Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Қисми 7: Аз эҳёи Исо то маҳбусии Павлус

Қисми 7: Аз эҳёи Исо то маҳбусии Павлус

Баъд аз се рӯзи марг, Исо эҳё мегардад. Ҳамон рӯз ӯ панҷ маротиба ба шогирдонаш зоҳир мешавад. Исо дар муддати 40 рӯз ба онҳо пайваста зоҳир мешуд. Баъд, ҳамон тавре ки баъзе аз шогирдонаш диданд, ӯ ба осмон сууд кард. Пас аз 10 рӯз Худо рӯҳулқудсашро бар пайравони Исо, ки ин вақт дар Ерусалим буданд, мерезад.

Дертар, душманони Худо расулонро ба маҳбас меандозанд, аммо онҳоро фариштае озод мекунад. Истефануси расулро мухолифон сангборон карда мекушанд. Вале мо хоҳем фаҳмид, ки чӣ гуна Исо яке аз мухолифонро ҳамчун ходими махсуси худ интихоб мекунад ва ӯ Павлуси расул мешавад. Сипас, баъд аз сею ним соли марги Исо, Худо Петруси расулро барои мавъиза ба назди Корнилюси ғайрияҳудӣ ва хонадони ӯ мефиристад.

Баъд аз тақрибан 13 сол, Павлус сафари мавъизагии якуми худро оғоз мекунад. Дар сафари дуюмаш ба ӯ Тимотиюс ҳамроҳ мешавад. Мо хоҳем фаҳмид, ки чӣ тавр Павлус ва ҳамсафаронаш дар вақти хидмат ба Худо воқеаҳои ҳаяҷонангезро аз сар мегузаронанд. Саранҷом Павлус дар Рум зиндонӣ мешавад. Баъд аз ду сол ӯро озод мекунанд, вале сонӣ боз зиндонӣ карда, вайро ба қатл мерасонанд. Ҳодисаҳои қисми 7 — тақрибан дар ҳудуди 32 сол рӯй медиҳанд.

Шоул аз нур кӯр мешавад