Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 БОБИ 54

Исо «нони ҳаёт» аст

Исо «нони ҳаёт» аст

ЮҲАННО 6:25–48

  • ИСО НОНЕ АЗ ОСМОН МЕБОШАД

Дар соҳили шарқии баҳри Ҷалил Исо ба таври мӯъҷиза якчанд ҳазор нафарро сер кард ва баъд аз пеши онҳо рафт, чунки мардум ӯро подшоҳ кардан мехостанд. Ҳамон шаб Исо рӯ-рӯйи обҳои пурталотуми баҳр қадам зад. Петрус ҳам аввал имон оварда, рӯйи об роҳ рафт, лекин баъдтар, вақте имонаш сустӣ кард, ғарқ шудан гирифт. Исо бошад, ӯро наҷот дод. Ҳамчунин Исо шамолро ором кард ва, эҳтимол, бо ин кораш шогирдонашро наҷот дод.

Ҳоло Исо дар назди соҳили ғарбии баҳр, дар тарафҳои Кафарнаҳум, аст. Он одамоне, ки ӯ ба таври мӯъҷиза сер карда буд, Исоро ёфта мегӯянд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?» Исо ин мардумро сарзаниш карда мегӯяд, ки онҳо барои дуюмбора хӯрок хӯрдан ба пешаш омадаанд. Барои ҳамин ӯ ба онҳо мегӯяд: «На барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроки вайроннашавандае меҳнат кунед, ки ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад». Онҳо аз ӯ мепурсанд: «Чӣ кор кунем, то корҳои писандидаи Худоро ба ҷо орем?» (Юҳанно 6:25–28).

Корҳои Худо гуфта, онҳо, аз афташ, корҳоеро дар назар доранд, ки дар Шариат навишта шудаанд. Лекин Исо ба як чизи муҳимтаре ишора мекунад: «Кори писандидаи Худо ин аст, ки шумо ба каси фиристодааш имон оред». Мардум ба ҳама корҳои Исо нигоҳ накарда ба ӯ имон намеоранд. Онҳо боз аз ӯ аломате металабанд ва мегӯянд: «Чӣ кор мекунӣ? Падарони мо дар биёбон манн хӯрданд, чунон ки навишта шудааст: “Ӯ ба онҳо аз осмон нон дод, то бихӯранд”» (Юҳанно 6:29–31; Забур 77:24).

Исо бошад, дар ҷавоб ба онҳо мегӯяд, ки мӯъҷизаҳо бо қудрати Худо ба амал оварда мешаванд, на бо қудрати инсон: «Ба шумо мегӯям: Мӯсо ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ надодааст, вале Падари ман аз осмон ба шумо нони ҳақиқӣ дода истодааст. Зеро нони Худо ҳамон касест, ки аз осмон меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». Вале онҳо суханони Исоро нафаҳмида мегӯянд: «Ҳазрат, ба мо ҳамеша ин нонро бидеҳ» (Юҳанно 6:32–34). Исо «нон» гуфта, чиро дар назар дорад?

Ӯ мефаҳмонад: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Касе, ки назди ман меояд, ҳаргиз гурусна намемонад ва касе, ки ба ман имон меорад, ҳаргиз ташна намешавад. Вале, чуноне ки гуфтам, шумо маро дидед ва бо вуҷуди ин бовар намекунед... Ман аз осмон на барои ба ҷо овардани хости худ, балки барои ба ҷо овардани хости Фиристандаи худ фаромадаам. Ва хости Фиристандаам ин аст, ки ман ҳеҷ яки онҳоеро, ки Ӯ ба ман додааст, аз даст надиҳам, балки онҳоро дар рӯзи охирин эҳё кунам. Хости Падари ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро қабул кунад ва ба ӯ имон орад, ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳанно 6:35–40).

Мардум аз ин суханон ба қаҳр меоянд ва дар байни худ аз ӯ шикоят кардан мегиранд. Онҳо ҳайрон шуда мепурсанд, ки чаро Исо худашро «ноне, ки аз осмон фаромадааст», мегӯяд (Юҳанно 6:41). Дар назари онҳо Исо як марди одие аз Носираи Ҷалил аст. Онҳо ба якдигар мегӯянд: «Магар ӯ Исо, писари Юсуф, нест, ки падару модарашро мо мешиносем?» (Юҳанно 6:42).

Исо ба онҳо мегӯяд: «Шикоят накунед. Ҳеҷ кас назди ман омада наметавонад, бе он ки Падаре, ки маро фиристодааст, ӯро ҷалб кунад, ва ман ӯро дар рӯзи охирин эҳё хоҳам кард. Дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст: “Ҳамаи онҳо аз Яҳува таълим хоҳанд ёфт”. Ва ҳар кӣ ба Падар гӯш медиҳад ва таълим мегирад, назди ман меояд. Ҳеҷ як инсон Падарро надидааст, ғайр аз касе, ки аз ҷониби Худост; танҳо ӯ Падарро дидааст. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ имон меорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад» (Юҳанно 6:43–47; Ишаъё 54:13).

Чанде пеш, ҳангоми сӯҳбат бо Ниқӯдимус, Исо гуфта буд, ки ҳаёти ҷовидонӣ аз чӣ вобаста аст: «Ҳар кӣ ба [Писари ягонаи Худо] имон оварад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад» (Юҳанно 3:15, 16). Акнун бошад, ӯ ба як  одам неву ба одамони зиёде муроҷиат карда мегӯяд, ки барои ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан бояд ба ӯ имон оранд. Ин аторо ба онҳо на манн бахшида метавонад ва на нони дигаре, ки дар Ҷалил ёфтан мумкин аст. Исо суханашро такрор мекунад: «Ман нони ҳаёт ҳастам» (Юҳанно 6:48).

Вақте Исо дар ибодатгоҳи Кафарнаҳум таълим медиҳад, муҳокима дар бораи ноне аз осмон боз ҳам бештар авҷ мегирад.