Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ

Ёфтани роҳи хушбахтӣ

Ёфтани роҳи хушбахтӣ

ОЁ ШУМО ХУДРО ХУШБАХТ МЕҲИСОБЕД? Агар чунин бошад, сабаби хушбахтии шумо чист? Оилаатон, кор ё эътиқодатон ба Худо? Шояд шумо умед кунед, ки дар оянда, вақте ба мақсадатон мерасед, масалан, мактабро хатм мекунед, кори нағз меёбед ё мошини нав мехаред, хушбахт мешавед.

Бисёр одамон баъди ба ягон мақсад расидан ё баъди соҳиби чизи дилхоҳашон шудан худро каму беш хушбахт ҳис мекунанд. Лекин ин хел хурсандӣ чӣ қадар давом меёбад? Аксар вақт он зудгузар аст ва одам аз ин зиқ мешавад.

Пас, хушбахтӣ чист? Хушбахтӣ ин ҳолатест, ки дурудароз давом меёбад, он як қатор ҳиссиёт, аз қаноатмандӣ сар карда то хурсандии беандозаро, дар бар мегирад ва одам намехоҳад, ки ин ҳиссиёт гузарад.

Хушбахтӣ ҳолати яклаҳзаина нест, барои ҳамин хушбахтиро ба роҳ монанд кардан мумкин аст, на ба манзили муайян ё мақсад. Шахс бо гуфтани «ман ҳамон вақт хушбахт мешавам, агар...» дар асл, мегӯяд, ки то ба мақсад нарасад, хушбахт буда наметавонад.

Барои равшантар фаҳмидани фикр биёед хушбахтиро бо саломатии хуб муқоиса кунем. Барои саломатии хуб доштан чӣ кор кардан даркор аст? Мо бояд аз баъзе чизҳо парҳез намоем, машқи бадан кунем ва тарзи ҳаёти солим барем. Ба ҳамин монанд, агар мо бо роҳи дуруст рафта мувофиқи маслиҳати Худо зиндагӣ кунем, хушбахт шуда метавонем.

Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки хушбахтона зиндагӣ кунем? Албатта, бисёр чизҳоро номбар кардан мумкин аст, лекин чизҳои зерин муҳимтаранд:

  • ҚАНОАТ ВА САХОВАТ

  • САЛОМАТӢ ВА ТОБОВАРӢ

  • МУҲАББАТ

  • БАХШИДАН

  • МАҚСАДИ ЗИНДАГӢ

  • УМЕД

Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «[Хушбахтанд] касони ростроҳ» (Забур 118:1). Чӣ кор кунем, то дар қатори чунин шахсон бошем? Биёед инро аз як сар дида бароем.