Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 22

Чор шогирди Исо сайёди одамон мешаванд

Чор шогирди Исо сайёди одамон мешаванд

МАТТО 4:13–22 МАРҚӮС 1:16–20 ЛУҚО 5:1–11

  • ИСО ШОГИРДОНАШРО ДАЪВАТ МЕКУНАД, КИ ДОИМО БО Ӯ БОШАНД

  • КАСОНЕ, КИ МОҲӢ САЙД МЕКАРДАНД, САЙЁДИ ОДАМОН МЕШАВАНД

Аз дасти сокинони Носира халос хӯрда, Исо ба шаҳри Кафарнаҳум меравад. Ин шаҳр дар назди баҳри Ҷалил воқеъ аст, ки онро ҳамчунин кӯли Ҷинесор мегӯянд (Луқо 5:1). Ҳамин тавр пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад. Ӯ гуфта буд, ки дар оянда мардуми Ҷалил нури азимеро мебинанд (Ишаъё 9:1, 2).

Ба Ҷалил омада, Исо мавъизаро давом медиҳад: «Подшоҳии осмон наздик шудааст» (Матто 4:17). Дар он ҷо ӯ чор шогирди худро меёбад. Онҳо пештар ҳамроҳи ӯ сафар мекарданд, лекин ҳангоми аз Яҳудия омаданашон Исоро гузошта, ба моҳиқапӣ баргаштанд (Юҳанно 1:35–42). Акнун Исо мехоҳад, ки онҳо шогирдони доимиаш бошанд, то ӯ онҳоро таълим диҳаду онҳо баъди маргаш кори ӯро давом диҳанд.

Дар соҳили баҳр қадам зада, Исо Шимъӯни Петрус ва бародари ӯ Андриёсро мебинад, ки ҳамроҳи дигар моҳигирон тӯрҳои худро тоза карда истодаанд. Исо ба қаиқи Петрус даромада, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки аз соҳил каме дуртар ронад. Вақте онҳо андаке дуртар мешаванд, Исо менишинад ва ба одамоне, ки дар соҳил ҷамъ омадаанд, дар бораи Подшоҳии Худо нақл кардан мегирад.

Баъд аз ин Исо ба Петрус мегӯяд: «Қаиқро ба ҷойи чуқуртар бирон ва дар он ҷо тӯрҳои худро ба об андозед». Петрус дар ҷавоб мегӯяд: «Устод, мо тамоми шаб заҳмат кашида чизе дошта натавонистем, лекин ба хотири сухани ту тӯрро ба об меандозам» (Луқо 5:4, 5).

Онҳо тӯрро ба об меандозанд ва чунон моҳии бисёр медоранд, ки тӯрҳо даридан мегиранд. Онҳо даррав шариконашонро аз дигар киштӣ ба ёрӣ даъват мекунанд. Ҳамакаса онҳо ду қаиқро аз моҳӣ пур мекунанд ва қаиқҳо ба вазни моҳӣ тоб наоварда ғӯтидан мегиранд. Ин мӯъҷизаро дида Петрус пеши пойи Исо меафтад ва мегӯяд: «Ҳазратам, ман сазовори он нестам, ки дар пеши ту бошам, чунки ман одами гунаҳкоре ҳастам». Аммо Исо ба ӯ мегӯяд: «Натарс, минбаъд одамони зиндаро мисли моҳӣ сайд хоҳӣ кард» (Луқо 5:8, 10).

Исо ба Петрус ва Андриёс мегӯяд: «Аз паси ман биёед ва ман шуморо сайёди одамон мегардонам» (Матто 4:19). Ӯ ду моҳигири дигар, Яъқуб ва Юҳанно — писарони Забдойро ҳам даъват мекунад ва онҳо дарҳол розӣ мешаванд. Чор моҳигир тӯрҳои моҳигириро партофта, аввалин касоне мешаванд, ки Исоро доимо пайравӣ мекунанд.