Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 61

Исо писаракеро, ки дев дошт, шифо медиҳад

Исо писаракеро, ки дев дошт, шифо медиҳад

МАТТО 17:14–20 МАРҚӮС 9:14–29 ЛУҚО 9:37–43

  • БАРОИ ШИФО ДОДАНИ ПИСАРАКИ ДЕВДОР ИМОНИ ҚАВӢ ДАРКОР АСТ

Вақте Исо, Петрус, Яъқуб ва Юҳанно аз кӯҳ мефароянд, мардуми бисёреро мебинанд. Аз афташ, чизе рӯй додааст, чунки шариатдонон дар гирди шогирдони Исо ҷамъ шуда, бо онҳо баҳс карда истодаанд. Одамон Исоро дида хурсанд мешаванд ва давида ӯро пешвоз мегиранд. Он вақт Исо мепурсад: «Шумо бо онҳо дар бораи чӣ баҳс мекунед?» (Марқӯс 9:16).

Аз байни одамон марде баромада, дар пеши Исо зону мезанад ва мегӯяд: «Устод, ман писарамро ба пешат овардам, чунки вай гирифтори дев аст ва он писарамро гунг кардааст. Ҳар боре, ки дев ҳамла мекунад, писарамро ба замин мезанад ва аз даҳони вай кафк мебарояд, дандонҳояш ба ҳам бармехӯранд ва вай тамоман бемадор мешавад. Ман аз шогирдонат хоҳиш кардам, ки девро аз писарам берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд» (Марқӯс 9:17, 18).

Ҳарчанд шогирдон бисёр кӯшиш карданд, ки писаракро шифо диҳанд, ин корро карда натавонистанд. Аз афташ, барои ҳамин шариатдонон онҳоро мазоҳу масхара карда ба ҳолашон механданд. Аз ин рӯ ба ҷойи ба ин падари ғамзада ҷавоб додан Исо ба мардум мегӯяд: «Эй насли беимон ва гунаҳкор, то кай ман бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам?» Ин суханони сахт, бешубҳа, ба шариатдонон дахл доранд, ки онҳо дар набудани Исо шогирдони ӯро ғам медоданд. Баъд Исо ба падари он писар мегӯяд: «Писаратро пеши ман биёр» (Луқо 9:41).

Вақте писарак ба назди Исо меояд, дев ӯро ба замин меафтонад ва сахт ба ларза меорад. Писар дар замин печутоб мехӯрад ва аз даҳонаш кафк мебарояд.

— Ин ҳолат кай боз давом мекунад? — мепурсад Исо аз падари вай.

 — Аз кӯдакиаш. Бисёр вақт дев ӯро гоҳ ба обу гоҳ ба оташ меандозад, то несту нобуд кунад,— ҷавоб медиҳад он мард ва илтиҷо мекунад: — Агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ деҳ (Марқӯс 9:21, 22).

Падар рӯҳафтодаву ноумед аст, чунки ҳатто шогирдони Исо ба фарзандаш ёрӣ дода натавонистанд. Исо ӯро рӯҳбаланд мекунад ва боварӣ мебахшад:

— «Агар тавонӣ» мегӯӣ? Барои шахсе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст.

Падари писарак ҳамон лаҳза ҷавоб медиҳад:

— Ман имон дорам! Дар чизе, ки имонам сустӣ мекунад, ба ман ёрӣ деҳ! (Марқӯс 9:23, 24).

Исо пай мебарад, ки одамони зиёде шитобон ба наздаш меоянд ва ӯ дар пеши назари ҳама он рӯҳи нопокро сарзаниш карда мегӯяд: «Эй рӯҳи гунг ва кар, ба ту амр мефармоям, ки аз бача берун шав ва дигар ба вай надаро!» Зери таъсири дев писарак фарёд мезанад ва сахт ба ларза меояд. Баъди ин дев аз писарак берун мешавад ва вай мисли мурда дар замин хоб меравад. Инро дида бисёриҳо мегӯянд: «Вай мурдааст!» (Марқӯс 9:25, 26). Лекин Исо ӯро аз дасташ мегирад ва ӯ аз ҷояш мехезад ва ҳамон лаҳза шифо меёбад (Матто 17:18). Одамон аз ин ба ҳайрат меафтанд.

Чанде пеш, вақте Исо шогирдонашро барои мавъиза фиристода буд, онҳо девҳоро берун мекарданд. Барои ҳамин дар хона ҳангоми танҳо монданашон шогирдон аз ӯ мепурсанд: «Барои чӣ мо девро берун карда натавонистем?» Исо мефаҳмонад, ки сабабаш сустимонии онҳост ва мегӯяд: «Ин гуна девҳоро танҳо бо дуо аз одам берун кардан мумкин аст» (Марқӯс 9:28, 29). Барои берун кардани ин деви пурзӯр ба шогирдон лозим буд, ки имони қавӣ дошта бошанд ва дар дуо аз Худо ёрдам пурсанд.

Дар охир Исо мегӯяд: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба андозаи донаи хардал имон дошта бошеду ба ин кӯҳ “аз ин ҷо ба он ҷо кӯч” гӯед, он мекӯчад ва ҳеҷ чиз барои шумо ғайриимкон нахоҳад буд» (Матто 17:20). Дар ҳақиқат, имон қувваи пурзӯр дорад!

Монеа ва душвориҳое, ки барои дар хизмати Худо пешравӣ кардан ба мо халал мерасонанд, баъзан ба назарамон мисли кӯҳ калону ноҷунбон тофта метавонанд. Лекин, агар имонамонро қавӣ гардонем, мо чунин душвориҳоро паси сар карда метавонем.