Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 113: Павлус дар Рум

Ҳикояи 113: Павлус дар Рум

ЗАВЛОНАИ дастони Павлусро бубин. Дар наздаш сарбози румиест, ки вайро посбонӣ мекунад. Павлус дар Рум маҳбус аст. Ӯ интизор аст, ки қайсари Рум нисбаташ қароре қабул кунад. Дар ин муддати маҳбусӣ, Павлус барои мулоқот бо одамон иҷозат дошт.

Баъд аз се рӯзи омадан ба Рум, Павлус сарварони яҳудиро ба мулоқот даъват менамояд. Яҳудиёни зиёде, ки дар Рум сокин буданд, ба назди вай меоянд. Павлус ба онҳо дар бораи Исо ва Салтанати Худо мавъиза мекунад. Баъзеи онҳо имон оварда, масеҳӣ мешаванд, лекин баъзеи дигар бовар намекунанд.

Павлус дар маҳбас

Павлус ҳамчунин ба сарбозони гуногуне, ки вайро посбонӣ мекарданд, дар ин бора нақл мекунад. Дар ин ду соли маҳбусӣ Павлус ба ҳар касе, ки наздаш меомад, мавъиза мекард. Дар натиҷа ҳатто аз хонадони қайсар баъзеҳо хушхабари Салтанатро шунида, имон меоранд ва пайравони Исо мегарданд.

Вале ин марде ки дар сари миз навишта истодааст, кист? Пай бурдӣ? Бале, ин Тимотиюс аст. Тимотиюс ҳам бо сабаби мавъиза дар бораи Салтанат, зиндонӣ буд, лекин ҳоло озод шудааст ва барои кӯмак ба Павлус ба ин ҷо омадааст. Оё медонӣ, ки Тимотиюс дар бораи чӣ менависад? Канӣ, биё буфаҳмем.

Ту шаҳрҳои Филиппӣ ва Эфсӯсро аз ҳикояи 110-ум дар хотир дорӣ? Дар ин шаҳрҳо Павлус дар таъсис додани ҷамъомадҳои масеҳӣ ёрӣ расонида буд. Ҳоло бошад, ҳангоми дар маҳбас буданаш, вай ба ин масеҳиён нома мефиристад. Ин номаҳо дар Китоби Муқаддас мавҷуданд, онҳо «ба эфсӯсиён» ва «ба филиппиён» номида мешаванд. Ҳоло Павлус ба Тимотиюс гуфта истодааст, ки ба дӯстони масеҳии дар Филиппӣ будаашон чӣ нависад.

Филиппиён нисбати Павлус хеле меҳрубон буданд. Онҳо барои вай ба ин маҳбас ҳадя фиристоданд ва Павлус ба онҳо миннатдорӣ изҳор мекунад. Марде ки ин ҳадяро овард, Эпафрӯдитус ном дорад. Вале ӯ сахт бемор шуд ва қариб буд, ки мемурд. Ҳозир бошад, вай сиҳат шудааст ва барои баргаштан ба хона тайёр мебошад. Ин мактуби Павлусу Тимотиюсро ба Филиппӣ ӯ хоҳад бурд.

Дар вақти маҳбусии худ, Павлус боз ду мактуби дигар навишт, ки онҳо низ дар Китоби Муқаддасанд. Яке аз онҳо барои масеҳиёни шаҳри Қӯлассо аст. Медонӣ, ки ин мактуб чӣ хел номида мешавад? «Ба қӯлласиён». Мактуби дуюм шахсан барои дӯсти наздики Павлус, ки Филемӯн ном дорад ва ӯ ҳам дар Қӯлассо зиндагӣ мекунад, навишта шудааст. Ин мактуб дар бораи ғуломи Филемӯн — Онисимус мебошад.

Онисимус аз Филемӯн гурехта, ба Рум омад. Ӯ аз куҷое фаҳмид, ки Павлус дар ин шаҳр зиндонӣ аст. Онисимус қарор медиҳад, ки ба дидани Павлус равад ва дар вақти омаданаш Павлус ба вай мавъиза мекунад. Ба зудӣ Онисимус ҳам масеҳӣ мегардад. Акнун Онисимус аз гурехтанаш пушаймон аст. Ва медонӣ, ки Павлус дар ин нома ба Филемӯн чӣ менависад?

