӯш кунед. Ба Ӯ гузоред, ки тавассути маслиҳатҳои Каломаш ва дастуроти ташкилоташ барои тарбияи фарзандатон ба шумо кӯмак кунад. Эҳтимоли зиёд аст, ки рӯзе фарзандатон барои ин ба шумо раҳмат мегӯяд. Як бародар чунин навишт: «Ман аз волидонам хеле миннатдорам, ки маро ҳамин тавр тарбия карданд. Барои ба дили ман таъсир расондан онҳо ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд. Дар пешравии рӯҳонии ман онҳо саҳми калон гузоштаанд». Лекин, новобаста аз кӯшишҳои волидон  баъзе фарзандон аз Яҳува дур мешаванд. Ба ҳар ҳол, волидоне, ки барои дар дили фарзандашон ҷойгир кардани ҳақиқат тамоми кӯшишро сарф мекунанд, дар пеши Худо виҷдони тоза доранд. Онҳо умедвор буда метавонанд, ки фарзанди роҳгумзадаашон рӯзе ба «хона», яъне ба назди Яҳува бармегардад.

12, 13. а) Агар фарзанд аз ҷамъомад хориҷ шуда бошад, волидони масеҳӣ чӣ тавр ба Худо итоаткорӣ нишон медиҳанд? б) Чӣ тавр ба Яҳува итоат кардани волидон ба як оила манфиат овард?

12 Як озмоиши калони итоаткорӣ, ки баъзе волидон дучор мешаванд, ин муносибати онҳо бо фарзанди аз ҷамъомад хориҷ шуда мебошад. Биёед мисоли модареро дида бароем, ки духтари хориҷ шудааш аз хона рафта буд. Ӯ иқрор мешавад: «Ман аз адабиётҳоямон ягон сабаб мекофтам, то бо духтарам ва набераам муошират кунам». Ӯ давом медиҳад: «Вале шавҳарам бо мулоимӣ ба ман фаҳмонд, ки ҳоло фарзандамон дар дасти Яҳува аст ва мо набояд барои тарбия кардан ба Ӯ халал расонем».

13 Чанд сол пас духтарамон дар ҷамъомад барқарор шуд. Модар мегӯяд: «Ҳоло духтарамон қариб ҳар рӯз ба мо занг мезанад ё нома менависад. Ва ӯ ману падарашро чуқур ҳурмат мекунад, чунки медонад, ки мо ба Худо итоат кардем. Муносибати мо хеле нағз аст». Агар фарзанди шумо аз ҷамъомад хориҷ шуда бошад, оё шумо «бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал» мекунед ё ба хиради худ такя менамоед? (Мас. 3:5, 6). Дар хотир доред: тарбияи Яҳува хирад ва муҳаббати беҳамтои Ӯро нишон медиҳад. Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки Худо Писарашро барои ҳамаи одамон, аз он ҷумла барои фарзанди шумо қурбон кардааст. Ӯ «нобуд шудани касеро намехоҳад». (2 Петрус 3:9-ро хонед.) Барои ҳамин волидон, ба тарбия ва дастуроти Яҳува такя карданро давом диҳед. Ҳатто агар ин дардовар бошад ҳам, мувофиқи талаботи Ӯ рафтор кунед. Вақте Яҳува фарзандатонро тарбия мекунад, бо Ӯ ҳамкорӣ кунед, на бар зидди Ӯ бароед.

ТАРБИЯ ДАР ҶАМЪОМАД

14. Аз дастуроте, ки Яҳува ба воситаи «идоракунандаи боваринок» медиҳад, мо чӣ фоида мегирем?

14 Яҳува ваъда додааст, ки дар бораи ҷамъомади масеҳӣ ғамхорӣ мекунад ва онро ҳимоя карда таълим медиҳад. Ӯ инро бо роҳҳои гуногун мекунад. Масалан, Ӯ ба Писараш супориш додааст, ки ба ҷамъомад ғамхорӣ кунад ва Исо бошад, барои додани ғизои саривақтӣ «идоракунандаи боваринок»-ро таъйин кардааст (Луқ. 12:42). Ба воситаи ғизои рӯҳонӣ, ки ба намуди гуногун дастрас аст, Яҳува дастуроти пурарзиш медиҳад, яъне моро насиҳат мекунад. Аз худ пурсед: «Оё нутқҳо ё мақолае аз маҷаллаҳоямон маро водор мекунанд, ки фикрронӣ ё рафтори худро ислоҳ кунам?» Агар ҳа, пас, хурсанд шавед, чунки бо ин тарз ба Яҳува мегузоред, ки шуморо бар фоидаи худатон тарбия кунад (Мас. 2:1–5).

15, 16. а) Чӣ гуна мо аз хизмати пирон манфиат гирифта метавонем? б) Чӣ тавр мо метавонем кори пиронро сабуктар кунем?

