Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳикояи 2: Боғи зебо

Ҳикояи 2: Боғи зебо

БА ИН боғ нигар, чӣ қадар зебост! Алафҳо, дарахтон, гулҳо ва ҳайвоноти онро бубин. Фил ва шерро дар расм ёфта метавонӣ?

Ҳайвонҳо дар боғи Адан

Ин боғи зебо аз куҷо пайдо шуда бошад? Биё бубинем, ки чӣ тавр Худо заминро барои зиндагии мо тайёр кард.

Дар аввал, Худо рӯи заминро бо алафи сабз пӯшонид. Сипас ҳар гуна растаниҳо, буттаҳо ва дарахтонро офарид, ки онҳо рӯи заминро оро медиҳанд. Ҳамчунин бисёре аз онҳо барои мо меваҳои ширину сероб ба бор меоранд.

Баъдтар Худо моҳиҳоро офарид то дар обҳо шино кунанд ва паррандагонро офарид, то дар осмон парвоз намоянд. Ҳамчунин, Ӯ сагу гурба, аспҳо ва ҳайвоноти хурду калони дигарро офарид. Дар наздикии хонаи шумо кадом ҳайвонҳо зиндагӣ мекунанд? Оё мо набояд аз он ки Худо ҳамаи ин чизҳоро бароямон офарид, хурсанд бошем?

Саранҷом, Худо дар як гӯшаи замин макони махсусе офарид ва онро боғи Адан номид. Он боғ воқеан комил буд ва тамоми мавҷудоташ бо зебоӣ фарқ мекард. Ҳама чизи он зебо буд. Ва Худо мехост, ки тамоми рӯи замин ба ин боғи зебое, ки Ӯ бунёд кард, монанд бишавад.

Бори дигар ба тасвири ин боғи зебо нигар. Оё медонӣ, ки ба фикри Худо дар он чӣ намерасид? Биё, бифаҳмем.

Ҳастӣ 1:11-25; 2:8, 9.



Саволҳо

  • Чӣ гуна Худо заминро барои зиндагии мо тайёр кард?
  • Дар бораи ҳайвоноти гуногуни Худо офарида, нақл бикун. (Ба тасвир нигар).
  • Чаро боғи Адан макони махсусе буд?
  • Худо нисбати замин чӣ ният дошт?

Саволҳои иловагӣ

  • Ҳастӣ 1:11-25-ро хонед.

    Дар рӯзи сеюми офариниш Худо чӣ офарид? (Ҳас. 1:12).

    Дар рӯзи чоруми офариниш чӣ шуд? (Ҳас. 1:16).

    Кадом намуди ҳайвонотро Худо дар рӯзи панҷум ва шашум офарид? (Ҳас. 1:20, 21, 25).

  • Ҳастӣ 2:8, 9-ро хонед.

    Кадом ду дарахти махсусеро Худо дар боғ шинонд ва онҳо нишонаи чӣ буданд?