Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 32: 10 бало

Ҳикояи 32: 10 бало

БА ИН тасвирҳо нигар. Ҳар кадоми онҳо яке аз балоҳоеро, ки Яҳува бар Миср овард, нишон медиҳанд. Дар расми якум ту метавонӣ Ҳорунро бубинӣ, ки ба дарёи Нил бо асояш мезанад ва оби дарё ба хун табдил меёбад. Моҳиҳо мемуранд ва дарё бадбӯй мешавад.

Балоҳое, ки ба сари мисриён омаданд

Баъд аз ин Яҳува коре кард, ки қурбоққаҳо аз дарёи Нил берун омаданд. Ба куҷое ки нанигарӣ, онҳо буданд; дар танӯрҳо, дар зарфҳои пухту паз, дар ҷогаҳи одамон,— дар ҳама ҷо! Вақте ки қурбоққаҳо мурданд, мисриён тӯдаҳои бузурги онҳоро ҷамъ карданд ва замин аз онҳо бадбӯй шуд.

Сипас Ҳорун бо асояш ба замин зад ва ғубори замин ба пашшаҳои хокӣ мубаддал шуд. Онҳо ҳашароти болдори хурде ҳастанд, ки неши дардовар мезананд. Ин пашшаҳо сеюмин бало бар Миср буданд.

Балоҳои боқимонда фақат бар сари мисриён омаданд, исроилиён бошанд, аз осеби онҳо эмин монданд. Балои чорум магасҳои калоне буданд, ки тӯда-тӯда бар хонаҳои мисриён ҳуҷум мекарданд. Балои панҷум бар ҳайвонот фиристода шуд. Бисёре аз галаҳои гову гӯсфанд ва бузҳои мисриён мурданд.

Пас аз ин, Мусо ва Ҳорун мушти хокистарро бар ҳаво пошиданд. Ғубори он дар пӯсти одамон ва ҳайвонот захмҳо ба вуҷуд овард. Ин балои шашум буд.

Баъд Мусо дасти худро ба сӯи осмон бардошт ва Яҳува раъду барқ ва жола фиристод. Ин бадтарин жолае буд, ки дар Миср рӯй додааст.

Балои ҳаштум тӯдаи малахҳо буд. Ҳеҷ гоҳ, на то он вақт ва на баъд аз он, малахҳо ин қадар зиёд набуданд. Онҳо ҳар чиро ки аз жола нобуд нашуда буд, хӯрданд.

Балои нӯҳум торикӣ буд. Торикии ғализе заминро фаро гирифт, лекин макони зисти исроилиён равшан буд.

Билохир, Худо ба қавмаш фармуд, ки ба паҳлӯдарӣ ва болодарии хонаҳояшон хуни барра ё бузичаро бимоланд. Баъд аз ин, фариштаи Худо тамоми Мисрро убур намуд. Дар ҳар хонае, ки вай дар паҳлӯдарияш нишонаи хун медид, касеро аз он хонадон намекушт. Вале дар ҳама хонаҳое, ки дар паҳлӯдарияшон нишонаи хун набуд, фаришта нахустзодаҳои одамон ва ҳайвонотро мекушт. Ин буд балои 10-ум.

Баъд аз ин балои охирин, фиръавн исроилиёнро ҷавоб дод. Халқи Худо ҳамагӣ барои рафтан тайёр буд ва худи ҳамон шаб онҳо ба берун аз Миср равона шуданд.

Хуруҷ бобҳои аз 7 то 12.



Саволҳо

  • Аз расмҳои дар ин ҷо додашуда истифода бурда, се балои аввалеро, ки Яҳува бар Миср овард, тасвир бикун.
  • Се балои аввал аз балоҳои дигар чӣ фарқ доштанд?
  • Балоҳои чорум, панҷум ва шашум чӣ гуна буданд?
  • Балоҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳумро тасвир намо.
  • Пеш аз он ки балои даҳумро ба амал оварад, Яҳува ба исроилиён чӣ фармуд?
  • Балои даҳум чӣ буд ва баъд аз он чӣ рӯй дод?

Саволҳои иловагӣ

  • Хуруҷ 7:19-8:23-ро хонед.

    Гарчанде ки ҷодугарони Миср ба такрор кардани ду балои аввали Яҳува қодир буданд, баъд аз балои сеюм онҳо ба эътироф намудани чӣ маҷбур шуданд? (Хур. 8:18, 19; Мат. 12:24-28).

    Балои чорум чӣ гуна қудрати Яҳуваро барои муҳофизати халқаш нишон медиҳад ва донистани ин чӣ гуна ҳиссиётро дар ходимони Яҳува дар рӯбарӯгии «азоби азим» ба вуҷуд меорад? (Хур. 8:22, 23; Ваҳй 7:13, 14; 2 Вақ. 16:9).

  • Хуруҷ 8:24; 9:3, 6, 10, 11, 14, 16, 23-25 ва 10:13-15, 21-23-ро хонед.

    Кадом ду гурӯҳи одамон бо 10 бало фош карда шуданд ва ин чӣ тавр метавонад имрӯз ба муносибати мо нисбати ин ду гурӯҳ таъсир расонад? (Хур. 8:10, 18, 19; 9:14).

    Чӣ тавр Хуруҷ 9:16 барои фаҳмидани сабаби он ки чаро Яҳува то имрӯз ба вуҷудияти Шайтон роҳ медиҳад, ба мо ёрӣ мерасонад? (Рум. 9:21, 22).

  • Хуруҷ 12:21-32-ро хонед.

    Чӣ тавр Фисҳ имконияти наҷотро барои одамони зиёде дод ва он ба чӣ ишора мекард? (Хур. 12:21-23; Юҳ. 1:29; Рум. 5:18, 19, 21; 1 Қӯр. 5:7).