Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 90: Бо зане дар сари чоҳ

Ҳикояи 90: Бо зане дар сари чоҳ

ИСО аз сафар монда шуда, барои дамгирӣ дар сари чоҳе нишаст. Шогирдонаш дар ин вақт барои хариди хӯрокӣ ба шаҳр рафта буданд. Дар ин ҳангом, зане барои обгирӣ меояд ва Исо бо вай сӯҳбат мекунад. Исо аз зан хоҳиш мекунад: «Ба ман барои нӯшидан об деҳ».

Исо бо зани сомарӣ сӯҳбат мекунад

Зан ба ҳайрат меафтад. Медонӣ барои чӣ? Чунки Исо яҳудӣ буд, зан бошад сомарӣ. Бисёри яҳудиён сомариёнро дӯст намедоштанд ва ҳатто бо онҳо гап намезаданд! Исо бошад, ҳамаи одамонро дӯст медорад. Ӯ сӯҳбатро давом медиҳад: «Агар медонистӣ, ки аз ту кӣ об мепурсад, худат аз ӯ оби ҳаётбахш хоҳиш мекардӣ».

«Ҷаноб, чоҳ чуқур аст ва сатил ҳам надорӣ, оби ҳаётбахшро аз куҷо гирифтанӣ ҳастӣ?» — мепурсад зан.

— Агар ту аз ин чоҳ об нӯшӣ, аз нав ташна хоҳӣ шуд, вале обе ки ман пешниҳод мекунам, ба кас ҳаёти ҷовидонӣ медиҳад.

— Ҷаноб, ба ман аз он об бидеҳ, то ки дигар ҳеҷ гоҳ ташна намонам ва ба ин ҷо барои гирифтани он наоям.

Зан фикр мекард, ки Исо дар бораи оби воқеӣ мегуфт. Аммо ӯ дар бораи ҳақиқати марбут ба Худо ва Салтанати Ӯ сухан меронд. Ин ҳақиқат монанди оби зиндагибахш аст ва метавонад ба кас зиндагии абадиро бидиҳад.

Акнун Исо ба зан мегӯяд: «Бирав, шавҳаратро гирифта биё».

«Ман шавҳар надорам» — мегӯяд зан.

— Ту рост гуфтӣ, зеро панҷ шавҳар доштӣ ва марде, ки ҳоло бо вай зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест.

Зан хеле тааҷҷуб мекунад, чунки ҳамаи ин рост буд. Исо ин чизҳоро аз куҷо медонист? Бале, сабаб дар он аст, ки Исо он шахси ваъдашуда ва фиристодаи Худост ва худи Худо ба ӯ ин маълумотро медиҳад. Дар ин лаҳза шогирдони Исо бармегарданд ва ба ҳайрат меоянд, ки Исо бо зани сомарие сӯҳбат карда истодааст.

Ту аз ин воқеа чӣ фаҳмидӣ? Он нишон медиҳад, ки Исо ба одамони ҳама миллатҳо меҳрубон буд. Ва мо ҳам бояд ҳамин гуна бошем. Мо набояд фикр кунем, ки баъзе одамон танҳо бо сабаби аз дигар миллат буданашон, баданд. Исо мехост, ки ҳамаи одамон ҳақиқатеро, ки ба ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад, бидонанд. Ва мо ҳам бояд хоҳиши дар омӯзиши ҳақиқат ба дигарон кӯмак карданро дошта бошем.

Юҳанно 4:5-43; 17:3.



Саволҳо

  • Чаро Исо дар Сомария дар назди чоҳе истод ва ӯ ба зане, ки дар он ҷо вохӯрд, чӣ гуфт?
  • Барои чӣ зан ҳайрон шуд? Исо ба вай чӣ мегӯяд ва барои чӣ?
  • Ба фикри зан Исо дар бораи чӣ гуна об сухан мегуфт ва аслан Исо чиро дар назар дошт?
  • Барои чӣ зан аз он ки Исо дар бораи вай бисёр чизҳоро медонист, тааҷҷуб мекунад ва Исо ин маълумотро аз куҷо медонист?
  • Аз ин воқеа мо чӣ меомӯзем?

Саволҳои иловагӣ

  • Юҳанно 4:5-43-ро хонед.

    Агар хоҳем, ки ба Исо пайравӣ намоем, ба одамоне ки миллаташон ё сатҳи иҷтимоияшон дигар аст, чӣ гуна муносибат хоҳем кард? (Юҳ. 4:9; 1 Қӯр. 9:22; 1 Тим. 2:3, 4; Тит. 2:11).

    Шахсе, ки шогирди Исо мешавад, аз ҷиҳати рӯҳонӣ чӣ гуна манфиатҳоро соҳиб мешавад? (Юҳ. 4:14; Иш. 58:11; 2 Қӯр. 4:16).

    Чӣ тавр мо метавонем миннатдории худро мисли зани сомарӣ, ки дониши гирифтаашро қадр мекард ва бо майли том ба дигарон низ меомӯзонид, зоҳир кунем? (Юҳ. 4:7, 28; Мат. 6:33; Луқ. 10:40-42).