15 Масеҳ инчунин ба ҷамъомад «одамонро чун ато дод», яъне пиронро, ки рамаи Худоро мечаронанд (Эфс. 4:8, 11–13). Чӣ гуна мо аз хизмати онҳо манфиат гирифта метавонем? Яке аз роҳҳо ба имон ва намунаи хуби онҳо пайравӣ кардан аст. Роҳи дигар ин итоат кардан ба маслиҳатҳое мебошад, ки онҳо дар асоси Навиштаҳо медиҳанд. (Ибриён 13:7, 17-ро хонед.) Фаромӯш накунед, ки пирон моро дӯст медоранд ва рӯҳан пешравӣ кардани моро мехоҳанд. Масалан, агар онҳо пай баранд, ки мо баъзан дар ҷамъомадҳо нестем ё ғайрати мо дар хизмат суст шудааст, онҳо ба зудӣ ҳаракат мекунанд, ки ба мо ёрдам диҳанд. Онҳо моро гӯш карда, бо суханони меҳрубонона рӯҳбаланд мекунанд ва аз Навиштаҳо маслиҳати бамаврид медиҳанд. Оё шумо дар чунин дастгирӣ ғамхории муҳаббатомези Яҳуваро мебинед?

16 Дар ёд доред, ки барои пирон бо маслиҳати даркорӣ назди мо омадан на ҳама вақт осон  аст. Тасаввур кунед, ки вақте Довуд гуноҳи ҷиддие карду онро рӯпӯш карданӣ шуд, ба пайғамбар Нотон бо ӯ гап задан то чӣ андоза душвор буд (2 Подш. 12:1–14). Ба ин монанд, вақте Петрус, ки яке аз 12 расулон буд, рӯйбинӣ карда аз бародарони ғайрияҳудӣ худро дур кашид, ба Павлуси расул ислоҳ намудани ӯ осон набуд (Ғал. 2:11–14). Пас, чӣ тавр шумо бори пиронро сабук карда метавонед? Меҳнати онҳоро қадр кунед, фурӯтан бошед ва бигзор бо шумо гап задан осон бошад. Ба кӯмаки пирон чун ба нишонаи муҳаббати Яҳува нигаред. Ин на танҳо ба шумо манфиат меорад, балки ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки аз хизмати худ бисёртар хурсандӣ гиранд.

17. Чӣ тавр пирон ба як хоҳар меҳрубонона кӯмак карданд?

17 Ба як хоҳар аз сабаби воқеаҳои ҳаёти гузаштааш дӯст доштани Яҳува душвор буд. Вай мегӯяд: «Вақте хотираҳои пештара ва дигар проблемаҳо маро рӯҳафтода мекарданд, ман медонистам, ки бояд бо пирон гап занам. Онҳо маро ҷанг ё танқид намекарданд, баръакс, рӯҳбаланд ва дастгирӣ мекарданд. Баъди ҳар як вохӯрии ҷамъомад, нигоҳ накарда ба серкориашон, ақаллан яке аз пирон наздам омада аҳволи маро мепурсид. Аз сабаби ҳаёти пештараам ман худро лоиқи муҳаббати Худо намеҳисобидам. Лекин Яҳува гаштаю баргашта ба воситаи ҷамъомад ва пирон боварӣ мебахшад, ки маро дӯст медорад. Ман дуо мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ Ӯро тарк накунам».

ЧӢ АЗ ДАРДЕ, КИ ТАНБЕҲ МЕОРАД, БАДТАР БУДА МЕТАВОНАД?

18, 19. Чӣ аз дарде, ки танбеҳ меорад, бадтар буда метавонад? Мисол оред.

18 Ҳарчанд танбеҳ метавонад дардовар бошад, чизе ҳаст, ки аз он ҳам дарди зиёдтар меорад. Ин зарарест, ки шахс дар натиҷаи рад кардани тарбия дар ҳаёташ мебинад (Ибр. 12:11). Мисоли Қобил ва шоҳ Сидқиёро дида мебароем. Қобил аз Ҳобил то ба дараҷае нафрат кард, ки ӯро куштан хост. Худо Қобилро насиҳат карда гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд? Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав» (Ҳас. 4:6, 7). Қобил гӯш накард. Ӯ бародари худро кушт ва то охири умраш аз натиҷаҳои даҳшатноки рафтори худ азоб мекашид (Ҳас. 4:11, 12). Қабул кардани танбеҳи Яҳува барои Қобил дардовар буда метавонист, лекин назар ба дарде, ки гуноҳаш овард, сабуктар мебуд.

19 Сидқиё подшоҳи золим ва сустирода буд. Вақте ки вай ҳукмронӣ мекард, халқи Ерусалим дар ҳолати бад қарор доштанд. Ирмиё-пайғамбар такрору батакрор Сидқиёро насиҳат мекард, ки аз корҳои бадаш даст кашад, вале шоҳ тарбияи Яҳуваро рад кард. Барои ҳамин ӯ низ бо оқибати андӯҳовар дучор шуд (Ирм. 52:8–11). Бале, Яҳува мехоҳад моро аз ранҷу азоби беҳуда муҳофизат кунад. (Ишаъё 48:17, 18-ро хонед.)

20. Касонеро, ки тарбияи Худоро қабул мекунанд ва касонеро, ки онро рад мекунанд, чӣ гуна оянда интизор аст?

20 Дар ин ҷаҳон бисёриҳо дар бораи тарбияи Худо, аз он ҷумла худтарбиякунӣ бо писханд гап мезананд. Лекин чунин касон ба қарибӣ оқибати талхи рафтори беақлонаашонро мечашанд (Мас. 1:24–31). Барои ҳамин, биёед насиҳатро гӯш кунем, ва бохирад бошем. Чунки дар Масалҳо 4:13 гуфта шудааст: «Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун; онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст».