Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 5: Зиндагии мушкил оғоз меёбад

Ҳикояи 5: Зиндагии мушкил оғоз меёбад

БЕРУН аз боғи Адан, Одаму Ҳавво дар зиндагии худ мушкилиҳои бисёре доштанд. Барои ба даст овардани ғизо бояд заҳмати зиёд мекашиданд. Дар атрофи онҳо ба ҷои дарахтони зебои мевагӣ, хору хаси зиёде мерӯид. Ана ин аст, натиҷаи оне ки Одаму Ҳавво ба Худо итоат накарданд ва аз дӯстӣ бо Ӯ даст кашиданд.

Одам бо писараш заҳмат кашида истодааст

Ва бадтар аз ҳама ин буд, ки барои Одаму Ҳавво марг акнун ногузир шуд. Дар хотир дорӣ, Худо онҳоро огоҳ карда буд, ки агар аз дарахти муайяне мева хӯранд, мемуранд. Ҳамин тавр ҳам шуд; ҳамон рӯзе ки онҳо ин меваро хӯрданд, ҳукми қатл бароварда шуд. Чӣ қадар нодон буданд Одаму Ҳавво, ки ба Худо итоат накарданд!

Ҳамаи фарзандони Одаму Ҳавво баъд аз ронда шудани волидонашон аз биҳишт, ба дунё омаданд. Бо ин сабаб, фарзандон ҳам бояд пир мешуданд ва мемурданд.

Агар Одаму Ҳавво ба Яҳува итоат мекарданд, зиндагӣ барои онҳо ва фарзандонашон хурсандиовар мебуд. Онҳо ҳама метавонистанд, ки ҷовидона ва хушбахтона дар рӯи замин зиндагӣ кунанд. Он гоҳ ҳеҷ кас бемор ё пир намешуд ва намемурд.

Худо мехоҳад, ки одамон абадан хушбахтона зиндагӣ кунанд ва Ӯ ваъда медиҳад, ки рӯзе ҳамин тавр хоҳад шуд. На танҳо замин зебо мегардад, тамоми одамон низ солим мешаванд. Ва ҳама инсонҳои рӯи замин бо ҳамдигар ва бо Худо дӯст хоҳанд буд.

Ҳавво бо фарзандонаш

Ҳавво дигар дӯсти Худо нест. Бинобар ин, барои ӯ таваллуд кардани бачаҳояш осон набуд. Ӯ дард мекашид. Дидӣ, ки беитоатӣ ба Яҳува барояш чӣ қадар ранҷро овард?

Одаму Ҳавво соҳиби писарону духтарони зиёде шуданд. Вақте ки писари якуми онҳо таваллуд шуд, ӯро Қобил ном гузоштанд. Писари дуюми худро онҳо Ҳобил номиданд. Ту медонӣ, ки бо онҳо чӣ шуд?

Ҳастӣ 3:16-23; 4:1, 2; Ваҳй 21:3, 4.



Саволҳо

  • Зиндагии Одаму Ҳавво берун аз боғи Адан чӣ гуна буд?
  • Ногузирии чиро Одаму Ҳавво эҳсос карданд? Барои чӣ?
  • Барои чӣ фарзандони Одам ва Ҳавво низ бояд пир мешуданд ва мемурданд?
  • Агар Одам ва Ҳавво ба Яҳува итоат мекарданд, ҳаёти онҳо ва фарзандонашон чӣ гуна мебуд?
  • Чӣ гуна саркашии Ҳавво сабаби дарду азобҳояш шуд?
  • Ду писари аввали Одаму Ҳавво чӣ ном доштанд?
  • Кӯдакони дигаре ки дар тасвир мебинӣ, кистанд?

Саволҳои иловагӣ

  • Ҳастӣ 3:16-23 ва 4:1, 2-ро хонед.

    Лаънате ки Худо нисбати замин эълон кард, дар зиндагии Одам чӣ гуна инъикос ёфт? (Ҳас. 3:17-19; Рум. 8:20, 22).

    Барои чӣ номи Ҳавво, ки маънояш “зинда” аст, ба ӯ муносиб буд? (Ҳас. 3:20).

    Чӣ гуна Яҳува ҳатто баъди гуноҳ кардани Одаму Ҳавво, ба онҳо ғамхорӣ намуд? (Ҳас. 3:7, 21).

  • Ваҳй 21:3, 4-ро хонед.

    Бартараф кардани чӣ чизеро ки «пештар буд», ту бахусус интизор ҳастӣ?