Павлус аз Филемӯн хоҳиш мекунад, ки Онисимусро бубахшад. «Ман вайро ба ту бармегардонам,— менависад Павлус,— вале акнун вай танҳо ғуломи ту нест, балки як бародари хуби масеҳӣ ҳам аст». Ба Қӯлассо баргашта, Онисимус бо худ ду мактуб меорад; яке барои қӯлласиён, дигаре барои Филемӯн. Шояд Филемӯн аз масеҳӣ шудани ғуломаш чӣ қадар хурсанд шуда бошад.

Павлус дар номаҳо ба филиппиён ва Филемӯн ба онҳо як хабари хушеро мерасонад. «Ман Тимотиюсро ба назди шумо мефиристам,— мегӯяд Павлус ба филиппиён,— ва худам ҳам ба наздикӣ шуморо хабар мегирам». Аз Филемӯн бошад, чунин хоҳиш мекунад: «Барои дар он ҷо монданам хонае муҳайё бикун».

Вақте ки Павлус озод мешавад, ӯ бародарону хоҳарони масеҳии худро, ки дар маҳалҳои гуногун зиндагӣ мекарданд, хабар мегирад. Вале дертар, ӯ боз ба маҳбаси Рум меафтад. Ин дафъа, вай огоҳ буд, ки ба қатл расонида мешавад. Аз ин рӯ, ба Тимотиюс нома навишта, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба зудӣ биёяд. «Ман ба Худо содиқ будам ва Худо ба ман подош хоҳад дод»,— менависад Павлус. Баъд аз чанд соли марги Павлус, Ерусалим боз нобуд карда мешавад,— ин дафъа аз дасти Румиён.

Дар Китоби Муқаддас маълумоти дигар низ ҳаст. Яҳува Худо ба Юҳаннои расул фармуд, ки китобҳои охирини Китоби Муқаддас, аз он ҷумла китоби Ваҳйро нависад. Дар ин китоб дар бораи оянда навишта шудааст. Биё акнун бубинем, ки дар оянда чӣ мешавад.

Аъмол 28:16-31; Филиппиён 1:13; 2:19-30; 4:18-23; Ибриён 13:23; Филемӯн 1-25; Қӯлласиён 4:7-9; 2 Тимотиюс 4:7-9.



Саволҳо

  • Ҳангоми дар маҳбаси Рум буданаш Павлус ба киҳо мавъиза мекард?
  • Ба расм нигар. Дар сари миз кӣ нишастааст ва ӯ барои Павлус чӣ кор мекунад?
  • Эпафрӯдитус кист ва ӯ дар вақти ба Филиппӣ баргаштанаш бо худ чӣ мебарад?
  • Барои чӣ Павлус ба дӯсти наздикаш Филемӯн нома менависад?
  • Ҳангоми озод шуданаш Павлус чӣ кор мекунад ва дертар бо ӯ чӣ мешавад?
  • Яҳува навиштани охирин китобҳои Навиштаҳои Муқаддасро ба кӣ фармуд ва китоби Ваҳй дар бораи чӣ нақл мекунад?

Саволҳои иловагӣ

  • Аъмол 28:16-31 ва Филиппиён 1:13-ро хонед.

    Павлус вақти маҳбусияшро чӣ тавр истифода мебурд ва имони устувори вай чӣ таъсире ба ҷамъомади масеҳӣ гузошт? (Аъм. 28:23, 30; Фил. 1:14).

  • Филиппиён 2:19-30-ро хонед.

    Чӣ гуна Павлус зоҳир намуд, ки Тимотиюс ва Эпафрӯдитусро қадр мекунад ва чӣ гуна мо метавонем ба ӯ пайравӣ намоем? (Фил. 2:20, 22, 25, 29, 30; 1 Қӯр. 16:18; 1 Тас. 5:12, 13).

  • Филемӯн 1-25-ро хонед.

    Павлус дар асоси чӣ Филемӯнро ба кардани кори дуруст даъват мекард ва чӣ тавр ин метавонад барои пирони имрӯза намуна бошад? (Филем. 9; 2 Қӯр. 8:8; Ғал. 5:13).

    Чӣ тавр суханҳои Павлус ба Филемӯн, ки дар нома ба Филемӯн 13, 14 оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки Павлус виҷдони аъзоёни дигари ҷамъомадро ба назар мегирифт? (1 Қӯр. 8:7, 13; 10:31-33).

  • 2 Тимотиюс 4:7-9-ро хонед.

    Чӣ тавр мо метавонем мисли Павлуси расул итминон дошта бошем, ки агар то ба охир содиқ монем, Яҳува подоши моро хоҳад дод? (Мат. 24:13; Ибр. 6:10).