Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 88: Яҳё Исоро таъмид медиҳад

Ҳикояи 88: Яҳё Исоро таъмид медиҳад

НИГОҲ КУН: кабӯтаре ба сари ин мард фуруд меояд! Ӯ Исо аст ва ҳоло 30-сола шудааст. Ва марди дар наздашбуда Яҳё мебошад. Мо дар бораи ӯ пештар каме фаҳмида будем. Дар ёд дорӣ, вақте ки Марям ба дидани Элисобаъ рафт, тифли дар шиками Элисобаъ буда, аз шодӣ ҷумбид? Ин кӯдаки ҳанӯз ба дунё наомада Яҳё буд. Вале ҳоло Яҳё ва Исо чӣ кор мекунанд?

Таъмиди Исо

Яҳё навакак Исоро дар оби дарёи Ӯрдун ғӯтонд. Ҳамин тавр шахс таъмид мегирад. Аввал ӯ ба об ғӯтонида мешавад ва баъд аз об берун карда мешавад. Азбаски Яҳё мардумро таъмид медиҳад, ӯро Яҳёи Таъмиддиҳанда меноманд. Лекин чаро Яҳё Исоро таъмид медиҳад?

Хуб, чунки худи Исо омада аз Яҳё хоҳиш кард, ки ӯро таъмид диҳад. Яҳё касонеро таъмид медиҳад, ки аз бадкориҳову гуноҳҳояшон тавба кардаанд. Вале магар Исо ягон бор кори баде карда буд, ки дар бобаташ тавба кунад? Не, Исо ҳеҷ гоҳ кори бад накарда буд, зеро вай писари рӯҳонии Худост, ки аз осмон омадааст. Аз ин рӯ, хоҳиши аз Яҳё дар бобати таъмид кардааш сабаби дигар дошт. Биё бубинем, ки сабаб дар чӣ буд.

Пеш аз он ки Исо ба назди Яҳё ояд, ӯ ба дуредгарӣ машғул буд. Дуредгар шахсест, ки аз чӯб чизҳое ба мисли миз, курсӣ ё харак месозад. Шавҳари Марям — Юсуф дуредгар буд ва ӯ ба Исо ҳам ин касбро ёд дод. Аммо Яҳува писари худро ба замин барои дуредгарӣ нафиристода буд. Ӯ ба вай кори махсусе фармуда буд ва ҳоло вақти иҷроиши ин кор расид. Ва инак, ҳоло Исо омадааст, ки аз Яҳё таъмид гирифта, барои иҷрои иродаи Падар омаданашро зоҳир намояд. Оё Худо аз ин розӣ аст?

Бале, Ӯ розист; ҳамин ки Исо аз об берун омад, овозе аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ин аст писари маҳбуби Ман, ки аз вай хушнудам!». Ҳамчунин, гӯё ки осмон кушода шуд ва кабӯтаре аз он фуруд омада, ба сари Исо нишаст. Лекин ин кабӯтари ҳақиқӣ набуд, балки фақат ба он монандӣ дошт. Дар ҳақиқат ин рӯҳи муқаддаси Худо буд.

Акнун Исо бояд дар бораи чизҳои зиёде мулоҳиза кунад, аз ин рӯ ба муддати 40 рӯз ба ҷои хилвате меравад. Дар он ҷо ба назди вай Шайтон меояд. Шайтон се маротиба саъй мекунад, ки Исоро барои вайрон кардани қонуни Худо водорад. Вале Исо чунин кардан намехост.

Баъд аз ин, Исо бармегардад ва бо баъзе одамон во мехӯрад, ки дертар онҳо пайравони нахустини вай, ё шогирдонаш мешаванд. Номи баъзе аз онҳо Андриёс, Петрус (ҳамчунин Шимъӯн номида мешавад), Филиппус ва Натанъил аст, ки ҳамчунин Барталмо номида мешавад. Исо ва ин шогирдони нави вай ба тарафи Ҷалил равона мешаванд. Дар Ҷалил онҳо дар ватани Натанъил — дар шаҳри Қоно таваққуф мекунанд. Дар ин ҷо Исо ба тӯйи арӯсии калоне меояд ва мӯъҷизаи аввалини худро ба амал меорад. Медонӣ ӯ чӣ кор мекунад? — Обро ба шароб мубаддал мегардонад!

Матто 3:13-17; 4:1-11; 13:55; Марқӯс 6:3; Юҳанно 1:29-51; 2:1-12.



Саволҳо

  • Ин ду марди дар расм тасвиршуда кистанд?
  • Чӣ гуна шахс таъмид мегирад?
  • Яҳё одатан киро таъмид медод?
  • Бо чӣ сабаби махсусе Исо аз Яҳё хоҳиш кард, ки ӯро таъмид диҳад?
  • Худо чӣ гуна аз таъмиди Исо розӣ буданашро зоҳир намуд?
  • Ҳангоме ки Исо барои 40 рӯз ба ҷои хилвате меравад, чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  • Баъзе аз пайравони нахустини Исо, ё шогирдони вай киҳоянд ва мӯъҷизаи аввалине, ки ӯ ба амал овард, чӣ гуна буд?

Саволҳои иловагӣ

  • Матто 3:13-17-ро хонед.

    Бо таъмид гирифтан Исо ба шогирдони худ чӣ намунае гузошт? (Заб. 39:8, 9; Мат. 28:19, 20; Луқ. 3:21, 22).

  • Матто 4:1-11-ро хонед.

    Чӣ тавр моҳирона аз Навиштаҳои Муқаддас истифода бурдани Исо моро ба мунтазам омӯхтани Китоби Муқаддас бармеангезад? (Мат. 4:5-7; 2 Пет. 3:17, 18; 1 Юҳ. 4:1).

  • Юҳанно 1:29-51-ро хонед.

    Яҳёи Таъмиддиҳанда диққати шогирдонашро ба кӣ ҷалб мекард ва чӣ тавр мо имрӯз метавонем ба вай пайравӣ намоем? (Юҳ. 1:29, 35, 36; 3:30; Мат. 23:10).

  • Юҳанно 2:1-12-ро хонед.

    Чӣ тавр мӯъҷизаи якуми Исо нишон медиҳад, ки Яҳува ходимони худро «аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард»? (Юҳ. 2:9, 10; Заб. 83:12; Яъқ. 1:17).