Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 9: Нӯҳ киштӣ месозад

Ҳикояи 9: Нӯҳ киштӣ месозад
Одамон ба ҳоли Нӯҳ хандида истодаанд

НӮҲ-ПАЙҒАМБАР зан ва се писар дошт. Писарони вай Сом, Ҳом ва Ёфат ном доштанд. Ва ҳар сеи онҳо зандор буданд. Ҳамагӣ аҳли хонаводаи Нӯҳ аз ҳашт нафар иборат буд.

Худо ба Нӯҳ як супориши аҷибе дод; ӯ бояд киштии калоне месохт. Бузургии ин киштӣ ба киштиҳои бузурги имрӯза монанд буд, шакли он бошад, ба қуттии дарози калон шабоҳат дошт. Худо амр дод: «Онро сеошёна бисоз ва дар дарунаш ҳуҷраҳо бикун». Ҳуҷраҳо барои Нӯҳ ва оилаи ӯ, барои ҳайвонот ва барои тамоми хӯрокворие, ки ба он эҳтиёҷ доштанд, хидмат мекарданд.

Ҳамчунин Худо ба Нӯҳ гуфт, киштиро тавре бисозад, ки обногузар бошад. Худо огоҳ намуд: «Ман ба рӯи замин тӯфон хоҳам овард ва тамоми оламро нобуд хоҳам кард. Ҳар касе ки дар киштӣ нест, хоҳад мурд».

Нӯҳ ва писарони ӯ ба Яҳува гӯш доданд ва ба сохтани киштӣ сар карданд. Аммо одамони дигар ба ҳоли онҳо механдиданд. Онҳо тарзи зиндагии худро тағир додан намехостанд ва ба бадкорӣ давом медоданд. Ҳангоме ки Нӯҳ фармудаҳои Худоро мегуфт, ҳеҷ кас ба вай гӯш намекард.

Оилаи Нӯҳ ҳайвонҳо ва хӯроквориро ба киштӣ дароварда истодаанд

Азбаски киштӣ хеле бузург буд, сохтани он вақти зиёдеро талаб мекард. Билохир, солҳои зиёде сипарӣ шуданд ва киштӣ сохта шуд. Акнун Худо ба Нӯҳ фармуд, ки ба киштӣ ҳайвонҳоро дарорад. Баъзе аз ҳайвонҳоро дутогӣ (ҷуфти модаю нар) даровардан лозим буд. Намудҳои дигари ҳайвонҳоро Худо фармуд, ки ҳафттогӣ ба киштӣ дароранд. Ҳамчунин Худо ба Нӯҳ гуфт, ки тамоми намудҳои паррандагони гуногунро ба киштӣ дохил кунад. Нӯҳ гуфтаҳои Худоро ба ҷо овард.

Баъд аз ин, Нӯҳ низ бо аҳли оилааш ба киштӣ даромад. Ва Худо дари онро маҳкам кард. Нӯҳ ва хонаводааш дар даруни киштӣ мунтазир монданд. Лаҳзае тасаввур кун, ки ту ҳам дар даруни киштӣ бо онҳо мунтазир ҳастӣ. Оё ба гуфти Худо дар ҳақиқат тӯфон хоҳад омад?

Ҳастӣ 6:9-22; 7:1-9.



Саволҳо

  • Оилаи Нӯҳ аз чанд кас иборат буд ва се писари ӯ чӣ номҳо доштанд?
  • Чӣ супориши аҷиберо Худо ба Нӯҳ дод ва барои чӣ?
  • Суханони Нӯҳ дар бораи киштӣ ба одамони гирду атроф чӣ таъсире доштанд?
  • Худо ба Нӯҳ дар бораи ҳайвонҳо чӣ фармоише дод?
  • Баъд аз он ки Худо дари киштиро маҳкам кард, Нӯҳ ва аҳли оилааш бояд чӣ кор мекарданд?

Саволҳои иловагӣ

  • Ҳастӣ 6:9-22-ро хонед.

    Чаро Нӯҳ яке аз ходимони бахусуси Худо буд? (Ҳас. 6:9, 22).

    Назари Худо ба зӯроварӣ чӣ гуна аст ва ин ба интихоби вақтхушиҳоямон бояд чӣ гуна таъсир кунад? (Ҳас. 6:11, 12; Заб. 10:5).

    Дар мавриди гирифтани дастурот аз созмони Яҳува чӣ хел мо ба Нӯҳ пайравӣ карда метавонем? (Ҳас. 6:22; 1 Юҳ. 5:3).

  • Ҳастӣ 7:1-9-ро хонед.

    Чӣ тавр оне ки Яҳува Нӯҳро новобаста аз нокомилиаш одил меҳисобид, моро рӯҳбаланд мегардонад? (Ҳас. 7:1; Мас. 10:16; Иш. 26:7).