Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 105: Интизорӣ дар Ерусалим

Ҳикояи 105: Интизорӣ дар Ерусалим

ИН одамон пайравони Исо мебошанд. Онҳо ба гуфтаи вай итоат карда дар Ерусалим монданд. Ва дар он вақте ки ҳама мунтазир буданд, баногоҳ хонаро садои баланде пур мекунад. Ин садо ба садои шамоли сахт монанд буд. Баъд, дар болои сари ҳар яке аз шогирдон забонаҳои оташ пайдо мешаванд. Ту ин забонаҳои оташро дар болои сари ҳар кадоми онҳо мебинӣ? Ин ҳама чӣ маъно дорад?

Бар шогирдони асри як рӯҳулқудс нозил шуд

Ин мӯъҷиза аст! Исо бар осмон назди Падари худ баргашта, бар пайравонаш рӯҳулқудси худододаро мерезад. Ту медонӣ, ки ин рӯҳ онҳоро ба чӣ кор қодир месозад? Онҳо ҳама ба сухангӯӣ бо забонҳои гуногун оғоз мекунанд.

Одамони зиёде дар Ерусалим садои ба тундбод монандро шунида, ҷамъ меоянд, то бифаҳманд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст. Баъзеи онҳо аз миллатҳои дигаре ҳастанд ва барои ҷашни иди исроилиён, ки “Иди рӯзи 50-ум” ном дорад, ба Ерусалим омадаанд. Ин ҳодиса барои онҳо чӣ қадар ҳайратовар аст! Одамон мешунаванд, ки шогирдон бо забонҳои модарии онҳо дар бораи чизҳои шигифтангезе, ки Худо ба амал овардааст, нақл мекунанд.

«Охир ҳамаи ин шахсон аз Ҷалил ҳастанд,— мегӯянд мардум,— пас чӣ тавр онҳо ба сухан гуфтан ба забонҳои гуногуни мамлакатҳои мо қодиранд?»

Акнун Петрус бархеста, ба онҳо шарҳ медиҳад. Ӯ бо овози баланд (то ҳамаи мардум шунаванд) нақл мекунад, ки чӣ тавр Исо кушта шуд ва Яҳува ӯро аз марг эҳё кард. «Акнун Исо дар осмон, зери дасти рости Худо нишастааст. Ва рӯҳулқудси ваъдашударо ӯ рехт. Ана бо ин сабаб шумо ин мӯъҷизаҳоро мебинед ва мешунавед»,— мегӯяд Петрус.

Баъд аз ин гуфтаҳои Петрус, одамони зиёде аз рӯйдод бо Исо таассуф мехӯранд. «Акнун мо бояд чӣ кор кунем?»— мепурсанд онҳо аз Петрус. Ӯ ҷавоб медиҳад: «Шумо бояд тарзи зиндагиатонро дигар кунед ва таъмид гиред». Ва худи ҳамон рӯз, қариб 3 000 нафар таъмид гирифта, пайравони Исо мегарданд.

Аъмол 2:1-47.



Саволҳо

  • Ба тасвир нигар. Бо пайравони Исо, ки дар Ерусалим интизор буданд, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  • Шахсони ба Ерусалим омада шоҳиди кадом мӯъҷиза мешаванд?
  • Петрус ба мардум чиро мефаҳмонад?
  • Баъд аз шунидани нутқи Петрус одамон чӣ эҳсос мекунанд ва ӯ онҳоро ба чӣ кор даъват кард?
  • Дар “Иди рӯзи 50-ум”-и соли 33-и д. мо, чанд нафар аз мардум таъмид мегиранд?

Саволҳои иловагӣ

  • Аъмол 2:1-47-ро хонед.

    Чӣ тавр суханҳои дар Аъмол 2:23, 36 овардашудаи Петрус нишон медиҳанд, ки ба марги Исо тамоми халқи яҳудӣ ҷавобгар аст? (1 Тас. 2:14, 15).

    Чӣ гуна Петрус намунаи хуби дар асоси Китоби Муқаддас муҳокима карданро гузошт? (Аъм. 2:16, 17, 29, 31, 36, 39; Қӯл. 4:6).

    Чӣ тавр Петрус аввалин шуда «калидҳои Малакути Осмонро», ки Исо ба вай ваъда дода буд, истифода кард? (Аъм. 2:14, 22-24, 37, 38; Мат. 16:19).