Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 92: Исо мурдагонро эҳё мекунад

Ҳикояи 92: Исо мурдагонро эҳё мекунад

ИН ДУХТАРАК 12 сола аст. Касе ки дасти вайро гирифтааст, Исо мебошад ва дар назди ӯ модару падараш ҳам истодаанд. Медонӣ барои чӣ онҳо ин қадар хурсанданд? Биё мефаҳмем.

Исо духтари Ёирро эҳё мекунад

Падари духтарак марди бонуфузе бо номи Ёир аст. Рӯзе, духтари вай бемору бистарӣ мешавад. Cаломатии ӯ беҳтар намешуд, балки рӯз аз рӯз аҳволаш бадтар мегашт. Ёир ва занаш хеле ғусса мехӯрданд, чунки ба назар мерасид, ки духтарчаашон мемирад. Ӯ духтари яккаву ягонаи онҳо буд. Ёир ба ҷустуҷӯи Исо меравад. Ӯ дар бораи мӯъҷизаҳои Исо шунида буд.

Ёир Исоро дар иҳотаи гурӯҳи зиёди мардум дарёб кард. Ӯ аз байни тӯдаи мардум гузашта, ба пойҳои Исо меафтад. «Духтарам сахт бемор аст, хоҳиш мекунам, биё ва ӯро сиҳат кун»,— илтиҷо мекунад Ёир. Исо розӣ мешавад.

Ҳангоми рафтанаш издиҳоми мардум аз ҳар тараф ба Исо наздик шуда, ӯро фишор медоданд. Ногаҳон Исо бозистод. «Кӣ ба ман расид?» — пурсид вай. Исо ҳис кард, ки қуввае аз вай берун шуд, аз ин донист, ки касе ба ӯ расидааст. Вале кӣ? Ин зане буд, ки 12 сол боз аз беморие хеле азоб мекашид. Ӯ ба Исо наздик шуда, либоси вайро ламс кард ва шифо ёфт!

Ёир аз ин каме ором мешавад, зеро мебинад, ки Исо ба осонӣ беморонро сиҳат карда метавонад. Вале дар ин лаҳза касе ба ӯ хабар меорад: «Исоро дигар ташвиш надеҳ, духтарат мурд». Ин суханҳо ба гӯши Исо мерасанд ва ӯ ба Ёир мегӯяд: «Ғамгин машав, ҳамааш хуб мешавад».

Вақте ки ба хонаи Ёир мерасанд, мебинанд, ки одамон хеле ғамгинанд ва гиря карда истодаанд. Исо мегӯяд: «Гиря накунед. Кӯдак намурдааст, фақат хобаш бурдааст». Онҳо ба ҳоли Исо механданд, чунки мӯътакид буданд, ки духтарча мурдааст.

Сипас, Исо бо падару модари ӯ ва се расули худ ба ҳуҷрае, ки духтарча дар он буд, меравад. Ӯ дасти духтарчаро гирифта, мегӯяд: «Бархез!». Ва чуноне ки дар ин ҷо мебинӣ, духтарча зинда мешавад. Ӯ бархеста, дар хона гардиш мекунад! Ана барои чӣ модару падари вай хеле ва хеле хушҳоланд.

Ӯ якумин касе нест, ки Исо аз хоби марг бархезонд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аввалин шахсе, ки ӯ эҳё кард, писари бевазане буд аз шаҳри Ноин. Дертар Исо ҳамчунин Лаъзор — бародари Мартову Марямро зинда кард. Вақте ки Исо чун подшоҳи Худо таъинкарда ҳукмронӣ мекунад, бисёри мурдагон зинда хоҳанд шуд. Оё мо аз ин хурсанд нестем?

Луқо 8:40-56; 7:11-17; Юҳанно 11:17-44.



Саволҳо

  • Падари духтарчаи дар расм тасвиршуда кист ва чаро ӯву занаш хеле ғамгинанд?
  • Ёир Исоро дарёб намуда, чӣ кор мекунад?
  • Вақте ки Исо ба хонаи Ёир рафтанӣ мешавад, чӣ воқеа рӯй медиҳад ва чӣ хабареро ба Ёир аз хонааш меоранд?
  • Барои чӣ одамоне, ки дар хонаи Ёир буданд, ба ҳоли Исо механданд?
  • Исо пас аз он ки бо се расули худ ва волидони духтарча ба ҳуҷраи вай медарояд, чӣ кор мекунад?
  • Исо боз киҳоро аз хоби марг бархезонд ва ин воқеаҳо аз чӣ шаҳодат медиҳанд?

Саволҳои иловагӣ

  • Луқо 8:40-56-ро хонед.

    Исо чӣ тавр оқилӣ зоҳир намуда, нишон дод, ки ба зане ки аз хунравӣ азоб мекашид, ҳамдард аст ва пирони ҷамъомад аз ин чӣ омӯхта метавонанд? (Луқ. 8:43, 44, 47, 48; Иб. 15:25-27; Мат. 9:12, 13; Қӯл. 3:12-14).

  • Луқо 7:11-17-ро хонед.

    Чӣ тавр онҳое, ки наздиконашон фавтидаанд, аз суханҳои ба бевазани ноинӣ гуфтаи Исо, тасаллӣ ёфта метавонанд? (Луқ. 7:13; 2 Қӯр. 1:3, 4; Ибр. 4:15).

  • Юҳанно 11:17-44-ро хонед.

    Чӣ тавр Исо нишон дод, ки ҳангоми мурдани касе аз наздикон андӯҳгин будан эҳсоси комилан табиист? (Юҳ. 11:33-36, 38; 2 Подш. 18:33; 19:1-4).