Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 25: Хонавода ба Миср кӯч мебандад

Ҳикояи 25: Хонавода ба Миср кӯч мебандад

ЮСУФ дигар худро дошта наметавонист. Ӯ ба ходимонаш фармуд, ки аз хона бароянд. Ва ҳангоме ки бо бародаронаш дар танҳоӣ монд, Юсуф гиря кард. Метавонем тасаввур кунем, ки чӣ қадар бародаронаш ҳайрон шуда бошанд; охир намефаҳмиданд, ки барои чӣ вай мегиряд. Билохир, вай гуфт: «Ман Юсуф ҳастам. Падарам ҳанӯз зинда аст?»

Бародаронаш аз ҳайронӣ лол монданд. Онҳо ба тарс афтоданд. Аммо Юсуф гуфт: «Хоҳиш мекунам, наздик оед». Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Юсуф гуфт: «Ман бародаратон Юсуф ҳастам, ки шумо ба Миср фурӯхтед».

Юсуф бо меҳрубонӣ ба сухан идома медиҳад: «Аз он ки маро ба ин ҷо фурӯхтед, худро гунаҳкор накунед. Ин Худо буд, ки барои наҷоти ҷони мардум маро ба Миср фиристод. Фиръавн маро ҳокими тамоми мамлакат таъин кардааст. Аз ин рӯ, ҳоло назди падарам бишитобед ва ба ӯ инро хабар дода бигӯед, ки биёяд ва дар ин ҷо зиндагӣ кунад».

Баъд аз ин, Юсуф бародаронашро ба оғӯш гирифта, ҳамаи онҳоро бӯсид. Вақте ки фиръавн аз омадани бародарони Юсуф огоҳӣ меёбад, ба ӯ мегӯяд: «Бигузор онҳо аробаҳо бо худ бигиранд ва рафта, падару аҳли хонаводаашонро ин ҷо биёранд. Ман замини беҳтарини Мисрро ба онҳо медиҳам».

Ва онҳо ҳамин тавр карданд. Дар ин ҷо ту вохӯрии Юсуфро бо падараш, ки бо аҳли оилааш ба Миср кӯчида омад, мебинӣ.

То ин вақт оилаи Яъқуб хеле калон шуда буд. Дар замони кӯч бастан ба Миср, дар оилаи Яъқуб фарзандон ва наберагонаш, ғайр аз занҳояшон — ҳамагӣ 70 нафар буданд. Шояд онҳо ҳамчунин хидматгорони зиёде ҳам доштанд. Онҳо ҳама дар Миср муқимӣ гашта, исроилиён номида шуданд, чунки Худо номи Яъқубро ба Исроил иваз карда буд. Ҳамон тавре ки баъдан хоҳем дид, исроилиён халқи дар назари Худо хеле бахусусе шуданд.

Ҳастӣ 45:1-28; 46:1-27.

Юсуф ва оилаи ӯ


Саволҳо

  • Вақте ки Юсуф кӣ буданашро ба бародаронаш гуфт, чӣ воқеа рӯй дод?
  • Юсуф чиро ба бародарони худ бо меҳрубонӣ фаҳмонд?
  • Ҳангоме ки фиръавн дар бораи бародарони Юсуф хабардор шуд, чӣ гуфт?
  • Оилаи Яъқуб ҳангоми кӯч бастан ба Миср аз чанд нафар иборат буд?
  • Аҳли оилаи Яъқубро бо чӣ ном мехонданд ва барои чӣ?

Саволҳои иловагӣ

  • Ҳастӣ 45:1-28-ро хонед.

    Воқеаи бо Юсуф рӯйдода, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, чӣ гуна нишон медиҳад, ки ҳатто дар он вақте ки ба ходимони Яҳува зарар расонданӣ мешаванд, Худо қудрати ин бадиро баръакс ба фоидаи ходимонаш гардониданро дорад? (Ҳас. 45:5-8; Иш. 8:10; Фил. 1:12-14).

  • Ҳастӣ 46:1-27-ро хонед.

    Яҳува ба Яъқуб ҳангоми ба Миср равона буданаш, чӣ итминоне дод? (Ҳас. 46:1-4).