Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 89: Исо маъбадро пок мекунад

Ҳикояи 89: Исо маъбадро пок мекунад

ИСО хеле хашмгин аст, ҳамин тавр-не? Медонӣ сабаб дар чист? Дар он аст, ки ин одамон дар маъбади Худо хасисиву чашмгуруснагӣ мекунанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз одамони ба ин ҷо барои ибодати Худо меомада, пули зиёд ситонанд.

Исо мизҳои савдогаронро чаппа мекунад

Ин гӯсолаҳову гӯсфандон ва кафтаронро мебинӣ? Ин шахсон онҳоро рӯирост дар ин ҷой — дар маъбад мефурӯшанд! Медонӣ барои чӣ? Барои он ки исроилиён бояд ҳайвонот ва паррандагонро барои Худо қурбонӣ кунанд.

Қонуни Худо мегӯяд, ки агар исроилие гуноҳе содир кунад, бояд ба Худо ягон чизро ҳамчун қурбонӣ пешниҳод намояд. Исроилиён дар мавридҳои дигар ҳам бояд қурбонӣ мекарданд. Вале исроилӣ аз куҷо метавонист, ки парранда ё ҳайвонеро гирифта барои Худо қурбонӣ кунад?

Баъзе аз исроилиён худашон паррандаҳову ҳайвонотро парвариш мекарданд ва метавонистанд, ки барои қурбонӣ овардан аз байни онҳо бигиранд. Аммо аксарияти мардум ҳайвонот ва паррандагони худро надоштанд. Ҷои зисти баъзеҳо бошад, аз Ерусалим чунон дур буд, ки онҳо ҳайвоноти худашонро ба маъбад оварда наметавонистанд. Бинобар ин, одамон омада ҳайвонот ва паррандагонро аз худи ҳамин ҷой мехариданд. Вале фурӯшандагон нархро хеле баланд мемонданд. Онҳо одамонро фиреб мекарданд. Ғайр аз ин, онҳо умуман ҳуқуқи дар маъбади Худо савдо карданро надоштанд.

Ана барои чӣ Исо ба хашм омадааст. Ӯ мизҳои савдогаронро чаппа карда, тангаҳояшонро пош медиҳад. Баъд, ӯ аз ресмон тозиёнае сохта, ҳамаи ҳайвонотро аз маъбад берун мекунад. Пас ба кафтарфурӯшон мефармояд: «Онҳоро аз ин ҷо берун кунед! Дар хонаи Падари ман пулкоркуниро бас кунед!».

Баъзе аз пайравони Исо дар ин ҷо, ҳамроҳи вай дар маъбаданд. Онҳо аз дидани корҳое, ки Исо мекард, тааҷҷуб менамуданд. Сипас матнеро аз Китоби Муқаддас ба ёд меоранд, ки дар бораи Писари рӯҳонии Худо мегуфт: «Муҳаббат ба хонаи Худо монанди оташ дар ӯ шӯълавар аст».

Ҳангоме ки Исо барои ҷашни иди Фисҳ дар ин ҷо, дар Ерусалим буд, ӯ мӯъҷизаҳои зиёдеро ба амал овард. Баъд аз ид ӯ Яҳудияро тарк карда, ба Ҷалил бармегардад. Дар роҳ ӯ вилояти Сомарияро убур мекунад. Биё бубинем, ки дар он ҷо чӣ воқеаҳо рӯй медиҳанд.

Юҳанно 2:13-25; 4:3, 4.



Саволҳо

  • Барои чӣ ҳайвонҳоро дар маъбад мефурӯшанд?
  • Исо аз чӣ сабаб ба хашм омад?
  • Ба расм нигар; Исо чӣ кор мекунад ва ба кафтарфурӯшон чӣ мефармояд?
  • Пайравони Исо ҳангоми дидани ин амалҳои вай чиро ба ёд меоранд?
  • Исо кадом вилоятро дар роҳи бозгашт ба Ҷалил убур мекунад?

Саволи иловагӣ

  • Юҳанно 2:13-25-ро хонед.

    Хашми Исоро аз дидани пуливазкунандагон дар маъбад ба назар гирифта, ба корҳои тиҷорат дар Толори Салтанат чӣ гуна муносибат бояд кард? (Юҳ. 2:15, 16; 1 Қӯр. 10:24, 31-33).