Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас

Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
Сӯҳбати Исо бо кӯдакон

ИН КИТОБ воқеаҳои дар ҳақиқат рӯйдодаро нақл мекунад. Ин ҳикояҳо аз китоби машҳуртарини ҷаҳон — Китоби Муқаддас оварда шудаанд. Ҳикояҳо таърихи ҷаҳониро аз замоне, ки Худо офариниши оламро оғоз кард, то рӯзҳои мо нақл мекунанд. Ин ҳикояҳо ҳамчунин дар бораи ниятҳои Худо, ки Ӯ онҳоро дар оянда амалӣ карданӣ аст, хабар медиҳанд.

Ин китоб ба шумо кӯмак хоҳад кард, ки дар бораи мазмуни Китоби Муқаддас тасаввуроти пурра гиред.Дар он сухан дар бораи зиндагии қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас ва корҳои анҷомдодаи онҳо меравад. Он ҳамчунин дар бораи умеди олӣ — умед бар ҳаёти ҷовидонӣ дар биҳишти рӯи замин нақл мекунад, ки Худо ба одамон ато кардааст.

Ин китоб 116 ҳикояро дар бар гирифтааст. Ҳикояҳо ба ҳашт қисм гурӯҳбандӣ шудаанд. Пеш аз ҳар қисм шарҳи мухтасари мазмуни он дода мешавад. Ҳикояҳо бо ҳамон тартибе, ки дар таърих рӯй додаанд, паси ҳам нақл мешаванд. Ин ба шумо ёрӣ хоҳад дод, ки алоқамандии воқеаҳои таърихро бубинед.

Ҳикояҳо бо забони соддаю фаҳмо баён шудаанд. Бисёре аз шумо, бачаҳо, метавонед онҳоро мустақилона хонед. Шумо, падару модарон, хоҳед дид, ки чӣ гуна кӯдакони хурди шумо хушҳол мешаванд аз оне ки ин ҳикояҳоро борҳо аз нав барои онҳо мехонед. Шумо дархоҳед ёфт, ки ин китоб ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон завқовар аст.

Матнҳо аз Китоби Муқаддас баъд аз ҳар ҳикоя оварда шудаанд. Хуб мешуд, ки шумо ин матнҳоро, ки ҳикояҳо дар асоси онҳо навишта шудаанд, бихонед.

Матнҳои Китоби Муқаддас дар ин китоб ба забони содда оварда шудаанд, то барои кӯдакон осонфаҳм бошанд. Дар охири ҳар ҳикоя нишонаи матнҳои Китоби Муқаддас, ки ҳикоя бар онҳо асос ёфтааст, дода мешаванд.